04:54:41 23-уми Октябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Октябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Султони қалбҳо дар ёди дӯстон

Адибаи Азиз: ЧИҲИЛ РӮЗИ БЕ СУЛТОНИ НОТАКРОР

Ҷое шунидам, ки вақте инсон бо ҷаҳону ҷаҳониён падруд мегӯяд,то 40 рӯз шамъҳо дар қалби дӯстону дӯстдоронаш фурӯзонанд. Аммо бо гузашти ҳар шаб шамъҳо паиҳам хомӯш мешаванд.

s hamad 32145122222Имшаб охирин шамъ дар гӯшае меларзад, чун ба шамъҳои мурда менигарад, эҳсос мекунад, ки фардо сарнавишти онон ба сараш хоҳад омад.

Бале, азизонаш имшаб барои ҳамеша ба сафари ҳамешагии ӯ билохира тан медиҳанд ва дар муқобили сарнавишт эҳсоси мағлубият мекунанд.

Фардо чил рӯз пур мешавад, ки мо дигар Устодро надорем...
Ва имшаб тасмим гирифтам, ки бо ҷон супурдани охирин шамъи умед хотираҳои худро дар ҳарими шахсиам бикорам. 

Ёдат гиромӣ бод, Султон Ҳамади нотакрор!

Падруди хуршед

Хандаҳояш дар дили мо ҷо гирифт, 
Оташе сар то сари саҳро гирифт. 
Буд тӯфонӣ дигар эҳсоси ман, 
Мавҷҳо аз домани дарё гирифт.

Сода будам, содаи шоирнамо, 
Саркашу мағруру бошарму ҳаё.
Ман будам ошиқтарин шогирди ӯ, 
Духтари рустоии фармонраво.

Қалби Султон дуртар аз кинаҳост, 
Чашмҳояш чашмаи оинаҳост. 
Даштҳои лолазорон сӯхтаст, 
Ёди Султон дар мазори синаҳост.

Шаҳр холӣ гашта бе Султон дигар, 
Рафтааст аз дидаҳо ҷону ҷигар.
Лаҳзаи падруди ӯ бо ин ҷаҳон
Рафтани хуршед буд пеши назар.



sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi