07:09:26 19-уми Июли 2018 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Июл 2018 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ЧОПИ НАХУСТИН ФЕҲРИСТИ БУЗУРГИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХИИ ТОҶИКИСТОН

Дар Тоҷикистон китобе бо номи “Китоби ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон” муаррифӣ шуд. Ин китоб бо ҳимояти молии сафорати Амрико дар Тоҷикистон ва ба ибтикори иддае аз олимону пажӯҳишгарони тоҷик таҳия ва мунташир шудааст.

gross_asroriИн китоб аз 250 сафҳа иборат буда ва бо теъдоди панҷсад адад ба чоп расидааст. Барои нашри он олимони тоҷик дар тӯли ду сол дар сартосари Тоҷикистон фаъолиятҳои илмӣ анҷом додаанд. Дар маҳфили муаррифии ин китоб, ки рӯзи сешанбеи 14 феврал дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон баргузор шуд, вазири фарҳанг ва сафири Амрико дар ин кишвар суханронӣ карданд.

Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон, барои ҳимояти молии Амрико аз ҳифзу нигоҳдории амокини фарҳангӣ ва таърихӣ тақдир кард ва Кеннет Гросс, сафири Амрико, ба навбати худ, кӯшиши Амрико барои кӯмак ба арсаи фарҳанг ва таърихро яке аз авлавиятҳои намояндагии кишвараш дар Тоҷикистон хонд.

Бархе аз олимони ширкаткунанда дар маҳфил гуфтанд, ки дар гузашта низ феҳристи ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон мунташир шудааст, вале ба гуфтаи онҳо, “Китоби ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон” нахустин феҳристест, ки дар он шумори бештари ёдгориҳои бостонӣ сабт шудааст.

Дар маросим бархе аз пажӯҳишгарон бар аҳаммияти ин феҳрист барои ҷалби таваҷҷуҳи ҷаҳонгардон ба Тоҷикистон таъкид карданд. Дар ин китоб, ки ба се забони форсӣ-тоҷикӣ, инглисӣ ва русӣ мунташир шудааст, 170 макон ва ёдгориҳои дигари таърихӣ бо акс ва шарҳи вижа сабт шудааст.

Вале тавре, ки иддае аз олимони бостоншинос дар маросими муаррифии китоб гуфтаанд, ин китоб орӣ аз иштибоҳоте набудааст. Саидмурод Бобомуллоев, раиси Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон, аз кайфияти аксҳои китоб ситоиш кард, аммо гуфт, ки дар китоб ба бархе аз иштибоҳоти таърихӣ ва иштибоҳоти имлоӣ роҳ дода шудааст.

Оқои Бобомуллоев афзуд: “Дар солҳои ахир дар канори ин китоб ҳамчунин кутуби дигаре, ки дар он осори таърихии Тоҷикистон мунъакис ёфтааст, ба табъ расиданд, ки дар онҳо иштибоҳоте дида мешаванд. Ва бояд ин китобҳо, ки дар таърихи Тоҷикистон боқӣ хоҳанд монд, аз сӯйи олимони варзида ва донандаи хуби таърих таҳрир шаванд.”

Ҳамчунин, оқои Бобомуллоев бо нигаронӣ аз вазъи бархе аз амокини таърихӣ аз кӯмакҳои Амрико барои бозсозии ин амокин тақдир кард, вале гуфт: “Кӯмакҳо хубанд, аммо танҳо дар сурати иқдомоти бештари давлат барои эҳё ва ҳифозати ёдгориҳои таърихӣ мо метавонем ин ҳамаро барои ояндагон ба мерос гузорем.”

Дар даҳ соли ахир Амрико барои эҳё ва нигаҳдории ёдгориҳои таърихӣ, кутуби нодир ва нашри китоб ба Тоҷикистон маблағи ҳудуди 400 ҳазор дулор кӯмак кардааст.

Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи Мирзоҳшорух Асрорӣ, вазири фарҳанг, ахиран баъд аз роҳандозии барномаи вижаи давлати Тоҷикистон барои ҳифозати амокини таърихӣ ва ёдгориҳои нодир, давлат маблағи беш аз 60 миллион сомонӣ барои ин бахш ихтисос додааст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ


RuzgorPlast-banner 1