21:19:42 27-уми Сентябри 2021 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2021 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

«АЗ ТАЪРИХИ МУРОФИАИ СУДИИ НЮРНБЕРГ» - I

 

Ба муносибати 76 солагии ғалаба дар ҶБВ-1941-1945 бахшида мешавад.

Соли 2021 халқҳои собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравии сотсиалистӣ ва тамоми халқҳои тараққипарвари ҷаҳон 76 солагии ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро ҷашн хоҳанд гирифт. Ҳар як ҷангу низоъ бешубҳа сабабу омилҳои худро дорад.

1 binoi-adliyai-murofia 1945Мутаассифона чунин сабабу омилҳо боиси ҳалокатимиллионҳонафародамон, гурезашуданимардум, бахаробазортабдилёфтанишаҳрудеҳистонҳо дар зарфи ҳазорсолаҳо дар сайёраи Замин гаштаанд. Ба ин мисол овардан аз қатлу кушторҳои Искандари Мақдунӣ, Чингизхон, Темуриланг, қатлу кушторҳои Султон Маҳмуди Ғазнавӣ ва ғайраҳо, ки миллонҳо одамони бегуноҳро кушта, боғистону шаҳристонҳоро оташ зада ба харобазор табдил дода ва баҳонаи ин ашхоси нимваҳшӣ тибқи навиштаҷоти осори таърихӣ ва ҳуқуқӣ танҳо як чиз: ҳавову ҳавас, молу пул, худхоҳӣ будааст мисоли барҷаста шуда метавонад. Ё худ дар авроқи таърих дар зарфи якуним ҳазор соли охир мо пайваста қатлу куштори 3 халқи наҷибтарини олам тоҷик, яҳудӣ ва арманиро ба мушоҳида мегирем, ки ба ҷурми фарҳангу андешаи баланди башардӯстӣ ва созандагию ободонӣ ҳамавақт аз ҷониби қабоили ваҳшию кӯчманчӣ чун гурги гурусна мавриди қатли оми кӯчиён ва бадавиён қарор мегирифтанд мисоли айёнӣ шуда метавонад.Дар ин асос Шайх Саъдии ширинсухан беҳуда нагуфтааст:

«Турки ту бирехт хуни тоҷик!»

Хотиррасон бояд намуд, ки тайи ҳазорсолаҳо чунин қатлу кушторҳои Мақдудиёну Ғазнавиёну Чингизхони модарбахато ҳама вақт бе ҷазо мемонданд. Хушбахтона, чунин имконият фарҳамомад , ки фурӯ аз охири асри 18 ва махсусан пайдо гаштани ғояҳои башардӯстӣ ва маорифпарварӣ дар андешаи равшанфикрони аврупоие чун Волтер, Дидро ва дигарон , ба вуҷуд омадани адабиёти бузурги башардӯстонаи аврупоӣ ва дигар халқҳо, пайдо шудани «иниститутҳои мурофиавии судӣ-ҷиноятӣ-тафтишотӣ» бо модели нав ва бахши «бегуноҳии фард», иниститутҳои «адвокатурӣ», «назорати прокурорӣ» аллакай ба фикри пешгирии чунин ҷиноятҳои мудҳиш ва зидди тухмаи башарият ба андеша даромаданд.

Замони ҷанги 1-уми ҷаҳон ва қатли сартосарии арманиҳо аз тарафи императории Туркияи усмонӣ кишварҳо ва башариятро ба андешаи пешгирии чунин амалҳои зишту фоҷиабор водор намуда буд.

Ахиран саршавии ҷанги дуюми ҷаҳон солҳои 1939-1945, ки боиси куштори 70 миллион инсон ва ба хок яксон кардани ҳазорҳо шаҳру деҳот, инҳисороти ҷуброннашаванда ба фарҳангу тамаддуни башарият зад, инсони бошуури асри 20-ро ба фикр кардан водор сохт.

Ҳанӯз замони идомаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ, СарфармондеҳиОлии ҳарбииСССР И.В.Сталин ибтидоисоли 1942 саримасъалаитаъсисисудибайналмилалӣ ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани ҷинояткорони фашистӣ андешаи худро изҳордошта, баъдан тариқи алоқаҳоидипломатии абарқудратҳое чунИттиҳоди Шӯравӣ, Англия ва ИМА ин масъала ранги ҷиддӣ гирифта,дар конференсияҳоиТеҳрон ва Сочи он ба таври расмӣ пайгирӣ карда шуд.Гарчанде, ки дар аввал намояндагони воломақоми ИМА ва Англия аз қабили Котиби давлатии ИМА К. Хелл ва сарвазири Англия Уинстон Черчил сахт бар зидди гузаронидани суди байналмилалӣ ва бе суд қатл намудани роҳбарияти фашистӣ буданд.Гурӯҳи дигар мехост, ки Гитлеру ҳамтоёнаш мисли Наполеон ба ҷазирае бадарға шавад , ё сотсиологҳои реаксионии америкоӣ роҳбарони фашизмро бемори равонӣ дониста, пешниҳод мекарданд, ки онҳо дар муассисаҳои табобатӣ - истироҳатӣ ҷойгир карда шаванд! Ин сабабҳои зиёди худро дошт, зеро замони ҷанги 2-юми ҷаҳон бисёре аз ширкатҳои олами сармояи ин кишварҳо аз тиҷорати техника ва лавозимоти лозимаи ҷангӣ манфиат мебардоштанд ва табиист, ки онҳо аз расонаи шудани номи ширкатҳои худ ва ҳамкорияшон бо «машинаи фашистӣ» сахт ҳарос доштанд.Пофишориҳои пеш аз ҳама И.В.Сталин ҳамаи ин мардум ва пеш аз ҳама Уинстон Черчилро ба ҷояш шинонд.(Беҳуда Сталин дар тантанаи 25 солагии ғалабаи Инқилоби Кабири Сотсиалистии Уктабр нисбати фашистон нагуфта буд: «Бигузор ин ҷаллодон донанд ,ки онҳо аз ҷавобгарӣ ҷои гурезе надоранд ва он рӯзе, ки дасти ҷазодеҳи халқи азияткашида баро ҷазодиҳӣ балан мешавад дур нест»!шарҳиВарқаи Зайниддин).

Таърих гувоҳ ҳаст,ки урдуи фашистии Гитлер ва ҳаммаслаконаш дар хоки шӯравӣ ба чи бедодгариҳои ғайриинсоние нисбат ба мардуми бегуноҳи шӯравӣ ва молу амволи онҳо, моликияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ даст назадаанд.Ҳамаи инро ба назар гирифта,бо Укази Президиуми Шурои Олии СССР аз санаи 2-юми ноябри соли 1942 таҳти №40 «Дар бораи ташкили Комиссиюни фавқулъодда оиди муайян намудану тафтиш бурдани ҳаракатҳои ваҳшиёнаи фашистони немиси яғмогар ва ҳамтоёни онҳо ва муайян намудани зарари расонидаи онҳо ба шаҳрвандон, колхозҳо,ташкилотҳои ҷамъиятӣ ,корхонаҳои давлатӣ ва муассисаҳои СССР» комиссияи махсуси давлатӣ ташкил ёфта дар марзҳоиозодгаштаишӯравӣ он замон ба кор оғознамудабуд.

Бешубҳа фаъолияти ин комиссия , парвандаҳои оғозу тафтишгашта ва дар судҳои ҳарбиишӯравӣ баррасигашта , дар роҳи ба ҷаҳониён баъдан исбот намудани ваҳшонияти фашистон ва генотсиди онҳо нисбати халқи шӯравӣ нақши халкунандаро бозидааст(маҳз ҳамондавраР.А.Руденкои ҷавон аввал чун муовини Прокурори ҶШС Украина ва баъдан чун прокурори ин сарзамин худро чун беҳтаринкорманди прокурорӣ вобаста ба тафтиши парвандаҳои ҷиноятии фашистон нишон дода буд -шарҳиВарқаи Зайниддин).

Қайд бояд намуд, ки дардноктарин фоҷиаи башариятро низ мардуми шӯравӣ, ки бар асари ин ҷанги аз тарафи Олмони фашистон ноодилона (аз тарафи СССР одилона) миллионҳо куштаю, миллионҳо шаҳрҳу деҳоти харобу миллионҳо тифлону наврасони ятиму миллиардҳосадоиаламоваримодарисарбози қурбоншударо дар замони ҷангу баъди ҷанг боқӣ гузоштаанд дар равоқи таърих ба ёдгор гузоштаанд.Беҳуда хаммосасарои машҳуртарини асри ХХ-и олам ,шоири маъруфи тоҷик , устоди арҷманд, алломаи шеъри порсии имрӯз Мӯъмин Қаноат дар достони маъруфи худ «Ситораи Исмат» оиди навҳаи модар нанигоштааст:

Писарам, хатти сиёҳат ба пари зоғ омад,

Рафтӣ аз боғи ҷаҳону ба дилам доғ омад.

Алла гуфтам сари гаҳвора, ки хуш хоб равӣ,

Рафтаӣ хоб, чӣ гӯям, ки ту бедор шавӣ.

***

Соҳиби зиндаи ман, мурдаи ман, во писарам,

Меравӣ зинда ба тобут зи пеши назарам…

Шоли гулдор чу гулзор ба гаҳвораи ноз,

Нола мехест зи холигаҳи гаҳвораи роз.

Ба хазон рафтӣ ту аз боғи ҷаҳони гузарон,

Гули ин боғ шавад боз насиби дигарон.

***

Шир шуд аз хабари шуми сияҳнома сиёҳ,

Хат сиё, хома сиё… Ҷома сиёҳ.

Зи пари тир, ки алмоспар, оламсипар аст,

Чӣ кунад очаи бечора, ки худ мушти пар аст.

Ба ростӣ аз ин сатрҳои ҷонсӯз на танҳонавҳаимодаритоҷик, балки навҳаитамомимодаронизамони ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ фарзанд аздаст додаи башарият аст!

Дар ин асос Иосиф Виссарионович Сталин бо ҳамакорихубукамбудиҳояшдар ҷаҳони муосир бо пофишориҳои худ оиди доир намудани мурофиаи байналмилалии судӣ нисбати фашизми гитлерӣ хизмати арзандаеро ба ҷой гузоштааст(ба ҳар ҳолинандешаибандааст-Варқаи Зайниддин).Маҳздар ҳаминасос, баъди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки фашизми гитлерӣ, ҷиноятҳои вазнин ва гӯшношунидро дар нисбати халқҳои ҷаҳон содир карда буд, санаи 8-уми августи соли 1945 дар Лондон Созишнома байни иттифоқчиён СССР, США, Англия ва Фаронса дар бораи таъқиби ҷиноятӣ ва ба ҷазо кашидани саркардагони ҷинояткорони ҳарбии кишварҳои истилогар ба имзо расонида шуд.Дар ин асос қарор қабул карда шуд, ки Трибунали байналмилалии ҳарбӣ созмон дода шавад.

Иброз бояд намуд, ки ҳанӯз пас аз ҷанги 1-уми ҷаҳон дар Шартномаи Версалӣ оид ба сулҳ, лоиҳаи Кодекси ҷиноятии байналмилалӣ, суди байналмилалии ҷиноӣ кор карда баромада шуда буд. Мутаассифона, ин лоиҳаҳо ва бандҳои сулҳи Версал бе иҷро монд. Ба Кайзер иҷозати дар Голландия пинҳон шуданро дода, дар хусуси ба ҷазо ва сари суд кашидани ӯ фикре накарданд. Кӣ медонад агар он вақт аъмоли ӯ ва дигар ҳамтоёнаш дар мурофиаи суди байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор мегирифт , ҷанги ҷаҳонсӯзи 2-юми ҷаҳон рух намедод?!

Вобаста ба созишномаи қабулгашта намояндагони 4 кишвари иттифоқчӣ ба тайёр кардани хулосаи айбдоркунӣ шурӯъ намуданд. Р.А.Руденко аз номи СССР, Хартли Шоукроссом аз номи Англия, Роберт Х.Ҷексон аз номи ИМА ва Франсуа де Ментоном аз номи Фаронса онро санаи 6.10.1945 имзо карданд.

Дар ин давра дар Масква пурра намудани дастгоҳи қисми шӯравии Трибунали байналмилалии ҳарбӣ шурӯъ гашта, интихоби тарҷумонҳо, пайнависандаҳо, котибон ба анҷом расид.Судяҳо(аъзои трибунали ҳарбӣ ва муовини ӯ) таъин гаштанд.Ба Нюрнберг гурӯҳи тафтишотии СССР ва кормандони бахши коргузорӣ, ки ба онҳо муовини айбдоркунанда аз СССР, полковники адлия Ю.В.Покровский роҳбарӣ мекард озими сафар шуданд. Айбдоркунандаҳои шӯравӣ М.Ю. Рагинский ва Л.Н.Смирнов ба тайёр намудани маводҳои Сарайбдоркунандаи СССР барои иштирок дар мурофиаи ҷиноятӣ шурӯъ намуданд.

То саршавии суди Нюреберг, Трибунали ҳарбии байналмилалӣ дар бинои Шӯрои назорати адлияи Олмон дар Берлин як қатор ҷалласаҳоиташкилиро доир намуд. Дар ин ҷалласаҳо дастурии кории трибунал, масъалаҳои либосҳои судяҳо, тартиби ҷойгиршавии судяҳо дар толори трибунал, дар хусуси ташкили котиботи трибунал ва тарҷумаҳо, оид ба даъвати ҳимоятгарон, қасами аъзоёни трибунал, коргузории котибот ва ғайраҳо қабул карда шуданд.

Раисикунандаи трибунали ҳарбӣ дар Нюрнберг, аъзои трибунал аз Британияи Кабир,Сарсуди Англия (лорд-судя), Ҷеффри Лоренс таъин карда шуд.Дар яке аз ҷаласаҳои ташкилӣ Сарайбдоркунандаҳо низ ширкат варзиданд.

Раисикунандаи дар он ҷалласа , аъзои трибунали ҳарбӣ аз СССР генерал майори адлия И.Т. Никитченко буд. Тамоми судҳо бо навбат қасам ёд карда,тантанавор изҳор доштанд, ки ӯҳдадоранд, ки вазифаҳои худро бовиҷдонона, одилона ва саривақт иҷро намоянд.

Сарайбдоркунанда аз СССР Р.А.Руденко ба суд матни русии хуқми айбдоркуниро дод. Дигар айбдоркунандаҳо низ чунин нусхаҳоиайбдоркуниробо забонҳои англисиву фаронсавӣ супорида, изҳордоштанд , ин ҳуҷҷатҳо якдилона қабул гаштаанд.

Азбаски дар мурофиаи мазкур саркардагони машинаи ҳарбии Олмони фашистӣ ба ҷавобгарӣ карда мешуданд, 24 фикри айбдоркунӣ нисбатӣ 24 нафар фарде, ки дар ташкили режими Олмони фашистӣ нақши калидӣ доштанд бо исботи гуноҳи ҳар яке аз онҳо тайёр карда шуд.Хотиррасон бояд намуд, ки дар санаи 25-уми октябри соли 1945 баъди гирифтани нусхаи фикри айбдоркунӣ Роберт Лей даст ба худкушӣ зад.Трибунал ҳамчунин баррасии парвандаи Густав Круппро, ки ба бемории фалаҷ гирифтор гашта буд мавқуф гузошт ва дере нагузашта ӯ вафтид.Роҳбарони дигари «машина фашистӣ» Гитлер, Геббелс ва Гимлер пештар худкушӣ намуда буданд.Мувофиқи банди 22-и Оинномаи Созишномаи лондонӣ, ҳаракатҳо ҷинояткоронаи дигар фашистонро кишварҳоииттифоқчӣ дар ҳудудҳоиишғолиихуд дар мақомотҳоисудӣ-тафтишотии худбояд тафтиш ва баррасӣ мекарданд).

Идома дорад...

Варқаи Зайниддин, Ёвари калони прокурори вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 1,

корманди фахрии Прокуратураи ҶТ, аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi