14:23:41 05-уми Октябри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Октябр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 25

 

 

П Р О Т О К О Л

 

Дар бораи вазифа ва салоҳиятҳои асосии

 

Комиссияи Оштии Миллӣ

 

ustod nuriБо оғози марҳилаи сифатан нави дарёфти сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон тибқи Созишномае, ки миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов ва Роҳбари Иттиҳодияи Нерӯҳои Оппозисиони Тоҷик С.А. Нурӣ ба имзо расидааст, тарафайн тасмим гирифтаанд, ки Комиссияи Оштии Миллиро дар давраи гузариш таъсис бидиҳанд. Вазифаҳои асосии Комиссия иборат аст аз дарёфти оштии миллӣ бо роҳи татбиқи мувофиқатномаҳое, ки дар ҷараёни музокироти байни тоҷикон ҳосил шудаанд, ба вуҷуд овардани фазои эътимод ва ҳамдигарбахшӣ, ба роҳ андохтани муколимаи густурда бо нерӯҳои мухталифи сиё-сии кишвар ба хотири истиқрор ва таҳкими созиши шаҳр-вандӣ дар Тоҷикистон.

 

Бо ин мақсад ба зиммаи Комиссия гузошта мешавад:

 

- танзими механизми назорат ва таъмини иҷрои созишномаҳои истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар мамлакат тавассути тарафайн дар якҷоягӣ бо дигар мақомоте, ки бо ин мақсад таъсис ёфтаанд;

 

- андешидани чора барои бозгашти бидуни хавф ва шарофатмандонаи муҳоҷирон, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти ҷамъиятиву сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат, расонидани кӯмак дар барқарорсозии манзилҳои истиқома-тӣ, муассисаҳои саноативу кишоварзӣ, ки бар асари ҷанг хароб шудаанд;

 

- танзими пешниҳодҳо барои ворид кардани тағйирот ба қонунҳо дар бораи фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ҷунбишҳо ва воситаҳои ахбори умуми.

 

Президент ва Комиссияи Оштии Миллӣ дар давраи гузариш вазифа ва салоҳиятҳои зеринро анҷом медиҳанд:

 

- ба райъпурсии умумихалқӣ вогузоштани пешниҳодҳо дар бораи тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи ҷорӣ;

 

- таҳия ва ба тасдиқи Парламент, ирсол намудани қонуни нав дар бораи интихоботи Парламент ва мақомоти намояндагии маҳаллӣ, дар сурати лозима ба раъйпурсии умумихалқӣ вогузоштани ин қонун;

 

- дар давраи гузариш ташкил додани Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ;

 

- ислоҳи ҳукумат аз тариқи ворид кардани намояндагони оппозитсия (ИНОТ) дар сохторҳои ҳукумати иҷроия, шумули вазоратҳо, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ бо риояи таносуби саҳми тарафайн дар Комиссияи Оштии Миллӣ ва бо дарназардошти усули намояндагӣ аз маҳаллҳо;

 

- роҳбарӣ ва назорат ба барҳам додан, халъи силоҳ ва реинтегратсияи дастаҳои мусаллаҳи оппозитсия, амал кардан барои ислоҳи сохторҳои қудрат ва мақомоти прокура-тура;

 

- назорат ба иҷрои табодули комили асирону маҳбусон ва озод кардани шахсоне, ки зӯран боздошт шудаанд;

 

- қабули Санади ҳамдигарбахшӣ, таҳияи Қонуни авф, ки бояд аз ҷониби Парламент ва Комиссияи Оштии Миллӣ қабул карда шавад;

 

- танзими механизми табдили ҷунбишҳои низомию сиёсӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ;

 

Ба баррасии Парламент вогузоштани пешниҳод дар барои вақти баргузории интихоботи Парламенти нави касбӣ таҳти назорати СММ, САҲА ва бо иштироки кишварҳои нозир дар музокироти байни тоҷикон. Иҷрои қарорҳои аз ҷониби Президент ва Комиссияи оштии миллӣ қабулшуда барои мақомоти ҳукуматӣ хатмист.

 

Фаъолияти Комиссяи Оштии Миллӣ дар ҳамкории наздик бо Намояндагии нозирони СММ ва Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.

 

Комиссияи Оштии Миллӣ  баъд аз даъвати Парламенти нав ва ташкили мақомоти роҳбарикунандаи он фаъолияти худро қатъ мекунад.

 

Ин Протокол таркибии Созишномае мебошад, ки рӯзи 23 декабри соли 1996 аз тарафи Э.Ш.Раҳмонов, С.А.Нурӣ ва Г.Д.Меррем ба имзо расид.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Э.Ш.Раҳмонов

 

Роҳбари Иттиҳодияи

нерӯҳои оппозисиони тоҷик

С.А.Нурӣ

 

Намояндаи махсуси

Дабири Кулли СММ

Г.Д.Меррем

23 Декабри соли 1996

 

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/sulh-oshti-vahdat/4488-oshtinoma-25.html

 

 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi