11:52:34 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

«ПОЛКИ ГВАРДИЯГӢ!»

Имсол халқҳои озодихоҳи ҷаҳон азҷумла халқи тоҷик 77-солагии ғалабаи Артиши шӯравиро дар муқобили Олмони фашистӣ дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ҷашн хоҳад гирифтанд.Дар бораи ин ҷанг зиёд навиштаам ва ҳоло бошад дар арафаи 77 солагии ғалабаи халқи шӯравӣ бар фашизми манҳус мехоҳам доири дигар мавзӯъҳои вобаста ба ин ҷанг нависам.

1 polki gvardiya 45452Ҳоло бошад дӯстони азиз мехоҳад, ки дар бораи ҳаёту фаъолияти Қахрамони Иттифоқи Советӣ, капитани гвардия, командири эскадрелияи авиатсионӣ Ритов Александр Иванович, ки дар эскадрелияи мазкури полки гвардиягии Брестии қиркунанда-бомбаандози ордени Суворови дараҷаи дуюмдор бароятон қисса намоям.

Александр Иванович Ритов санаи 22-юми октябри соли 1920 дар деҳаи Жабинои ноҳияи Ярославли вилояти Ярославл дар оилаи деҳқони рус таваллуд ёфтааст. Соли 1931 дар сини 11-солагӣ номбурда аз падару модар ятим мемонад ва дар тарбияи хешовандонаш бакамол мерасад.Баъди хатми мактаби 7-сола , соли 1936 ба техникуми нақлиёти обии шаҳри Рибинск дохил мешавад.Ҳангоми дар техникум хонданаш дар аэроклуби ин шаҳр низ машғулият мегузаронад.Соли 1939 ҳангоме, ки шӯъбаи рондани киштиҳои дарёиро ба омузишгоҳи дарёнавардии шаҳри Горкии собиқ , ҳоло Нижний Новгород мекӯчонанд ӯ ба қароре меояд, ки дар Рибинск монда аэроклубро хатм намояд.

Соли 1940 ба Артиши Сурх даъват гашта , ба омӯзишгоҳи ҳавонавардӣ фиристода мешавад.Моҳи июни соли 1941 дар арафаи шурӯъи ҷанг мактаби ҳарбӣ-ҳавонавардии шаҳри Балашовро хатм менамояд.Баъдан дар бригадаи 1-уми захиравии таҷрибаомӯзӣ дар рондани ҳавопаймои ҳуҷумкунандаи Ил-2 маҳорати худро такмил медиҳад.Роҳи ҷангии ҳавонаварди ҳуҷумкунанда Ритов моҳи марти соли 1942 дар фронти Шимолу Ғарбӣ дар ҳайати полки 586-уми авиатсияи ҳуҷумкунанда шурӯъ гаштааст. Барои амалиётҳои муваффақона ва озоднамоии шаҳри Великие Луки ва Белий бо орденҳои Ҷанги Ватании дараҷаи 2 ва Ситораи Сурх қадршиносӣ мегардад.Баъди чанде ӯро ба ҳайси командири звено ва ҷониши командири эскадрелияи полки ҳуҷумкунандаи 946-ум дар соли 1943 таъин менамоянд. Дар ҳайати ин полк тамоми роҳи минбаъдаи ҷангияшро давом медиҳад.

Дар амалиётҳои ҷангии мавзеъҳои Спас-Деменск , Рославск ва Елнянск капитан Ритов 48 маротиба ҳавопаймои қиркунанда-ҳуҷумкунандаи худро ба ҷанг медарорад ва моҳирона объектҳои душманро мавриди ҳадаф қарор дода, қир мекунад.

Санаи 23-юми июни соли 1944 гурӯҳи ҳавопаймоҳои зери роҳбарии ӯ қарордошта дар истгоҳи Теребен поезди зирепҳпӯши фашистонро муайян намуда, онро зада нест мекунанд ва бо ин роҳ пешравии муваффақонаи Артиши Сурхро таъмин менамоянд.Барои ин парвози ҷангӣ капитани гвардия Ритов бо ордени Байраки Сурхи Ҷанги қадршиносӣ мегардад.Аз 1-уми июн то августи соли 1944 дар сафҳои Фронти 1-уми Белоруссия ҷангида, эскадрелияи капитан Ритов Александр Иванович 63 парвози ҷангиро анҷом медиҳад.Барои диловарию шуҷоаташ акнун сари синнаи ӯро ордени Александр Невский зинат медод.Дар ҳайати Фронти 2-юми Белоруссия баъдан фаъолият намуда 263 парвози ҷангиро анҷом додааст.Дар ҷангҳо барои озодкунии шаҳри Бобруйсук диловарӣ нишон дода, бо сипосномаи Фармондеҳи Олӣ ва ордени дуюми Байрақи Сурхи Ҷанги қадршиносӣ мегардад.Тирамоҳи соли 1944 эскадрелияи Ритов дар муҳориба барои озоднамоии шаҳру деҳоти Полша аз ӯрдуи фашистӣ қаҳрамониҳои бемислу монанде нишон медиҳад.Санаи 10-уми октябри соли 1944 ҳангоми анҷом додани парвози ҷангӣ дар маҳаллаи ғарбии Рожан ва Паулинои Полша панҷ маротиба бо 8 ҳавопаймои эскадрелияи худ парвози муваффақонаи ҷангиро зидди қувваҳои ҳавоии фашистӣ анҷом додааст.

Дар ин рӯз парвози 6-ум барои капитани гвардия Ритов парвози охирон буд.Снаряди дар кабинаи ҳавопаймо кафида, риштаи умри ӯро канд.Санаи 27-уми октябри соли 1944 ҳангоми ишғоли дехаи Тлуш ҷанговарони шӯравӣ пораҳои ҳавопаймои Ил-2 ва боқимондаи ҷасадҳои Ритов ва тирандози ҳавонавард Колесниковро дармеёбанд.Экипажи мазкурро бо шаъну шарафи ҳарбӣ дар деҳаи Ляса, лаби дарёи Нарев дафн менамоянд.

Дар асоси Укази Президиуми Совети Олии СССР аз 4-уми ноябри соли 1945 баъди маргаш, капитани гвардия Ритов Александр Иванович бо унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ қадрдонӣ мегардад.Дар асоси фармони Вазири мудофиаи СССР аз санаи 4-уми ноябри соли 1982, номи ӯ ба таври абадӣ дар ҳайати эскадрелияи 3-юми полки гвардиягии Брестии қиркунанда-бомбаандози ордени Суворов, дараҷаи 3 дорӣ 189(полки ҳуҷумкунандаи 946, соли 1944 ба полки 189 -и қиркунанда-бомбаандоз табдил дода шудааст) номаш абадан қайд гашта , ба номаш ҳамчунин киштии биржаи муасисаи пароходии Волга гузошта шуда, дар зодгоҳаш нимпайкара ва дар Рибинск номаш дар муҷассамаи хотиравӣ ҳаккокӣ гаштааст.

Қайд бояд намуд, ки ин полки машҳур соли 1942 ташкил ёфта, дар озодкунини хоки Шӯравӣ ва Аврупои Шарқӣ нақши муҳимеро ба ҷой гузоштааст. Баъди итмоми ҷанг , ин полки машҳур, ки дар ҳайаташ 5 нафар Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дошту замони ҷанг душманро то лонааш Рейхстаги Берлин таъқибу бомбаборон кард буд , дар шаҳри Борзяи собиқ вилояти Читаи Руссия , ҳамагӣ дар 20 километрии марз бо Ҷумҳурии Халқии Чин ҷой гирифта , ҳайати шахсии он солҳои зиёде ҳаёти осоиштаи кишвари паҳновари шӯроҳоро таъмин мекарданд.Дар казармаи ин полки гвардиягии машҳур гӯшаи махсус бо кровату тумбочка ва акси Ритов дар эскадрелияи 3-юм истода, гирди он занҷира гирифта шуда буд.

Бо тақозои замон камина дар эскадрелия ва ин полки машҳур хизмати ҳарбиро ба ҷо овардаам.Ёд дорам, ки ҳозир - ғоиби шабона дар казармаи полк ,ки ҳайати сарбозони полк саф мекашиданд бо хондани номи капитани гвардия Ритов А.И. шурӯъ мегашт. Ин полки машхур дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз худ қаҳрамонии бемислу монандеро нишон додааст.Бисёре аз лочинҳои ин полки машҳури гвардиягӣ бо ордену медалҳои СССР мукофотонида шуда, 5 нафар афсарҳои лочин аз ҷумла Ритов А.И., Куряшов С.А.,Олейниченко Д.С., Тужелков С.В., Слюнкин В.С. бо номи баланди Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ шарафёб гаштаанд.Командири полки мо, полковники гвардия Клишин Иван Петрович то ба дараҷаи генерал лейтенанти авиатсия ва муовини сарфармондеҳи қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Руссия рафта расида, айни замон дар нафақа қарор дошта, дар шаҳри Москва зиндагӣ дорад.Бо иттифоқи ветеранҳои ин полки маъруфу афсарону сарбозони он алоқаи зич дорам ва чанд маротиба бо медалҳои ҷашнию нишонаҳои махсуси ин полк каминаро мушарраф низ гардонидаанд.

Ҳамаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, меҳтарони фронти меҳнатии қафои ҷанг ва бачагони замони ҷангро ба муносибати 77 солагии паради зафари Артиши Сурх ба муносибати ғалаба бар Олмони фашистӣ табрик мекунам.

Хотираи шаҳидони ин ҷанги ҷаҳонӣ ва барои халқи шӯравӣ адолатнок абазинда бод.

Осуда ва саодатманд бошед, ҳамдиёрони азиз!

Варқаи Зайниддин, Аълочии матбуот, фарҳанг, маориф, радио ва телевизиони ҶТ

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi