03:23:46 07-уми Июли 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Июн 2013 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ФАРМОНДЕҲ АҲМАДШОҲИ МАСЪУД АЗ НИГОҲИ ГЕНЕРАЛҲОИ РУС - 2

Ба ҳамин тариқ дар асоси навиштаҳои ин се женроли русӣ мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, то бифаҳмем фармондеҳони олирутбае, ки як вақтҳо дар муқобили Масъуди бузург ҷангидаанд, имрӯз бо гузашти айём муқовимати ӯро дар муқобили худ чӣ гуна баҳо медиҳанд.

Ahmadshah masoud 5421457878Такрор ҳам шавад, мегӯем, ки ҳамаи гуфтаҳои ин женролҳоро дар бораи Масъуд мо наметавонем дар ин мақолаи худ дарҷ намуда таҳлил намоем. Барои ҳамин аз ҳар кадоми ин женролҳо танҳо як мисолӣ меорем, ки аз он нуқтаи назари муаллифон дар барои Масъуд аён мегардад.

Мавзӯи оташбаси Аҳмадшоҳи Масъуд дар даврони ҷиҳод бо фармондеҳони артиши Шӯравӣ чи дар вақташ ва чи дар замони мо сару садоҳои зиёдеро барангехтааст. Ин оташбасро намояндагони доираҳои гуногуни низомӣ ва аҳзоби мухталифи Афғонистон, таҳлилгарони сиёсиву коршиносни ҳарбии дохиливу хориҷӣ ва мустақил, ҳар кадом ба таври хеш арзёбӣ кардаанд. Яке онро ҳамчун шикасту мағлубияти Масъуд баҳо додааст. Дигарон, ба мисли Гулбиддини Ҳикматёр, роҳбари Ҳизби Исломии Афғонистон онро хиёнат ба кори ҷиҳод номидааст. Қисмати дигари мутахассисон онро амалиёти башардӯстонае номидаанд, ки даҳҳо ҳазор инсонҳоро аз марг наҷот дода, садҳо шаҳру қарияҳоро аз харобу валангоршавӣ эмин нигоҳ доштааст ва боз даҳҳо фикрҳои бо ҳамин монанд ироа шудаанд. Вале биёед бифаҳмем, ки рақиби асосии Аҳмадшоҳи Масъуд, оне ки артиши 100 ҳазорнафараи Иттиҳоди Шӯравиро дар Афғонистон фармондеҳӣ мекард, женрол – полковник Борис Громов дар китоби худ дар ин бора чӣ навиштааст. Иқтибос меорем: «Тобистони соли 1982 дастаҳои мусаллаҳи Масъуд дар сафҳои худ аллакай беш аз 2500 муҷоҳид доштанд. Онҳо минтақаи аз ҷиҳати стротежӣ хеле муҳими Панҷщер ва манотиқи атрофи онро дар таҳти контроли худ доштанд.

Бо истифодаи хеле моҳирона аз мавзеъҳои кӯҳистонӣ Аҳмадшоҳ тавонист, ки дар он навоҳӣ як чанд сангар ва каминҳои пурқувватеро бунёд созад, ки дар онҳо силоҳҳои сақилаи зиддитонк ва дафи ҳаворо ҷойгир намуда буд. Камин ва шинакҳое, ки барои муҷоҳиддин сохта мешуданд, онҳоро аз ҳамлаҳои ҳавоӣ ва заминӣ наҷот медоданд. Масъуд гурӯҳи махсуси минагузор дошт. Нерӯҳои асосии ӯ дар дарвозаи дара ҷойгир кунонда шуда буданд» (саҳ: 190).

Баъди овардани ин суханҳо, ки мақсад аз он ба хонандаи худ нишон додани шаҳомати Аҳмадшоҳ ҳаст, Громов идома медиҳад: «Аҳмадшоҳи Масъуд самимона ғами мардуми оддиро мехӯрд ва онҳо низ ба ӯ бо меҳрубонӣ ва миннатдорӣ ҷавоб медоданд. Дар байни мардуми афғон ин фармондеҳи саҳроӣ обрӯи хеле баланд дошт».

Агарчӣ дар ин ҷо женроли русӣ рӯи рост сабаби ба Масъуд пешниҳод кардани Оташбасро аз ҷониби фармондеҳони Шӯравӣ нагуфта бошад ҳам, хонандаро мантиқан омода сохтааст то дарк намояд, ки роҳбарияти низомии Шӯравӣ «бо ин роҳ мехостанд артиши худро аз задухӯрдҳои хунин дар ин минтақаи муҳими стротежӣ, ки роҳи асосии икмолотии шӯравиҳо буд, наҷот диҳад».

Вале сабабҳои ба оташбаси муваққатӣ розӣ шудани Масъудро Борис Громов аз нигоҳи худ чунин шарҳ додааст: «Аҳмадшоҳ ба Оташбас барои он розӣ шуд, ки ҷузъу томҳои нерӯҳои мусаллаҳаш дар натиҷаи муҳосираи иқтисодии дараи Панҷшер хеле заиф гардида буданд. Имконияти икмолотии низомиву молии муҷоҳиддинаш аз сӯи Покистон ба сабаби ҳамлаҳои пайдарпай размандагони Ҳизби Исломии Гулбидин ба вилояти Кописо маҳдуд ва хеле ба мушкилот мувоҷеҳ шуда буданд. Аз сӯи дигар Масъуд ба он хотир Оташбасро пазируфт, ки мардуми маҳал дар натиҷаи амалиётҳои низомии давомдор ниҳоят хаста ва дар азоб буданд» - менависад женрол Борис Громов. Баъдан ӯ илова мекунад, ки «ба замми ҳамаи ин Масъуд боз талабҳое низ пеш гузошта буд. Аз ҷумла талаб карда буд, ки нерӯҳои низомии Шӯравӣ аз дараи Панҷшер ба пуррагӣ бароварда шаванд ва даъвати ҷавонони ин минтақа барои хизмат ба урдуи давлатӣ низ қатъ карда шавад».

Биёед акнун таваҷҷӯҳ кунем, ки ба ақидаи собиқ фармондеҳи артиши Шӯравӣ дар Афғонистон женрол Громов Б. созишномои Оташбаси миёни шӯравиҳо ва Масъуд, ки аз охири декабри соли 1982 то апрели соли 1984 идома пайдо кард, ба манфиати кӣ буд? Женрол Борис Громов дар китобаш «Қитъаоти маҳдуд» дар ин бора чунин менависад: «Масъуд фурсати оромиро хеле фаъолона ва моҳирона барои амалӣ кардани аҳдофи хеш истифода бурд. Мавқеъҳои нави оташфишонӣ ва сангарҳои наве дар минтақаҳои Обдара, Тавах, Чималвард, Ҳисорак, Гуват ва Парандеҳ бунёд шуданд. Аҳолии маҳаллиро барои тармим ва барқарор кардани сангарҳои харобгардида васеъ истифода мекард. Мавқеъҳои асосӣ бо васоити дафи ҳаво, махсусан ЗГУ муҷаҳҳаз гардиданд. Силоҳу муҳимоти зиёде ҷамъ кард… Маҳз дар ҳамин давра фармондеҳи артиши 40 – ум мушоҳида намуд, ки фаъолияти низомии Масъуд дар берун аз Панҷшер хеле вусъат гирифтааст. Қатораҳои мутарҳои низомии шӯравиҳо акнун дар шоҳроҳи Кобул - Хайратон ва минтақаҳои Шимол ва Ҷануби Соланг, инчунин вилояти Бағлон мавриди ҳамла қарор мегирифтанд.Дар он давроне, ки Панҷшер минтақаи Оташбас эълон шуда буд, дастаҳои мусаллаҳи зиёде аз мухолифони давлат, ки дар дигар ҷойҳо болои онҳо ҳамла мебурдем, ҳамчун ҷои амну бехавф ба ин сарзамин паноҳ меоварданд. Ин гуна амалҳо танҳо як қисмати нақшаҳои Масъуд оиди ба ҳамовардану якҷо кардани нерӯҳои муҷоҳиддини дигар аҳзоби исломӣ буд. Мо дарк мекардем, ки Масъуд баъд аз он, ки «ҷабҳаи ягона» - ро бунёд месохт, ӯ ва ҷонибдоронаш имконият пайдо мекарданд, ки аз ҷангҳои чирикӣ ба маневрҳои бузургтаре бигузаранд», - чунин хулоса мекунад собиқ сарфармондеҳи нерӯҳои низомии Шӯравӣ дар Афғонистон женрол Б.Громов дар китоби худ «Қитъаоти маҳдуд».

Ҳамин тариқ, дар посух ба суоли онҳое, ки Оташбас ба манфиати кӣ буд бо дар назардошти навиштаҳои болоӣ ва аз он ки созишномаи Оташбас аввалин шуда ду рӯз пеш аз мӯҳлати ба анҷомрасиаш аз ҷониби артиши 40 – уми Шӯравӣ нақз гардид, ба хулоса омадан мумкин аст, ки он бештар ба нафъи кӣ будааст.

Акнун рӯ меорем ба навиштаҳои женрол А.Ляховский. Воқеан ӯ низ ба ҳамин ақидааст, ки Масъуд аз оташбас ба манфиати худ хеле моҳирона истифода кардааст. Ӯ менависад: «Аз Оташбас истифода бурда, Масъуд нуфузи худро берун аз Панҷшер густариш дод. Ӯ акнун дар минтақаҳои Хосту Фринг, Наҳрайн ва минтақаҳои ҷанубии вилояти Тахор мавқеъҳои худро мустаҳкам кард. Моҳи апрели соли 1984 ӯ дар атрофи худ акнун беш аз 3500 муҷоҳидро муттаҳид сохта буд» (саҳ: 500).

Чи тавре, ки дар боло қайд кардем, шӯравиҳо чун диданд, ки Масъуд аз фурсати дар натиҷаи оташбас фарорасида барои тақвияти нерӯҳои худ, таҳкими сангарҳои ҷиҳодӣ, таҷаммӯи дастаҳои мусаллаҳи дигар танзимҳо дар атрофи худ моҳирона истифода мекунад ва нуфузи худро дар манотиқи дигар густариш медиҳад, бо вуҷуди бадном шудан ба аҳдшиканӣ Оташбасро нақз карда ба ҳуҷум мегузаранд.

Дар ин ҷо баъзе хонандагон метавонанд эътироз намоянд, ки шӯравиҳо низ бо эҳтимоли зиёд аз ин Оташбас ба манфиати худ истифода карданд. Агар ҳамин тавр намебуд онҳо бо чунин як омодагии хеле бузурге ҳамлаи сеюми худро ба дараи Панҷшер оғоз намекарданд.

Биёед барои ба ин савол посух гирифтан ба китоби дигар женроли русӣ А.Ляховский «Фоҷиа ва шуҷоати Афғон» руҷӯъ мекунем. Женроле, ки ӯ ва сарбозонаш кӯшишҳои зиёде ба харҷ доданд, то Масъуд ва муҷоҳиддинашро маҳв бисозанд. Зеро дар назди онҳо аз ин вазифа дида супориши муқаддамтаре набудааст. Ляховский менависад: «… Дар авоили соли 1984 дар асоси хоҳишҳои пай дар паи роҳбарияти Афғонистон тасмим гирифта шуд, ки маротибаи сеюм дар дараи Панҷшер амалиёти низомии густурдаеро ба роҳ бимонанд. Ҳадаф – қотеъона аз байн бурдани Аҳмадшоҳ ва муҷоҳиддини он буд. Ин амалиёти хеле бузург пухтакорона тарҳрезӣ шуд. Теъдодан нерӯҳои мусаллаҳи хеле бузурге ҷалб карда шуд. Ҳамоҳангсозии ҷузъу томҳои гуногуни ширкаткунандаи ин амалиётро гурӯҳи оперативии Вазорати Дифоъи Иттиҳоди Шӯравӣ таҳти фармондеҳии Маршали Иттиҳоди Шӯравӣ С.Л.Соколов ба ӯҳда гирифт.

(идома дорад)

Султони Ҳамад

журналисти мустақил

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi