08:16:01 19-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Султони қалбҳо дар ёди дӯстон

Бозтоби даргузашти Султон Ҳамад дар матбуоти кишвар ва хориҷ аз он

 

Даргузашти ҷонсӯзи журналист, нависанда, пажӯҳишгар ва шоири маъруф Султони Ҳамад дар саҳифаҳои матбуоти чопиву электронии кишвар ва хориҷ аз он бозтоби густардае доштааст. Чунончӣ, “Фергана News” истинодан ба хабаргузории Азия – плюс навишт: “Дар пойтахти Тоҷикистон журналист Султон Ҳамад дар синни 68-солагӣ оламро тарк кард.

mumin-qanoat-sulton-hamad-786

Муддати ҳашт моҳи охир вай аз саратони меъда ранҷ мекашид. Ҳамад яке аз фаъолтарин ширкаткунандагони гуфтушунидҳои сулҳи тоҷикон аз ҷонби Иттиҳоди неруҳои оппозитсион буд, ки билохира ин муколамаҳо ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар поён доданд. Дар яке аз мусоҳибаҳояш дар мавриди фароҳам овардани шароитҳои оташбас дар ҷумҳурӣ вай мегӯяд:

“Мо бо ҷанговарони мусаллаҳи мухолифон вомехӯрдем, ба онҳо дар бораи нақшаҳои қатъи амалиётҳои ҷангӣ мегуфтем. Ин хеле муҳим буд, чун ҳамеша баъди гуфтушуниди навбатӣ дар бораи оташбас ва тавофуқ сари он иғвое сурат мегирифт ва боз оташи ҷанг забона мезад. Комиссияи мо дар ҳайати 8 нафар муддатии шаш моҳ фаъолият намуд. Ба мо муяссар шуд, ки корҳои азимеро миёни ҷанговарони мухолиф роҳандозӣ кунем. Ва дар ҳақиқат аз охири соли 1996 дигар амалиёти ҷангие рух надод, иғвое пеш наомад, ба истиснои амалҳои фармондеҳони ҷудогонае, ки ба ҳеч тарафе итоат намекарданд. Ҳарду ҷониб хабари имзои муоҳадаи сулҳоро ба хушнудӣ истиқбол карданд. Бори аввал умед зинда шуд ва мардум ба ояндаи нек бовар карданд”.

“Sputnik” навишт, ки Султони Ҳамад-адиб ва журналисти шинохта дар синни 68-солагӣ дар манзили худ воқеъ дар шаҳри Душанбе аз олам бирафт. Гуфта мешавад, ки ҳанӯз тобистони соли 2018 табибон дар бадани Султони Ҳамад саратони меъдаро кашф карда буданд.

Пойгоҳи хабарии centralasian.org дар гузориши муфассали худ аз ҷумла навишт: “Моҳи феврали соли 2005 Султони Ҳамад дар Кобул ба ҳайси хабарнигори радиои “Озодӣ” фаъолият мекард ва дар кори озод кардани ду марзбони тоҷик, ки қочоқчиёни маводи мухаддир ба асорат гирифта буданд, ҳисса гузошт. Вай ҳамчунин шоҳиби бевосита ва ширкаткунандаи маросими ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эъто шудани ордени “Қаҳрамони миллии Афғонистон – Аҳмадшоҳ Масъуд” буд, ки ҳамон сол шоҳи собиқи Афғонистон Муҳаммад Зоҳиршоҳ дар Кобул тақдим намуд. Баъди анҷоми маъмурият Султони Ҳамад ба Тоҷикистон баргашт ва муддате чун шореҳи радиои Озодӣ дар дафтари он кор кард ва сипас, пойгоҳи хабарии “Рӯзгор”-ро таъсис дод.

Радиои Озодӣ дар гузориши ботафсили худ аз маросими ба хок супурдаи устод Ҳамад навишт: Султони Ҳамад, хабарнигор ва шореҳи шинохтаи тоҷик, ки дар 68-солагӣ даргузашт, рӯзи 7-уми июн дар оромгоҳи "Сари Осиё"-и Душанбе ба хок супурда шуд. Ӯ дар замони шӯравӣ ба воя расида, шоҳиди ҷанги хонагии тоҷикон ва хидматгузори фарҳангу ҳунар буд. Хешовандонаш ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Султони Ҳамад шоми 6-уми июн дар хона ва дар миёни фарзандону наздиконаш ҷон додааст. Фарзандаш Аҳмад гуфт, Султони Ҳамад гирифтори саратони меъда буд ва тайи 8 моҳи ахир аз ин беморӣ ранҷ кашидааст.

Хабарнигори шинохтаи тоҷик дар охири солҳои 90-ум сухангӯи Комиссияи оштии миллӣ, як ниҳоде буд, ки тарафҳои даргирро ба ҳам овард ва роҳҳои хотима додан ба ҷанг ва ба кишвар баргардонидани паноҳҷӯёни тоҷик аз хориҷро баррасӣ мекард.

Ин радио аз қавли ҳунарманди маъруфи кишвар Нуруллоҳи Абдуллоҳ овардааст:  "Даргузашти Султони Ҳамад зарбае ба фарҳанг дар Тоҷикистон аст. Ӯ аз зумраи афроде буд, ки рафтораш намунаи ибрат барои ҳазорон нафар аст."

Padida.tj менависад: Марҳум хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) буда, дорандаи нишони “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва барандаи Ҷоизаи ба номи Пайванди Гулмуродзода мебошад.

Султони Ҳамад 3-юми апрели соли 1952 дар ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара) дар оилаи хизматчӣ ба дунё омада, давоми умри 68 солаи худ ба ҳайси омӯзгор, хабарнигор ва корманди амният фаъолият кардааст.

Муаллифи китобҳои “Аҳмад Зоҳир-султони қалбҳо”, “Дар сӯҳбати соҳибдилон”, “Пайванди Аҳмад Зоҳир бо Мавлавӣ”, “Аз Ардашер то шери Панҷшер”, “Низоъ, терроризм ва рисолати хабарнигорон”, “Аҳмад Зоҳир ва мусиқии Ғарб”, “Дар пайраҳаи нур” ва ғайраҳо мебошад.

Бисёре аз хабаргузориҳои дохилу хориҷи кишвар, аз ҷумла ҳафтаномаи “Фараж”, пойгоҳҳои гуногуни хабарии интернетӣ дар гузоришоти худ роҷеъ ба саҳифаҳои гуногуни ҳаёти Султони Ҳамад матолиби арзишманде интишор додаанд. Аз ҷумла, иқтибосоти зиёде аз мусоҳибаҳои марҳум дар солҳои мухталиф дар бораи терроризм, хатари он ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон овардаву аз ӯ чун як таҳлилгари воқеъбин ёд кардаанд.

Ғайр аз ин дӯстон, ҳамқаламон, шогирдони устод Ҳамад ёдпораҳое дар саҳифаҳои иҷтимоӣ киштаанд, ки дар мавриди худ аз онҳо дар сомона ёд хоҳем кард.

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi