19:19:21 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Султони қалбҳо дар ёди дӯстон

Ҳуриннисо Ализода: Падруд, ай инсони покизарӯзгор

“Султони қалбҳо”. Иборае, ки корбарони шабакаҳо ба устод Султони Ҳамад нисбат доданд. Ва рӯзҳое, ки пайвандон мотам доштанд, ин ибора борҳо чархид. Моро ҳам хуш омад. Ва дар ҳақиқат устод Ҳамад он султоне буданд, ки қалбҳоро шефтаи худ карда. Пазируфтем, ки ин номи рубрикаи нави мо дар сомона бошад.

s.hamad h.alizoda-2019

Ҳуриннисо Ализода: Падруд, ай инсони покизарӯзгор

Султоне, ки инак барои охирин шаб меҳмони рӯйи замин асту дӯстон дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо муҳаббат " Султони қалбҳо"- яш хондаанд, аз бародарони соҳибэҳтироми мост.

Дареғу сад дареғ, ки ин лаҳазот ӯ Султони ғамҳост, Султони андӯҳи дили мост.

Султони журналистика, Султони пажӯҳишгар, Султони дӯст ва инсонро ҳам аз даст додем.

Фардо ӯро ҳам ба хок месупорем. Дар рӯйхати дарози қалбшикани мо қаламкашон исми як журналисти дигар ҳамчун "фавтида" сабт мешавад. Ин номгӯй, боз дарозтар мегардад.

Акси зебои Султон Ҳамад бори охирин ба рӯйи мо баъди сараш механдад. Механдад то моро бигирёнад. Оҳ чи қадар гиристам имсол. Дина ид надоштам, оши соли домоди фарзандқатории ҷавонмаргамро додем. Имрӯз боз як андӯҳи дигар домангирамон шуд.

Ҳамин нисфирӯзӣ хабари бемории ин бародарро шунидаму ( аз фейсбук хондам) ба дил тасмими аёдаташ ба сар андешаи чӣ бемор гаштанаш, баъди чанд соат хабари пурсӯзи марги ҷонсӯзаш қалбамро ба дард овард.

Хотираҳои неки ошноӣ бо ин марди некномро дар ёд варақгардон кардам. Ҷуз накӯйӣ ва сиришти пок дигар гарде, ғуборе наёфтам, то андаке худро аз ғами реҳлаташ сабукӣ бибахшоям.

Акаи Султон. Ҳамон бародаре, ки замони абитуриентӣ бори нахуст дар факултаи филологияи тоҷик( ки ҳамон сол хатмаш карда буд) дидамашу нигоҳи пурмеҳри бародаронааш, то охирин дидор тағйир нахурд.

Ҳамон чашмони аз ғояти адаб ва имондорӣ поёнаш, ки ҳини сӯҳбат гӯё шарм медошт, ҳамон табассуми ноаён, ҳамон овози марғуладори пуртавозун, ҳамон андешаҳои поку орӣ аз риёву ғараз ва ҳамон самимият.

Ба бахти баланди ман чанде моро шарафи ҳамкорӣ ҳам насиб гашта буд.

Боре навишта будам ҳам (дар кадом табрикоти зодрӯзияшон), ки сабаби ба редаксияи газетаи " Роҳи ленинӣ" ба кор рафтанам ҳам мусоидати ӯ, ки он замон афсари амниятӣ буду бо шавҳарам ҳамкор, буд.

Баъд дар мессенҷер навишт, ки:"хоҳарам намакпосдор будаӣ. Фикр мекардам, ки инро фаромӯш кардаӣ. Вале..."

Вале ману акаи Султон боре ҳам дар ин бора ҳарфе ба ҳам нагуфта будем. Аммо ман медонистам ва дар дилам ин хидматашро қадр мекардам. Ҳамчуноне ки устод Шоҳмузаффар Ёдгорӣ доимо изҳори сипос мекард, ки хайрият дӯсташ Султони Ҳамад журналисти хуберо барояш тавсия додааст.

Бо нахустин имконият замоне, ки ӯ ниёзманди ҷойи коре буд, ин " қарз"- ро баргардонидам. Ӯро ба кор ба ҳайси котиби масъул даъват даъват кардам.

Вале ҳамон тарзе ки ӯ ҳис накунад, ки ин подоши ҳамон некист. Баръакс гуфтамаш, ки:" ...ака, ба дастгириятон барои номдор шудани маҷалла ниёз дорам". Ӯ низ бо камоли майл пазируфт.

Ӯ баъди чанде аз ҳамкорӣ бо мо бо ихтиёри худ рафт. Ва мо чун дӯстони дерин боқӣ мондем.

Дар ҳар маҳфиле маро медид, ҳатман саломуалайк ва сӯҳбат мекардем.

Акаи Султон , ки маъмулан ҳама нишастҳои журналистӣ ё фарҳангиро аккосӣ мекард, ҳатман акси маро алоҳида аз наздик мегирифт. Шояд садҳо сурати ман дар архиви ӯ маҳфуз бошанд.

Боре гуфта буд, ки аксҳои зиёде дораму Худо хоҳад, ягон албоми калонеро бароят тӯҳфа мекунам. Насиб набудааст.

Чанде аз саҳифаҳои фейсбук дур буд, фикр мекардам серкор аст ё боз пажуҳише андармонаш карда.

Аз касе ҳам хабари бемориашро нашунидем. Инак дар як рӯз ду хабар ва ахирӣ мудҳиштар аз аввалӣ .

Дидорҳо ба қиёмат монд, бародари худобиёмурзам.

Султон Ҳамаде, ки Аҳмад Зоҳири маҳбубро барои тоҷикистониён маҳбубтар карда буд. Султоне, ки Алмоси Шарқро дар Тоҷикистон тобноктару пурҷилотар намуда буд.

Султоне, ки барои ҷашни милоди ин овозхони мумтоз чи даву тозҳое, ки намекард.

Султоне, ки ба номи хотири ҳунари асил ва ҳунарманди беназир чи заҳматҳое намекашид.

Вале тавонист, ки мухлисони тоза ба тозаи ин марди абадномро бешу бештар созад. Меҳри ӯро мудаввомтар гардонад.

Тақрибан 3 сол муқаддам, рӯзе акаи Султон зангам заду гуфт:" Ҳуриннисо, табрикат мегӯям, дар як китоб дар Афғонистон мақолаат дар бораи Аҳмад Зоҳир нашр шуд. Китоб дастрасам , ки шуд, бароят меорам". Ман ки қариб ҳамасола дар зодрӯзи Аҳмад Зоҳир матлабе менавиштам, аз ин хабар шод гаштам.

Акаи Султон гуфт, ки ин мақолаи ҳамин соли охир навиштаат аст. Вале ман дигар он китобро ҳам дастрас накардам. Ҳар боре ёдам меомад, ба худ мегуфтам, ки ин дафъа акаи Султонро бинам, китобро мепурсам.

Оҳҳҳ фалак, мо чи дидорҳову чӣ гуфторҳоро ба мавқуф мегузорем, бехабар аз онем, ки шояд ин охирин дидор бошад.

Бори охирин акаи Султонро дар сафорати Афғонистон дар ёдбуди Аҳмадшоҳи Масъуд дида будам. Чанд аксе ҳам ба ёдгор гирифта буду ин дидор ҳам барои охирин бор.

Вале аз куҷо медонистем, ки дигар дидани ин чеҳраи самимӣ насиби мо нахоҳад шуд.

Султон Ҳамад инсоне, ки зиндагии шоиста ва сарбаландона дошт.

Инсоне, ки хеле озод буд ва рӯҳи инқилобӣ дошт, аммо дар зоҳир марде буд пуртамкин ва хоксор.

Ман ӯро ҳеҷ гоҳе бо дасти холӣ надидаам. Ҳамеша дар даст рӯзнома ё китобе дошт. Солҳои охир дар ҷувздонаш, ки ҳамеша пурбор буд, рӯзномаи шахсиаш "Рӯзгор"-ро ҳамроҳ дошту ба мо тақдим мекард.

Баъдан дастгоҳи аккосӣ сари китфаш дар маҳофили мардумони бо хирад пайдо мешуду ҳамеша акс мебардошт. Шояд беҳтарин инсонҳо ва лаҳзаҳоро ӯ сабт кардаву ба ёдгор гузошта?

Ва ҳамон чашмони пур аз муҳаббату пуриффаташро бо дурбини аккосӣ пинҳон мекард.

Гӯё аз мо занҳо шарм медошт. Ҳатто аз мани хоҳараш.

Инак, ман дар ин нисфишабӣ ба ёди ин бародарбузургам ашк мерезам. Ёд меорам аз замони ҳамкориҳову дӯстиҳомон. Аз замоне, ки дар паҳлӯям будани ӯ чун як такягоҳи боътимоде буд. Зеро дӯсти ҷавонмард, муаддаб, оқил, ориф ва донишманде доштам.

Акнун ман ин чеҳраи бомуҳаббату ин чашмони пуррози шармгинро ёд мекунам, вале дигар онҳо барои абад пӯшидаанд.

Ёдат ба хайру руҳат шод бод, Султони қалбҳои дӯстон.

Ҷоят дар фирдавси барин бод, бародари гаронқадрам Султон Ҳамад.

Манзили охиратат фарроху рӯшан бод, ай зиёии вақеӣ!

Ай қаламкаши хушном, ай ҳамкасб ва устод.

Падруд, ай инсони покизарӯзгор...

ШАРҲОИ ЗЕРИ ИН СӮГНОМА

Наргис Расулова: Чи хуб навистед, Х,уринисо. Дар х,ак,ик,ат марди ботак,вою боимоне буд. Инро аз нигох,аш метавонисти пай бари. Як шарме, як самимияте, як тамкине, тарзи гуфтори ба худ хосеро дошт.

Сафар Айюбзодаи Махзун: Афсӯс, дер кардем... Дина матлаби Мухторҷонро хондаму равонаи манзилашон шудам. Омадани мехмон сабабгори насиб набудан ба дидори вопасин бо ин бародари биҳиштӣ будааст... Ташаккур Ҳуринисо, ки дӯстамонро бо чунин самимият ёд кардӣ. Некиҳо, фариштахисолиҳои Султонҷон дар қиссаҳову достонҳо намеғунҷанд. Намунаи оливу волотарини ИНСОН ҳо буданд! Ёдашон ба хайр!

Firuza Sharifova: Фалак фарзонагонро куштанат чист? Руҳашон аз мову шумо шод бошад

Абдурахмон Хонов: Худованди бузургу беназир рахмату шоистаи чаннат намояд устодро!!!

Саломиддин Мирзорахматов: Бо танаффус хондам дафъаи сеюм ба итмом расондам. Зеро оби чашм намегузошт,ки дар як нафас то охир хонам. Султонро аз замоне ки у хабарнигори радиои вилояти Кургонтеппа буд мешинохтам. Зиеии асил буд. Сад дарег. Худо рахматаш кунад!

Сатториён Мирсаид Хайрулло: Дилам хун шуд. Боз як Хуршед моро тарк гуфт. Султони қалбҳо, султони маҳфилҳо Султони Ҳамад рафт.

Зарина Бабаева Худоё! Чи хабари гушхарошу чонгудозест, бароям ин субх(((



Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi