02:11:26 17-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Султони қалбҳо дар ёди дӯстон

ДАР СӮГИ СУЛТОНИ ДИЛҲО - СУЛТОН ҲАМАД

Adiba Aziz 2019Адиба Азиз:

Султон намон, ки хонаи ту ҷустуҷӯ шавад,

Султон нарав, ки боиси сад гуфтугӯ шавад.

Коре бикун, ки боз биёӣ ба ҷамъи мо,

Коре макун, ки дидани ту орзу шавад...

 

Khayrandesh 2019Хайриддин Хайрандеш:

Султон Ҳамад, ки ҳамд ба ҳафтод пушти ӯ,

Нашнид ҳеҷ одаме ҳарфи дурушти ӯ.

Ӯ рафту монд дидаву дилҳо чи хунчакон,

Ё Раб, варо ба равзаи ҷаннат бидеҳ макон!

 

Надид ӯ дар ҷаҳон инсони бадро,

Адабро ҷусту пайдо кард абадро.

Бихонам " Қул ҳуваллоҳу аҳад" - ро,

Худо раҳмат кунад Султон Ҳамадро!

 

Rustam Vahhob 2019Рустам Ваҳҳоб:‎

Хабар омад, ки Султони Ҳамад рафт,

Напурсидам куҷову то чи ҳад рафт.

Чу тобон буд аз ӯ нури илоҳӣ,

Худо хоҳад ба Фирдавси абад рафт.

 

Abduvohidi Jabborpur 2019Абдувоҳид Ҷабборпур:

Дареғу дод Султони Ҳамад рафт!

Зи гардуни сухан як наҷм кам шуд.

Дар ин гармии фасли офтобӣ,

Тамоми дидаҳо борони нам шуд.

 

Зи сӯги шоирон пайваста нолид,

Зи дида ашки ғам бориду борид.

Ба рӯзи реҳлати Бозори Собир,

Ҷабинашро ба хоку санг молид.

 

Адо шуд мардуми чашмаш зи гиря,

Худашро ғарқа дар дарёи нам кард.

Ба рӯзи дафни Мӯъмини Қаноат,

Ду чашмонаш зи гиристан варам кард.

 

Ҳамеша дар бару паҳлӯи мо буд,

Ду чашми барқсонаш сӯи мо буд.

Дар ин дунё умеди дидани ӯ,

Ягона орзуи рӯи мо буд.

 

Ғами олам ба дӯшаш бор гардид.

Ҷаҳон дар пеши чашмаш тор гардид.

Зи хории Ватан, пайваста гирйид,

Ба чашмаш ғунчаву гул хор гардид.

 

Ба олам буд ӯ султони дилҳо,

Ҷаҳон то дар дилаш якрӯза раҳ буд.

Зи хории Ватан хобаш намебурд,

Шабу рӯзаш зи ғам тору сияҳ буд.

 

Тиҳӣ ҷояш кунун дар маҳфили мо,

Шуда ҷояш абад андар дили мо.

Зи маргаш гиряҳои зор дорад,

Дару девору бому манзили мо...

 

Aziz Sangin 2019Азиз Сангин:

Зи Султони Ҳамад то бар абад осор хоҳад монд,

Асар дар хотиру дар дил ва дар афкор хоҳад монд.

Ба лаб бонги азон, дар мағзи ҷон оҳи ҳазорон рафт,

Ки то як ҷони бедорест, ӯ бедор хоҳад монд...

 

Мирзо Кенҷаев:

Ҳарчанд зи мо бирафт Султони Ҳамад,

Султони дилу дидаи мо мемонад!

 

Умедҷон Иноятов: Ба Ёди Шаҳи аҳли қалам Султон Ҳамад

Азизе аз олам дар ин шоми тор,

Бибаст рахт бар ҷониби Кирдугор.

Сухандону суханпардози пуркор,

Буди Султон Ҳамад марди накӯкор.

Ба ёдаш ашк аз чашмони мо рехт,

Дили мо гашт решу қалб хуншор.

Муҳибу ҳамдилу ҳамсӯҳбате рафт,

Аз-ӯ мондан боқи ҳарфи биёр,

Китобу дафтараш бошад нишона,

Барои мо чу роҳи фикру пайкор,

Буди ӯ муршиди комил ҳабибон,

Ба зикри Ҳақ буду бо ёди он Ёр.

Тариқи Нақшбанди роҳи ӯ буд,

Зи илми Авлиёуллоҳ хабардор.

Даруни Ҷаннатул-Фирдавси гулзор,

Илоҳо соз макони ин бузургвор.

Шаҳи аҳли қаламро мағфират кун,

Илоҳи ту Раҳим астию Ғаффор.

Халили бандагонастию Раҳмон,

Каримию, Ҳалимастию Саттор,

Зи луфти раҳматат, Ҳақ баҳравар кун,

Зи ҳавзи кавсарат гардони саршор.

 

Исфандиёри Назар:

Оре, ҳамаро роҳ ба сӯи адам аст,

Аммо адами аҳли басират ситам аст!

Султони вилояте бимирад, ғам нест,

Ғам - мурдани Султони сариру қалам аст!

 

Исмоил Зарифӣ: Султони Ҳамад рафту дилам хун гашта...

ismoil-zarifi 652211221Султони Ҳамад бирафт аз олами дун,

Бо меъдаи пораю ба дарди афзун.

Бо дидаи чор дар раҳи омаданаш,

Биншаста тамоми дӯстонаш маҳзун.

 

Султони Ҳамад гузашт аз даҳри дудар,

Хуршед фурӯ рафт ба қаъри гили тар.

Дар кунҷи утоқи ӯ ба сад оҳу фиғон,

Гиряд ба забони най китобу дафтар.

 

Султони Ҳамад чароғи тобон буда,

Равшангари базми аҳли ирфон буда.

Бо чеҳраи бикшодаю қалби испед,

Ободгари қалби парешон буда.

 

Султони Ҳамад рафту дилам хун гашта,

Ду дидаи ман чу рӯди Ҷайҳун гашта.

Гуфтам, ки даме шодии идона кунам,

Дар синаи ман ғам аз нав афзун гашта.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi