13:30:47 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 26

 

 

НИЗОМНОМАИ Комиссияи Оштии МиллӢ

 

 

 

I. Мулоҳизаи умумӢ

 

ustod nuri1.Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э,Ш.Раҳмонов ва Роҳбари Иттиҳодияи нерӯҳои оппозисиони тоҷик С.А.Нурӣ бо дарназардошти манфиатҳои олии халқҳои Тоҷикистон бо мақсади ноил гардидан ба сулҳи босубот ва ризоияти миллӣ дар мамлакат дар бораи таъсиси Комиссияи Оштии Миллӣ (минбаъд «Комиссия») тасмими сиёсӣ гирифтанд ва бо ин мақсад 23 декабри соли 1996 дар Маскав Созишнома ва Протокол имзо намудаанд.

 

2.Вазифаи Комиссия ҳалли маҷмӯи проблемаҳои вобаста ба оштии миллӣ мебошад. Комиссия бояд муво-фиқатномаҳоеро амалӣ созад, ки дар ҷараёни музокироти тоҷикон ба даст омадаанд, вай бояд ба фароҳам сохтани фазои боварӣ ва ҳамдигарбахшӣ мусоидат намояд, муколи-маи густурдаи нерӯҳои гуногуни сиёсии мамлакатро ба хотири истиқрор ва таҳкими ризоияти шаҳрвандӣ дар То-ҷикистон ба роҳ монад.

 

3.Комиссия мақоми муваққатӣ буда, барои давраи гузариш ташкил карда мешавад. Вай фаъолиятиашро баъди даъвати парламенти  нав ва ташаккули мақомоти роҳбари-кунандаи он қатъ менамояд. Комиссияи Оштии Миллӣ фаъо-лияташро баъди ду ҳафтаи имзои Протокол оид ба масъалаҳои низомӣ ва сиёсӣ оғоз хоҳад кард.

 

II. Ҳайат ва масъалаҳои тартиби фаъолияти Комиссия

4. Аъзои Комиссия бо шумораи баробар аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи нерӯҳои оппозисиони тоҷик тайин карда мешавад. Комиссия аз 26 нафар иборат мебошад. Ба Комиссия раиси он – намояндаи Иттиҳодияи нерӯҳои оппозисиони тоҷик роҳбарӣ мекунад ва як нафар меовин дорад ва он намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. (Ҳайати шахсии Комиссия 10 рӯз пеш аз оғози фаъолияти он эълон карда мешавад.) Роҳбарон ва аъзои Комиссия ба таври доимӣ кор мекунанд ва тарафайн онҳоро ба истиснои шароите, ки иҷрои вазифаи онҳоро имконнопазир мегардонад, бозхонда наметавонанд.

 

5. Комиссия аз чор зеркомиссия иборат хоҳад гашт:

 

 а) оид ба масълаҳои сиёсӣ;

 б) оид ба масълаҳои низомӣ;

 в) оид ба масъалаҳои муҳоҷирон;

 г) оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ.

 

Ба Комиссия ҳуқуқ дода мешавад, ки дар мавриди зарурат комиссияҳои дигари иловагӣ ташкил намояд, онҳоро мутаҳҳид созад ё барҳам диҳад. Ҳар зеркомиссия раиси худро интихоб менамояд. Зимнан ба ду зеркомиссия намояндагони  Ҳукумат ва ба ду зеркомиссияи дигар намояндагони Иттиҳодияи нерӯҳои оппозисиони  тоҷик роҳ-барӣ мекунанд. Комиссия дар мавриди зарурат мақомоти корӣ – гурӯҳҳои коршиносон, дафтари матбуот ва ғ ташкил менамояд. Комиссияҳои муштарак, ки дар ҷараёни музокироти тоҷикон ташкил карда шуда буданд, мақомоти кории Комиссия мегарданд,  

 

6. Ҷаласаи Комиссия дар мавриде босалоҳият ба ҳисоб меравад, ки дар он камаш аз се ду ҳиссаи аъзои Комиссия иштирок намоянд. Масъалаҳои муҳим бо роҳи овоздиҳии консенсус ҳал карда мешаванд. Дар сурати баъди 10 ҷаласа натиҷаи дилхоҳ надодани чунин тартиби овоздиҳӣ раиси Комиссия тартиби қабули қарорҳоро роҷеъ ба масъалаҳои муҳим муайян менамояд. Масъалаҳои тартиби фаъолияти Комиссия бо роҳи овоздиҳии оддӣ ҳал карда мешаванд. Иҷрои қарорҳои қабулнамудаи Президент ва Комиссияи оштии миллӣ барои мақомоти ҳокимият ҳатмист.

 

III.  Вазифа ва салоҳиятҳои Комиссия

7.  Вазифа ва салоҳияти КОМ ба тариқи зайланд:

 

- танзими пешниҳодҳо барои ворид кардани тағйирот ба қонунҳо дар бораи фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ҷунбишҳо ва воситаҳои ахбори умум.

 

Президент ва Комиссияи Оштии Миллӣ дар давраи гузариш вазифа ва салоҳиятҳои зеринро анҷом медиҳанд:

 

- ба райъпурсии умумихалқӣ вогузоштани пешниҳодҳо дар бораи тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи ҷорӣ;

 

- таҳия ва ба тасдиқи Президент, ирсол намудани қонуни нав дар бораи интихоботи Парламент ва мақомоти намояндагии маҳаллӣ, дар сурати лозима ба раъйпурсии умумихалқӣ вогузоштани ин қонун;

 

- дар давраи гузариш ташкил додани Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ;

 

- ислоҳи ҳукумат ва тариқи ворид кардани намояндагони оппозитсия (ИНОТ) дар сохторҳои ҳукумати иҷроия, шумули вазоратҳо, идораҳо, мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ бо риояи таносуби саҳми тарафайн дар Комиссияи Оштии Миллӣ ва бо дарназардошти усули намояндагӣ аз маҳалҳо;

 

Роҳбарӣ ва назорат ба барҳам додан, халъи силоҳ ва реинтегратсияи дастаҳои мусаллаҳи оппозитсия, амал кардан барои ислоҳи сохторҳои қудрат ва мақомоти додситонӣ;

 

- назорат ба иҷрои табодули комили асирону маҳбусон ва озод кардани шахсоне, ки зӯран боздошт шудаанд;

 

- қабули Санади ҳамдигарбахшӣ, таҳияи Қонуни авф, ки бояд аз ҷониби Парламент ва Комиссияи Оштии Миллӣ қабул карда шавад;

 

Танзимимеханизмитабдилиҷунбишҳоинизомиюсиёсӣбаҳизбҳоисиёсӣ;

 

Ба баррасии Парламент вогузоштани пешниҳод дар барои вақти баргузории интихоботи Парламенти нави касбӣ таҳти назорати СММ, САҲА ва бо иштироки кишварҳои нозир дар Музокироти бийни тоҷикон.

 

IV. Кафолати амният

8. Аъзои Комиссия мақоми дахолатнопазирӣ доранд. Ҳукумати Ҷмуҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи нерӯҳои оппозисиони тоҷик ба таъмини амният ва дахолатнопазирии аъзои Комиссия ҳангоми иҷрои вазифаҳояшон ва фориғ аз вақти кор кафолат медиҳанд. Аъзои Комиссияро барои фаъолияти то узви Комиссия интихоб шуданашон, ҳамчунин барои фаъолияташон ба сифати узви Комиссия дастгир кардан, ҳабс намудан ва ба суд додан мумкин нест. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дахолатнопазирии биноҳои маъмурӣ ва истиқоматие, ки дар онҳо аъзои Комиссия ва аҳли оилаҳои онҳо кору зиндагӣ мекунанд, кафолат медиҳад.

 

Ҳукумат дар таркиби Вазорати амният барои таъмини амнияти аъзои Комиссия ва оилаҳои онҳо бо миқдори баробар аз намояндагони Ҳукумат ва ИНОТ дастаи махсусе иборат аз 80 нафар ташкил медиҳад.

 

V. Маҳалли исти Комиссия

9. Комиссия дар пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри Душанбе ҷойгир мешавад.

 

VI. Таъминоти моддию техникии фаъолияти Комиссия

10. Хароҷоти марбут ба таъмин ва фаъолияти КОМ (маош, алоқа, нақлиёт ва ғайра) аз ҳисоби буҷети давлатӣ мувофиқи сметаи махсус маблағгузорӣ мешавад.

 

VII. Тартиботи инъикоси фаъолияти Комиссия

11. Дафтари матбуоти Комиссия бо мақсади мусоидат ба раванди оштии миллӣ, эҷоди фазои боварӣ ва ҳусни тафоҳум конфронсҳои матбуотӣ ва бринфингҳо ташкил намуда, прессрелиз ва бюллетенҳо нашр мекунад. Воситаҳои ахбори умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳодияи нерӯҳои оппозисиони тоҷик фаъолияти Комиссияро мунтазам инъикос менамоянд.

 

VIII. Нақши СММ ва САҲА дар мусоидат ба кори Комиссия

12. Мувофиқи Протоколи 23 декабри соли 1996 дар Маскав баимзорасондаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Роҳбари Иттиҳодияи Нерӯҳои Оппозисиони Тоҷик фаъолияти Комиссия дар ҳамкории ҳамҷониба бо Намояндагии нозирони СММ ва Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад. намояндаи махсуси Дабири кулли СММ ва Намояндагии нозирони СММ дар Тоҷикистон ба Комиссия барои ба роҳ мондани фаъолияти он кӯмаки машваратӣ дода, ҳамчунин мусоидати дигар, ки имкон дорад дар ваколатҳои ояндаи он пешбинӣ шавад, хоҳад расонд. Қарорҳои Комиссия дар масъалаҳои марбут ба фаъолияти Намояндагии нозирони СММ дар Тоҷикистон дар машварат бо Намояндаи махсуси Дабири кулли СММ қабул карда мешаванд.

 

Президенти                                  

Ҷумҳурии Тоҷикистон           

Э.Ш.Раҳмонов                                    

 

С.А.Нурӣ

Роҳбари Иттиҳодияи

нерӯҳои оппозисиони тоҷик

 

Намояндаи махсуси Дабири Кулли

СММ  Г.Д.Меррем

 

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/sulh-oshti-vahdat/4540-said-abdullo-nuri-oshtinoma-26.html

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi