03:47:38 19-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Султони қалбҳо дар ёди дӯстон

Дигар кай мерасад, дида ба дидор?!

Аз он хабари бароям нобаҳангоме, ки гӯшу ҳушамро чун ханҷар харошида буд ва дилам то ҳол дард дорад, моҳе сипарӣ гашт....

s.hamad 5689451245Шояд ин лаҳза, бо ин гуфтаҳоям гуноҳеро бароям боз ҳам зам дорам, аммо.... ҳеҷ наметавонам то ҳанӯз тан бидиҳам ва бовар бикунам, ки нафаре аз дӯстони маҳбуби фейсбукиам, фарде аз олами фарҳангу адаб, ки бе Ӯ ҳусни дунёи маърифатро коста меҳисобаму хеле ба эшон дилбастагӣ доштам, аз мо батамом рафтаанд ва ҳарчанд ҷисму забонам баҳри дуову фотиҳа ҳаракатҳо доранду даст бар дуоям, валек ин қалби зорам, бо тахайюр омодаи саркашӣ аст ва нидо дорад ба сӯям: - "Бале, медонам! Ба ҳеҷ ваҷҳ, ту намехости ногаҳон ба руҳи ин бузургвор ояте хониву бибахшоӣ, дар гӯшаяки хаёлат ҳам набуд, ки ба гумони ту, ин қадар барвақту бемаҳалу бемаврид, ин фарди солимтану ҳамешабаҳор бо ту бидрӯд бигӯяд!...."

Во дареғо!!! Худоё, бубахшо! Бо вуҷуди дороӣ чунин қалби саркаш буданам, ин бандаи гунаҳкорат хуб медонад, ки МО ҲАМА АЗ ТӮЕМ ВА БОЗ БА СӮИ ТУ РАВОНАЕМ!

Дар ин рӯзи ҷумъаи муборак, бо умед ба даргоҳи бекаронат рӯй меорам ва талаб дорам, то манзилу макони Устодро аз фирдавси ҷовидон бигардони!

Дуо мекунам, ғуссаҳо дур бод,

Ки Устод дар бистарӣ нур бод!

Фирдавси Аъзам

PS: Азизонам, шояд лабханде занед ба ин гуфтаҳоям, ки гӯё чизаки ҷадиде мегӯям, аммо боварам кунед, бидуни суханпардозиҳо, вокеан ҳам, марги Устод Султон Ҳамад, ки дидорамон то қиёмат мондаву аз байни мо рафтаанд, бори дигар шахсан тахайюлот ва нигоҳи бандаро ба самте шадид таккон дод.

Хеле даст бар гиребонанд ин суолҳо, ки - чаро дар зиндагиамон ба қадру ҳастии якдигар ба он соне, ки бояд бирасид, намерасему пас аз мурдану рафтан, дар ғаму ҳасрат месӯзему азизаш медорем?!...

Шахсан худи ман чӣ қадарҳо мехостам бо ин шахсияти наҷибу нотакрор, дар ҳаёти воқеӣ рӯ ба рӯ гардам ва аз суҳбату ҳузурашон лоақал муддате баҳра бардорам...

Оҳҳҳ.... Он қадарҳо мутмаинем дар нақшаву пиндорҳои хеш, вале зиндагӣ тақвиму ҷараёни худро доштааст...

Ва дар ниҳоят, бо умеди пойдор гаштани меҳру самимияту қадршиносии ҳамдигар мемонам, дӯстони беҳтар аз ҷонам!

Заррина Бобоева

 

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi