21:41:27 27-уми Сентябри 2021 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2021 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ОНҲО ДУ НАФАР МОНДААНД

БАХШИДА БА 9 МАЙ - РӮЗИ ҒАЛАБА

Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (солҳои 1939 - 1945) дар таърихи башарият яке аз калонтарин ва даҳшатноктарин ҷангҳо ба шумор рафта, мувофиқи маълумотҳо дар он зиёда аз 72 давлати хурду бузург иштирок карда, дар ҳудуди 40 давлати ҷаҳон амалиётҳои ҳарбӣ гузаронида шудааст.

1 bobo jbv 215454Инчунин дар ин ҷанг ҳудуди 110 миллион нафар сафарбар шуда, дар натиҷа кишварҳои зиёде хароб ва бештар аз 50 миллион нафар қурбон шудаанд. Солҳои 1941 - 1945 Ҷанги Бузурги Ватанӣ байни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Олмон (Германия) -и фашистӣ рух дод,ки дар он ҳамаи халқҳои 15 ҷумҳурии собиқ Шӯравӣ баҳри ҳимояи Ватан ба по хестанд.

Аз ҷумла, аз Тоҷикистон низ қариб 300 ҳазор нафар дар ин ҷанг иш-тирок намуда,аз шарафу номуси Ватани азиз ва миллати худ дифоъ карданд. Аз ин теъдод бештар аз 92 ҳазор нафарашон дар муҳорибаҳо ҳалок шуда, 54 нафар ба унвони олии Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ ва зиёда аз 60 ҳазор нафар бо ордену медалҳо сарфароз гаштаанд.

Ноҳияи Қубодиён низ дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қатори дигар мардуми собиқ Шӯравӣ саҳми калон дошта, аз ин ҷо зиёда аз 2700 нафар барои ҳимояи Ватан сафарбар карда шудааст. Мутаасси-фона, қисме аз онҳо дар муҳорибаҳо ҳалок шуда боқимонда баъди чашидани шаҳди ғалаба ба Ватан ва зодгоҳи худ баргаштанд.

Имрӯзҳо аз ин теъдоди зиёд дар ҳудуди ноҳия танҳо ду на-фар,хушбахтона, дар қайди ҳаёт ҳастанд,ки ба ҷо овардани иззату ҳурмати онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Аз ҷумла,яке аз онҳо Тошматов Маҳмад аст, ки соли 1926 дар деҳаи Миршикор ба дунё омадааст. Номбурда соли 1944 ба фронт даъват шуда, баъди тамом шудани ҷанг ба зодгоҳаш баргашта, дар колхози "Пахтакор" устои дуредгар шуда кор кардааст.

Меҳнатҳои шоён ва фаъолияти хуби ҷамъиятиашро ба назар гирифта соли 1982 бо ордени "Ветерани меҳнат" сарфароз гардонида шудааст. Бобои Маҳмад соҳиби 6 фарзанд буда, айни ҳол дар иҳотаи набераву аберагонаш, ки ба гуфтаи худаш 93 - то ҳастанд, давлати пирӣ меронад. Мо аҳли эҷоди рӯзномаи ноҳиявии "Тахти Қубод" ин пири барнодилро ба муносибати 9 май - Рӯзи Ғалаба табрик гуфта, барояш хушии рӯзгор ва тенҷии диёрро таманно дорем. 

Маҳмудҷони Абдулаҳад , "Тахти Қубод"

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi