ТОҶИКИСТОН ВА АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - 2
Шинохти Масъуд дар Тоҷикистони соҳибистиқлол

Баъди хурӯҷи нирӯҳои низомии шӯравӣ аз Афғонистон дар матбуоти Иттиҳоди Шӯравӣ гоҳ- гоҳ дар бораи Аҳмадшоҳ мақолаҳое ба табъ мерасиданд, ки дар онҳо Масъудро яке аз қумондонҳои шуҷоъ, далер, донандаи хуби ҷангҳои чирикӣ ё худ партизанӣ ва дар баробари ин нисбат ба душманонаш ҷавонмард тавсиф мекарданд. Махсусан баъди он ки Аҳмадшоҳ бо вуҷуди доштани имкониятҳои зиёди ҳамла бурдан болои аскарони шӯравӣ ҳини хориҷшавияшон аз Афғонистон аҳдшиканӣ накард, ӯро бештар ҳурмат мекардагӣ шуданд.
Ва ҳатто хурсандии хешро матбуоти Русия соли 1992-юм аз аввалин шуда ба Кобул даромадани нирӯҳои Аҳмадшоҳи Масъуд пинҳон намекард. Сиёсатмадорону таҳлилгарони шӯравӣ ибрози қаноатмандӣ мекарданд, ки Кобулро баъди суқути ҳукумати доктор Наҷиб на Ҳикматёр, балки тарафдорони устод Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд ба тасарруфи худ дароварданд.
Чунин тағйирот дар муносибати матбуоти шӯравӣ нисбати Масъуд албатта наметавонист болои аҳли илму адаб ва равшанфикрони тоҷик, ки як ҷузъи аҳли зиёи Иттиҳоди Шӯравӣ ба шумор мерафтанд, бетаъсир бошад. Махсусан баъди ба даст даровардани истиқлолияти давлатӣ бархе аз зиёиёни тоҷик Аҳмадшоҳро қаҳрамони миллӣ эълон карда, аз иштироки ҳаммилатони худ дар ҷанги Афғонистон ибрози пушаймониву надомат мекарданд. Баъзе аз иштирокчиёни ҷанги Афғонистон аз ҳисоби тоҷикон аз он изҳори таассуф мекарданд, ки дар ин ҷанги зидди ҳамзабонон ва ҳаммилатони худ ширкат варзидаанд.
Ва як қисми онҳо аз истифода бурдани он имтиёзҳое, ки давлати шӯравӣ барои ҷанговарони интернатсионалист муайян карда буд, даст кашиданд. Дар ҳамин давра эҳсоси худшиносиву Худошиносии қисме аз мардуми тоҷик боло гирифт. Яке аз сабабҳои афзоиши мазҳабгароӣ ё худ боло рафтани эҳсосоти динии мардуми оддиро дар солҳои навадуми асри гузашта дар ҳамин ғалабаи муҷоҳиддини афғон дар Афғонистон алайҳи Артиши шӯравӣ ва дар он ҷо ба сари қудрат омадани нирӯҳои муҷоҳиддин арзёбӣ кардан аз ҳақиқат дур нест.
Дуруст аст, ки агар аз як сӯ соҳибистиқлолӣ шароиту муҳити мусоидро эҷод карда бошад, аз тарафи дигар ҳамин таъсири ғалабаи муҷоҳиддини Афғонистон ва ба сари қудрат омадани онҳо (Масъуд вазири дифои ҳукумати муҷоҳиддин буд) таваҷҷӯҳи мардумро ба дини мубини ислом зиёд кард ва қисмате аз аҳолии мусалмон бо як вусъати бесобиқае рӯ ба дин ва асолати худ карданд.
Албатта омилҳои дигаре низ буданд, ки ба ин ҷиҳати масъала таъсир мегузоштанд, ки ҳоло мавқеи аз онҳо ёд кардан нест. Маҳз дар ҳамин давра дар Тоҷикистон нирӯҳои сиёсие зуҳур карданд, ки дигар бо нирӯҳои дар сари қудратбуда дар масъалаи ҳукумату тарзи давлатдорӣ баҳсу мунозираҳои шадиде ба роҳ андохтанд. Хулоса муборизаҳои сиёсии аҳзоб ва созмонҳои дигари ҷамъиятӣ дигар ба авҷи аълои худ расид ва кор ба тазоҳуроту майдоннишиниҳо кашонда шуд.
Аҳмадшоҳи Масъуд ва майдони «Шаҳидон»
Дар яке аз чунин тазоҳурот, ки дар майдони «Шаҳидон» моҳҳои марту апрели соли 1992 ба вуқӯъ пайваст, аввалин маротиба яке аз нотиқони он Эшони Сайид Қиёмиддини Ғозӣ, ки навакак дар ҳамин майдон аз сӯйи бароҳандозони гирдиҳамоӣ унвони генерали мардумиро соҳиб шуда буд, эълон дошт, ки дар ҳамин рӯзҳое, ки онҳо майдоннишинӣ мекунанд, яке аз бародарони ҳамхуни онҳо, ҳамдину ҳамфарҳанг, қаҳрамони Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуди тоҷиктабор бо ёронаш ҳукумати коммунистии доктор Наҷибро суқут дода, дар Афғонистон ҳукумати исломиро ба сари қудрат овардааст.
«Мо пайрави ӯ ҳастем, мо аз ӯ ибрат хоҳем гирифт. Дар Тоҷикистони мо низ агар ба хости мардум накунанд, ҳукумати коммунистиро чунин сарнавиште интизор аст»-, тақрибан ба ин монанд суханон аз забони ӯ ҳамон вақт дар майдони «Шаҳидон» садо дода буданд. Ин барои аввалин бор буд, ки на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар сар то сари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, ба хусус дар Осиёи Марказӣ, Аҳмадшоҳи Масъудро ошкоро дар байни издиҳоми беш аз садҳазорнафара қаҳрамони миллӣ эълон карданд.
Баёнияи Эшони Саид Қиёмиддини Ғозӣ на танҳо дар дохили Тоҷикистон, балки дар минтақа ва ҷаҳон низ вокунишҳои зидду нақизеро ба бор овард. Бархе азҷумлаи аҳли зиёи Тоҷикистон чунин изҳоротро агар падидаи нек, яъне боло гирифтани худшиносии миллӣ, бедор шудани ҳисси ҳамраъйӣ бо ҳамзабонони хориҷиямон арзёбӣ карда бошанд, қисмати дигар онро дар шароити имрӯза як амали шитобзада дониста иброз доштанд, ки он метавонад ба муносибати байни Тоҷикистон ва Русия ва дигар кишварҳое, ки аз ҳукумати доктор Наҷиб пуштибонӣ мекарданд, латма ворид кунад.
Хуллас, дар ҳамин шабу рӯзҳо бадхоҳони миллати тоҷик тавонистанд, ки аз бесарусомониҳои сиёсиву идории солҳои аввали истиқлолияти давлатӣ ба манфиати худу бар зарари давлати Тоҷикистон ва тоҷикистониён истифода карда, муборизаҳои сиёсии дохили кишварро ба муқовиматҳои мусаллаҳона табдил бидиҳанд. Мо дар ин ҷо гуфтанӣ нестем, ки кадом ҷониби даргириҳои Тоҷикистон аввал даст ба силоҳ заду кадом ҷонибаш баъдтар. Солноманависону таърихшиносон дар ин маврид гуфтанду боз хоҳанд гуфт. Мо ҳаминро мегӯем, ки яке аз тарафҳои ҷанг барои ба даст овардани силоҳу муҳимоти низомӣ сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро убур карда ба назди муҷоҳиддини афғон, азҷумла Аҳмадшоҳи Масъуд рафтанд ва аз ӯ талаби кӯмак карданд.
Қумандонҳои ҷиҳодии афғон аз қабили Абдураб Расули Сайёф, Гулбидини Ҳикматёр ва дигарон, агар ба намояндаҳои тарафдори майдони «Шаҳидон» дар Тоҷикистон бовар карда, қариб ки бе пурсиш, бе тадқиқи амиқ, то ҳаде ки тавонистанд, силоҳу муҳимот дода бошанд, Аҳмадшоҳи Масъуд аз ҳамон аввал кӯшиш ба харҷ медод, ки ба қазияи Тоҷикистон чуқуртар ворид шавад, амиқтар бифаҳмад, ки ин муборизаву мухолифатҳо сари чӣ ба вуқӯъ пайвастанд, кадом тараф гунаҳкор асту кадом тараф бегунаҳ.
Пазироии Аҳмадшоҳи Масъуд аз муҳоҷирони тоҷик
Даргириҳои мусаллаҳона дар ҷануби Тоҷикистон охири соли 1992 то ба ҳаде расиданд, ки як қисмати аҳолӣ ба хотири ҳифзи ҷони худ ва аҳли хонавода маҷбур ба убури марз шуда ба ДИА паноҳанда гардиданд. Аз дақиқаҳои аввали паноҳанда шудан мардуми ҷон ба саломат бурдаи тоҷик мавриди пазироии самимонаи муҷоҳиддин ва махсусан мардуми меҳмоннавози навоҳии сарҳадии Афғонистон, ки асосан таҳти нуфузи Масъуд қарор доштанд, гардиданд. Беш аз сад ҳазор нафар муҳоҷири тоҷик, ки аксаран дасти холӣ аз хонаҳои худ фирор карда буданд, дар шароити зимистони сарди соли 1992-93 дар як муддати кӯтоҳ бо ҷои истиқомат, кӯрпаву болишту кампал ва то расидани кӯмаки СММ бо хӯрока низ таъмин гардиданд.
Аҳмадшоҳи Масъуд шахсан худаш дар рӯзҳои аввали паноҳанда шудани муҳоҷирин аз ҷойи зисти онҳо дар шаҳри Қундуз ва деҳоти атрофи он дидан карда, ба онҳо кӯмакҳои заруриро расонд. Масалан дар рӯзҳои аввали январи соли 1993 ӯ бо як гурӯҳ фармондеҳони ин минтақа ба назди муҳоҷирини мустақар дар кампи Майдони Ҳавоии Қундуз (собиқ шаҳрчаи низомиёни советӣ) омада, ба муҳоҷирине, ки дар хаймаҳову дар казармаҳои бедару тирезаи аз сарбозони шӯравӣ боқимонда, зиндагӣ мекарданд, барои гарм кардани манзилҳояшон бухорӣ (печка) кӯмак кард.
Яъне ӯ то омадан ба назди муҳоҷирин, аллакай медонист, ки дар фалон кампи муҳоҷирини тоҷик фалон адад бухорӣ намерасад ва ё бо мушкилоти дигаре мувоҷеҳ ҳастанд. Масъуд дар ҳамон зимистони сарди 1993 бо ташрифи худ ба назди муҳоҷирин на танҳо гармӣ ба манзилҳояшон меовард, балки як шӯълаи умедеро ба оянда низ дар дилҳои онҳо фурӯзон мекард. Баъди ба Афғонистон омадани роҳбарони мухолифони ҳукумати Тоҷикистон Аҳмадшоҳи Масъуд кӯмакҳои худро асосан тавассути онҳо анҷом медод.
Бо тавсияи ӯ ва профессор устод Раббонӣ, ки Раиси Ҷумҳури ДИА ба ҳисоб мерафт, роҳбарияти мухолифин, ки акнун таҳти парчами танзими нав- Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон ба фаъолияти сиёсиву низомии худ дар кишвари бегона идома медоданд, бо номи Кумитаи Муҳоҷирин ниҳодеро созмон доданд, ки ба тамоми мушкилоти фирориёни тоҷик расидагӣ мекард.
ТОҶИКИСТОН ВА АҲМАДШОҲИ МАСЪУД - 1
Султони Ҳамад, «Рӯзгор»
(идома дорад)
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/tarih/3124-----2.html
Шарҳҳо
RSS Обуна