20:52:25 23-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Султони қалбҳо дар ёди дӯстон

Шаҳр холӣ, кӯча холӣ, хона холист, Падарҷон!

Эй падарҷони азизам, карди аз олам сафар,

Соя будӣ бар сари мо, чун дарахти пурсамар.

Бо дуои хайр ёдат мекунем шому саҳар,

Назди Холиқи ҷаҳон, бошӣ ҳамеша чун саҳар.

sultoni hamad 654521328754Падарҷон, исматон ҳамеша рӯи лабҳост, меҳратон ҳамеше рӯи дилҳост. Салом ва дуруд ба руҳи покатон, эй падарҷони азизам, эй оромиши дили фарзандон.

Акнун рӯз то рӯз диламон танг мешавад аз набудани Шумо ва дарди бепадарӣ аз худ ба мо дарак медиҳад. Лек ҳамоно бовар надорем, ки рафтаед. Медонед падарҷон, ҳар вақте, ки дар радио ва ё дар шабакаҳои интернетӣ хотираҳои ширини Шуморо дустонатон ёд мекунанд ва ё садои ширинатро пахш мекунанд, ба Худо қасам, чунон дар ҳаяҷон меафтам, ки давон-давон ба утоқатон меоям, ки хабари хушро мисли ҳамеша бароятон қисса кунаму Шумо бошед, як лабханди ширин бизанед ба рӯям. Аммо сад афсӯс, ки аз дар медароям хонаатон холист, падарҷон. Гумон мекунам, ки ба хонаи дигар даромадам, боз ба дигар дари хона медароям онҷо ҳам нестед. Боз ба сӯи ошхона меравам гумон мекунам, ки дар ошхона ҳастед, лек боз ҳам намебинам...

Шаҳр холӣ, кӯча холӣ, хона холист падарҷон. Вақте дар ягон ҷо Шуморо намебинам, омада ба мизи кориатон нишаста аз кампутаратон аксҳо ва наворҳои видиоятонро тамошо мекунам, то он даме, ки дилам ором гирад.

Қасам ба номи поки Худои меҳрабон, ки ҳеч гоҳ гумон намебурдам, ки аз набудани Шумо ман рози дил мекунаму дарди дили бе Шумо буданро менависам. Ҳамеша гумон мекардам, ки то он даме, ки ҳастам шумо ҳастед, Падарҷони азизу меҳрабонам.

Бисёр орзуҳои маро бо худатон ба хок бурдед. Чӣ орзуҳои ширине дошта бо шумо Падарҷон, лек афсӯс сад афсӯс сарнавишт ҳамин будааст. Акнун ман ки ин қадар дард мекашам ва ба ҳар баҳона ва ба ҳар кор худро саргардон мекунам, ки набудани дарди шуморо ҳис накунам. Сад офарини модарҷонам модаре, ки муддати 45 сол ҳамеша дар баратон буд ва лаҳзае шуморо танҳо намегузошт. Дар ҳар пастиву хушиҳои зиндагӣ ҳамсафаратон буданд.

Ҳеҷ аз ёдам намеравад он рӯзҳое, ки ба кор мерафтед падарҷон, модарам то паси дар шуморо гӯсел мекарданду давида назди тереза мерафтанд, то дубора худоҳофизӣ кунанд ва то бозгаштатон борҳо ба назди тиреза рафта, омданатонро интизорӣ мекашиданд

Имрӯзҳо модари азизу меҳрабонам, фариштаи рӯи заминам, ҳар рӯз чун одати пешин назди тиреза менишинанд, ба гумони он ки Шумо бармегардед.

Ҳар саҳаргоҳ хуршеди хушҷамол бо рангу таровати дигаре ба олам нур мебахшад. Ва шом боз ғуруб мекунад ва ҳама рӯз ҳамин гуна аст. Офтоб ғуруб мекунад ва боз субҳи дигар тулуъ мекунад. Лек афсӯс, инсон, ки ғуруб кард, дигар тулуъ надорад. Падари азизу дилу ғамбарорам рафтеду дигар намеоед.

Ҳар рӯз вақте будед, хона пур аз меҳмону хешу табор буд, рӯзи сафари охирататон чунон назди ҳавлӣ пур аз ёру дӯстон ва хешу табор ва ҳамсояҳо буданд, ки гумон мекардам, ҳама пазмони суханони шаҳдборатон, дидани рӯйи накуятон омадаанд. Вале надидаву ба ёдатон сиришки ашк аз дида мерезанд...

Чанд рӯз пештар олими муътабар, шахсияти донишманд, инсони шариф Ҳоҷӣ Исмоили Пирмуҳаммадзода, ки борҳо шарафи ҳамнишинӣ доштед, ба манзилатон меҳмон шуданд ва ёд карданд. Суханони зиёде гуфтанд ва чӣ ҳарфҳое дар сифати некатон. Аз ҷумла гуфтанд: «Султони Ҳамад, шахси фарҳангӣ буд, зиндагишам фарҳангӣ буд ва ҳатто маргашам фарҳангӣ буд».

Меболам, Падарҷонам, меболам, ки чунин Падар доштаму дорам!

Ёдатон ба хайр!

Аҳмадшоҳи Султон, «Рӯзгор»

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi