18:51:24 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          
Ошибка
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось
  • Копирование не удалось

Султони қалбҳо дар ёди дӯстон

Дили нозук ва ашки резони падарам

Тақрибан моҳи март буд. Рӯзе дар хона бо падари ширинам нишаста будем, ки аз дар бародарам Субҳидинҷон даромаду бо падар ва модарам аҳволпурсӣ карду нишаст ва ногаҳон телфонашро аз ҷебаш бароварда ба сӯи падарам гуфт. Падарҷон оё шумо суруди Амирҷон Сабурӣ бо номи «Ситораҳои шаҳри мо гум шуда» аст, шунидед? Падарҷон гуфтанд не бачам.

s.hamad_895487412Бародарам Субҳидин гуфт:

- Мехоҳед сурудро монам гуш кунед?

Падарам гуфтанд, бале бачаҷон. Вақте суруд садо дод, бовар кунед чунон падарам аз чашмонашон ашк мерехт, мисли кӯдак ва ман бошам аз ашки падар дилам дам карда аз хона берун шудам то он лаҳзае, ки суруд тамом нашуду падарам ашкашонро пок накарданд, барнагаштам.

Баъди чанд лаҳза даромадам, ки ба сӯяшон нигаристам. Бо ҳамон ҳалимию меҳрубонӣ пурсиданд:

- Чаро баромада рафтӣ бачаҷон?

Гуфтам, ки ин сурудро пештар ман гуш карда будам. Худи ҳамон рӯз зиёда аз чанд маротиба ҳамин сурудро такрор ба такрор мемонданду ашк мерезонданд ва ман бошам ҳар як нигоҳи падарро медидам дар фикр фурӯ мерафтам, ки дар дили падар чӣ фикру хаёле дар гардиш аст, ки баъди шунидани ин тарона ашк мерезанд.

Рӯзе хостам, аз падарам бипурсам, ки чаро инқадар ин суруд бароятон таъсирбахш аст, аммо афсӯс натавонистам суол кунам. Аммо рӯзе барояшон гуфтам, ки падар ман ин сурудро бо аксҳо мехоҳам клип кунам. Аммо аз шумо хоҳиш дорам танҳо бароям баҳои адолатона диҳед. Ман бошам аз ин баҳо худро месанҷам, ки дар кадом ҳолати коргардонӣ қарор дорам. Он кас бошад, аз шудани ин сухан хушҳол шуданд.

Ва баъди чанде ман ин клипро тайёр кардам ва он лаҳзае, ки ман мехостам ҳунарамро намоиш диҳам, то арзёбӣ шавад, амакҳоям ва аммаҳоям ҳама ба аёдати падарам омада буданд. Дар ҳамин сарҷамъӣ ба падарам гуфтам, ки барои супурдани имтиҳон омодаам. Яъне, клип барои тамошо тайёр шуд. Падарам бо ҳамон лабханди барояшон зебанда ва лаҳни шӯхии ҳамешагӣ гуфтанд:

- Хеле хуб. Бубин аъзои жюрӣ ҳам ҳоло зиёд шуданд. Арзёбии ҷиддӣ мешавад. Ва ман медонистам, ки падарҷонам амакҳоямро дар назар доштанд, ки ин замон гоҳ ба ман ва гоҳ ба падарам менигаристанд ва шояд аз худ мепурсиданд, ки ин чӣ имтиҳоне бошад?

Ҳама хомӯш. Сурудро мондам, вақти клип рафтан ман ба ҳама аҳамият медодам, ки чӣ гуна ба диққат тамошо доранд. Мисли ҳамешагӣ аввал падар баъд аммаҳоям ба ашк резондан шуруъ карданд. Хулоса, клип тамом шуд. Аввалин чизе, ки шунидам ин садои қарсақҳои падарам буд ва ба овози баланд садо заданд:

- Офарин, беҳтарин, қанд зан бачаҷон. Аз имтиҳон ба баҳои баланд гузаштӣ.

Ман бошам, баъди шунидани ин суханҳо намедонистам, ки аз хурсандӣ чӣ кор кунам, ҳарчанд пеш аз ин суруд бисёр наворҳо, клипҳо, ҳатто филм сабт карда будам, вале арзёбии падарам ба ин клип аз чӣ бошад, ки бароям хеле пурарзиш намуд. Шояд аз он буд, ки ин таронае саропо дард буд ва ҳар бор падари маро мегирёнд.

Вале асли гап на ин аст, ки худро таъриф кунам ё ҳунарамро. Балки бо таҳияи ин клип м ан тавонистам аз дарди падар аз ашкҳои чашмашон бештар огоҳ шавам. Ҳоло хостам ин наворро аз бойгонӣ берун орам ва ба шумо пешниҳод кунам ва назари шуморо ва маслиҳатҳои шуморо фаҳмам....

Аҳмадшоҳи Султон «Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi