01:26:16 01-уми Июли 2025 сол

МАСЪУД: «ИСТИХБОРОТ НОҶИИ ҶАНГ АСТ»-2

«Аз ҷосусҳои дуҷониба хуб истифода мекардам»

Вале биёед, бубинем, ки худи Аҳмадшоҳи Масъуд чи мегӯяд, ки аз иттилооти саривақтӣ ва муҳими касб кардааш ӯ чӣ гуна истифода мебурдааст. Масалан, баъди он ки дар соли 1984 аз нақшаи ҳамлаи ҳафтуми шӯравиҳо ба дараи Панҷшер қариб як моҳ қабл огоҳ шуд, ӯ кадом корҳоеро анҷом дод? Дар ин бора ӯ дар ҳамон мусоҳибааш ба рӯзномаи «Иттилоот», чопи Теҳрон чунин мегӯяд:

 

«Ман, ки иттилооти кофӣ аз барномаи онҳо (артиши Шӯравӣ, С.Ҳ.) доштам, шурӯъ ба фиребҳои зиддииттилоотӣ намудам. Яъне ба гунае амал кардам, ки шӯравиҳо фиреб бихӯранд ва интур фикр кунанд, ки мо дар Панҷшер сахт муқовимат мекунем. Як қисмат аз нерӯҳои худро ҷиҳати ҷангҳои оддӣ ба берун аз Панҷшер ва бахши аъзами онҳоро дар дохили Панҷшер ҷиҳати муқовимат ҳифз мекунем.

 

Дар маҷлиси умумӣ, дар иҷтимоъи муҷоҳиддин, дар ташреҳи вазъи ҷангӣ, сангар кандан ва ғайраву ҳоказо ба гунае рафтор кардем, ки шӯравиҳо (КГБ) комилан фиреб бихӯранд. Аз ҷосусҳои дуҷониба ба хубӣ истифода кардем. Бо додани иттилооти ғалат ба онҳо мо душманро ба иштибоҳ меандохтем. Ҳадафи мо ин буд, ки душман бовар кунад, ки гӯё мо дар дараи Панҷшер башиддат муқовимат хоҳем кард. Дар асл бошад ҳадафи мо дигар буд.

Тибқи нақшаи тарҳрезӣ шуда мо бояд як рӯз қабл аз он, ки қувваҳои шӯравӣ дохили Панҷшер бишаванд, тамоми дараро аз аҳолӣ тахлия (холӣ) кунем. Аз ин рӯ босуръат даст ба кор шудем. Ва тақрибан беш аз 100 ҳазор зану марду хурду калони Панҷшерро аз минтақа берун бурдем.

 

Ибтидо дараро аз вуҷуди мардуми ғайринизомӣ тахлия кардем. Онҳо куллан ба дараҳои ҳамҷавор ҳиҷрат карданд. Ба вижа ба Кобул. Мардуми Кобул аз муҳоҷирати мардуми мо истиқболи гарм ба амал овард. Сипас бахше аз таҷҳизоти низомиро ба хориҷ аз Панҷшер, яъне ба Парвон ва Каписо интиқол додем. Ва танҳо бахши маҳдуде аз силоҳҳои худро дар Панҷшер боқӣ гузоштем.

 

Иқдоми дигари мо шиносоӣ ва дастгирии ҷосусҳои шӯравиҳо дар дараи Панҷшер буд, ки ин амал дар ду – се рӯзи боқимонда, то замони оғози амалиёт ва баста шудани дарвозаи Панҷшер анҷом гирифт. Бинобар ин шӯравиҳо бозуи иттилоотии худро аз даст доданд ва акнун намедонистанд, ки дар минтақа чӣ мегузарад. Як рӯз пеш аз оғози амалиёти қувваҳои шӯравӣ мо дар ҳудуди ду то се ҳазор муҷоҳидди худро дар зарфи 36 соат бидуни доштани имконоти кофии нақлиётӣ бо як ғунд (баталён) силоҳи сангин ба тартибе, ки душман аслан мутаваҷҷеҳи ин интиқолот нашавад, аз Панҷшер хориҷ кардем.

 

Ин ҷо ба ҷойгузориҳо дар ҳоле анҷом мешуд, ки ҳам аз тарафи ғарб ва ҳам аз тарафи шарқ се ҳавопаймои иктишофотии (разведкаи) шӯравӣ ба таври мураттаб дар атрофи Панҷшер парвоз мекард. Бо вуҷуди ин корҳои дигареро низ анҷом додем. Аз ҷумла иловатан дар минтақа ҳазорҳо минаи зиддинафарӣ ва садҳо минаи зидди тонкӣ коштем. Шӯравиҳо баъд аз бомбаборонҳои шадид ва мутамарказ фикре карданд, ки агар қувваҳояшонро пиёда кунанд ҷанги густурда ва тамом айёр дар Панҷшер сурат хоҳад гирифт.

 

Аммо вақте, ки нерӯҳояшон дар минтақа пахш шуданд, ба ҳар тараф ки ҳамлавор мегардиданд бо инфиҷори минаҳо рӯ ба рӯ мешуданд. Ва дар ҳақиқат ин минаҳо буд, ки меҷангиданд. Дар ин амалиёт садҳо низомии шӯравӣ ба ҳалокат расиданд. Ба дунболи ин ҷараён вақте, ки тонкҳо дохили дара шуданд дар масири роҳ бо минаҳо рӯ ба рӯ мешуданд ва дар хориҷ аз масир ҳам боз ба минаҳо бархӯрд мекарданд ва ба ҳар чизе ки даст мезаданд, ба минаҳои кошташуда мувоҷеҳ мешуданд.

 

Мо ба ҳангоми хуруҷ аз Панҷшер ҳама ҷоро ба мин фарш карда будем. Бинобар ин ҳамлаи Артиши Сурх ба худашон баргашт ва худашон ба хоку хун кашида шуданд. Шӯравиҳо замоне, ки диданд дар дохили дара касе ба ҷуз мин вуҷуд надорад, шурӯъ ба пиёда кардани қувваҳояшон дар дараҳои атроф мисли Андароб ва Хусту Фринг ва ғайра карданд, то моро таъқиб кунанд. Вале бо ин амал ҳам чизе ба даст наёварданд ва саргардон монда буданд, ки чӣ бикунанд.

 

Дар ин вақт мо нерӯҳои худро дубора ба самти Панҷшер ҳаракат додем, ки мунҷар ба ҷанги бисёр шадиди партизанӣ дар муқобили қувваҳои Сурх шуд. Дар он замон ин ҷанги тозаеро, ки мо шурӯъ карда будем, бо тамоми ҷангҳои гузашта аз назари тактикӣ фарқ дошт. Ҷанги дигаргунае, ки қувваҳои шӯравӣ худро барои он омода накарда буданд. Шӯравиҳо мехостанд аз нерӯҳои густурдаашон истифода кунанд ва таҳаррук дошта бошанд.

 

Вале мо ҷангро дар дохили дара ба сурати инқибозӣ – инбисотӣ (яъне вақте шӯравиҳо ҳамла мекарданд, муҷоҳиддин пинҳон мешуданд ва баръакс, вақте шӯравиҳо дар ҳолати истироҳат буданд, муҷоҳиддин шабехун мезаданд. С.Ҳ.) идора мекардем. Дар ин ҷанг садҳо сарбози шӯравӣ кушта шуданд». (Аз китоби «Марди устувор ва умедвор ба уфуқҳои дур», Теҳрон 1999, саҳ: 364 - 367).

 

Ана ҳамин тавр хонандаи азиз, чи тавре ки аз ин иқтибоси хеле ҳам тӯлонӣ, вале хеле ҳам батафсил шумо пай бурдед, фармондеҳ Аҳмадшоҳи Масъуд иттилооти 25 рӯз пеш дар бораи ҳуҷуми ҳафтуми шӯравиҳо ба дараи Панҷшер ба даст омадаро танҳо на барои аз зери борони тиру тӯп ва бомбаборонҳои шӯравӣ наҷот ёфтан (чи тавре, ки М.А.Гареев изҳор намудааст) истифода кардааст, балки як силсила чораҳоеро ба нақша гирифта амалӣ кардааст, ки ҳамаи онҳо дар ҷамъбаст шикасти ин таҳоҷуми артиши шӯравиро низ таъмин карданд.

 

Қабл аз ҳама ин аз зери оташи тӯпхона ва бомбаборонҳои шадид сари вақт беталаф бурдани аҳолии мулкии Панҷшер. Дуввум аз байн бурдани шабакаи иттилоотии душман ё чи тавре, ки худи Аҳмадшоҳ мегӯяд, аз «бозуи иттилоотӣ маҳрум кардани душман». Саввум ба хориҷ аз дараи Панҷшер кашондани захираи силоҳу муҳимоте, ки бо эҳтимоли зиёд метавонистанд ба асари бомбаборонкуниҳои шадид аз байн бираванд ва талаф шаванд.

 

Чаҳорум дар масири ҳаракати техникаи низомӣ, минҷумла тонку зиреҳпӯшҳо ва сарбозони пиёданизом коштани минаҳои гуногун. Ва аз ҳама муҳимаш Аҳмадшоҳи Масъуд дар ин фосилаи 25 рӯзе, ки иттилоотро дар бораи ҳамлаи ҳафтуми русҳо дар даст дошт, тавонист дар тактикаи ҷангии худ тағироти ҷиддие ворид кунад ва фармондеҳии артиши шӯравиро ба як нокомии шадиди низомӣ мувоҷеҳ созад.

 

Афсарони урдуи шӯравӣ, ки артиши худро ба тарзу сабки дигари ҷанг омода карда буданд, бо рӯ ба рӯ омадан бо тактикаи нави ҷангии Аҳмадшоҳ то дер боз натавонистанд тасмимоти дурустеро алайҳи ӯ бигиранд, ки ин амал мунҷар ба талафот ва хисороти зиёде дар суфуфи лашкари онҳо гардид.

 

Тибқи иттилооти муаллифи китоби «Панҷшер дар даврони ҷиҳод» Абдулҳафизи Мансур танҳо дар ду ҳуҷуми охир ба Панҷшер, яъне ҳамлаҳои ҳафтум ва ҳаштум, ки аз 20 – уми апрели соли 1984 оғоз шуда 1262 рӯз идома кардаанд, шӯравиҳо ва режими Кобул барои аз байн бурдани Аҳмадшоҳи Масъуд ва муҷоҳиддини ӯ 20 ҳазор сарбоз ва тахминан ду ҳазор техникаи низомиро истифода бурданд.

 

Дар натиҷаи ҷангҳои шадид тахминан 8600 сарбози шӯравӣ ва режими Кобул кушта ва захмӣ гардиданд. Дар ин байн 1677 адади техникаи низомии душман аз кор бароварда шуд. Дар ҳамин муддат 74 адад ҳавопаймо ва чархболи артиши сурх ва ҳукумати Афғонистон бо дасти муҷоҳиддини Аҳмадшоҳи Масъуд суқут дода шуданд.

 

Албатта дар натиҷаи ин набардҳои таърихӣ муҷоҳиддини Аҳмадшоҳи Масъуд низ талафотеро мутаҳаммил шуданд. Вале на ба таври муқоисашаванда бо талафоти душман. Тибқи иттилооти Абдулҳафизи Мансур дар тӯли ин ду ҳамла қариб 900 сарбози Аҳмадшоҳи Масъуд куштаву захмӣ шуданд. Тахминан 1800 нафар аҳолии мулкӣ низ ё ҷони худро аз даст доданд ва ё ҷароҳат бардоштанд. (Абдулҳафизи Мансур «Панҷшер дар даврони ҷиҳод», Кобул 1993 м. саҳ: 181).

 

Бино ба гуфтаҳои Маҳмуд Гареев дар даврони ҷанг артиши шӯравӣ ва низомиёни ҳукумати режими Кобул ба болои Панҷшер ва дигар манотиқи таҳти нуфузи Аҳмадшоҳ беш аз ёздаҳ маротиба ҳамин гуна ҳамлаҳои густурдаро ба роҳ мондаанд.

 

Сардори раёсати кашфи вазорати

дифоъ - ҷосуси Масъуд


Дар иқтибосе, ки дар боло аз китоби собиқ фармондеҳ урдуи 40 – уми Нер
ӯҳои Низомии Иттиҳоди Шӯравӣ женрол Б.В.Громов оварда будем, ӯ таъид кардааст, ки нақшаҳои амалиётҳои ҷангӣ дар шароити бисёр махфӣ тарҳрезӣ мешуданд. Зеро разведкаи (истихбороти) Аҳмадшоҳи Масъуд дар миёни низомиёни режими Кобул ва ҳукумати он шабакаи васеи гумоштаҳои худро дошт.

 

Ба ҳамин хотир афғонҳоро аз оғози амалиёт ҳамагӣ якрӯз қабл ва ҳатто баъзан фақат чанд соат пеш огоҳ мекардем. Вале бо вуҷуди ҳамаи ин эҳтиёткориҳо Аҳмадшоҳи Масъуд аз нақшаҳои низомиёни рус хеле бармаҳал аз оғози амалиётҳои онҳо огоҳ мешудааст. Сабаби онро хабарнигорону таҳлилгарон борҳо дар мусоҳибаҳо бо ӯ, дар нишастҳои матбуотиаш аз Аҳмадшоҳи Масъуд пурсон мешуданд. Аҳмадшоҳи Масъуд ҳамеша бо як ҳисси ифтихор изҳор мекард, ки дар байни афсарони баландрутбаи шӯравиҳо хабаррасонҳои худро доштааст ва иттилооти зарурӣ ва саривақтиро ӯ маҳз аз ҳамонҳо мегирифтааст.

 

Дар иқтибосе, ки дар боло аз мусоҳибаи ӯ бо хабарнигори рӯзномаи «Иттилоот» - и чопи Теҳрон манзури шумо хонандаи азиз кардем, Аҳмадшоҳ дар ин бора хеле возеҳ ибрози назар кардааст. Дар мусоҳиба бо хабарнигори газетаи «Труд» Владимир Снегиров Аҳмадшоҳи Масъуд дар ҷавоб ба саволи ӯ гуфтааст, ки «нафарҳои ман дар ҳама ҷо фаъолият мекарданд. Аз он ҷумла дар байни афсарон ва ҷенеролҳои Шумо. Теъдоде аз онҳо барои пул бо мо ҳамкорӣ мекарданд, қисмати дигарашон барои он ки нисбати муборизаи мо нуқтаи назари нек доштанд». Замоне ман ёддоштҳоямро хоҳам навишт ва дар он вақт ҳатман дар ин бора муфассал нақл хоҳам кард. Ба ғайр аз ин мо гумоштаҳои худро дар сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷии муқими Кобул низ доштем. Яке аз беҳтарин ёрдамчии махфии мо дар сафоратхонаи Ҳиндустон фаъолият мекард.

 

- Дар сафоратхонаи шӯравиҳо низ одами худро доштед? – мепурсад аз ӯ хабарнигор.

 

- Бале, дар он ҷо низ нафарҳои мо буданд, - ҷавоб медиҳад Аҳмадшоҳ.

 

Сипас хабарнигор менависад, ки «агар худаш дар соли 1985 шоҳиди воқеаи зерин намебуд, чунин суханрониҳои бебоконаи Аҳмадшоҳро худтаърифкуние беш намедонист. Соли 1985 хадамоти зиддиистихборотии шӯравиҳо шабакаи ҷосусии Аҳмадшоҳро, ки дар Раёсати иктишофоти Вазорати Дифои Афғонистон амал мекард, ифшо намуд. Роҳбарии ин шабакаи иттилооти Аҳмадшоҳро худи сардори раёсати кашфи Вазорати дифо ҷенрол Халил ба ӯҳда дошт».

 

Воқеан, дар бораи сабабҳои ифшо шудану ба эъдом расидани ҷенрол Халил, ки дар ҳақиқат ба муҷоҳиддин кӯмак мекардааст, тарафи Аҳмадшоҳи Масъуд фарзияи дигареро пешниҳод мекунанд. Дар ин бора дар фурсати муносиб баҳс хоҳем кард.

 

Дар идомаи суханаш рӯзноманигор менависад, ки «баъдтар, яке аз афсарони баландрутбаи КГБ – и шӯравӣ ба ӯ гуфтааст, ки амалиёти ифшосозии гумоштаҳои Аҳмадшоҳи Масъудро дар байни афсарони Шӯравӣ нафаре аз боло хеле моҳирона монеагузорӣ мекард. Ба гумонам, гап дар сари пули калон ё худ сангҳои қимматбаҳо меравад, хулоса кардааст он афсари баландрутбаи КГБ». Ҳарчӣ набошад, вале дар тӯли ҷанг ҳамеша аз тасмимоти қумандонии шӯравиҳо бохабар будани Аҳмадшоҳи Масъуд бо далелҳои раднашаванда борҳо исботи худро пайдо кардааст» - гуфтаастдар хотима В. Снегиров. (В.Снегиров «Среди моих агентов были и советские генералы», газета «Труд» от 22.01.1992 года).

 

Танҳо хадамоти махсуси Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳукумати Кобул набуданд, ки зидди муҷоҳиддини Аҳмадшоҳи Масъуд фаъолияти иттилоотӣ ва зидди иттилоотӣ мебурданд. Тибқи суханони нафарони масъули хадамоти истихборотӣ ва зиддиистихборотии Аҳмадшоҳи Масъуд ба ҷуз КГБ, ГРУ – и Иттиҳоди Шӯравӣ ва ХОД – и Ҳукумати Афғонистон, Раёсати Кашфи Вазорати Дифои кишвар, таваҷҷӯҳи дигар хадамотҳои ҷосусӣ ва зиддиҷосусии ҷаҳон аз қабили УМР, (CIA), ИМА, истихбороти низомии Покистон (ISI) ва ғайраро нисбати шахсияти Аҳмадшоҳ, фаъолияти низомии ӯ ва муҷоҳиддинаш баръало мушоҳида кардан мумкин буд.

 

Барои мисол дар даврони мубориза алайҳи таҷовузи шӯравиҳо дар Афғонистон кормандони хадамоти иттилоотии ИМА, Исроил ва Покистон агарчанд манфиатдори буданд, ки шӯравиҳо ҳарчӣ тезтар шикаст бихӯранд ва аз Афғонистон хориҷ бишаванд, вале бештар ба қумандонҳои паштутабор таваҷҷӯҳ зоҳир менамуданд ва ба онҳо кӯмакҳои фаннӣ мекарданд. Ба Аҳмадшоҳи Масъуд, ки аз ҳама бештар мавриди ҳамалоти шӯравиҳо қарор мегирифт, ҳатто аз додани рокетҳои «замин ба ҳаво» - и «Стингер» худдорӣ карданд.

 

Зеро дар симои Аҳмадшоҳи Масъуд онҳо шахсияти сиёсиву низомиеро медиданд, ки барои ӯ озодӣ, истиқлол ва манофеи халқу кишвараш дар қадами аввал меистод. Онҳо наметавонистанд ба ҳеҷ ваҷҳ тавассути ӯ аҳдофи худро пиёда созанд. Бинобар ин ҳисобро онҳо болои рақибони сиёсии ӯ, аз ҷумлаи роҳбарони аҳзоби сиёсии дигар гузошта буданд. Дар ҳақиқат, баъд аз он, ки шӯравиҳо Афғонистонро тарк гуфтанд ва ҳукумати муҷоҳиддин дар раъси роҳбари Ҷамъияти Исломии Афғонистон профессор Бурҳониддин Раббонӣ ба сари қудрат омад ва Аҳмадшоҳи Масъуд дар ин ҳукумат яке аз нақшҳои калидиро бозӣ мекард, хадамоти иттилоотии кишварҳои мазкур агарчанде зоҳиран бетарафиро ихтиёр карда буданд, вале дар асл амалиётҳои пинҳонии худро алайҳи ҳукумати Раббонӣ ташдид мебахшиданд.

 

Аз ин хусус аланга гирифтани оташи ихтилофҳои байни аҳзоби мухталифи Афғонистон, ба муборизаи мусаллаҳона мунҷар шудани ин мухолифатҳо, ба саҳнаи сиёсиву низомии Афғонистон баромадани гурӯҳи Толибон гувоҳи равшани ин гуфтаҳост. Албатта ҳамаи ин аҳзобу ҷунбишҳо ба ин амалҳо аз ҷониби хадамоти иттилоотӣ ва зиддииттилотии кишварҳои зикршуда таҳрик дода мешуданд.

 

Вале бояд гуфт ҳамаи бузургтарин аҳзоби сиёсии Афғонистон, ки шохаҳои низомии худро соҳиб буданд, дар сохтори худ ҳатман ниҳодеро ба унвони созмони иттилоотӣ доштанд, ки вазифаи асосии он касби иттилооти зарурӣ барои раҳбарияти ҳизб, анҷом додани амалиётҳои махсус ва инчунин таъмини амнияти физикии раҳбарони аҳзоб будааст.

 

Султони ҲАМАД,

(идома дорад)

Назари Шумо

Security code
навсозӣ