02:50:46 20-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Кохман кӣ буд? Чаро даст ба террор зад?

Бурҳон Салмонов, барои «Рӯзгор»

Соли 1980, олмонитабор Кохман, дар идораи Кумитаи нафтрасони Ҷумҳурии Сотсиалистии Шӯравии Тоҷикистон се нафарро бо як хунсардӣ тавассути туфангчаи «Наган» ба қатл расонд. Ин террор дар рӯзи равшан рух дод ва Шӯравиро, ки нав ба Афғонистон лашкар кашида буд, сахт таккон дод.

kokhman 54784545Террори Тоҷикистон ҳукми «махфӣ»-ро гирифт, вале дар шаҳраки Ворошилободи собиқ ноҳияи Колхозобод ин ҳодиса аз даҳон ба даҳон паҳн шуда, мардум ангушти ҳайрат мегазиданд: Кохмане, ки мӯрчаро озор намедод, чӣ тавр се нафарро ба қатл расонд? Сабаби рух додани террор ҳамон вақт аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор зуд ошкору равшан гардида бошад ҳам, вазъи рӯҳонии Кохмани террорист дар се- чор рӯзи қабл аз ҳодиса ба ғайр аз чанд нафар наздикони Кохман дигар ба касе маълум набуд. Ёру дӯстон хуб  медонистанд, ки Кохман барои шарафу ҳифзи номаш ба ҳар амале қодир аст.

Асабоният дошт, аммо дар муошират тамкинро аз даст надода буд. Гурӯҳи ревизорҳои Кумита тӯли як моҳ фаъолияти Базаи нафтрасонро чи хеле, ки хостанд аз «ғалбер» гузаронданд. Мехостанд бо ҳар роҳу воситае, ки набошад камбудиеро «ёфта» Кохманро дар назди роҳбарият сиёҳ карда нишон диҳанд. Кохман ба аксари кормандони Базаи нафтрасон боварӣ дошт; бештари онҳо бо худи ӯ понздаҳ-бист сол дар як ҷо кор карда, ба қавле намакхӯрда ҳам шуда буданд.

Вай на танҳо роҳбари намуна, балки марди сиддиқ буд; хислати оҳанине дошт, ки ҳеҷ гоҳ ришва намегирифт ва бо маоши хубаш, ки наздики ҳаштсад сӯм буд, зиндагии шоҳона дошт. Номи аслиаш Кофман бошад ҳам, мардум ӯро дар муроҷиат ҳамеша «акаи Кохман» мегуфтанд. Кохман забони тоҷикиро хеле хуб медонист.

Аз рӯи нақли одамоне, ки ин марди аҷибро аз наздик мешинохтанд, Кохманро на танҳо дар шаҳраки Ворошилобод, балки дар навоҳии ҳамсоя одамони зиёде мешинохтанду иззату ҳурматаш мекарданд. Эҳтиромаш аз се ҷиҳат буд: аз вазифаи ишғолиаш- директори Базаи нафтрасон, шахси саховатпешаву дасткушод ва панҷ- панҷааш ҳунар. Танҳо мезист, услуби хоси сару либоспӯшӣ дошту ҳар рӯз риш мегирифт.

– Муҷарради миёнасол бошад ҳам,- мегӯяд бобои Аскар, сокини шаҳраки Ворошилобод,- ба ҷинси латиф он қадар майле надошт. Зане бо номи Лилия, аз шаҳри Душанбе, ки вай ҳам олмонитабор буд, моҳе як бор-ду бор меҳмонаш мешуд. –Акаи Кохман аз ҳисоби Базаи нафтрасон дар шаҳрак кӯдакистон ташкил карда, хароҷоташро аз ҳисоби худаш мебаровард. Устои хуб буд, вақтҳои бекориаш радиою телевизорҳои шикастаи мардумро таъмир карда, аз касе як пули пучак талаб намекарду намегирифт…

 Дар он солҳо Базаҳои нафтрасон ҷойи равғанӣ ба ҳисоб мерафт. Дар Кумитаи нафтрасони ҷумҳурӣ диданд, ки Кохман ба касе пора намедиҳад ва хушомад ҳам намегӯяд, аз пайи сабӯкдӯшиаш шуданд. Дар иҷрои вазифааш уҳдабаро ва камбудие надошт; тозакор буд, агар медид, ки касе даст ба фасод задааст, ҳамон соат аз кор мерондаш.

Албатта, чунин одамони тозакор мисли Кохман, ки наздики даҳ ноҳияи минтақаи Қӯрғонтеппаро бо сӯзишворӣ, ки мустақим аз Русия, Қазоқистон ва Туркманистон меомад, таъмин мекард, маъқул набуд. Кохмани узви ҲКИШ аз нигоҳи ҳизбӣ низ шахси принсипнок ба ҳисоб мерафт. Бо вуҷуди чунин сифатҳои волои як роҳбар, борҳо аз муовини раиси Кумита пичинг мешунид, аммо Кохман дарк намекард, ки маҳз ҳамин шахс ӯро бо ҳар роҳу восита аз вазифааш гирифтанӣ асту одами наздикашро ба курсии вай шинонданӣ.

Бинобар он, ӯ моҳи декабри соли 1979 ревизори «ботаҷриба»-ро барои «чаппа» кардани Кохман ба шаҳраки Ворошилобод фиристод. Ревизор ҳар чанд зӯр зад, барои сиёҳ кардани Кохман далеле наёфт. Дид, ки ин фармойиш иҷроношуданист, вай бо сарбухи База забон як карду гузориши сиёҳеро алайҳи Кохман навишта, ба шаҳри Душанбе бармегардад. Кохман ҳис кард, ки ӯро ноҷавонмардона ва бо туҳмат аз вазифа гирифтанианд.

– Ман бо Кохман дӯсти наздик будем,- ба ман нақл кард ҳамон соле, ки ин воқеа рух дода буд, Раҳматшоҳ ном марде, ки дар ноҳияи Қумсангир мудири нуқтаи сӯзишворифурӯшӣ шуда кор мекард,- вай дӯстдори пиво буду ҳамеша маро ба пивонӯшӣ даъват менамуд. Дар хонааш як яхчоли калон дошт, ки даруни он пури шишаи пиво буд. Баъди анҷоми ревизия ба назди Кохман рафтам. Дар кабинеташ танҳою чунон маст буд, ки ҳайрон шудам. Ба ростӣ, бори аввал Кохманро дар ин ҳолати ғайримуқаррарӣ дидам. Бо овози баланд сармуҳосиби База Қурбоновро дашном медод. Дар хотирам ҳанӯз садо медиҳад: «Козёл Курбанов нас предал, но я его так не оставлю…»

Бале, Қурбонови сармуҳосиб, ки аз ҳеҷ чиз камбудӣ надошт, дар гузориш- акти дурӯғини тартибдодаи ревизори Кумитаи нафтрасон бидуни андеша имзо мегузорад. Имзои ӯ дар гузориши дурӯғин тақдири Кохманро ҳаллу фасл мекард. Як ҳафта пеш аз муҳокимаи натиҷаи ревизия Кохманро ба Кумитаи нафтрасон даъват намуда, муовини раис ба ӯ мегӯяд, ки «барои беобрӯй нашудан аризаи аз кор рафтанатро навис». Кохман ревизияро фармоишӣ гуфта, ариза наменависад. Муовин тамасхуромез илова менамояд: «Агар коллегия ба гузориши ревизори ботаҷрибаи кумита бовар накунад, гузориши иловагии сармуҳосибатон Қурбонов кифоя аст, ки вазифаро супоред».

Дар рӯзи муҳокимаи «камбудиҳои Базаи нафтрасони Ворошилобод», аз рӯйи нақли Абдуваддуд ном корманди базаи мазкур, ки дар Кумитаи нафти ҷумҳурӣ баргузор гардид, ҳуҷум аз чор ҷониб алайҳи Кохман буд. Кохман гузоришҳои ироашудро дар ҳаққаш туҳмат хонд ва ягон камбудиро ба гардан нагирифт. Бо вуҷуди ҳамаи ин, ӯро ба қавле аз вазифа сабукдӯш эълон менамоянд. Кохман аз ин беадолатӣ ва туҳмати ноҳақ ақлашро бохт. Ҳангоме ки ҷаласа хатм шуду одамон ният баромаданро намуданд, ӯ бо туфанги дар даст доштааш ҳамаро дошт ва се нафар: муовини раиси Кумита, ревизори кумита ва сармуҳосиби худашро бо номи Қурбонов бо як хунсардӣ паронд. Дид, ки намойишгарони спектакл ҷон бохтаанд, худро низ ба қатл расонид.

Аз ин воқеаи хунину мудҳиш беш аз сӣ сол сипарӣ шудааст. Дар шаҳраки Ворошилободи ноҳияи имрӯзаи Ҷалолиддини Румӣ онҳое, ки бо Кохман кор кардаанд, мегӯянд, ки ин террорро замона, шароити носолими ҷомеа, ки ришваситонӣ ва ёру ошнобозӣ зери парда решаи амиқ давонда буд, ба амал овард. Кохман дар синни бачагӣ, солҳои сиюми қарни гузашта ҳамроҳи волидонаш, ки муҳоҷирони сиёсӣ буданд, аз қисмати Поволжеи Русия ба водии Вахш омада, дар корамсозии водии Вахш саҳми бузурге гузоштаанд. Дар шаҳраки Ворошилобод мазори озодаест, ки мардуми таҳҷойӣ онро «гӯристони немисҳо» мегӯянд. Бале, садҳо олмонитаборҳою русҳо, аз ҷумла волидони Кохман низ дар ин ҷо манзили охирати худро ёфтаанд.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi