21:48:37 27-уми Сентябри 2021 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2021 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

МАҚОМИ ТОҶИКОН ДАР ТАЪРИХИ АФҒОНИСТОН - I

ҲАҚНАЗАР НАЗАРОВ

ПЕШГУФТОР

Барои онҳое, ки аз таърих ва фарҳанги Хуросон ба хубӣ огаҳӣ доранд, шояд чунин номгузорӣ беҷо ва бемаврид бошад, лекин чӣ метавон кард дар ҳоле агар, муаллифони афғон дар нимкарни охир тамоми комёбиҳо ва дастовардҳои Хуросонро асосан ба афғонҳо (паштунҳо) нисбат дода, тоҷиконро ба ҷумлаи ақалиятҳои миллӣ ё «кабилае аз қобоили паштун» ба қалам медоданд.

1 maqomi-tojikon 5656899856Дар зери мафҳуми фарҳанги афғонӣ онҳо тамоми дастовардҳо ва комёбиҳои илмӣ, адабӣ ва фарҳангии сарзамини Хуросонро ба паштунҳо ба сифати қавм ва миллати асосӣ ва ҳукмрони Афғонистони муосир нисбат дода, нақш ва мақоми халқи тоҷикро нодида мегирифтанд, ҳол он ки аҳолии асосии Хуросони гузашта ва то ҳадди зиёд Афғонистони имрӯзаро ҳам аз кадимулайём то ҳол тоҷикони ташкил медиҳанд. Бузургтарин иттиҳодияи давлатӣ ва сулолаҳои ҳукуматӣ аз қабили бохтариҳо, кӯшониён, ҳафтолиён, тоҳириён, сафариён, сомониён, ғуриҳо, куртҳои Ҳирот ва ғайра ба асоси манбаъ ва маъхазҳои таърихӣ ба номи тоҷикон ва аҷдодони онҳо сабт шудаанд.

Мудҳиштарин давраи таърихи мардумони эронӣ ва аз ҷумла тоҷикони Афғонистонро ҳамон замони истилои муғул ва тохту тозҳҳои минбаъдаи қабилаҳои турку муғул ташкил медиҳад, ки онҳо ба таври оммавӣ қир карда шудаанд, ободтарин, шукуфотарин минтақаҳои сукунати онҳо чун Балх, Марв, Ҳирот, Систон ва ғайра ба биёбон ва харбазор мубаддал гардонида шуданд. Пас аз ин дар таркиби аҳолии Афғонистон аз ҳисоби муҳоҷирони қабилаҳои бодиянишин ва саҳрогард, ки аз истилои муғул камтар осебу зарар дида буданд тағйирот ва таҳаввулоти муҳим ба амал омад. Қабилаҳои бодиянишини турку муғул дар шимол, ғарб ва маркази Афғонистон ва қабилаҳои афғон дар ҷанубу шарқи мамлакат паҳн шуда, афзоиш ёфтанд ва онҳо маҳаллу вилоёти тоҷикнишинро ишғол карданд.

Бо вуҷуди ин тоҷикон бо мурури замон дар маҳаллот ва вилоёти сукунати пешинаи худ мавкеи худро барқарор мекарданд, холо дар баробари паштунхо ахолии асосии мамлакатро ташкил медиҳанд. Дар қисматҳои шарқӣ ва ҷанубии Афғонистон тоҷикон мардумони маскуни асосӣ ба шумор мерафтанд, ки баъдан ҷои онҳоро афгонҳо (паштунҳо) ишғол крданд. Дар қисми шимолу ғарбии Афғонистон, ки ба номи Чахор вилоят мусаммо буд ва баъзан «Туркистони Афғонистон» номида мешуд, аҳоли онро асосан тоҷикон ташкил медиҳанд. Тибки маълумоти мувассақи эҳсоявие, ки вазорати зироати Афғонистон соли 1979 ҷамъоварӣ намудаст, аҳолии вилоятҳои Балх, Форёб, Ҷузҷон ва Самангон аз ҷиҳати мансубияти қавмӣ ва миллӣ ба таври зайл ташхис шудаанд: тоҷикон аз ҷумллаи тамоми аҳолии чаҳор вилояти фавқузикр 902,7 ҳазор нафар ё 44 фисад, ӯзбакхо 478,5 ҳазор нафар ё 23,7 фисад, туркманҳо 216,6 ҳазор нафар ё 10,7 фисад, хазораҳо 200 ҳазор нафар ё 10 фисад, афғонҳо 133,4 ҳазор ё 6,6 фисад ва арабҳо 85,8 ҳазор ё 4,2 фисадро ташкил медоданд.

Дар хусуси таркиби миллӣ ва қавмии аҳолии Афғонистон маълумоти мувассақи эҳсоявӣ мавҷуд нест, лекин муаррихи номдор ва ходими барҷастаи сиёсӣ ва иҷтимоии Афғонистон Мирғулом Муҳаммади Ғубор, ки шикасту рехт ва нишебу фарози зиёдеро аз сар гузаронида, фаъолияти бисёрсолаи худро ба таърихнигорӣ сарф карда буд, дар асари машҳури худ «Афғонистон дар масири таърих», Кобул 1967, дар бораи таркиби миллии аҳолии Афғонистон таваққуф намуда, гӯяндагони забони паштуро аз ҷумлаи 15 миллиён бошандагони мамлакат 6 миллиён нафар, туркҳоро бештар аз 1 миллиён нафар, нуристониҳоро 100 ҳазор нафар, балуҷҳоро 70 ҳазор нафар таъин ва мутабоқӣ, яъне 8 миллиёни онҳоро даризабон муаррифӣ намудааст, ки иборат аз тоҷикҳо ва ҳазораҳо мебошад.

Ба ҳамин тариқ шумораи даризабонҳо назар ба паштузабонҳо зиёдтар будааст. Ба таъқиби ҳамин матлаб таъини кардани ҳайати аҳолии пойтахти мамлакат низ аз аҳамият холӣ нест. Шаҳри Кобул аз қадимулайём тоҷикнишин буд, ки ҳатто таҳаввулот ва тағйироти сиёсӣ ва иҷтимоӣ ду-се қарни охир ҳам натавонистааст, симои миллии онро дигаргуни созад. Тибки маълумоти мувассақи эҳсоявӣ, ки соли 1978 тавассути мутахассисони Шӯравӣ ҷамъоварӣ шуда буданд, аз ҷумлаи 1 миллиёну 300 ҳазор аҳолии шаҳри Кобул 744 ҳазор нафар ё худ 67 фисади онро тоҷикон, 324 ҳазор нафар ё 25 фисадро паштунҳо, 164 ҳазор ё 13 фисадро ҳазорахо, 14 ҳазор ё бештар аз 1 фисад ҳиндуҳо ва сикҳо ва 10 ҳазор ё 0,8 фисадро ӯзбекҳо ташкил медоланд. Аз ҷумлаи тамоми аҳолии шаҳри Кобул 79 фисади он забони дариро минҳайси забони модарии худ муаррафӣ карда буданд.

Ба ҳамин тариқ хеҷ шаку шубҳае боқӣ намемонад, ки тоҷикон қисмати муҳими аҳолии Афғонистонро ташкил медиҳанд ва ҳар гоҳ шумораи умумии онхо аз афғонҳо (паштунҳо) зиёд набошад, камтар нест. Лекин бар хилофи чунин як ҳиқиқати инкорнопазир муаллифон ва сиёсатмадорони паштунгарои Афғонистон аксари мутлақи аҳолии мамлактро афғон ва Афғонистонро ватани аслии онҳо эълон карда, дигар хама қавму қибилаҳои мамлакат ва аз ҷумла тоҷиконро ба шумули акалиятҳои миллӣ дохил карда ва тамоми дастовардҳо ва комёбиҳои барҷастаи фарҳангӣ моддӣ ва маънавии кишварро, ки дар асари ранҷу заҳмати тоҷикҳо ба вуҷуд оварда шуда буд, ба худ нисбат медоданд.

Аз тарафи дигар муаррихони Тоҷикистон ҳам таърихи халқи тоҷикро дар маҳдудаи Мовароуннаҳр ё Осиёи Миёна маҳдуд сохтанд ва ҳар гоҳе агар дар бораи тоҷикони Афғонистон сухан ба миён меоваранд, онҳоро як ақалияти ночиз тасаввур мекарданд ё аз ҷумлаи мухоҷироне медонистанд, ки гӯё дар давраи Инқилоби Октябр ба Афғонистон фирор карда бошанд. Ин тасаввуроти ғалат ҳангоми барҳам додани Институти Шаркқшиносӣ, соли 1993 дар сатҳи Академияи Улуми Тоҷикистон ҳатто аз тарафи олимони ба ном маъруфи ҷумҳурӣ зоҳир гашта буд. Муаллифи ин сатрҳо ҳарчанд далел меовард ва зарурати мавҷудияти Институти Шарқшиносиро ақалан ба хотири омӯхтани таърих ва фарҳанги тоҷикони Афғонистон таъкид мекард, камтар ба гӯши онҳо мерасид.

Ҳол он ки ҳатто олимони Маскав ба хубӣ медонистанд, ки танҳо 38 фисади тоҷикон дар Иттиҳоди Шӯравӣ зиндагӣ мекунанд ва аксари мутлақи онҳо ё 62 фисад дар Афғонистон сукунат доранд ва аз бошандагони аслӣ ва қадимии он ба шумор мераванд. Аз ин гузашта агар ба таърихи пешини халқи тоҷик ҳатто як назари сатҳӣ гузошта шавад, маълум мегардад, ки кариб тамоми иттиҳодияҳои давлатӣ ва ҳукуматҳои миллии тоҷикӣ дар сарзамини Афғонистон ба вуҷуд омадаанд, саҳми онҳо дар офаридани фарҳанги моддӣ ва маънавии халки тоҷик ба маротиб аз мардуми тоҷики Мовароуннаҳр зиёдтар мебошад. Аз ин гузашта мардуми Афғонистон ба душманӣ, ғарибӣ, нотавонӣ ва бефарҳангӣ мазаммат карда мешуданд, лекин дар асл онҳо мардумони ниҳоят наҷиб ва олиҳиммат буданд ва ҳастанд.

Мо барои 5-10 ҳазор афғони фирорӣ сарпаноҳ дода натавонистем, вале онҳо дар давраи ҷанги бародаркушии солҳои 20-ум ба 1 миллиён нафар ҳамкавмони тоҷики мо ва дар ҳамин даври мудҳиши ҷанд соли охир ба 150 ҳазор нафар ҳамватанони мо сарпаноҳ додаанд. Маҳз дар зери таъсири ҳаракати миллӣ-озодихоҳии тоҷикони Афғонистон бо сарварии Ҳабибуллои Калаконӣ, машҳур ба Бачаи Сақо буд, ки ҳукумати Шӯравӣ ба таъсис намудани Ҷумҳурии мустақили Шӯравии Тоҷикистон ризоят дода буд. Ҳамин мардумони ғайюр ва баҳодури Афғонистон буданд, ки давлати абаркӯдрати ҷаҳон, яъне Британияи Кабирро, ки офтоб дар қаламрави империяи азимаш ғуруб намекард 3 маротиба маҷбур сохтанд, силоҳашро ба замин гузорад.

Магар суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дар натиҷаи ҷанги ба ном эълонношуда аз дасти ҳамин афғонҳои побараҳнаи сарсахту шӯҷоъ ба амал наомада буд? Бинобар ин онҳое, ки аз номи халки тоҷик лоф мезананд ва худро меросхӯри фарҳангу тамаддуни Хуросон мешуморанд, бояд фаромуш накунанд, ки саҳм ва ҳиссаи тоҷикони Афғонистон дар эҷоди ин фараҳанг ба маротиба зиёдтар аст ва аз сад як ҳиссаи он ҳанӯз таҳқик ва баррасӣ нашудааст ва то вақте, ки он таҳқиқ нашавад таърихи халқи тоҷик ноқис ва номукаммал боқӣ мемонад.

Омӯзишӣ таърихи гузашта ва имрӯзаи Афғонистон ошкор месозад, ки тоҷикон дар тамоми шууни ҳаёти сиёсӣ, иктисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Афғонистон нақши муҳим ва асосӣ доштаанд, ки мутаассифона имрӯз аз назари муаррихон ва муҳақкикони мо ғоиб мондааст. Дар муқобили даъвоҳои тангназарона ва миллатгароёнаи муаллифон ва сиёсатмадорони муосири Афғонстон ҳам, ки тоҷиконро ба ҳайси акалияти ноҷизи миллӣ ва дастовардҳои оламшумули фарҳанги моддӣ ва маънавии онҳоро сохтакорона ба худ нисбат медоданд ва медиҳанд, бояд ёдовар шуд, ки тоҷикон дар Хуросони Кабир аз мардумони мутамаддин, шаҳрнишин ва мутараққӣ будаанд ва мебошанд ва ба ҳайси як ҷузви муҳимми миллӣ ва қишри пешқадами фарҳангии Афғонистон бо сохтори сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мутарақии худ хамеша дар ҷомеаи Афғонистон нақши баранда ва пешоҳангӣ доштанд ва сутунмӯӯҳраи ҷону ҷисми онро ташкил медиҳанд.

Авомили фавқуззикр дар тамоми марохили таърихи нав ва навтарини Афғонистон низ ба хубй арзёбӣ мешавад ва бо далелҳои мувассақ собит мегардад. Аз таҳқиқ ва баррасии раванди таърихи ду-се қарни охири Афғонистон собит мегардад, ки Афғонистон дар ҳудуди ҷуғрофии имрӯзаи худ пеш аз ҳама дар асари фидокориҳои тоҷикон пойдору ӯстувор гашта, ташаккул ёфта ва нашъӯ намо карда, истиқлолияти миллии худро ҳифз намудааст. Ба шарофати қаҳрамониҳо ва ҷоннисориҳои ҳиротиён дар муқобили таҷовузкориҳои муқаррарии коҷориёни Эрон, Ҳирот ба ҳайати Афғонистон боқӣ мондааст. Дар натиҷаи мубориза ва муҷоҳидаи бемислу монанди мардуми Кобул ва атрофи он буд, ки инглисҳои таҷовузкор дар ҷангҳои ватанӣ ду дафъа шарманда ва беэътибор карда шуданд ва аз Афғонстон хориҷ шуданд, дар ҳоле, ки аз ҳукумати марказӣ ному нишоне мавҷуд набуд. Тоҷикон дар воқеъ пешоҳанги тамоми таҳаввулоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Афғонистон будаанд.

Дар самти дигари таърихи Афғонистон кабилаҳои афгон бо сохторҳои иктисодӣ ва иҷтимоии ибтидоӣ ва ақибмондаи худ қарор доштанд. Чунон ки маълум аст афғонхо, эрониён ва ҳиндуҳо аз як пайванди муштараки ориёнӣ нашъат гирифта, ба ҳамдигар хешу табори наздик мебошанд ва дар минтақаи Шарқи Миёна аз давраҳои бисёр қадим ба ин тараф ҳаёту зиндагии муштарак ба сар бурдаанд. Эрониёну ҳиндуҳо дар рушду инкишофи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фархангии худ хеле пеш рафтанд, вале афғонҳо бо вуҷуди ҳамнишинӣ ва ҳамҷаворӣ аз онҳо хеле ақиб монда буданд ва ҳоло ҳам хаёти саҳрогардӣ ва бодиянишинии худро давом медиҳанд. Олимон иллат ва авомили ин раванди таърихиро ҳанӯз ҳам ба пуррагӣ равшан насохтаанд,

Лекин возеҳан маълум аст, ки ба ҳама мутамоизоти сохтори иҷтимоии худ онҳо бо ҳамсоягони дар ба девори худ - эрониён ва ҳиндуҳо ҳамеша доду гирифти васеъ доштанд ва молҳову маҳсулоти чорводории худро дар бадали ғалла либоса ва афзорҳои ҳунарварӣ муовиза мекарданд ва эҳтиёҷоти худро рафъ менамуданд. Ба истиснои баъзе аз давраҳо дар аксарияти маврид онҳо бо ҳам ҳаёт ва зиндагии осоишта ва мусолиматомез ба сар мебурданд. Вале дар ҳаёти мардумони кучӣ ва бодиянишин сохтори қабилавӣ нақши муҳим дошт, меҳвари идораи маъмурӣ ва низомии онҳо дар дасти пешвои қабила, хон, ё малик тамаркуз ёфта буд, ки аз сохтори мавҷуда ба фоидаи худ суйистифода менамуд.

Барои ҷавонон ва наврасони қабоили бодиянишин, ки ҳамеша дар холати гардишу варзиши доимӣ карор доштанд, татовул, таҷовуз ва тороҷгарӣ амалӣ диловарӣ, шуҷоатмандӣ ва ҷавонмардӣ шуморида мешуд ва онҳо аз ин раҳгузар маишат менамуданд ва соҳиби сарват мешуданд. Барои ҷавонони қабилаҳои бодиянишин хизмати аскарӣ, иштирок дар лашаркашихои ҳукмронони феодалӣ амали муқаддас, муҳтарам ва муқаддам шуморида мешуд. Бо ёрии чунини дастаи ҷавонони кабилахҳои афғонӣ абдолиҳо ва ғилзоиҳо, ки дар лашкаркащиҳой Нодири Афшор таҷрибаи фаровони ҷангӣ ва низомӣ андӯхта буданд, дар миёнаҳои асри ХVIII бо роҳбарии Аҳмадшоҳи Дурронӣ аввалин давлати бузурги афғонҳоро бунёдгузорӣ намуданд, ки охирин давлати кахҳор ва забткори минтақа ба шумор меравад, ки аз тарафи қабилаҳои бодиянишини афғонӣ таъсис дода шуда буд.

Давлати мазкур бо мақсади тороҷгарӣ ва ғоратгарй ба Ҳиндустон 18 маротиба лашкар кашида буд. Инчунин ба сари мардуми тоҷик, ки аҳолии асосии маскуни Афғонистон ба ҳисоб мерафтанд, оқибатҳои сангину вазиин оварда буд, онхоро ба раъиятҳои ҳамсоя ё худ деҳқонони муфлиси иҷоракор мубаддал сохта буд. Бори вазнини молиёти ҳукуматӣ ба дӯши онҳо гузошта шуда буд. Табъиз ва тафриқаандозӣ миёни аҳолии маскунӣ ва ғайри маскунӣ ё худ тоҷикону афғонҳоро васеъ ба роҳ андохта, буданд, ки ин равия ба сиёсати анъанавии ҳукуматҳои минбаъдаи афғонӣ мубаддал гашта буд.

Дар давраи ҳукмронии абдолиҳо ва борикзоиҳои афғон на танҳо хонҳо, маликҳо ва ашрофони феодалии афғонҳо аз имтиёзот ва бартариҳои васеъ бархурдор буданд, ҳатто аъзоёни оддии қабилаҳои афғон ҳам соҳиби афзалиятҳои фаровони моддӣ ва молӣ буданд. Аз ин лиҳоз ҳар кадом аз қабилаҳо ба як воҳиди муҷтамеъи иҷтимоӣ мубаддал гашта буданд ва тамоми қудрату тавоноии худро ба кор меандохтанд, то ҳамин мутамоизоти худро нигоҳ доранд. Ҳамин сохтори қабиладорӣ ки акнун ба қабиласорорӣ мубаддал гашта буд нерӯҳои муҳофизакор ва иртиҷоиро дар худ таҷассум мекард ва авомили ақибмондагии мамлкат шуда, маркази қувваҳои марказгурез қарор гирифта буд.

Тазоди шадид ва ихтилофоти доимие, ки миёни нерӯҳои пешқадаму мутараққӣ ва қувваҳои муҳофизакору иртиҷоӣ вуҷуд дошт, дар давраи таърихи навини Афғонистон бештар ошкор ва ҳувайдо гаштанд ва густариш ёфтанд. Ба таври умумӣ агар дар самти аввал сохтори иҷтимоии ғайри афғонӣ қарор гирифта бошад, пас дар кутби дигар сохтори иҷтимоии афғонӣ ҷой гирифта буд ва ҳар кадоми онҳо хоставу нохоста барои ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии худ мубориза ва муҷоҳида мекарданд. Ба ин асос буд, ки таҳаввулоту тағйироти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар Афғонистон ба оҳистагӣ ва кундӣ сурат мегирифт.

Идома дорад...



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi