01:03:35 15-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Декабр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

САДО ДАР КРЕМЛ-2

Қабл аз он ки ба савол посух бигуем, нахуст рӯҷӯъ мекунем ба ҳаводисе, ки дар баҳори соли 1993 баъди фирори мухолифин ҳукумати Тоҷикистон ба Афғонистон ба вуқӯъ пайвастанд. Зеро ин ҳамла як якбора шурӯъ нашуда буд. Даврае бояд сипарӣ мегашт, то роҳбарони мухолифин тоҷик ба худ меомаданд ва дар хориҷи кишвар таваҷҷӯҳи нирӯҳои манфиатдорро ба ҷанги Тоҷикистон ҷалб менамуданд. Ин кор ба онҳо имкон дод, ки ҳукумати фирорӣ таъсис дода, дар садади идомаи муборизаи мусаллоҳона шаванд. Ва баъдан ба набардҳо омадагӣ бигиранд.

Таҷрибаи ҷанг дар ин кишвари ҳамсоя гувоҳӣ медод, ки оғози баҳор оғози шиддат ёфтани даргириҳо миёни гурӯҳҳои даргир мебошад. Акнун чунин хатар дар марзи Тоҷикистон ба вуҷуд меомад. Расонаҳои гурӯҳӣ бо истинод ба мақомоти расмии кишвар воқеӣ будани ин хатарро мунтазам пахш мекарданд. Ва моҳи март задухӯрдҳои ҷиддӣ дар марз бо сарҳадбонон шурӯъ гардид. Барои тақвияти ин андеша барои шумо чанд далеле аз китоби «По обе стороны границы»: Афганистан-1979-1989» (Маскав соли 1999) меорам. 8-уми март наздики 50 нафар размандагони мухолифин ба додбонгоҳи 9-уми ноҳияи Москав ҳамла оварданд.

 

Як ҳафта баъд, яъне рӯзи 16-уми март дар дидбонгоҳи 15 миёни марзбонон ва размандагон зардухӯрди дусоата сурат гирифт. Моҳи апрел 10 нафар марзбони Русияро гурӯҳи номаълум рабуд. Дар ҳамин моҳ даргириҳои хеле шадид дар сарҳади миёни Тоҷикистон Афғонистон шурӯъ гардиданд. Дар назди деҳаи Узун беш аз 120 размандагони мухолифин аз дарёи Панҷ гузаштанд, аммо онҳоро сарҳадбонон ошкор карданд ва ба сӯяшон аз танку тӯпу БМП, гранатомётҳо оташ кушоданд. Ин набард беш аз се соат давом кард.

Шаби 29-уми моҳи май размандагони мухолифин марзро убур намуда, ин дафъа ба дидбонгоҳи 11-уми дастаи марзбонии ноҳияи Москав ҳуҷум карданд. Аммо боз ҳам шикаст хӯрда, ба ақиб, ба Афғонистон баргаштанд.

Қобили зикр аст, ки задухӯрдҳо чунон ки дар китоби мазкур оварда шудааст, ба анҷом нарасиданд. Моҳи июн ҳам барои марзбонон ором набуд. Масалан, рӯзи 26-уми ин моҳ ҳам набарди сахте дар дидбонгоҳи 11-ум сурат гирифт. Набардҳо миёни дидбонгоҳи 11 ва 12 рӯз то рӯз шадидтар мегардиданд. Аммо ҳамлае, ки рӯзи 12-уми июли ҳамон сол ба дидбонгоҳи дастаи марзбонии ноҳияи Москав сурат гирифт, хеле даҳшатноктар аз тамоми ҳамлаҳои қаблӣ буд.

Чаро ин ҳамла сурат гирифта? Фарзияҳо дар ин росто гуногунанд. Бархе аз таҳлилгарони русӣ ба ин боваранд, ки яке аз сабабҳои аслӣ имзои созишномаи дӯстиву низомӣ миёни Русияву Тоҷикистон буд, ки он роҳбарони мухолифин тоҷикро сахт нороҳат карда буд. Фарзияи дигари таҳлилгарони ин буд, ки мухолифин мехостанд ин дидбонгоҳро тасарруф намуда, он ҷо пойгоҳи мустаҳкаме созанд. Ин боварнакарданӣ менамоянд, зеро як истеҳкоми доимӣ сохтан ба манфиати онҳо набуд. Дар чунин сурат Русия аз тамоми имконоти низомии худ кор гирифта, касеро дар ин дидбонгоҳи марзбонӣ зинда намемонд. 

Мухолифин дар муқобили он ҳама тӯпҳову силоҳҳои вазнини Русия аз қабили танку БМП ва БТР-ҳо ва ҳавопаймоҳо чизеро муқобил гузошта наметавонистанд, ба ғайр аз силоҳҳои сабук. Пайдо кардани силоҳҳои вазнин ва ракетаҳои зидиҳавоиро пайдо карда барояшон хеле мушкилӣ ба бор меовард. Ба ин ҳатто ҳукумати Афғонистон розӣ намешуд, зеро дар он айём Амрико ракетаҳои боқимондаи «Стингер»-и ба муҷоҳиддин додаи худро мекофт.

Аксари манбаҳои русӣ зикр мекунанд, ки размандагони мухолифини тоҷик дар ихтиёри худ 2 силоҳи мушакпаррон, 2 миномёт, 12 пулемётҳои ДШК ва зиёд аз 30 грантомёт доштанд. Теъдоди ҳамлагаронро дар ибтидо беш аз 400 нафар эълон доштанд, аммо баъд ин шумораро то 250 нафар коҳиш доданд. Шояд ба он хотир буд, ки мехостанд бигӯянд, ки ба сари ҳар як марзбон 5 нафар размандаи мухолиф рост меомад.

Журналисти тоҷик Аҳмади Иброҳим- муаллифи мақолаи «Шаби сешанбеи хунин. Хуҷум ба дидбонгоҳи 12-ум дар шаби 13»(ҳафтаномаи «СССР» 2 октябри соли 2008) бо истиноб ба чанд нафар ширкаткардаҳои ин ҳамла менависад, ки онҳо силоҳи кофӣ дар даст надоштанд. Ин шахсон, ки намехостанд номи худро ифшо кунанд, гуфтаанд, ки дар ихтиёри худ автоматҳо ва пулемётҳои Калашников ва як силоҳи худсохте ба номи ал-Бадр шабеҳи ДШК доштанду халос. 

Вале ба назари ман, ин шумораи хеле кам нишон дода шудааст, зеро аввалан дар Афғонистон, ки пойгоҳҳои мухолифин дар он ҷо қарор дошт, пайдо кардани силоҳ бо нархи арзон ҳеҷ мушкилие надошт. Бинобар ин, онҳо бояд силоҳе бештар дар ихтиёр медоштанд, то ба як дидбонгоҳи комилан мусаллаҳ ҳамла кунанд. Аммо шояд он қадаре, ки расонаҳои гурӯҳии Русия эълон карданд, надошта буданд.

Саволи дигар соати оғози ҳамла дар он шаб мебошад. Аксари муаллифони русӣ иддао мекунанд, ки он дар соати сеюним ва ё чори шаб шурӯъ шудааст. Вале дар форуми интернетии марзбонҳои Русия мустақар дар дастаи марзбонии ноҳияи Маскав бархе онро зери шубҳа гирифта гуфтаанд, ки ҳамла якуним ё ду соат қаблтар сар шуда буд ва дар ҳамин соатҳои нахустин марзбонони зиёде ба қатл расида 13-уми июл дар ғафлат гирифта буданд.

Ба қавли расонаҳои гурӯҳи Русия дар ин ҳамла командири дивизияи 55-уми Давлати Исломии Афғонистон Қозӣ Кабир даст дошт. Низомиёни рус иддао доранд, ки ду рӯз қабл аз ин ҳамла ба дидбонгоҳи 12-ум омад ва бо афсарони рус дар мавриди назорати дуҷонибаи марз мулоқот анҷом дод.

Баъди ба хок яксон шудани ин дидбонгоҳ марзбонони рус иддао карданд, ки Қорӣ Ҳамидулло барои омӯхтани вазъият омада будааст. Гузашта аз ин, онҳо иддао карданд, ки мардуми минтақа аз сурат гирифтани ҳамла қаблан хабар доштанду ба марзбонҳо хабар надоданд. Ба назари ман, ин сиёҳ кардани тоҷикон асту бас. Тоҷикон дар ин айём ба сангарҳо ҷудо шуда буданд ва онҳое, ки дар ин минтақаи марзӣ зиндагӣ мекарданд, ба ҳеҷ ваҷҳ аз размандагони мухолифин пуштубонӣ ба амал намеоварданд, зеро ба истилоҳи худи «рус»-ҳо, ки оташи ҷангро дар Тоҷикистон афрӯхта буданд, кӯлобиҳо «вовчик» буданд ва аз ҳукумати неокоммунистӣ ҳимоят мекарданд.

Гузашта аз ин, дар тамоми даврони мавҷудияти марзбонҳо дар Иттиҳоди шӯравӣ се усули муҳим қатъиян риоя мешуд. Аввалан, равобити хуби дӯстона бо мардуми маҳал, сониян, ҷамъ овардани маълумуоти оперативӣ дар ҳарду тарафи сарҳад ва ахиран зарбаи пешакӣ задан ба он тараф агар хатари ҳамла ба вуҷуд биёянд.

Яке аз роҳбарони мухолифин тоҷик Давлат Усмон мегӯяд: ҳангоми ҳамла бо дидбонгоҳи 12-ум дар ин минтақа ҳузур надоштам, аммо ҳамроҳони мо анҷом додани ин ҳуҷумро комилан махфӣ нигоҳ медоштанд, зеро русҳо ҳам дар соҳили Тоҷикистон ва ҳам дар он соҳили дарёи Панҷ ҷосусҳои хеле зиёд доштанд, ки ба онҳо хабар мерасонданд. Бинобар ин, амалиёт то оғоз барои нафароне маҳдуде маълум буду халос.

Пас иддаои марзбонони рус чӣ маънӣ дорад? Ба ин пурсиш дар форумҳо посухҳо вуҷуд доранд. Албатта, то кадом андоза дуруст будани онро мо таъид ё инкор карда наметавонем. Бархе аз онҳое, ки дар ин форумҳо ширкат карда буданд, иддао пеш оварданд, ки рӯзи 10-ум ё 11-уми июл зодрӯзи командири 12-ум Михаил Майборода буд, азбаски масъулон рӯзи таваллуди сардори худро ҷашн мегирифтанд, то вақти ҳамла ба худ наомада, маст буданд. 

Ва далели дигарро дар ин росто Аҳмади Иброҳим дар мақолаи зикршуда оварда аст, ӯ мегӯяд: «… марзбонони рус ба иттилои сокинони мавзеи наздисарҳадӣ на танҳо бо муҷоҳиддин, ки бо қачоқбарони маводи мухаддир, одамрабоён, говдуздони афғонӣ сахт робита доштанд. Ин робита пули ҳангуфте ба ҳамёни афсарони рус мерехт. Кор то ҷое буд, ки пас аз чанд моҳе аз «ҳуҷуми хунин ба сӯи бародарони худ» дигар марзбонон ин фоҷиаро фаромӯш карда, дубора роҳи ҳамкорӣ бо наркобаронҳои афғонро ёфтанд ва роҳҳои нав кушоданд».

Вақте ки ба дастаи марзбонии ноҳияи Москав иттилоъ дар бораи ҳуҷум расид, аскарон ба таври фаврӣ ба ҳаракат даромада натавонистанд. Шояд ба ҳамин хотир бархе соати оғози ҳамларо на дуи шаб, балки сеюним ё чор гуфтанд. Агар воқеан ин иддао дуруст бошад, пас ин кор танҳо барои ҷазо нагирифтан гуфта шуда буд.

Капитан Разумовский, ки ҳангоми ҳамла ба ин дидбонгоҳ ширкат накардааст, дар ин даҳшати ин фоҷиа аскарони тоҷикро гунаҳкор мекунад. Ӯ дар як номаи худ ба унвони рӯзномаи «Комсомольская правда» зери унвони «Кремль запретил мне мстить за погибщих друзей. Но я не выполню этот приказ…» чоп кардааст, иддао мекунад, ки агар тоҷикон дар пушти марзбонони рус пинҳон нашуда, ҷанг мекарданд, шояд чунин фоҷиа сар намезад. Ва ӯ аскари қаторӣ Бобоҷоновро мисол меорад, ки баъди ду рӯз бо пулемёташ пайдо мешавад, ки аз 200 тир ягонтояшро холӣ накардааст. 

Оё воқеан посбон Бобоҷонов фирор карда буд ё не? Мо тафсилоти ин воқеаро намедонем, аммо воқеият ин аст, ки агар аскари тоҷик Мирбақо Дадобоев ҷони худро ба хатар монда, як қуттии тирро намеоварад, ягон марзбон зинда намемонд. Разумовский ин ҳодисаро ба ёд намеорад. Ӯ ҳатто намегӯяд, ки аз ҳама бештар барои гирифтани унвони Қаҳрамони Русия ӯ бештар ҳақ дошт, зеро дар натиҷаи корнамоии ӯ 18 нафар марзбон аз майдони ҷанг тавонистанд берун биёянд ё фирор кунанд.

 

Инро ҳар хеле, ки мехоҳед фаҳмед. Аммо дар миёни 6 нафар русе, ки унвони қаҳрамон гирифтанд, номи ӯ набуд.

Аҳмад Иброҳим бо истинод ба як афсари баландрутбаи ВКД-и Тоҷикистон, ки дар муайян сохтани оқибатҳои ин дидбонгоҳ ширкат доштааст, менависад: «Рафти тафтишот собит сохт, ки ҳамагӣ ду ҳафта қабл аз ҳуҷуми муҷоҳиддин ба дидбонгоҳ аз анбори яроқи қисм 30 гранатомёти тамғаи «Муха»-5 ва 44 ҳазор тири автомати Калашникови 7, 62 гум шудааст», шояд ба хотири ҳамин гуна тиҷорат Қорӣ Ҳамидулло ба дидбонгоҳи 12-ум омаду рафт дошт? Гумон намекунем, ки баъдан ҷониби афғонӣ ин гранатомётҳоро ба размандагони тоҷик дода ва ё фурӯхта бошаду ахириҳо онҳоро ба муқобили худи марзбонон истифода карда бошанд?

Ҷанг дар дидбонгоҳ беш аз 11 соат идома дошт, аммо азбаски дар ягона роҳе, ки ба сӯи ин дидбонгоҳ мерафт, аз қабл мина хобонда шуд, ёрии низомиёни рус ба зудӣ расида натавонист. Чӣ гуна мухолифини тоҷик тавонистанд, ки дар роҳ мина хобонанд? Оё барои ин ҳам бояд мардуми маҳал посух мегуфт, ё худи марзбонҳо? Албатта, марзбонҳо. Ин вазифаи онҳо буд, ки пеши роҳи сарҳадшиканонро бигиранд ва нагузоранд, ки мухолифин дар ягона роҳи онҳо мина хобонанд. Мардуми маҳал агар инро медонист, ҳатман ба онҳо хабар медод, зеро дар натиҷаи ҳаракат шояд худи онҳо низ осеб медиданд ё метаркиданд.

Чархболҳо ҳам чунон ки зикр карда будам, натавонистанд десант дар наздики майдони ҷанг партояд, зеро метарсиданд, ки зери оташи мухолифини қарор мегиранд. Онҳо маҷбур шуданд, ки 28 нафар десантро дар минтақаи Ёл партоянд. Онҳо низ натавонистанд ба осонӣ ба сӯи майдони набард ҳаракат кунанд.

Нуралӣ Давлат, ҳафтаномаи «Фараж»
(давом дорад)



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi