Султони қалбҳо дар ёди дӯстон
Исмоил Зарифӣ: Султони Ҳамад рафту дилам хун гашта...
Султони Ҳамад бирафт аз олами дун,
Бо меъдаи пораю ба дарди афзун.
Бо дидаи чор дар раҳи омаданаш,
Биншаста тамоми дӯстонаш маҳзун.
Султони Ҳамад гузашт аз даҳри дудар,
Хуршед фурӯ рафт ба қаъри гили тар.
Дар кунҷи утоқи ӯ ба сад оҳу фиғон,
Гиряд ба забони най китобу дафтар.
Султони Ҳамад чароғи тобон буда,
Равшангари базми аҳли ирфон буда.
Бо чеҳраи бикшодаю қалби испед,
Ободгари қалби парешон буда.
Султони Ҳамад рафту дилам хун гашта,
Ду дидаи ман чу рӯди Ҷайҳун гашта.
Гуфтам, ки даме шодии идона кунам,
Дар синаи ман ғам аз нав афзун гашта.