02:49:46 09-уми Июли 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Июл 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

«Захмҳои Тоҷикистон»

(Нисбати фоҷиаи 800 солагии ҳуҷуми Чингизхони алайҳилаъна ба Тоҷикистони таърихӣ - Осиёи Вусто дар соли 2019 ва миллионҳо шуҳадои тоҷик (холокости тоҷикон) хамчунин 80 солагии шурӯъи ҷанги 2-юми ҷаҳон аз тарафи Чингизхони сонӣ - Гитлер дар соли 1939 бахшида мешавад).

Замони кӯдакиям, ки бори аввал дар синни 4-5-солагиям аз нақлҳои бобоям ва калонсолон дар бораи қиссаи фоҷиаи Рустаму Сӯҳроб ва куштани Сӯҳроб аз дасти падар мешунидам, дили маро ғам зер мекард.

Gilker chingizkhan 4545122Мани кӯчак бо андешаҳои ҷаҳони кӯдакии хеш сахт аз ин ҳодиса ба шигифт меомадам. Фикр мекардам, ки чӣ гуна охир падар писарашро мекуштааст? Ин бузургтарин фоҷиа дар андешаи кӯдакии ман буд ва то айни замон низ ба ин ҳодиса, ин фоҷиаи машҳури олам ва ривояти Ҳакими Тӯс, Фирдавсӣ ба дард нигоҳ мекунам. Фикр мекунам, ки ин бузургтарин фоҷиаи ривоятии олам ва порсизабонон аст. Ин фоҷиаро замони кӯдакӣ, ман чун фоҷиаи миллат ва яке   аз захмҳои сахттарини миллати тоҷик мешуморидам. Беҳуда нест, ки вақте дар синфҳои ибтидоӣ мехондам ва кинофилми «Рӯстаму Сӯҳроб»-ро ба деҳ оварда намоиш доданд аз қатли Сӯҳроб барои аввалин бор мани кӯдак сахт гиристам, балки аҳли толори клуби деҳаамон бо як овоз мегирист!

Ин фоҷиаи бузурги ривоятии эпоси миллии мо «Шоҳнома» бемуболиға захми носури ҳар як тоҷику Тоҷикистону порсизабон асту то абад боқӣ хоҳад монд.

                Чун калон гаштам ва ба таъриху ҷуғрофияи ин миллат даст ёфтам, фаҳмидам, ки ватани азизи ман, Тоҷикистони таърихӣ ва як пораи он Тоҷикистони кунунӣ садсолаҳо аз дасти душманони истилогари нохонда захмҳои ҷонкоҳе бардоштааст!

                Дар таърихи ватани ман қатлу кушторҳои зиёде аз аҳди бостон, аз замони истиллои мақдуниён, арабҳо, туркҳо ҷой доранд. Ҳар як аз истилогар бо диду салоҳдиди хеш шаҳру деҳоти ободи Тоҷикистони кунунӣ (қисмате аз Тоҷикистони таърихиро) ба коми оташ мекашид, ҳамватанони моро чун гӯсфанд сар мебуриданд, асир мегирифтанд, ба ғуломӣ ба кишварҳои дур мефурӯхтанд.

           Дар баробари ин фоҷиаҳо, бузургтарин захмҳоро шояд дар таърихи башарият Чингизхони модарбахато ва ворисони нопокаш ба тани   ватани азизи мо Тоҷикистони таърихӣ зада, шаҳру деҳоти зеборо бо хӯи даррандагӣ, рашку ҳасад ба коми оташ кашида, миллионҳо одамонро қатли ом намудаанд.

             Фоҷиаи Чингиз ончунон вазнин, ончунон даҳшатнок аст, ки бо гузашти 800 сол аз он ҳеҷ як тоҷик, ҳеҷ як порсизабон бетафовут, бедард сухан гуфта наметавонад,зеро ҳар тоҷик медонад, ки Чингизу ворисонаш чӣ гуна захмҳои дарднокеро ба ҷисми   поку озодаи модари мо- Тоҷикистони таърихӣ назадаанд!

                Чунин фоҷиаро таърихи башарият ёд надорад.

                Ман шахсан баъди хондани сафҳаҳои таърихии он давра дар ҷойи худ нишаста наметавонам!

           Ҳисси адоват, бадбинӣ, ниқор гирифтану туф кардан бар ин давраи номардии таърих дар ҷисми ман як бора ҳазор бор   меафзояд. Дар рагҳои хунгардам хун   ба ҷӯш меояд ва дар чашмонам ашк халқа мезанад!

             Ба андешаи банда агар қатлу куштори на камтар аз 15 миллион мардуми   тоҷиктабору иронинажод   он давра аз тарафи ҳаромзодае чун Чингизхон (сарчашмаҳои таърихӣ исбот месозанд, ки ҳам Чингизхону ҳам падару бобокалонаш аз омезиши ҳаромзодагӣ ба дунё омадаанд) рух намедод, ҳоло дар Осиёи Марказӣ на камтар аз 700-800 миллион мардуми тоҷикзабон сукунат дошт.

               Тибқи оморҳои таърихии имрӯза аз 100 фоиз, 75 фоизи аҳолии иронинажоду порсзабон ба қатл расонида шудааст ва дар Осиёи Марказӣ ва Афғонистону Иронии кунунӣ он давра бештар аз 90 фоизи аҳолиро мардуми ориёинажод ташкил намуда , мисли соҳилҳои Хуанхе ва Янтсзии Чин ва дарёҳои Ҳинду Ганги Ҳиндустон, ватани мо низ сераҳолитарин мавзеъҳои ҷаҳони онрӯза дониста мешуд. Қатлу кушторҳои Чингизхони модарбахато ва ворисонаш низ маҳз ба муқобили тоҷики тоҷвар, мардуми муттамадин ва шаҳрнишин нигаронида шуда буд, чун бо қабоили атрок хешии этникӣ доштанд ва дар ӯрдаи хунхораш низ қабоили гуногуни чунин қабилаҳои ғайрисломӣ зиёд буданд, объекти асосии қатли оммавӣ асосан маҳз тоҷикон қарор дода мешуданд.Ин факти исботшудаи таърихист!

             Тибқи санадҳои таърихӣ ва таъқиқотҳои гузаронидаи олимони ҷаҳони имрӯза, аз тарафи ин шахси лаъин ва ҳамтоёнаш бештар аз 40 миллион нафар инсон ва ё 11-12 фоизи аҳолии сайёра (он замон аҳолии сайёра 400- 420 миллион нафарро ташкил медод) ба қатл расонида шудааст.Ин рақам ҳоло низ ҳар шахсро ба даҳшат меорад, зеро ин фоҷиа аз фоҷиаи замони Гитлер, ки 70 миллион аҳолӣ аз миқдори беш аз 2,5 миллион аҳолии курраи замин кушта(тахминан 2,7 фоизи аҳолии чаҳонро ташкил медод) чанд маротиба зиёд аст.Бо ибораи дигар барои ба 11-12 фоизи умумии наслии инсонии куштаи Чингизхон расидани Гитлеру ҳамтоёнаш бояд онҳо камаш 260-270 миллион аҳолиро мекуштанд! Илова бар ин тарзи куштор ва амалҳои нангини чингизиён,

ки бо качкорду шамшеру табарзин тухмаи одамиро ба қатл мерасониданд, аз тарзи бомбаандозӣ ва автоматпаронии Гитлер, ки одамӣ зуд ҳалок мешуд басо ҷонсӯзтар ва даҳшатноктар буд! Доираи захмҳои задаи Чингизхон ба миллати мо ва Тоҷикистони таърихӣ ончунон бузург буд ва ҳаст, ки азобашро миллати мо ва Тоҷикистони кунунӣ то имрӯз кашида истодаанд!

                Захмҳои задаи Чингизу ёрони нохалафаш то имрӯз шифо наёфтаанд ва ҳама воқеаҳои баъдинаи қатлу куштори Темуриён, Шабониён, Аштархониён ва Манғитиёни муғултабор маҳз ба юришҳои Чингизхон дар нисбати миллату ватани мо рабт мегиранд.

                Тирамоҳи соли 2019   ба ҳуҷуми Чингизхон ба Осиёи Марказӣ (Тоҷикистони таърихӣ) расо 800 сол пур мешавад ва мо ворисони ҷабрдидагони ин бузургтарин генотсид   дар таърихи ҷаҳонӣ бояд аз он чашм напӯшем.

                Ин масъала ва захмҳои задаи Чингизхону ёронашро нисбати миллати хеш бояд ёд оварем. Бояд дар хиёбону гузарҳои шаҳру деҳот, масҷиду мазору дашту кӯҳсорони мо ҳазорон садои зангӯлаҳо баланд садо диҳанд ва ҳазорон шаъмҳо ба хотири ин бузургтарин фоҷиаи миллат афрӯхта шуда ва рӯзи ҳуҷуми муғул ба кишвари мо- Тоҷикистони таърихӣ дар кишвари имрӯзаамон чун рӯзи мотами миллӣ эълон карда шавад!

                Ҷомеаи ҷаҳонӣ, насли ҷавони мо бояд ин фоҷиа ва захмҳои задаи ин қабилаҳои нимваҳширо хонад, донад , аз сабабҳои рӯйдоди чунин фоҷиаи бузурги олам барои худ сабақи таърихӣ бардорад. Дар доираи давлатҳо ва ҷомеъаи ҷаҳонӣ   бояд кушторҳои даҳшатнок ва пурфоҷиаи Чингизхону ворисонаш чун генотсид, қатли умумибашарӣ шинохта шуда, номаш дар қатори Адолф Гитлер чун бузургтарин душмани тухмаи одамизод шинохта шавад.Зеро маҳз бо айби ҷомеаи ҷаҳонӣ, СММ, ЮНЕСКО ва дигар ташкилоту созмонҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ба ин амалҳои пурфоҷиаи Чингизхону ворисонаш дар назди таърих, назди башарияту фарҳанги аз даст рафтааш   баҳои дурусти ҳуқуқӣ ва сиёсӣ дода нашудааст!

         Гузашта аз ин чунин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ мисли ЮНЕСКО дар оғози ҳазораи сеюм Чингизхонро бузургтарин сарлашкари ҳазораи дуюми солшумории милоди эълон кард.Ҳоло, он, ки бузургтарин сарлашкаре, ки башариятро аз Чингизхони сонӣ(Гитлер) ва хавфи зулму истибдоди ӯ озод кард бешаку шубҳа бо ҳамаи амалҳои неку бадаш ин генерали симус Иосиф Виссарионович Сталин аст ва маҳз ӯ бояд сарлашкари бузургтарини олам эътироф мешуд на Чингизхони малъун.Чун ҷомеъаи олами сармояи ғарбӣ ба ин дастоварҳои халқҳои шӯравӣ бо ҳасад ва бахилии гӯшношунид назар меафкананд, онҳо бе ҳеҷ асос   бузургтарин қотили тамаддуни ҷаҳону тухмаи инсониятро сарлашакари бузурги ҳазораи 2-юми солшумории милодӣ эълом намуданд. Ба чунин роҳи паст ва то андозае разилона рафтан, ин бузургтарин саҳви ЮНСЕКО ва олами фашистии рӯзанандаи имрӯзаи ғарбист! Боварнокарданист, ки ЮНЕСКО(ҳомии тамадуни башарият!) дар хусуси қатлу куштори башарият, ҳазорон шоирону нависандагону олимон, ҳазорон биноҳои зебои офаридаи инсоният, санъати нафиса ва китобхонаҳои ба коми оташ супурдаи Чингизхон, бузургтарин душмани китобу тамаддуни инсоният чизеро надонад!

       Бо фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва системаи сосиалистии башардӯст, ки олами истисмор ва истилогаронро тибқи ғояҳои гуманистии марксизм ва ленинизм баҳои дурусти таърихӣ дода, Чингизхону ворисонашу дигар истолагаронро чеҳраҳои манфии таърихи башарият медонист, олами империализм ва демократияи дурӯғини онҳо ба ҳама ҷо сар дароварда аз «аждарҳои манфури таърих» азҷумла Чингизхон ба хотири молу сармоя , чеҳраҳои мондагор ва мусбати таърихии башариятро тарошида истодаанд! Маводҳои зиёде дар сайтҳои интернетӣ аз ҷумла аз ҷониби ба ном демократу тарзи зиндагии озод ва зиддишӯравиён мавҷуд ҳастанд ва китобҳо низ ҳастанд, ки дар онҳо Иттиҳоди Шӯравиро танқид менамоянд, ки муддати 70 сол , шурӯъ аз солҳои аввали солҳои 20 то солҳои 90-уми ин қарн ба мардуми муғул барои ба худшиносии миллӣ расидан халал расонида, онҳоро намегузоштанд, ки оиди Чингизхон ва «қаҳрамонии бемислу монанди ин шахсияти диловари таърихӣ» донанд ва аз он ифтихор намоянд!

         Дар инчо бадбинии собиқ ватанамонро ин ба ном демократу хайрхоҳони олами ғарби сармоядор аз ҳад гузаронидаанд!Ҳоло он , ки сиёсати СССР-и собиқ сари ин масъала ва маҳкум намудани Чингизхону қатлу куштораш дар доираи ҷаҳон, ин нишонаи сиёсатии башардӯстии Иттиҳоди Шӯравӣ ва аз ақли солим кор гирифтанро нишон медиҳад на «монеъ шудан» ба ба худшиносии муғулҳои бечора, ки бар асари касратии Чингизхону авлодаш имрӯз дар ҷаҳон муғулзабонҳо камтар аз 10 миллион аҳолиро ташкил менамоянд.Агар ин шахси хунхор муғулҳоро ба куштан намедод ва дар ватани бобоияш ба ободкунӣ машғул мешуд боварӣ дорам, ки имрӯз дар Чумҳурии Муғулистон ва Муғулистони дохилӣ (ноҳияи мухтор дар Чин) на камтар аз 200 миллион муғул дорои ватани пешрафта ва сераҳолие мешуданд.

         Аз ин рӯ метавон бо дили пур гуфт, ки Чингизхони кофар барои насли имрӯзаи миллати кӯчаки муғулҳои будоӣ коре накардааст ва барои ин миллат низ бояд ҳамчун душмани №1 шинохта шавад.Барои ин муғулҳо бояд таърихи ин ҳаромзодаро хуб аз худ намоянд ва баҳои ҳаққии худро дода тавонанд ва аз гирифтани номи чунин шахс шарм доранд на ифтихор!

         Бояд гуфт , ки имрӯз дар олами Uарб, фашизм ва махсусан дар Муғулистони имрӯзаи ба ном демократӣ   чеҳраи манфур ва хунрези таърихи башарият Чингизхон, ки замони сотсиализм мояи ошуфтагӣ ва шарми мардуми муғул қарор мегирифт ба қаҳрамони миллӣ табдил ёфта, роҳбарони муғултабори кунунӣ ба   кӯчаю хиёбонҳо, театрҳо, фурудгоҳи байналмилалии Улан-Батор номи ин фарди кассифу душмани тухмаи инсониятро арзонӣ доштаанд!

         Ширкати ҳавопаймоиии «Чингиз -Эйр» амал намуда, дар болои пули миллии худ муғулҳо расми Чингизи малъунро наққошӣ кардаанд.Ҳамчунин ордени олии имрӯзаи онҳо ба номи Чингизхон аст.Ҳоло он, ки дар Муғулистони халқӣ номи Сухе-Батор барпокунандаи давлати нави сотсиалистии муғулҳо(Ҷумҳурии халқии Муғулистон) дар соли 1924 маъруф буда , ордени олӣ низ ба номаш буд.Мавзолейи ӯро канда ба ном «демократ»-ҳои нави муғул дар хиёбони Сухе -Батор ҳайкали ин шахси манҳусро гузоштаанд.Ҳоло он, ки давлати аграрию саноатии имрӯзаи мардуми муғулро маҳз инқилобгари бузурги муғул Сухе-Батору маршал Чойбалсан ва дигар ҳамфикронашон барпо намудаанду онро аз истиллои чандинасраи чиноиҳо озод.

           Чингизхон дар сохтани давлати имрӯзаи ин мардум заррае иртибот надорад.Ҳамчунин пайкараҳои хунукаш зеби шаҳру деҳоти Муғулистон гашта, дар мактабҳо ин шахс, ки ҳатто дар вақташ   миллионҳо ҷавонони хуби муғул (ишораҳо аз китоби «Тоҷикон)-и устод Б.Ғафуров-ро ба куштан дар қораҳои гуногуни олам дод чун қаҳрамони миллӣ омӯхта мешавад. Ҳоло он, ки аз амалҳои нангини ин шахс имрӯз чи тавре , ки дар боло ишора намудем як миллати кӯчаки муғул дар олам боқӣ мондааст.Танҳо қабули дини нисбатан прогресивии буддоия ин миллатро 300-400 сол пеш , дар асрҳои 16 ва 17   пурра аз маҳвшавӣ нигоҳ дошт.

          Аз ин рӯ, насли имрӯзаи башарият вазифадор аст, ки аз чунин сиёсатбозиву ифтихори пуч аз чунин «қаҳрамонони миллӣ» канораҷӯӣ намояд.

           Ҳанӯз чанд сол муқаддам устоди зиндаёд Чингиз Айтматов   аз эҳё гаштани номи ин Аҳриман ва Заҳҳоки давраи хеш, пайдо гаштани кӯчаю гулгашту тарабхонаҳо ба номи Чингизхон тариқи расонаҳои даврӣ   бонги изтироб зада буд. Оё боиси тааҷҷуб нест, ки бархе аз собиқ президентҳои кишварҳои пасошӯравии қисмати аврупоӣ , ки кишварҳояшон на камтар аз 400 сол зери юги чингизиён қарор доштанд   дар қасри президенти Муғулистон зери ҳайкали қотили миллати худ   ва башарият ба санадҳои расмии   байнидавлатӣ, зимни сафари давлатӣ имзо мегузоранд?! Куҷост инҷо оини ҷавонмардӣ ва ниёиши гузаштагони хеш! Натиҷаи бепарвоии ҷомеаи байналмилалист, ки имрӯз дар Муғулистон созмонҳои ошкорои «Чингизхон-Гитлер» барин равияҳои неофашистӣ пайдо гашта, ғояҳое пеш гузошта мешавад, ки дар асри 21 Чингизхони навбатӣ дар Муғулистон бояд пайдо шавад!

           Санаи 26-уми августи соли равон аз барномаи «Формула власти» -и шабакаи телевизионии «Россия-24», ки аз тарафи журналисти щинохта Михаил Гусман бурда мешуд муколаммаи мавсуф бо президенти имрӯзаи Муғулистон Халтмаагийн Баттулга намоиш дода шуд.Мана инҷо муколлама оварда мешавад.

         Суоли журналист Гусман:Шумо мӯҳтарам президент муҷассамаи Чингизхонро сохтед, дар ин хусус чи гуфта метавонед?

           Ҷавоби Президенти Муғулистон Баттулга: «Чингизхон шахсияти бузург аст ва дар сохтани муҷассамаи бузурги ӯ расо ду солро сарф кардем.Тибқи «Ёсо» (қонунҳои Чингизхон) пайкараи аспи хон ба сӯи Аврупо нигаронида шудааст, яъне аспҳои муғул Аврупоро фатҳ намудаанд (мантиқан ин маънои онро дорад, ки аспҳои муғул кишвару халқҳои аврупоӣ ва дигар сарзаминҳоро бо аспонашон фатҳу поймол намуда, миллион дастхату китобҳо ва фарҳанги бойи башариятро ба коми оташ ва нобудӣ кашида, миллионҳо инсонро ба таври дахшатнок аз дами теғ гузаронидаанд-шарҳи Варқаи Зайниддин)!

           Соли 1990 халқи муғул роҳи озоду демократиро пеш гирифт ва имконияти эҳёи номи ин шахсияти бузург Чингизхон дар Муғулистон ба миён омад»!

                Ин президенти ба ном демократ ба ҷои шарм доштан аз чеҳраи манфури ҳаммилати хеш, ки ба ғайр аз қатлу куштори башарият, ҳамчунин бо амалҳои нангинаш дар нест шудану қариб аз байн рафтани миллати муғул низ нақши калидӣ дорад, аз амалҳои чунин шахс ва бегуфтугӯ ворисони ҷинояткораш ифтихороти пӯсидаеро чун чормағзи пӯк дар бағал дорад! Ҳоло он, ки танҳо қатли фарзонамарде чун Фариддуни Аттор аз тарафи ин авбошон ба гуфти бародарони рус «Чего стоит» барои тамаддуни башарият!

         Фикр мекунам, ки демократия ин маънои рӯи об овардану эҳё кардану пайкара гузоштану интишор намудани ғояҳо ва кирдорҳои содирнамудаи ашхоси сиёҳи таърихи башарият чун Чингизхон, Темурланг, Гитлеру Муссолини ва Искандару Қутайбаро надорад!

         Дар ин асос агар бар асари амалҳои манфури Чингизхон ва фарҳанги ҷангалии онҳо (урдӯи нимваҳшии ин сифла бо фарҳанги ҷангалии хеш он замон дар бисёр ҳолатҳо гӯшти одамиро низ истеъмол мекард, яъне он вақт байни муғулҳо канибализм ривоҷ дошт), тамаддуни пешрафтаи миллати мо ва дигар халқҳо нест ва олимону миллионҳо инсон аз дами теғ гузаронида намешуд, шояд инсоният ҳавопайморо на соли 1905 балки соли 1505 сохта, ба кайҳон бошад на соли 1961 балки соли 1561 парвоз мекард! Бо ибораи дигар ин шахси нимваҳшӣ ва ҷангалӣ бо ҳаракатҳои ҷинояткоронаи хеш тамаддун ва пешравии ҷомеъаи ҷаҳониро барои на камтар аз 500-600 сол ба қафо партофт! Мана чи маъно дорад фоҷиаи ба сари башарият овардаи Чингизхони алайҳилаъна!!!

         Аз ин рӯ, ҷомеаи ҷаҳонӣ ва алалхусус халқи тоҷик ва Тоҷикистон аз он захмҳои бардоштаи ҷонию маънавӣ, равонӣ ва иқтисодӣ аз дасти даюсе чун Чингизхон ҳуқуқи маънавиеро дорад, ки бо истифода аз минбари баланди СММ, ЮНЕСКО ва дигар созмонҳои байналмилалӣ номи ин шахсу ворисони хунхорашро ба мағори торики таърихӣ дар якҷоягӣ бо халқҳои ҷабрдидаи Аврупо ва Осиё бурда партояд!

           Ин вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост! Дур шудан аз ин воқеаҳо бо гузашти 800 сол маънои онро надорад, ки авлодони мардуми ҷабрдида ин аъмоли нангин, ҳама кори Чингизхони малъун ва модарбахаторо ба фаромӯшхонаи таърихӣ супорида бошад. Баръакс, бо гузашти солҳо, қарнҳо ин захмҳо рӯшантар рӯ хоҳанд зад!

                Аз ин рӯ, пешниҳод дорам, ки аҳли зиёи кишвар дар арафаи 800 солагии ҳуҷуми ин шахси манфур ва қотили авлодонамон ва кулли тухмаи одамизод бетараф набошанд ва барои аз байн бурдани «ин чеҳраи кассифи қатли омми тухмаи одамӣ» чораҳо андешанд!

           Ин масъала бояд то долонҳои СММ, ЮНЕСКО ва ШОС кашида шавад!

                Соли 2019 бояд соли пайваста омӯхтани фарҳанги миллӣ ва таърихи захмҳои Тоҷикистон барои ҳар як тоҷик бошад.

                Мо ҳеҷ гоҳ ин фоҷиаи бузурги ба сари миллати мо овардаи ин малъун ва ворисонашро дар ҳеҷ давру замон нахоҳем бахшид.Фаромӯш намудани ин фоҷиаи миллӣ ва байналмилалӣ гуноҳи нобахшиданиест дар назди миллионҳо куштаҳои бани одамизод, азҷумла бевосита авлодони миллати мо ва сӯхтани ҳазорон шаҳру деҳоти шукуфон ва оташзанию поймолкунии ҳазорон китобу дастхатҳо ва нест намудани фарҳанги мо ва тамаддуни пешрафтаи башарият!

         Инҷо як мисол меорам.Замони вуҷуддошти Иттиҳоди Шӯравӣ дар Қазоқистони шуравӣ хостанд, ки ба номи аввалин кайҳоннаварди муғул Гугурагча кӯчаеро номгузорӣ намоянд, лекин пирамардон ва аҳли зиёи қазоқ ба ин зид баромаданд.Медонед барои чи хонандаи закитаъби ман? Муйсафедони қазоқу зиёиён иброз доштанд, ки кайҳоннаварди муғул шояд инсони хубе бошад, лекин мо қатлу куштори Утрорро то ҳол аз тарафи Чингизхон фаромӯш накардаем (аввалин қатлу куштори мардуми Осиёи Марказӣ аз ҳамин шаҳр, ки имрӯз марзи Қазоқистон аст шурӯъ гашта буд!). Бо ҳамин мақомотҳои ҳизбӣ ва шӯравӣ мӯҳри хомӯширо ба лаб ниҳоданд. Мана инро худшиносии миллӣ ва масъулият дар назди миллат меноманд бародарони азиз, гарчанде, ки дар Қазоқистони имрӯзаи ба ном демократӣ низ баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ашхоси бо номи Чингизхон ифтихорманд муттаасифона пайдо гашта истодаанд!

                Бигузор маҷмаъаи ёди қурбониёни ин фоҷиаи миллӣ дар пойтахт, шаҳри Душанбе пайдо шавад ,то ҷаҳониён аз фоҷиаи азими ба сари миллати мо овардаи ин ҳайвон хабар ёбанд, зеро таърих гувоҳ аст, ки дар ҳеҷ куҷо Чингизу ворисонаш инсонҳоро қатл накардаанд бо он шумораи азиме, ки тоҷик ба қатл расонида шудааст!Бо ибораи имрӯза ин бузургтарин холокости инсонӣ нисбати башарият буд ва бояд бо номи «холокости тоҷикӣ» дар таърих маъруф гардад!

         Худи санадҳои байналмилалии ҳуқуқӣ аз ҷумла Эъломияи ҳуқуқӣ башар ва дигар санадҳои ҳуқуқӣ тарғиби зуроварӣ, генотсид ва шабеҳаи манфури чунин шахсиятҳои дар таърих нақши манфӣ бозидаро маън мекунанд ва ин санадҳо ба манфиати мо амал хоҳанд кард!

         Санаи 9 уми декабри соли 1948 Конвенсия оиди пешгирии генотсид ва ҷазо барои содир намудани он қабул гашта, бо ибораи дигар ба таври расмӣ ин ҳаракати зидди тухмаи одами дар миқёси байналмилалӣ чун ҷиноят эътироф гардид.Дар ҳамин давра санаи10-уми декабри соли 1948 Эъломияи ҳуқуқи башарӣ СММ қабул гашта генотсид чун поймолкунии сахти принсипҳои ҳуқуқи байналхалқҳӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дониста шуд.

          Яке аз масъалаҳое, ки ворисони кишварҳои ба чунин ҷиноятҳо дастзада мехоҳанд ҷиноятҳои ворисони худро пинҳон дошта ва баъдан намоишкорона аз онҳо доҳӣ созанд ин қабул гаштани Конвенсия оиди   пешгирии генотсид ва ҷазо барои содир намудани он ба фикри онҳо хело дер дар соли 1948 аст.

           Аз ин бармеояд, ки «сархӯрони таърих» ва кишварҳои имрӯзаи ворисашон барои аъмоли то соли 1948 гӯё ҷавобгар ва масъули аз байн бурдани номи онҳо низ нестанд ва ин асос барои тарғиби Чингизхону дигар ворисонаш дар сайёраи Замин гашта истодааст.Дар ин асос қонун догма нест ва метавон ба он тағироту илова даровард ва тарғиби доҳиёне чун Чингизхону ҳамтоёни сархӯри ӯро маҳкум карда, номашонро ба фаромӯшхонаи таърих ва ё қаъри ҳоҷатхонаҳо партофт!Зеро тарғиби Чингизхону ӯ барин ҳайвонҳо, худи санадҳои дар ин самт қабулгаштаро бемантиқ мегардонанд ва ахиран неофашизми зуҳуркунандаро дар ин асри нанатехнология ва алоқаи зудраси кайҳонӣ бо тамоми пайомади бадаш рӯи об хоҳанд овард.

       Ҳамин зӯроварӣ, терроризму ифротгароии динӣ низ натиҷаи тарғиби 28 соли охири «корномаҳо»-и Чингизхону Гитлер бар асари аз байн рафтани идеологияи башардӯстонаи зидди чингизию фашистии Иттиҳоди Шӯравист на чизи дигар!

           Тирамоҳи соли 2019 ба ҳуҷуми ғоратгарона ва қатлу куштори Чингизхон ба ватани таърихии мо расо 800 сол пур мешавад ва дар ҳамин асос тирамоҳи имсол низ ба ҳуҷумҳои ғоратгаронаю шурӯъи ҷанги 2- юми ҷаҳон аз тарафи Гитлери лаъин дар соли 1939 низ 80 сол пур мешавад.Тазоди таърихӣ ва хело монандии рақамҳо инҷо ба мушоҳида мерасад хонандаи закитаъби манн.Яъне рақамҳои 800 ва 80!

           Аз замони даҳшотноктарин қатлу куштору зеру забар намудани фарҳанги ҷаҳонӣ бо сарвари Чингизхон то ҷанги нисбатан хурдтари Гитлер дар муқобили башарият ҳамагӣ як рақами «0» намерасад!

         Ки гуфта метавонад, ки ҳеҷ гоҳ мисли Улан-Батор, ки ҳайкали барқади Чингизхон, даҳшатноктари душмани тухмаи инсонӣ дар асри нанотехнология гузошта шудаааст, лоақал баъди 100 сол дар хиёбонҳои Берлин ҳайкали азими Гитлери хунхор пайдо намешавад?!

           Ба андешаи банда ва ибораи «одамизоди шир хом хӯрда» , ҳатман ин амал мисли Чингизхон баъди чанд соле такрор хоҳад шуд.Агар воқеъан ҷомеъаи башарӣ нисбати шуҳадою фарҳанги сӯхтаи худу душманони башарият чунин муносибатро роҳандозӣ намояд!

         Ба фикри каминаи камтарин ҳайкали Чингизхону эътирофи миллии ӯ дар Муғулистони имрӯза ин худ тарғиби ғояҳои зӯроварӣ, одамкушӣ, мубориза барои нест намудани тухмаи башарият(генотсид) аст на чизи дигар.Дар ин асос дигарон аз бемалии ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои вориси ҷабрдидагон маъво гирифта , ҳатман ба хотири қотилон ҳайкал хоҳанд гузошт.Ҳайкали Чингизхон ин худ аллакай шабеҳа, сояи Гитлер дар Олмон ва ҷаҳон аст на чизи дигар!

         Бинобар ин сабаб пешниҳод барои қабули қонунҳои байналмилалии мукаммал сари ин масъала ва тағироту иловаҳо ба санадҳои қабулгашта, ин вазифаи ҳар як инсону ҷомеъаи мадании ҷаҳон аз ҷумла тоҷику Тоҷикистон аст!

           Кишварҳои вориси давлату миллатҳои ҷабрдидаи фоҷиаи Чингизхон аз ҷумла кишварҳои Осиёи Вусто, Афғонистон,Ҳинд, Ирон, Чин, Корея, Покистон, кишварҳои арабӣ, Руссия, Беларус, Украина, кишварҳои Аврупои Шарқӣ вазифадоранд, ки барои пешгирии раванди номатлуби тарғиби бепояи Чингизхон дар назди ҷомеъаи ҷаҳонӣ масъалагузорӣ намоянд ва барои абад номи ин шахсу ҳамтоёнашро чун тимсоли манфӣ ва чеҳраи хунрези таърих аз миён баранд!

         Ин вазифаи имрӯзаи ҳамаи давлатҳост ва бори дигар такрор менамоям, фаромӯш набояд кард, ифротгароӣ, терроризм ва зӯроварии дар гӯшаю канори олами имрӯза ба вуҷуд омада, ба нақши номатлуб ва ҳарақатҳои зишти Чингизхону ёронаш дар таърих сахт алоқаманд аст!

         Ба наздикӣ дар ҳамоиши байналмилии кишварҳои Аврупо дар шаҳри Рига, президенти Юнон Прокопис Павлопулос оиди пайдо гаштани суроби неофашизм дар Аврупо бо изтироби зиёде баромад намуд ва гуфтан мумкин аст, ки масъалаи пайдо шудани чунин ҳаракатҳоизиддибашарӣ ва ҳамчунин пешгирии ин раванди хавфнок кишварҳои аврупоиро ҳоло сахт ба ташвиш овардааст.

     Рӯҳи қурбониёни ин фоҷиаи бузургтарини олам шоду ҷояшон ҷаннат бошад!

     Мо дар назди рӯҳи поку пурармони шуҳадои худ дар он замони пурдаҳшат як умр қарздорем ва иншоллоҳ ҳеҷ гоҳ намегузорем, ки Чингизхону ворисонаш дар саҳфаи таърих чун доҳию шахси тамаддунсоз дарҷ ёбанд!

Варқа Зайниддин,

Ёвари калони прокурори вилояти Хатлон, муовири адлияи дараҷаи 1, Узви ИЖ Тоҷикистон, Аълочии фарҳанг, матбуот, маориф,радио ва телевизиони Тоҷикистон.

(Дар нашрияи «Дунё» ва дигар ҷаридаҳо соли 2018 чоп гаштааст)

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi