19:06:35 23-уми Сентябри 2023 сол
ХАБАР:
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Сентябр 2023 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

«ТАЪРИХ, ҶУҒРОФИЯ ВА ҚАҲРАМОНОНИ ДОСТОНИ «СУРӮШИ СТАЛИНГРАД»

 (Ба пешвози 90 солагии аллома Мӯъмин Қаноат бахшида мешавад)

Дар бораи достони шӯҳратёри адабиёти тоҷику адабиёти сермиллати шӯравӣ, достони «Сурӯши Сталинград» зиёд гуфтаанду навиштаанд. Аминам, ки ин амал баъдан низ , хосатан аз тарафи мардуми кишварҳои пасошӯравӣ ва миллатҳои фарҳангпарвари ҷаҳон оянда идома хоҳад ёфт.Ин достон, шоҳкории бузурги устод Мӯъмин Қаноат ва адабиёти ҷаҳонист ва инак 50 сол боз дар дар ҳаёти фарҳангиву адабии халқҳо, пе аз ҳама халқҳои кишварҳои собиқи шӯравӣ нақши муҳиме дорад.

1. БОБИ 1.ХАРИТАИ МУХОРИБАИ СТАЛИНГРАДОн ҳама вақт байни ҷавонон ва пирони рӯзгордида қироат гашта, намоишномаи «Сурӯши Сталинград» дар асоси сюжаи ин достон дар шаҳрҳои хурду бузурги Руссия ва дигар кишварҳо намоиш дода мешавад.Мусиқаи композитсионии он ва оҳанги бастакори итолиявӣ дар дайрҳою калисоҳои насронии русу дигар халқҳо, дар толорҳои боҳашамати Маскаву Пекин, Дехлӣ ва Санкт-Петербург…… танинандоз ҳаст ва иншоллоҳ садсолаҳо садо хоҳад дод. Ин достону сужаи мусиқавию фоҷиа-намоиши он , ҷавонону пирон, тифлону занон, мардуми башариятро ба оромиш, сулҳу ваҳдати умумибашарӣ ҳама вақт даъвату наслҳоро тарбият кардааст ва хоҳад кард.

Ҳамасола дар вилоятҳои Руссия , хостана дар Волгоград, Астрахан, Омск, Томск, Челябинск, Свердловск  ва ғайраҳо озмуну хониши достони «Сурӯши Сталинград» доир мегардад ва насли ҷавон бо қироати волои худ мардумро ба ҳаяҷон меоваранд.Насли ҷавони рус аз ғояҳои ин достон тарбияи аълои ҳарбӣ-ватандӯстӣ мегирад.Бояд гуфт, ки қаҳрамонони достони «Сурӯши Сталинград» ҳамагӣ шахсони воқеъии ин набарди бузургтарини башарият мебошанд.Дар садҳо ва ҳазорон сомонаҳои фарҳангию сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳарбию ҳуқуқию таърихӣ, ҷуғрофию адабӣ дар ин хусус сарчашмаҳои фаровоне мавҷуд ҳаст (бояд гуфт, ки дар бисёре аз ин сарчашмаҳо аз устод Қаноату достонаш ҳама вақт ёд карда мешавад ва ҳатман ибораи шоири номвари СССР ва Тоҷикистон дар ин сомонаҳо бо номи ӯ ҳамнавост)!

Мушоҳидаҳои банда нишон медиҳанд,ки насли ҷавони мардуми точик агарчанде дар бораи достону мундариҷаю мазмуни он чизеро ҳам донанд ҳам, лекин дар бораи қаҳрамонони он бар асари мутолиаи кам доштан , камтар маълумот доранд.Аз ин рӯ тасмим гирифтам, ки ба ин масъала каме ҳам бошад равшани андозам то хонандаи тоҷик, хостан ҷавонону наврасон бо дарку масъулиятшиносӣ оиди ин воқеъаи таърихӣ, набарди мудҳиштарини олам чизеро дониста ва фаҳмида гирифта тавонанд.Нахуст мехостам дар хусуси муҳорибаи Сталинград каме ҳам бошад иттилло диҳам.

1. Муҳорибаи Сталинград

Муҳорибаи Сталинград яке аз муҳимтари набарди генералии Ҷанги дуюми ҷаҳон ва ҶБВ маҳсуб меёбад,ки байни Артиши Сурх ва Артиши Олмони фашистӣ ва иттифоқчиёнаш аз санаи 17-уми июли соли 1942 то санаи 2-юми феврали соли 1943 давом карда , бо ғалабаи Артиши Сурх ва шикасти фоҳиши артиши фашистӣ анҷом ёфт.Муҳорибаи мазкур дар марзҳои вилоятҳои Воронеж, Ростов, Волгоград ва Ҷумҳурии Қалмоқистони ҳозираи Федератсияи Руссия ба вуқӯъ омадааст.Ҳуҷуми пйвастаи артиши фашистӣ ва иттифокчиёнаш чи тавре,ки ишора намудем аз санаи 17.07 то 18.11.-и соли 1942 давом намудааст.Мақсади онҳо дар ин мӯҳлат ба даст овардани хамгашти калони дарёи Дон ва марзи гузариши байни Волгаю Дон ва Сталинград буд.Иҷрои ин нақша метавонист ки ба раванди ҳаракати нақлиёт байни марказ ва минтақаҳои Қафқоз монеъа эҷод намояд ва барои ғасби ояндаи манбаҳои нафтии Қафқоз майдони мувофиқ барои набарди минбаъда кушояд.Байни моҳҳои июл-ноябри соли 1942 Артиши Сурх тавонист, ки душманро ба ҳалқаи таслимшавӣ маҷбуран танг карда дарорад.Артиши 6-уми Олмонро бо сарфармондеҳии фелдмаршал Фон Паулюс ва боз 24 генерали дигари Вермахт дар муҳосира қарор диҳад ва санаи 2.02.соли 1943 ба таслимшавӣ мувоҷеҳ гардонад.Ин ғалабаи муҳими Артиши Сурх баъди чандин бохтҳо тавонист, ки вазъро ба таври дигар  тағир диҳад,гардиши куллиеро ба вуҷуд оварад ва ташаббуси стратегиро Артиши Сурх на танҳо дар ҶБВ , балки дар Ҷанги дуюми ҷаҳон низ ба даст биёрад.Муҳорибаи Сталинград , яке аз набардҳои мудҳиштарин ва хунин дар таърихи башарият шинохта шудааст.Дар он қурбоншудагон аз ҳисоби Артиши Сурх бештар аз 1 миллиону 130 ҳазор нафар ва аз тарафи Артиши Вермахт бо итифокчиёнаш (итолиёвиҳо, руминҳо, венгерҳо, хорватҳо) ҷамъан 1 миллиону 500 ҳазор нафар қурбониро ташкил менамоянд.Қурбонии шаҳри Сталиград бошад ба даҳҳо ҳазор нафар аз ҳисоби мардуми осоишта мерасад.Натиҷаи ғалаба дар муҳорибаи мазкур ба он оварда расонид, ки Туркия аз ҳуҷум ба СССР даст каши. Ҷопон бошад нақшаи «Юриши Сибир»-ро амалӣ накард.Италия, Руминия, Венгрия, ба ҷустуҷӯи роҳҳои аз ҷанг баромадан шурӯъ намуданд.Хотиррасон бояд намуд, ки ҷабҳаи Сталинград санаи 12.07. соли 1942 ташкил ёфта, санаи 30.09.1942 ҷабҳаи Ҷанубӣ ном гирифт ,худи ҳамон рӯз бо як фармони Сарфармондеҳи Олӣ И.В.Сталин ,Ҷабҳаи Ҷануби-Шаркӣ номи Ҷабҳаи Сталинградро гирифт, санаи 1.01.1943 бо салоҳдиди Қароргоҳи Сарфармондеҳи Олӣ (Ставка) он барҳам хӯрда, номи Ҷабҳаи Ҷанубиро гирифтааст.Дар ин ҷабҳаҳо 15 артиш(азҷумла 1 артиши ҳарбӣ-ҳавоӣ, 2 артиши танкӣ) амал мекарданд.Фармондеҳони ҷабҳаҳо ва артишҳо қумондонҳои машҳури шӯравӣ Тимошенко С.К., Гордеев В.К., Еременко А.И. А.И.Василевский, Воронов Н.Н., Ватутин К.К., Рокосовский Р.И., Чуйков В.И. ва дигарон буданд.Аз ҷониби фашистон бошад лашкаркашоне чун Э.Фон Манштейн, Ф.Паульюс, В.Павич,Г.Гот ва дигарон дар ин набарди ҷаҳонӣ ширкат доштанд.

2. Шаҳри Сталинград

2. БОБИ 2.НАМУДИ ШАХР ВОЛГОГРАДМаркази асосии даргириҳои набарди Сталинград бешубҳа ин шаҳри Сталинград буд.Артиши бузурги Олмони фашистӣ ва иттифоқчиёнаш мехостанд, ки ин шаҳри муҳими стратегиро бо марзҳои муҳимаш ба даст оваранд ва кишвари шӯроҳоро аз минтақаи муҳими саноатии Қафқоз маҳрум намоянд. Баъдан балоҳои азимеро тибқи нақшаҳои кашидаашон ҳамроҳи иттифоқчиёнашон ба сари мардуми шӯравӣ ва башарият биёранд.

Шаҳр мавқеъи хуби ҷуғрофӣ дошта, дар соҳили дарёи бузурги Волга қомат афрохтааст.Аз Волгорад то баҳри Каспий низ роҳ хело наздик ҳаст.Бояд гуфт, ки номи шаҳр тибқи сарчашмаҳо, бо номи Саритсин дар соли 1555 ба назар мерасад ва тибқи бархе аз назарияҳои олимони рус он решаи иронӣ шояд дошта бошад. Бинобар мавқеъи хуби тиҷорати ва стратегӣ доштанаш ин шаҳр ҳама вақт дар ҳолати рушд қарор доштааст. То замони инқилоби Ӯктабр ин шаҳр маркази уезди калони Саритсин будааст.Баъди инқилоб бинобар бузургию фарохию рушди шаҳр, он ба маркази губернияи Саритсин ва баъдан вилоят табдил дода мешавад.Шаҳр соли 1925 номи Сталинградро гирифта, соли 1961 зер сиёсати роҳбари даври шӯравӣ Н.С.Хрушёв номи Волгоградро гирифтааст.То ҳанӯз мардуми ин шаҳр даъвои ба номи Сталинград баргардонидани номи шаҳрро доранд ва ин даъвои онҳо мантиқан дуруст низ ҳаст.Имрӯз ба шарофати ҳамон набарди машҳури Сталинград, дар тамоми қитъаҳои олам номи кӯчаву шаҳракҳо, хиёбону гулгаштҳо номи Сталинградро доранд.То соли 1941 ин шаҳр беист тараққӣ карда ба як маркази калони фарҳангию саноатии кишвари Шӯроҳо табдил ёфта буд. Дар онҷо корхонаи азиму овозадори тракторбарорӣ ва дигар корхонаҳои машҳури шӯравӣ ба кор шурӯъ намуда буданд.Дар арафаи ҶБВ дар ин шаҳр бештар аз 450 ҳазор аҳолӣ зиндагонӣ мекард(барои мисол шаҳри Сталинобод (Душанбеи имрӯза) ҳамон вақт 83 ҳазор аҳолӣ дошт, ки ин 18 фоизи аҳолии Сталинградро ташкил менамуд.Дар натиҷаи ҷанги 200 рӯзаи фашистон ва набарди ин шаҳр аз моҳи июли соли 1942 то аввали феврали соли 1943, аз тарафи артиши ҳарбӣ-ҳавоии Олмони фашистӣ ва дигар қувваҳои хонумонсӯзаш шаҳр ба харобазор табдил ёфта, аз 450 ҳазор аҳолии то замони ҷанг доштааш, соли 1943 баъди ғалаба ва баромадан аз муҳосираи душман дар ин шаҳр ҳамагӣ 32 ҳазор аҳолӣ ва ё тахминан 7 фоизи аҳолӣ боқӣ монда буд.Аз 42 ҳазор биноҳо , бештар аз 90 фоизи он комилан вайрону валангор карда шуда буданд.Баъди набардҳо тахминан 200 ҳазор ҷасади одамӣ ва боз ҷасади зиёда аз 10 ҳазор асп дар шаҳри валангор боқӣ монда буд.Баъди аз муҳосира баромадани шаҳр, боз муддати зиёде лозим шуд, ки ин ҷасадҳо дафн карда шаванд.Шаҳри Сталинград ва муҳорибаи қаҳрамононаи он, дар таърихи башарият назир надорад ва дар бораи ин шаҳр нависандагону шоирон, бастакорону кинорежисёрон, ҳайкалтарошон, рассомону оҳангсозони миллатҳои гуногуни олам асарҳо эҷод кардаанд.Дар ин асос сӯжаи асосии достони «Сурӯши Сталинград» маҳз воқеъаҳою набарду қаҳрамониҳои аз худ ба ҷойгузоштаи сарбозони шуравӣ дар ин шаҳрро фарогир мебошанд.Боиси хурсандист, ки аз байни садҳо достону ашъори назмии ба ин набард бахшидашуда, достони хаммосӣ-равонии «Сурӯши Сталинград»-и устод Мӯъмин Қаноат ба худ назир надорад ва он беҳтарин достони асри ХХ - и вобаста ба ин мавзӯъ бахшидашуда аз тарафи муттахассисони аврупоӣ ва ҷаҳонӣ шинохта шудааст. Солҳо боз аз замони шӯравӣ то ҳол дар мактабҳои шаҳри Волгорад ва умуман вилояти Волгоград озмуни қироати достони «Сурӯши Сталинград» гузаронида мешавад.Дар ин озмунҳо мактаббачагони шаҳру вилояти Волгоград, дигар минтақаҳои Руссия ҳадафмандона иштирок менамоянд.Замони шӯравӣ ба ин шаҳр бо Укази Президиуми Шӯрои Олии СССР номи олии «Шаҳри Қаҳрамон» дода шуда, дар парчами шаҳр медали «Ситораи тилло»-и қаҳрамонӣ ва ордени олии СССР, ордени Ленин насб гашта буд.

Дар ин асос дар тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии мактаббачагон ва ҳамчунин артиши пуриқтидортарини олам, Артиши Федератсияи Руссия, шарики № 1-и стратегиямон, навиштаҳои устоди зиндаёд Мӯъмин Қаноат нақши мондагор доранд.Шаҳри Волгорад ҳоло яке аз марказҳои бузурги фарҳангӣ , варзишӣ ва иқтисодии Федерасияи Руссия ва Аврупои Шарқи ба ҳисоб меравад ва бештар аз як миллион аҳолӣ дошта, ба 8 ноҳияи маъмурӣ тақсим гашта , қариб 860 км.кв.марз дорад.

3. Сарбози олмонӣ

3. БОБИ 3.САРБОЗИ НЕМИС ДАР СТАЛИНГРАД ХАНГОМИ ХАТНАВИСИЯке аз қаҳрамонони маҷозии ин достон, бемуҳоббот сарбози гумноми олмоние ҳаст, ки дар муҳорибаҳо дар ҳайати артиши олмонӣ ширкат намудааст.Устод М.Қаноат аз ёддоштҳои рӯзномаи ин сарбози олмонӣ дар достон устодона истифода намудааст.Гуфтан мумкин ҳаст, ки сароғози   8 боб ва ё 8 сурӯшҳои достон аз хотироти ин сарбози немис оиди вазъу ҳолати набарди Сталинград оғоз меёбад.Бояд гуфт,ки сатрҳои ҳақиқатнигоронаи ин сарбози қушунҳои истилогари фашистӣ ҳусн  ва рӯҳияи достонро ба маротиба ба боло бурдааст. Ному унвону макони таваллуду соли таваллуди ин сарбози немис номаълум ҳаст ва шоири бузурги мо танҳо ба навиштаҳои ӯ таваҷҷӯҳ намудааст.Шояд дар оянда муррихони русу тоҷику дигар халқҳо сари масъалаи муайян намудани шахсияти ин сарбози гумном кореро анҷом бидиҳанд.

4. «Хонаи Павлов»

4. БОБИ 4. ХОНАИ ПАВЛОВ 1Дар бораи каҳрамонони достони «Сурӯши Сталинград» мақола навиштану дар бораи «Хонаи Павлов» чизе нагуфтану нанавиштан, ин монанд ба он ҳаст, ки дар бораи корд мегӯӣ , вале ғилофи хело мустаҳками онро ба гӯшаи фавромӯшӣ мебарӣ.Аз ин рӯ барои фаҳмидани достону қаҳрамононаш қадре ҳам бошад барои хонандагони ҷавон дар бораи «Хонаи Павлов маълумот медиҳем.Дар достон, аниқтараш дар боби «Сурӯши шашум», сухан дар бораи ҷанговари Артиши Сурх, Аҳмад Турдиев ва дар ин асос сухан дар бораи«Хонаи Павлов» меравад.Воқеъан ҷанговарони шӯравӣ барои дар дасти худ нигоҳ доштани ин хонаи истиқоматӣ , он замон ҷонбозиҳои зиёде намуда буданд ва ин хона ҳамон давра дар олам машҳур гашта буд.Ҳоло низ он бисёр машҳур буда аз саросари олам ҳамасола ҳазорон-ҳазорон сайёҳон онро зиёрат мекунанд.Бояд гуфт, ки устод Мӯъмин Қаноат бо навиштани достони «Сурӯши Сталинград» ин хонаи таърихиро боз машҳуртар намуд.Инҷо кӯшиш менамоем дар ин мақола ,оиди ин хона , барои хонандаи имрӯзаи тоҷик каме ҳам бошад маълумот диҳем.      

«Хонаи Павлов», ин хонаи 4-ошёнаи истиқоматӣ буда, дар кӯчаи ба номи Ленини Волгорад ҷой гирифтааст , ки дар зарфи 58 шабонарӯз онро гуруҳи сарбозони шӯравӣ қаҳрамонона муҳофизат намудаанд.Тибқи навиштаи таърихнигорон муҳофизати онро гуруҳи сержанти калон(дар бархе аз сарчашмаҳо сержант) Я.Ф.Павлов дар даст доштааст.Аз ин рӯ ин хона бо номи ӯ машҳур гаштааст.Агарчанде, ки фарзияи дигаре, ки Павлов ин хонаро ҳамроҳи лейтенати калон И.Ф.Афанасев- роҳбари гуруҳи мудофиавӣ бо гузаронидани як  ҳуҷум ишғол намудааст низ мавҷуд аст. Тибқи маъхазҳои таърихӣ, ин бинои истиқоматии 4 ошёна аз 4 даромадгоҳ иборат будааст. Нишонааш- кӯчаи Ленза, майдони 9-уми январ (ҳоло ба номи Ленин) будааст. Миёнаи солҳои 30-юми асри пор ин бино аз ҷониби меъмор С.Волошин сохта шудааст. Ин хона , яке аз хонаҳои хело бошукӯҳи шаҳри Сталингради онвақта маҳсуб ёфта, онҷо мутахассисони соҳаи саноат ва кормандони ҳизбӣ зиндагонӣ мекардаанд.Ин хона ба ҷамъияти матлуботи вилояти Сталинград тааллуқ дошта ,   дар рӯбарӯи он бинои хаммонанди ин хона сохта шуда будааст.Ин хонаҳо дар ҳифзи майдони 9-уми январи ин мавзеъ, нақши муҳимрео аз худ ба ҷой гузоштаанд.Аз байни ин хонаҳои истиқоматӣ он замон хати роҳи оҳан ба корхонаи ордкашии №4 мегузаштааст.Санаи 27.09.соли 1942 дар натиҷаи бомбаандозии немисҳо меъмори ин хона Сергей Волошин ва завҷаи ҳомиладори ӯ ба ҳалокат расидаанд.Дар минтақаи майдони 9-уми январ, полки 42-юми гвардиягии тирандозии дивизияи 13-уми гвардиягӣ шинак гирифта будааст.Командири полк, полковник Елин ба капитан Жуков супориш медиҳад, ки барои ба даст овардани ин ду бинои истиқоматии аҳамияти муҳими стратегӣ дошта амалиёт гузаронад.Ду гуруҳ барои ин кор созмон меёбад.Гуруҳи лейтенант Заболотный ва сержант Павлов. Ҳарду хона аз тарафи онҳо фатҳ карда мешаванд.Хонаи «Заболотный» баъди чанде сӯзонда ва ин бино ҳамроҳ бо ҷанговарони дохилаш чаппа мешавад. «Хонаи Павлов» бошад истодагарӣ намуда , дар тамоми давраи муҳофизати ин хона аз санаи 23.09. то 25.11 соли 1942, то дами аксулҳуҷуми Артиши Сурх дар таҳхонаи он мардуми осоишта пинҳон будаанд.Аз 31 ҳимоягари хонаи Павлов ҳангоми ҳифзи он 3 нафар, лейтенанти миномётчӣ А.Н.Чернишенко ,сержант И.Я.Хайт, қаторӣ И.Т.Свирин ба ҳалокат расидаанд.

Дар ҳимояи ин хонаи маъруф, намояндагони миллатҳои гуногун:рус, украин, тоҷик, ӯзбак, яҳуд, тотор, қалмиқ, қазоқ ва гурҷӣ ҷонбозӣ намудаанд. Маршал   В.И.Чуйков дар ёддоштҳои худ нигошта буд «Ин гуруҳи на чандон калон як хонаро муҳофизат намуда, аз талафоти ӯрдуи фашистон ҳангоми фатҳи Париж зиёдтар фашистонро несту нобуд карда буданд».Ин хона тимсоли шукӯҳу шаҳоматва як обеъкти муқаддаси истодагирию диловарии сарбози шӯравӣ табдил ёфта буд. Ин хона яке аз аввалин хонаҳоест, ки соли 1943 баъди ғалаба дар набарди Сталинград таъмиру тармин ёфта аз нав сохта шудааст. Дар бари ин бино,меъморон аз хишти пухта лавҳаи ёдгорӣ ба хотираи муоҳфизони ин хона   сохтаанд.Аз хонаҳои он замон , дар ин марз дар шакли замони ҷанги бинои корхонаи ордкашии№4 боқӣ мондааст.Бисёриҳо ана ҳамин корхонаи таъмирнадидаро гумони хонаи Павлов мекунанд, ки ин комилан нодуруст аст.

5. Павлов Яков Федотович

5. БОБИ 5.ПАВЛОВАкнун хонандаи закитабъи ман ва махсусан насли ҷавони миллат қадре ҳам бошад дар бораи худи сержанти калони Артиши Сурх, Я.Ф.Павлов, ки дар хусуси қаҳрамонии сарбозони сурх дар «хона»-и ӯ, устод Қаноат дар достонаш қисса намудааст маълумот медиҳем.

Павлов Яков Федотович санаи 17.10.1917 дар деҳаи Крестоваяи уезди Валдай, губернияи Новгороди Руссия таваллуд шудааст.Соли 1938 ба сафи Артиши Сурх даъват мешавад.Соли 1942 Павлов ба полки гвардиягии 42-юми тирандозии дивизияи гвардиягии тирандозии генерал Родимцев А. фиристода мешавад.Моҳҳои июл-августи соли 1942 сержант Павлов дар шаҳри Камишин дар ҳайати қисми нав созмонёфта, ба ҳайси командири отделенияи пулемётии ротаи 7-ум таъин мешавад.Шоми 27.09.соли 1942тибқи супориши командири полк, ӯ хонаи истиқоматии майдони 9-уми январро ишғол ва немисҳоро аз онҷо дур менамояд.Муҳофизати ин хонаи баъдан дар ҷаҳон машҳур 58 шабонарӯз идома меёбад.Мавсуф бо 2 ордени Ситораи Сурх ва медалҳои зиёде қадршиносӣ гаштааст.Замони осоишта бо яке аз орденҳои олии шӯравӣ «Инқилоби Октябр» сарфароз гардонида мешавад. Санаи 27-уми июни соли 1945, ба лейтенати хурд Павлов Яков унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода мешавад.Мавсуф санаи 29.09.соли 1981 дар шаҳри Новгород вафот кардааст.Ба номаш кӯчаю хиёбонҳо,мактабҳо номгузорӣ гашта, ҳайкалу нимпайкараҳояш низ гулбоғҳоро зеб мебахшанд.

6.Михаил Паникаха

6. БОБИ 6.МИХАИЛ ПАНИКАХАЯке аз қаҳрамонони достони «Сурӯши Сталинград», сарбози қатории қушунҳои пиёданизоми баҳри Михаил Паникаха мебошад.Дар бораи қаҳрамонии ӯ, устод Мӯъмин Қаноат дар суруши сеюми достон бо номи «Маллоҳи Баҳри Сиёҳ» чунин менигорад:

Ягона шишаи таркандаро бардошт,

Ба чанги тан ба тан

Бо танки фӯлодӣ қадам бигзошт.

……

Саропо оташи зинда

Ба зери танк метозад,

Ба ин дастур Данкоро замоне зинда месозад…..

Михаил Авериянович Паникаха соли 1914, тибқи дигар маъхазҳо соли 1918 дар деҳаи Могилёв, ноҳияи Саричании вилояти Днепропетровски Украина дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Дар сафаи Артиши Сурх аз соли 1939 ҳамчун маллоҳи Флоти Уқёнуси Ором хизмат намудааст. Дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо хоҳиши шахсияш ӯ ба Сталинград фиристода мешавад.Дар ҳайати полки тирандозии 883 , дивизияи тирандозии 193-юми артиши 62 ба ҳайси сарбози зиреҳшикандохил карда мешавад. Ӯ дар замони хизмат дар ин полк ҳеҷ вақт либоси маллоҳии худро иваз накардааст.Санаи 2-юми октябри соли 1942 ҳангоми муҳориба барои ҳимояи корхонаи «Красный Октябр», сарбоз Михали Паникаха қаҳрамонӣ нишон медиҳад.Он замоне, ки ӯ дар окоп буд , ба сӯи окопи ӯ танки душман ҳаракат менамояд.Михаил ду шишаи моъеи сӯзандаро гирифта ба сӯи танк хазида меравад.Дар ин ҳолат тире ба яке аз шишаҳои моддаҳои сӯзанда бархӯрда оташ мегирад ва худи Михаил низ саропо дар оғӯши оташ қарор мегирад, лекин ӯ бо шишаи дуюм ба сӯи танк рафта, ба мотори танк шишаи сӯзандаро мепартояд ва танк оташ гирифта аз қатор мебарояд.Барои ин шуҷоаташ баъди маргаш   ӯ бо ордени Ҷанги Ватани дараҷаи 1 қадршиносӣ мешавад.Дар бораи қаҳрамонии Михаил, Маршали Иттифоқи Советӣ , Василий Чуйков дар ёддоштҳояш»(Аз Сталинград то Берлин») қайдҳо дорад.Барои гирифтани унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӯ ӯ моҳи ноябри соли 1942 пешниҳод гашта, ин ба ӯ ин унвонро танҳо санаи 5-уми майи соли 1990, бо имзои Президенти вақти СССР сазовор донистаанд. Ба хотираи ӯ дар Волгограду Днепропетровск ва дигар шаҳру деҳоти Руссия ва Украина ҳайкалу лавҳаи ёдгорӣ гузошта шуда, мактабу кӯчаҳо номи ӯро доранд.

Достони устод Муъмин Қаноат ва навиштааш дар бораи Михаил Паникаха(Миша) номи ин қаҳрамонро воқеъан дар сатҳи СССР хело машҳур гардонид ва гуфтугузорҳое, ки дар бораи ин қаҳрамони достону муҳорибаи Сталинград солҳо давом дошт, замони босозӣ ва ошкорбаёнӣ ахиран вайро баъди 48 соли ҳалокаташ ба унвони қаҳрамонӣ бурд.

7. Путилов Матвей Мефодиевич

7. БОБИ 7.МАТВЕЙ  ПУТИЛОВҚаҳрамони овозадори достони «Сурӯши Сталинград» (суруши чорум)ин Матвей Путилов ҳаст. Хонандагони тоҷик бо номи ин қаҳрамони достон солҳо боз шиносанд, вале шояд камтар чизеро дар бораи ҳаёти ин қаҳрамонписар донанд.Путилов Матвей Мефодиевич соли 1923 дар деҳаи Илинкаи вилояти Тюмен таваллуд гаштааст.Тарбиятгирифтаи хонаи бачагони ноҳияи Берёзовкаи округи автономии Хантию Мансӣ дар солҳои 1936-1938 мебошад.Соли 1938 ӯ ба техникуми электротехникии шаҳри Омск дохил мешавад.Матвей моҳи январи соли 1942 техникуми мазкурро хатм намуда, моҳи марти ҳамон сол, аз тарафии комиссариати ҳарбӣ , ӯро барои таҳсил ба омӯзишгоҳи ҳарбии пиёдагарди шаҳри Омск мефиристанд.Ҳамон давра, дар шаҳри Омск, дивизияи нави тирандозии рақами 308 ташкил карда мешавад ва Матвейро чун командири отделении алоқачиёни полки тирандозии рақами 339 таъин менамоянд.Моҳи октябри соли 1942 ҳангоми набардҳои дивизияи 308-уми тирандозӣ дар назди корхонаи» Баррикада»- и шаҳри Сталинград алоқа канда мешавад.Сардори ситоди полки 339-уми тирандозӣ майор Даниленко, супориш медиҳад, ки хати алоқа зуд барқарор карда шавад.Ду кӯшиши аввал натиҷае ба бор наоварда , сарбозбачаҳои алоқачӣ ба ҳалокат мерасанд.Ба Матвей супориш дода мешавад,ки хати алоқаи ситоди полкро бо хонае, ки ҷанговарон шабнарӯзи дуюм дар иҳотаи фашистон онро муҳофизат доранд , ҳарчи зудтар барқарор намояд.Сержант барои иҷрои супориш меравад.Пораи мина бозӯи ӯро ярадор менамояд.Дардро бо дандон фурӯ нишонида , то назди сими кандашудаи телефон меравад ва онҷо маротиба дуюм ярадор мешавад ва тир дасташро пора месозад.Ӯ аз ҳуш рафта истода имконияти бо даст барқарор намудани алоқаро надошта, нӯгҳои симҳои кандашударо бо дандонҳояш сахт зер мекунад.Ба ҷисми ӯ ҷараёни электрикӣ ворид гашта , алоқаи телефонӣ барқарор мешавад ва ӯ дар ҳолати бо дандонҳо зернамудани сими телефон ҷон месупорад. Ин қаҳрамонии ӯ ба ҷанговарони ҷабҳаи Сталинград ва дигар ҷабҳаҳои Артиши шӯравӣ таъсири сахти рӯҳӣ ва тарбиявӣ расонида, чандин алоқачиён баъдан чунин қаҳрамониро такрор намудаанд.Шоир Мӯъмин Қаноат дар достон чи хуш менигорад:

«Видоъ ёрон.

Ба ҷои ман Шумо хандед,

Дил бандед,

Гул бӯед,

Бибӯсед.

Об нӯшед,аз лаби чашма,

Ки ман лабташнаам,

Ташна…»

Қаҳрамонии сержант Путилов солҳои зиёд фаромӯш гашта, танҳо баъди 25 соли итмоми ҷанг, дар асоси маводҳои ҷамъкардаи М.П.Чепард, мавсуф санаи 12.06.соли 1968 бо Ордени Ҷанги Ватании дараҷаи 2 мукофотонида мешавад.Яке аз сабабҳои пешниҳод нагаштани ӯ барои унвони Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ, душмани халқ эълон гаштани падару модари бомаълумот ва омӯзгораш, ки ҳангоми бамакони бадарға ҳиҷрат намудан дар роҳ вафот намудаанд мебошанд. Аз он пас Матвей ва додараш ба хонаи бачагон барои тарбия дода мешаванд.Номи Матвей Путилов махсусан баъди эҷоди достони «Сурӯши Сталинград» хело машҳур шуд ва овозааш аз Иттиҳоди Шӯравӣ низ берун рафт ва номи Матвей Путилов ва корномааш ҷаҳонӣ шуд. Номи ӯ барои халқи шӯравӣ ва халқи рус бо номҳои Зоя Космодемянская, Александр Матросов ҳоло дар як қатор меистад.Ба номаш дар Омск, Томск, Уренгой, Минск, Ханти-Манси ва дигар мавзеъҳо мактабу кӯчаҳо номгузориву лавҳаву ҳайкал гузошта шудааст.Сурӯши чоруми достони устод Мӯъмин Қаноат дар Руссияи беканора ҳангоми шабнишиниҳо ва чорабиниҳои ёдбуди ин қаҳрамон ҳама вақт баланд садо медиҳад, ки ин низ боиси ифтихори ҳар як тоҷик бояд бошад.Ногуфта намонад, ки дар бисёре аз вилоятҳое чун Омск, Томск, Свердловск, ҳамчунин Шарқи Дур ва ғайраҳо, дар садҳо ва ҳазорон сомонаҳо вобаста ба қаҳрамонии Матвей Путилов, ҳатман ному ашъори абармарди достонҳои хаммосӣ-равонӣ устод Мӯъмин Қаноат низ ҷой дода мешавад.

Барои унвонгирии ин қаҳрамони барҳақ,ки достони устод М.Қаноат ӯро хело машҳур гардонид , ҳоло низ ҳамдиёронаш «даводав» доранд.Аҷаб нест, ки рӯзе мо номи Митяро низ дар қатори дорандагони унвони олии Федератсяи Руссия , Қаҳрамони РФ бубинем!

8. Василий Иванович Чуйков

8. БОБИ 8 8.ВАСИЛИЙ ЧУЙКОВВасилий Ивнович Чуйкови машҳур, Маршали Иттифоқи Советӣ,ду карат Қаҳрамони Иттифоқӣ Советӣ , қаҳрамони асосии достони «Сурӯши Сталинград» аст.Ба корномаи ин фармондеҳи машҳури шӯравӣ ва ҷаҳон суруши ҳаштуми достон бахшида шудааст.

Чуноне , ки устод Мӯъмин Қаноат онҷо менигорад:         

Замини безабон, хоки шаҳидон дор маъзурам,

Ба он ҷое, ки ёрон сар ниҳода пой мемонам.

Бубахшед эй азизон ман қадам беҷой мемонам……..!

Василий Иванович Чуйков, санаи 12.02.соли 1900 дар деҳаи Серебрянаи уезди Венёвски губернияи Тулаи Руссияи пешазинқилобӣ дар оилаи деҳқон таваллуд ёфтааст.Мавсуф иштирокчии Ҷанги гражданӣ дар солҳои 1918-1921 мебошад.Ӯ дар муқобили қушунҳои Колчак ҷангидаву соҳиби ду ордени Байрақи Сурхи Ҷангӣ гаштааст. Соли 1925 Академияи ҳарбии ба номи М.В.Фрунзе ва соли 1927 факултети шарқии ҳамин академияро хатм намудааст.То шурӯъи ҶБВ дар вазифаҳои масъул, азҷумла сарфармондеҳи артиши 4-уми Округи ғарбии махсус иҷрои вазифа намудааст.Солхои 1940-1942 ба ҳайси аташаи ҳарбии СССР дар Хитой иҷрои вазифа намудааст.Аз Хитой ӯро ба Тула даъват мекунанд ва генерал-лейтенант Чуйков сарфармондеҳи артиши таъсисшаванда барои муҳорибаи Сталинград таъин мегардад.Аз 22 - юми июли соли 1942 аввал сарфармондеҳи артиши 64-ум, баъдан сарфармондеҳи артиши машҳури 62-юм дар муҳорибаи Сталинград таъин гаштааст.Баъди анҷоми ҷанг , аввалан муовин , баъдан сарфармондеҳи қисмҳои ҳарбии СССР дар Германия будааст.Солҳои минбаъда чун Сарфармондехи Округи ҳарбии Киев, сарфармондеҳи Қушунҳои хушкигард-муовини Вазири мудофиаи СССР иҷрои вазифа намудааст. Мавсуф ду карат Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ буда, бо мукофотҳои зиёди СССР ва кишварҳои хориҷӣ қадрдонӣ гаштааст.Санаи 18-уми марти соли 1982 дар Маскав вафот кардаву тибқи васияташ дар Қӯрғони Мамай, дар шаҳри Волгоград ,ҳамроҳи сарбозони артиши 62-юми худаш дафн карда шудааст.Шахсан устод Мӯъмин Қаноатро мешинохт , ба шоири он вахт ҷавони тоҷик арҷи зиёде мегузошт ва дар ин асос нисбати мардуми тоҷикро эҳтироми махсусеро қоил буд.Маршал дар эҷоди достони «Сурӯши Сталинград» саҳми муносиби худро гузоштааст.Ба ин достон маршал баҳои баландтаринро сазовор донистааст.

Ҳамзамон қироати шеъри машҳури «Бародарам» дар иҷрои Мӯъмин Қаноат, ин фармондеҳи машҳури оламро ба ҳаяҷон овардааст(беҳуда устод сухани волое надорад- «Суханро вазну тамкини замин бояд»…).Дар Волгоград,Москва, дигар шаҳру вилоятҳои Руссия ба хотирааш ҳайкалу лавҳаҳои хотиравӣ гузошта шуда, ба номаш кӯчаву хиёбонҳо, муассисаву донишгоҳҳои ҳарбӣ     гузошта шудаанд.

9.Аҳмад Турдиев

9. БОБИ 9.АХМАД ТУРДИЕВ

Қаҳрамони асоси суруши шашуми достон , ин тоҷикписар Аҳмад Турдиев ҳаст.Мавсуф зодаи вилояти Суғди бостонӣ будаааст.Аҳмад Турдиев бо яроқи вазнин ПТР (яроқи зиддитанкӣ) мусаллаҳ  буда, ҳамроҳи дигар ҳамяроқонаш дар муҳофизати хонаи Павлов қаҳрамонии бемислу монандеро анҷом додааст.Мавсуф дар муҳорибаҳои баъдинаи ҶБВ ҳалок гаштааст. Чуноне устод менигорад:

- Замин оташ,

Ва дарёи дамон оташ,

Ба рӯи об ҳамчун мавҷи хунине равон оташ,

Ба ҳар хона ба ҷои ошдондар остон оташ,

Ба ҷои гул,

Ба боғу бӯстон оташ.

10.Зинаида Селезнёва

10. БОБИ 10.ЗИНАИДА СЕЛЕЗНЁВАЗинаида Селезнёва Петровна низ қаҳрамони ин достони маъруф ҳаст. Аниқтараш замони ҷанг дар ҳамон тагхонаи «Хонаи Павлов», ки аҳолии осоишта паноҳ ёфта буданд ,ин духтарча ба дунё меояд.Чи тавре, ки дар суруши шашуми достон аз номи Аҳмад Турдиев оварда шудааст, ҳамагон ин тифли дар иҳотаи оташу дуд, садои тиру туфанг, мавҷи маргу зиндагӣ таваллудгаштаро Зина меноманд ,вале точикписар Аҳмад Турдиев ба таври рамзӣ ва фалсафӣ ба таваллуди ин духтар диққат дода ӯро «Зиндагӣ» меномад!

Ҳамин ибораи «Зиндагӣ» ба шарофати нашри зиёда аз 2 миллионаи маҷаллаи «Юность»-и Маскав дар тамоми хоки шӯравӣ байни халқҳои гуногуни сермиллати шӯравӣ бисёр машҳур гашта, ба як жаргоне чун номи «Ҳасани аробакаш»,қаҳрамони филм аз достони ҳамноми устод Мирзо Турсунзода он замон табдил ёфта буд. Инҷо низ тасвиргарии олие аз забони қаҳрамон бо дасти шоир Қаноат, чун рассоми мониқалам ба назар мерасад. Бо иборае таваллуди инсон дар он айёми маргбор қосиди зиндагӣ ва эҳёи ҳаёти оянда низ буд. Зинаида Селезнёва ҳамчун афсари бознишасти хизмати дохила ҳоло дар Волгоград зиндагӣ дорад ва бо устод Мӯъмин Қаноат то дами вопасини ҳаёти устод дар алоқаи дӯстӣ буданд.Нисбати устоди зиндаёд ,зиёд арҷ мегузоштанд, зеро ба гуфти садҳо сарчашмаҳои русӣ , ки одатан фарҳангиёни русӣ дӯстии байни шоири тоҷик ва Зинаидаро бисёр хушнудона васф мекунанду тариқи матбуот ва сомонаҳои зиёди русӣ дар ин хусус зиёд навиштаҳо доранд , маҳз устод номи ин тифлаки замони набардҳои хунин таваллугаштаро шӯҳрати ҷаҳонӣ бахшид ва ин суханини фарҳангиёни русӣ низ сад дар сад дуруст аст!

Заминро хандарӯ аз гиряи тифлона мебинам,

Зи рӯи дӯстонам хандаи тифлона мечинам.

Ва ободии фардоро дар ин вайрона мебинам,

Заминро ташналаб аз васли обу дона мебинам.

11. Робиа

Робиа ҳамсари Аҳмад Турдиев ҳаст, ки дар бораи ин бону устод Мӯъмин Қаноат дар сурӯши панҷум «Робиа» нигоштааст.

Шоир дар бораи пеш аз шурӯъи Ҷанги Бузурги Ватанӣ хонадоршавии қаҳрамони ояндаи набарди Сталинград Аҳмад Турдиев бо Робиа ва ба ҷанг рафтани ин шаҳписарро бисёр бо як сухани воло тасвир намудааст. Чунончӣ,

Шаби наврӯзу мавҷи лолазорон гулхани наврӯз,

Тани Робиа ё гулбарг ё пироҳани гулдӯз.

Рухаш гул-гул,

ба рӯяш сояи кокул,

Суруди ҳусни ӯро месарояд то саҳар булбул.

Гули наврӯзро Аҳмад на аз дашту даман мечид,

Нахустин лолаҳоро аз лаби он гулдаҳан мечид.

………

Саҳар рахти сафар мебаст Аҳмад, деҳаи Сина,

Зи оби чашмҳою чашмҳо медошт оина.

12.Момои Асал

Момои Асал қаҳрамони сурӯши ҳафтуми достон бо номи «Момои Асала» ҳаст. Ин момои Асал, модари Аҳмад Турдиев ҳаст. Ин занону модарони сарбозони шӯравӣ, дар он замони ҷангу шикасту дорҳо дар ақибгоҳу шароити вазнини ҷангӣ, дарду доғи зиёди худро доштанд. Бо ҳазорон андешаву ҳасрату аламу сӯз аскарбачаҳои худро интизор буданд ва барои аскарбачаҳои ҷавонмаргу ғаримарги худ чун мурғи самандар месӯхтанд. Бо матонату азми қавӣ дарди худро фурӯ бурда, дар ақигоҳ, дар ҷабҳаи меҳнат, барои ҷабҳаи ҷангӣ аз пайи кори кишоварзию саноатӣ буданд.

Дар он замон, ки Аҳмад Турдиев дар муҳорибаи сахти Сталинград қарордошт, фарзанди навтаваллудгаштаи Робиа дар деҳаи Сина вафот мекунад.Шоир ғаму андӯҳи ин модари ҷавон, завҷаи сарбози озодибахши шӯравиро бо як дарду алами шоирона, бисёр ғамангез дар суруши ҳафтум «Момои Асал» чунин тасвир намудааст:

Шабҳангом Робиа назди кулбаи бобоӣ,

Сари гаҳвораи зору сабил мехонд лолоӣ,

Вале гаҳвора холӣ, хона холӣ,ошён холӣ,

Садо мекарду ҷанги дурро наздиктар медид.

Ба равзан кӯрадуду

Шӯълаашро андар ҷигар мекард.

Момои Асал ва дигар занони деҳаи Сина, деҳаи қаҳрамони набардҳои Сталинград Аҳмад Турдиев ҳангоми таваллуди фарзанди қаҳрамон, дар канори завҷаи қаҳрамон Робиа қарор доштанд ва ба ӯ момодоягӣ мекарданд.Чуноне,ки шоир нигоштааст:

Занони деҳаи Сина,зи рӯи тибби луқмонӣ,

Чи меҷӯед бар дарди гарон дармони осоне?

Хотиррасон бояд намуд,ки барои вафти тифли навзоди ин бонуи тоҷик дар намошномаи ҳамноми достон, тамошобинони рус имрӯз аз Санкт-Петербург сар карда то Шарқи Дур ашк низ мерезанд.Ин низ нишонаи бузургии шоири хушноми тоҷик Мӯъмин Қаноат ва таъсири сухани ҷаҳонии устод ва ифтихороти тамоми мардуми форсизабон бешаку шубҳа низ ҳаст!

13.Фелдмаршал Паулюс

13. БОБИ 13.ФЕЛДМАРШАЛ ПАУЛЮСГенерал-фелдмаршал Фон-Паулюс яке аз он роҳбарони урдуи истилогари фашистист, ки дар достони«Сурӯши Сталинград» номаш ҷой дорад. Ӯ роҳбари артиши истилогари Олмони фашистӣ   дар набарди Сталинград буд. Азҷумла дар достон ,дар сарахбори суруши хаштум «Василий Иванович Чуйков», сатрҳои навиштаи сарбози фашистӣ дар рӯзномаашчунин оварда шудаанд: «31 - уми январ фердмаршал Фон Паульюс дар муроҷиатнома ё васиятномаи худ ояндаи моро ба худо ҳавола кард».Генерал-фелдмаршал Фон Паулюс яке аз беҳтарин лашкаркашони Адолф Гитлер буд ва ӯ ҷангро шармандавор бохт.Масвуф соли 1890 таваллуд гашта, соли 1957 дар шаҳри Дрезденти Ҷумҳурии собиқ демократии Олмон вафтидааст.

14. Геринг

14. БОБИ 14.ГЕРИНГДар сарахбори сурӯши ҳаштум бо номи «Василий Иванович Чуйков!, сарбози ишораёфтаи немис дар рӯзномааш  дар бораи Геринг ва Геббелс ишораҳо дорад.

Геринг Паул Ёзеф, рейх-маршал , яке аз сарлашакарону ҳамтоёни машҳури фюрер буда, ба ҳайси сарфармондеҳи қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоии Олмони фашистӣ  замони Ҷанги Дуюми Ҷаҳон иҷрои вазифа намудааст. Солҳои зисташ 1893-1946. Бо ҳукми трибунали байналмилалии судӣ дар мурофиаи машҳури Нюрнберг ба ҳукми қатл бо роҳи ба дор кашидан «шарафёб» гашта, дар зиндон бо роҳи заҳр хӯрдан худкушӣ намудааст.

15.Геббелс

15. БОБИ 15.ГЕББЕЛС ГЕББЕЛСГерман Вилгелм  Гебелс низ яке аз ҳамтоёни наздики Адолф Гитлер буда, мошинаи пропагандаи Германияро идора мекард ва тақдираш бо Геринг ҳамсон аст.Мавсуф соли 1897 таваллуд ёфтааст.Солҳои 1933-1945 вазири пропагандаи ҳукумати Адолф Гитлер будааст.Санаи 30.04.соли 1945 баъди худкушии Гитлер сарвари Олмони фашистӣ интихоб гашта, 1 рӯз Олмонро идора кардааст.Санаи 1-уми майи соли 1945, ҳамроҳи завҷааш Магда ва 6 нафар фарзандонаш худкушӣ намудааст.Яке аз ташабускорони холокост ва қатли инсоният арзёбӣ мегардад.

16.Долорес Ибаррури

16. БОБИ 16 -ДОЛОРЕС ИБАРРУРИСарахбори достони «Сурӯши Сталинград» бо эпиграфе шурӯъ мешавад, ки он чунин ҳаст: «Барои ман агар дар бораи шаҳре сухан гуфтан муҳол бошад пас он шаҳри Сталинград аст»!Ин суханони хеле замони шӯравӣ машҳур, суханони Долорес Ибаррури ҳастанд ва дар ин мақола , маънои ин сухану шахсяти ин сухангӯро ба хонандаи ҷавонӣ имрӯза кушода медиҳем.

Долорес Ибаррури солҳои ҳаёташ 1895-1989, ходими намоёни ҳаракати коммунистӣ,доктори илм, бонуи машҳуру сиёсатмадори испанӣ мебошад. Ӯ яке аз фаъолони ҳаракати ҷумҳуриятхоҳони Испания дар давраи ҷанги граждани солҳои 1936-1939 дар ин кишвар мебошад.Ӯ баъди ба сари қудрат омадани ҳукумати зиддихалқию иртиҷоии Франко дар Испания, соли 1939 ба СССР муҳоҷират намуда, баъди вафоти Франко дар солҳои 70-уми асри пор ба Испания баргашта , вакили парлумони Испания интихоб мешавад.

16. БОБИ 16.РУБЕН ИБАРРУРИМавсуф асосгузори Федератсияи байналмилалии демократии занони ҷаҳон мебошад.Замони дар Иттиҳоди Шӯравӣ зистанаш , писараш Рубен Руис Ибаррури, соли таваллудаш 1920, аз рӯзҳои аввали ҷанг ба сафи Артиши Сурх чун афсар ба ҷабҳа рафта, мардонавор корнамоиҳои зиёди ҷангиро анҷом додааст.Капитан, командири рота, Рубен Руис Ибаррури дар яке аз муҳорибаҳои Сталинград , командири кушташудаи баталионеро иваз намудаву мардонавор ва ба таври касбӣ онро идора намудаву ҷанг намуда, дар майдон бештар аз 100 сарбози кушташуда фашистиро боқӣ гузоштааст.

Дар яка аз ҷангҳои Сталинград захми вазнин бардошта, ҳангомӣ ҷарроҳӣ вафот кардааст.Барои хизмати далеронааш дар муқобили урдуи фашистӣ , бо ду ордени «Ситораи Сурх» қадршиносӣ гашта, соли 1956 бо Укази Президуми Шӯрои Олии СССР ба ӯ унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Советӣ дода шудааст. Сухани бонузани сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонии Испания ,Долорес Ибаррури пеш аз ҳама, ба ин муҳорибаи хунинтарин дар таърихи инсоният ва ҳамчунин ба писари ягонаи қаҳрамонаш, капитани Артиши Сурх, ки дар 22 солагиӣ шаҳид шудааст бахшида шудааст.Устод Мӯъмин Қаноат бо ин бонуи сиёсатмадор ва маъруф   шиносоӣ дошт.

17. Дарёи Дон

17. БОБИ 17-ДАРЁИ ДОНДар сарахбори суруши якум(замин) аз забони сарбози немис сухан оиди убури дарёи Дон аз ҷониби урдуи фашистӣ меравад.

Дарёи Дон, ки тибқи маъхазҳои русӣ маънои порсӣ-авестоӣ дорад, яке аз дарёҳои машҳури на танҳо Руссия, балки Аврупои Шарқӣ низ ба шумор меравад.Дарозияш 1870 км буда, масоҳати ҳавзааш 422 ҳаз.км.км.-ро ташкил менамояд.Аз марзҳои вилоятҳои Тула, Рязан, Липетск, Воронеж, Волгорад, Ростов ва дигар вилоятҳо мегузард.Ба ҳавзаи халиҷи Таганроги ҳавзаи баҳри Азов тааллуқ дорад. Аз инҷо хати ҷабҳаи Сталинград мегузашт.Ин дарё (қаҳрамони ҳамешагии нависандаи ҷаҳоншумул Михали Шолохов) низ аҳамияти муҳими стратегию иқтисодӣ дошт ва ҳоло низ дорад.

18.Дарёи Волга

18. БОБИ -18 ВОЛГАДарёи Волга яке аз объектҳои асосӣ ,ҳатто қаҳрамони асоси достон ҳаст!Суруши дуюми достон бо номи «Дарё» маҳз ба ҳамин дарё бахшида шудааст.Ин набард низ бо мақсади ба даст даровардани ин дарё, ки мавқеъи стратегии муҳимро дошт бурда шудааст.Дарёи Волга,тибқи навиштаи маъхазҳои русӣ , дарёи қадима ва машҳури халқи иронинажоди скифу сармат ва мардуми тамаддуни ориёӣ дошта буда, дар қадим «Ро» ном доштааст.Дарозии ин дарёи то андозае барои мардуми рус муқаддас 3530 км ва масоҳати ҳавзааш 1360000 кв.км. мебошад.Ин дарё ,дарёи бузурги рус ва Аврупо буда , аҳамияти калони иқтисодӣ ва тиҷоратиро дар ҳаёти Руссия дорад.Устод Мӯъмин Қаноат дарёро чун махлуқи зинда,моҳирона ба нақш даровардааст, ки аз ин маҳорати устод , бародарони русзабони мо нисбати устод сахт сипосгузор низ ҳастанд.

Аё   модар !

Шунидам аз лабони хушк овозат,

Манам парвардаи эҳсону эҷодат,

Ҳамеша дар барат -пеши дарат будам,

Замоне духтарат , имрӯз сарбозат.

…….

Ту озодӣ

Чу ман дарёи озодам!

Дарё аз ҳудуди 15 субеъкти Руссия ва 2 субъекти Ҷумҳури Қазоқистон мегузарад.Чунончӣ ,дарё вилоятҳои Твер,Москва, Ярославл,Кострома, Иваново, Нижний Новгород,Уляновск, Самара, Саратов, Волгоград, Астрахан, ҷумҳуриҳои Мари-Эл, Чувашистон, Тотористон, Қалмоқистони Руссия ва 2 вилояти Қазоқистонро убур намуда мегузарад. Дарё ба ҳавзаи баҳри Каспий тааллуқ дорад.

Санаи 20-уми май дар Руссия ва махсусан зиёда аз 40 миллион аҳолии қадоваи дарёи Волга ҷашни Рӯзи дарёи Волгаро ботантана ҷашн мегиранд ва дар ин рӯз ,ки хушбахтона устод Мӯъмин Қаноати бузург низ ба дунё омадааст аз ашъори устод мардуми соҳилҳои Волга, махсусан суруши дуюми достон «Дарё»-ро , ки ба дарёи қаҳрамони Волга бахшида шудааст қироат намудаву ба устод арҷ мегузоранд.Чӣ хушбахтист,ки устод Қаноати бузургу Волгаи муқаддас дар як рӯз , санаи 20-уми май ҳамасола тантана доранд ва миллати ҷаҳоние чун рус ва Руссияи бузург, шарики стратегии №1 -и Тоҷикистони азиз ба шоири тоҷику дар ин асос ба сухани тоҷик арҷи бемислу монанде мегузорад!

19. Корхонаи «Барикадда»

19. БОБИ 19.КОРХОНАИ БАРИКАДА-1943Ин корхонаи ҳарбиро ханӯз соли 1914 лоиҳааш дар Руссияи подшоҳӣ кашида шуда буд ва барои истеҳсоли мошинолотҳои артилерии ҷанги пешбинӣ гашта бу.Ҷанги якуми ҷаҳон ва инқилоби соли 1917 ба ин кор монеъ гашта, баъди инқилоби ӯктабрӣ солҳои 20-уми асри порсохта ба истифода дода шуда буд.Ин корхона замони ҷанг моҳе то 1000 дона яроқҳои артиллерии гуногун истеҳсол мекард.Бинобар наздик омадани хати ҷабҳа он ба Кемеррово кӯчонида шуда буд.Замони ҷанг барои ба даст даровардани ин корхонаи муҳим артиши фашистон девонавор мубориза мебурданд.

Дар рӯзномаи худ сарбози олмонӣ дар сарсухани сурӯши сеюм «Маллоҳи Баҳри сиёҳ» чунин нигоштааст: «14-уми октябр.Қӯшунҳои мо корхонаи «Баррикада»-ро гирифтанд, вале ба Волга, ки сад қадам беш нест , расида натавонистанд». Ин корхона ҳоло яке аз корхонаҳои муҳими саноати ҳарбии Руссия маҳфуз ёфта, дар онҷо мошинолотҳо ва таҷҳизотҳо барои ракетаҳои машҳури тактикии «Искандар-М», «Топол-М», «Ярс» ва радифҳои маснуи замин ва ғайраҳо бароварда мешавад.

20. Қӯрғони Мамай

Дар бораи Қӯрғони Мамай,ки ин мавзеъ рамзи қаҳрамонию далерии халқи шӯравӣ дар муқобили қувваҳои аҳриманӣ ва фашистӣ, рамзи ҳимояи ватан-модар, рамзи умри қурбоншудаи миллионҳо ҷавонон дар ҷанги аблаҳонаи аҳримансуратҳои истилоггари фашистӣ ва рамзи дарду гамии модари сарбозони фарзандгумкарда гардидааст , дар достони «Сурӯши Сталинград» ишораҳо зиёде ҳастанд ҳастанд.                  

Масалан, дар суруши шашум бо номи «Аҳмад Турдиев» чунин омадааст:

Самои дудаолуда

Ба Қӯрғони Мамай ларзону овезон,

Садои тӯпҳо чун хонаи шайтон,

Миёни наъраҳои тӯп ояд гиряи тифлон….

Мафҳуми «Қӯрғони Мамай» аз замони Ӯрдуи тиллоии муғулҳо маълум ҳаст.Тибқи солномаҳо, дар болои ин қӯрғон, замоне Мамайхон дижбонгоҳи назоратӣ таъсис додааст. Ҳатто ривоятҳое мавҷуд ҳастанд, ки худи Мамайхон низ дар ҳамин қӯрғон бо ҷомаи зарбофу тилловорӣ  дар тобуте дафн карда шудааст, лекин он то ҳол ёфт нашудааст.

Соли 1959 бо роҳбарии ҳайкалтароши машҳури шӯравии сербтабор Е.В.Вучетич сохтмони маҷмӯъаи меъморӣ «Ба хотираи қаҳрамонони муҳорибаи Сталинград» дар шаҳри Сталинград(ҳоло Волгоград) шурӯъ гаштааст. Санаи 10-уми октябри соли 1967 ин маҷмӯъаи мемории воқеъан хело нодир бо иштироки роҳбари вақти СССР Л.И.Брежнев, вазири мудофиаи вақти СССР   А.А.Гречко, маршалҳои Иттифоқи Советӣ А.И.Еременко, В.И.Чуйков ва ҳазорон меҳмонони ватаниву хориҷӣ бо тантана кушода шудааст.

Дар композитсияи ин маҷмӯъаи меъморӣ пайкараи барқади зан бо номи «Ватан - модар даъват менамояд!» нақши асосӣ дорад.Дарозии он бо шамшери дасти зан 82 метрро (бе шамшер -52 метр) ташкил менамояд.Ин маҷмӯъаи ёдгории шаҳидони набарди Сталинград аз 5500 тонна бетон ва 2400 тонна конструксияи металлӣ сохта шудааст.Дарозии шамшер бо қабзааш 30 метрро ташкил дода, он 14 тонна вазн дорад.Шамшер аз метали дар фтор обутоб дода сохта шудааст.

Аз поёни қӯргон то баландии он 200 зинапоя ба боло мебарад.Ин 200 зинапоя, рамзи 200 рӯзи муҳорибаи хунини Сталинградро ифода менамоянд. Қӯрғони Мамай яке аз ёдгориҳои маъруфи ҷаҳонӣ ва Руссия маҳсуб ёфта , ҳамасола онро садҳо ҳазор нафар сайёҳону меҳмонони тамоми кишварҳои олам бо камоли эҳтиром зиёрат менамоянд ва он ба қатори 7-мӯъҷизаи Федератсияи Руссия дохил мешавад. Ин кӯрғон ҳоло хело машҳур аст ва дар пояи муҷассамаи модар ҷисми зиёда аз 35 ҳазор аскарбача , ҷавонписарону ҷавондухтарони ормонӣ, сарбозони далери халқи шӯравӣ мадфани абадии хешро ёфтаанд ва чуноне, ки гуфтем , фармондеҳи артиши машҳури 62-юм, Маршали Иттифоқи Советӣ Василий Чуйков, дӯсти устод Мӯъмин Қаноат низ соли 1982 , дар ҳаминҷо, ҳамроҳи сарбозонаш тибқи васияташ, оромгоҳи абадии худро ёфтааст.

Хотиррасон бояд намуд,ки устод Мӯъмин Қаноат ҳангоми навиштани достони «Сурӯши Сталинград», ки як қисми достонро дар ин шаҳри қаҳрамон навиштааст, ҳанӯз дар давраи сохтмони ин маҷмӯъаи нодиру оромгоҳи сарбозони шаҳид дар сохтмони он иштирок ва ҳатто ба хишткашонӣ низ машғул шудааст(замони даҳаи адабиёти РСС Тоҷикистон дар РСФСР соли 1965).Дар ин хусус дар хотираҳои нависанда Минел Левин бисёр хуб навишта шудааст.Илова бар ин, баъди анҷоми ин сохтмон, чун устод дар Волгоград машғули эҷодӣ ин достон будааст, баъзан ба гуфти устод, дар ҷое барои навиштани сатри навбатӣ дар мемондааст ва шабона танҳо ба Қӯрғони Мамай, назди оромгоҳи бештар аз 35 ҳазор сарбозон, шаҳидони ормонӣ меомадааст. Онҷо дар сукути шабҳо, розҳое барои ӯ кушода мешудаанд.Шабона садою овози тиру таркиши снаряд, нолаи ҷонсӯзи сарбозони ярадору дардкашро баръало мешунидааст.Ин тазоди аҷиби маргу зиндагии ин сарбозони номурод, гиреҳи сатри навбатии достонро барои шоири тавонманду он вақт хело ҷавони тоҷик мекушодаанд . Шоир  зуд сатри навбатии достонро дар андешааш пайдо намуда, ба меҳмонхона баргашта, боз ба навиштани сатрҳои навбати шурӯъ мекардааст.

Бояд гуфт, ки ҳангоми ҷашни навбатии ғалаба дар ҶБВ(30 солагии ғалаба),баъди навишта тамом кардани достон ва чопи чандмиллионнусхагии ин достон дар тарҷума бо забони русӣ дар маҷаллаи «Юност» ба меҳмонӣ даъват намудаанд.

Он вақт устод Мӯъмин Қаноат, ки аллакай солҳои 60-ум, пас аз навиштани достони «Мавҷҳои Днепр»дар миқёси СССР ба ҳайси беҳтарин шоири тавонои Осиёи Миёна ва СССР аз байни ҷавонон шинохта шуда буд , баъди чопи достони ҷаҳонии «Суруши Сталинград» қадру манзалаташ дар Иттиҳоди Шӯравӣ бо иборае ба осмони ҳафтум баромада буд ва хосатан дар кишварҳои ҷангзада, ӯро ба ҷон мепарвариданд.Онҷо рӯзноманигорон ва адибони волгоградӣ , дӯсти деринаи худро ба ҷону ҳолаш намонда иброз медоранд,ки бояд дар баландии Қӯрғони Мамай ба хотири ин достони маъруф, ин дурдонаи назми СССР қадаҳ бардорем.

Устод бо нармӣ сухани дӯстони руссиягии худро рад намуда мегӯяд, ки онҷо , ҷои муқаддас ҳасту оромгоҳи шаҳидон. Ӯ мусулмон ҳаст, дар оини мусулмонӣ, қадаҳнушӣ дар мазори шаҳидон куллан номумкин ҳаст, лекин дӯстонаш ӯро ба ҷону ҳолаш намемонанд.Шоир маҷбур мешавад, ки як шиша шароб харида , бо пиёлае ҳамроҳи дӯстонаша ба нуқтаи баландии ин қӯрғон бароянд.Дар наздикии баландии қӯрғон шоир даст ба кисаи плашаш меандозад ва мебинад, ки шишаи шароб нест.Ба зинапояҳои поёнӣ нигоҳ мекунаду мебинад, шиша бо кадом роҳе аз кисааш болои зинаҳои мармарин афтида нашикаста рост истодааст.Ҳайрон монда, ба рафиқони волгоградияш муроҷиат намуда, мегӯяд, ки шумо бубинед, шиша аз плаши ман афтида рост истода ва нашикастааст.Ҳангоми пас гаштану бардоштани шишаи шароб, қисми поёнии шиша, ба мисли тангаи якрублаи шӯравӣ, аз қисми боқимондаи он ҷудо шуда , шароб дар зинаҳо пош мехӯрад.Аз ин кор ҳамагон ба ҳайрат меафтанд.Устод ба ҳамотоёни волгоградияш мегӯяд, ки охир инҷо, ҷои муқаддас ва оромгоҳи шаҳидон ҳаст!Ман гуфта будам, ин кор нохуб ҳаст. Баъди дидани ин ҳолат рафиқонаш низ ҳайратзада шуда, аз боданӯшӣ дар баландии Қӯрғони Мамай рӯй мегардонанд ва пас мегарданд!

Дар хусуси ин ҳолати рухдоди воқеъан нодир ва булаҷаб, навиштаҳои банда ҳам дар васоити ахбори оммаи Волгограду Маскав ва ҳам Тоҷикистон чоп гаштаанд.Дар ҳақиқат суханҳои устод дар достон ғайриодиянд. Беҳуда нест, ки хонандагони рус онҳоро ҳамчун муқаддасоти аз осмон фуруд омада эҳтиром мегузоранд.Дар ҳақиқат суханони устод ҳамин гуна ҷозиба низ доранд.Дар бораи Қурғони Мамай дар суруши модарон бо номи «Дар хоки фарзандон» бо як чазобиёти зиёди шоирона шоир андешаашро баён доштааст.

Чунончӣ:

Ба Қурғон барфбоди навҳагар бо тундию бозӣ

Зи гардун мефарояд чун кабӯтарҳои парвозӣ,

Садои оҳанинро ҳар зимистон мекунад такрор

Вар рӯи хуфтагонро бори дигар мекунад бедор.

21.Нақши модарон

Достони «Сурӯши Сталинград» асари бузургест.Асарест, ки дар ҳар як сатру сухани устод садҳо, ҳазорон маънӣ нуҳуфтааст!

Сурӯши охирони достон, ин сурӯши модарон ҳаст, ки «Дар хоки фарзандон» ном дорад ва ин то андозае рамзӣ низ ҳаст.Тамоми достон аз сатри аввал даъват ба сулҳу оромию розу ниёзи Модар-Ватан, Модар-Замин, Модар-Дарё, Модар-Сарбоз, Модар-Тифл ҳаст.Розу ниёзи башарият , Модар-Замин, Модар-Табиат аз осоиштагии сайёраи Замин, сайёрае, ки танҳо дар он ҷисми зинда ва хосатан махлуқи бошуур, яъне фарзанди инсон зиндагӣ мекунад иборат аст. Маҳз даъвати шоир аз сароғоз то интиҳо ҳамин максад аст.Арҷ гузоштан ба инсон.Арҷ гузоштан ба оромию осудагии сайёраи Замин ва тамоми ҷисми ҷондору обу хоку табиати   аз тарафи худованди воҷиб-ул-вуҷуд офаридашуда , на чизи дигар!

Дар ин ҷанги хонумонсӯз ва набарди даҳшатнок, садҳо ҳазор ҷавонону ҷавондухтарон, тифлону пирон аз ҳарду тараф ҷомӣ шаҳодат нӯшиданд.Қофилаи зиёраткунандагону дар ҷустуҷӯи фарзандон буда, модарони фарзандгумкарда баъди 30 соли итмоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва набарди Сталинград ба ин шаҳри ормонӣ давом дошт ва мутаасифона ҳоло, низ бо гузашти қариб 80 сол аз ин набарди бул-аҷаб  то ҳол давом дорад.Аз ҳарду тарафи ҷанг, ҳам собиқ кишварҳои   Шӯравӣ ва ҳам Олмони пайвандшудаи имрӯза , имрӯз наберагону аберагон дар пайи кофтукови хокҷои ҷадди гузаштаи худ ҳастанд ва саропои ин ҷабҳаи хунину дигар марзҳои ҷангиро тай менамоянд.Модарони зиёди фарзандгумкарда чуноне ,ки устод Мӯъмин Қаноат дар ёддоштҳояш менигорад, он солҳо махсусан зиёд озими Волгоград мешуданд, то аз ҷигарбанди гумшудаи худ хату хабаре ёбанд! Ҳеҷ модар ба монанди модари сарбозони дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, хосатан Ҷанги Бузурги Ватанӣ   ва набарди хунини Сталинград писаргумкарда шояд насӯхта бошад.Ҳамон давра буд, ки киштии дарёгард бо намояндагони аҳли адаби Тоҷикистон аз Доғистону Астрахан ба бандари шаҳри Волгоград(соли 1965) ,замони рӯзҳои даҳаи адабиёти тоҷик расида лангар партофт.Ҳама фаромаданд, танҳо шахсияте, ки оянда ситораи тобони назми оламгири Иттиҳоди Шӯравӣ гашт, устод Муъмин Қаноати дар ин набардҳо бародар гумкарда аз кишти фаромада натавонист.Ба гуфти устод, ба назараш сарзамини Сталинград, як сарзамини ғайриоддӣ, сарзамини пур аз шаҳидон, сарзамине, ки ҳар як порча заминаш бӯи хуни одамӣ мекунад метофт ва воқеъан ҳамин тавр низ буд!

Ҷавони қоматбаланди тоҷик бо симои зебои ориёна ва ҷабини нури некӣ дошта , лаҳзае дар саҳни кишти истода ба андешае фурӯ рафт.Ин манзараро модари руси писаргумкардае, ки дар сар рӯймоли сиёҳи мотамӣ дошт ва писари гумкардаи худро мекофт дид , ба мушоҳида гирифт , пайхас кард.

Ахиран рӯймоли худро дар назди зинапояи назди кишти паҳн намуда , ба устод Мӯъмин Қаноат иброз медорад, ки «Писарам шумо дили пуршафқату поктинате доштаед.Ман шуморо мефаҳмам.Ин сарзамин пур аз шаҳидони ҷанг аст.Ман модари сарбозам шуморо дуо медиҳам фуроед»!Устод Мӯъмин Қаноат баъдан бо дуои модари аскарбачаи шаҳидгашта , аз кишти фаромада, бо болои рӯймоли модар ба хоки муқаддаси Сталингради қаҳрамон пой мегузорад!

Шоир чи хуш гуфтааст:

Дар ин рӯзи муқаддас модарони авлиёгашта,

(Ҳамон ҳоҷҷатбаророне,ки мӯҳтоҷи асо гашта),

Ба эҳсосе,ки онро орифон эъҷоз мегӯянд,

Ба ёди зиндаи худ роз мегӯянд, меҷӯянд.

……..

Чаро ҳарфе намегӯӣ,

ба чашми хира меҷӯӣ,

Ва чун пироҳани Юсуф

дар инҷо сабза мебӯӣ!

……

Биё, Модар,

Ба поят мегузорам шеърҳои зинадорамро,

Замини беканорамро, самои беғуборамро,

Ки онҳоро ҷигарбанди ту аз мурдан раҳо кардаст,

Заминро ӯ ато кардаст,

Саморо ӯ само кардаст.

…….

Биҷунбон хокро-гаҳвораю тобути инсонро,

Бикун бо умри худ пайванд умри рӯгоронро!

Ин буд чанд андеша оиди шиносоӣ бо қаҳрамонону объекту мавзеъҳои таърихию ҷуғрофӣ ва ҳамчунин таърихи набарди овозадори Сталинград, ки дар достон сухан рафтааст.

Рӯҳи шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шоири тавонои ҷаҳонӣ, устод Мӯъмин Қаноат шод бошаду хонаи охираташон обод. Дар ҳамин росто 90 солагии устоди зиндаёд, бузургтарин достонсарои достонҳои хаммосӣ-равонӣ дар дабиёти ҷаҳонӣ ,Фирдавсии сонӣ, аллома Мӯъмин Қаноатро ба ҳамватанон ва кулли порсизабонони олам ва башарият табрик мегӯям.

«Ситоиш мекунам кӯҳи баланди рӯҳи инсонро,

Фурӯ меоварам ман қуллаи кӯҳи Бадахшонро,

Ба пои ту, аё гултеппаи боми ҷаҳонбардӯш,

Ай сайёраи сокит, аё гаҳвораи хомӯш!»

Варқаи Зайниддин, Корманди фахрии прокуратураи ҶТ.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi