17:10:08 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

САИД АБДУЛЛОҲИ НУРӢ: «ОШТИНОМА» - 18

Ҳамин тариқ ба таври қонунӣ роҳ барои фаъолияти сиёсии он аҳзобе, ки дар асоси дин ва ё мазҳаб созмондиҳӣ мешаванд, ҳамвор карда шуд. Вале Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон ҳанӯз ҳам наметавонист шурӯъ ба фаъолият бикунад. Зеро ҳанӯз ҳам Қарори Суди Олии ҶТ аз 21 июни соли 1993 дар бораи манъи фаъолияти аҳзоби шомили ИНОТ, аз ҷумла Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон лағв нашуда буд. Ин ҳодисаи фарахбахш танҳо баъди он, ки роҳбарияти ИНОТ рӯзи 3 – уми августи соли 1999 дар бораи пароканда, аниқтараш шомили сохторҳои қудратии ҳукумат шудани нерӯҳои мусаллаҳаш эъломия пахш кард, ба вуқӯъ пайваст.

 

Рӯзи 12 августи соли 1999 Президиуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 4 Г- 8 – 99 «Дар бораи лағв кардани манъи фаъолияти Ҳизби Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, Созмони Растохези Тоҷикистон, Созмони «Лаъли Бадахшон» - и Тоҷикистон ва иҷозати ба фаъолият шурӯъ кардани онҳоро баровард. Дар ҳамин қарор Президиуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ӯҳдадор намуд, ки мувофиқи тартиби муқарраршудаи қонун шаҳодатномаи бақайдгирии аҳзобу созмонҳои мазкурро баргардонад. Инак ба таваҷҷӯҳи шумо матни қарори мазкурро пешкаш менамоем:

 

Қарори № 4 Г – 8 – 99

 

Президиуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президиуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирозномаи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои шаҳрвандии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 – июни соли 1993, ки дар асоси он фаъолияти ҳизби Демократии Тоҷикистон, ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, созмони мардумии Расто-хез ва созмони «Лаъли Бадахшон» дар сар то сари қалам-рави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудаанд, мавриди баррасӣ қарор дод.

 

Эътирознома бо мақсади бекор намудани қарори мазкури суд марбут ба иҷрои шартҳои Протоколи Созиш-номаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон тартиб дода шудааст.

 

Президиуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷаев А.И., хулосаи ҷонишини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабов Ш.Б. – ро, ки ба эътироз розӣ шудааст, шунида:

 

ҚАРОР КАРД:

Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди қарор дар бораи фаъолияти ҳизбу созмонҳои номбурда ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуд. Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои шаҳрвандии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 1993 қарор кардааст: Фаъолияти ҳизби Демократии Тоҷикистон, ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, созмони мардумии Растохези Тоҷикистон ва «Лаъли Бадахшон» дар сар то сари қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуда, вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳодатномаи сабти номи онҳоро мусодира намояд.

 

Дар эътирознома дар мавриди бекор намудани қарори суд ба хотири иҷрои шартҳои Протоколи Созишномаи умумӣ дар бораи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ масъала гузошта шудааст. Президиуми Суди Олӣ маводи парвандаҳоро омӯхта, далелҳоро мавриди тафтиш қарор дод ва қонеъ гардонидани эътирозномаро дар асосҳои зерин салоҳ медонад:

 

Ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиъат-номаи Раиси Комиссияи Оштии Миллӣ ва ҷонишини ӯ оиди бекор намудани манъ ва маҳдудиятҳо дар фаъолияти ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсие, ки ба ҳайати ИНОТ шомиланд, инчунин васоити ахбори умум расид.

 

Мувофиқи банди 4 Протоколи масъалаи сиёсӣ миёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш.Раҳмонов ва раҳбари ИНОТ С.А.Нурӣ аз 18 маи соли 1997 баъди ба анҷом расидани марҳалаи дуюми протоколи масъалаи низомӣ манъу маҳдудиятҳои фаъолияти ҳаракату ҳизбҳои сиёсии шомили ИНОТ бояд бекор карда шавад.

 

Мувофиқи зербанди «в» - и банди 5 – и Протоколи масъалаи низомӣ аз 8 марти соли 1998 дар марҳалаи дуюми ҳамоиш, халъи силоҳ ва парокандакунии дастаҳои низомӣ роҳбари ИНОТ бояд расман парокандакунии дастаҳои низомии тобеъи ИНОТ – ро эълон намояд.

 

Тавре, ки маълум аст, 3 августи соли 1999 раҳбарияти ИНОТ расман декларатсияи парокандашавии дастаҳои низомии худро эълон дошт ва оиди ин масъала қарори Комиссияи Оштии Миллӣ қабул карда шуд.

 

Бо назардошти он, ки шартҳои дар ду протоколи дар боло қайд гардида аз тарафи ИНОТ иҷро карда шуданд ва ИНОТ ӯҳдадор шудааст, ки дар чаҳорчӯбаи Конститут-сия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мувофиқи меъёрҳо ва замонатҳои Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллии кишвар ва банди 12 Протоколи созишномаи байни Ҳукумат ва ИНОТ аз 17 июни соли 1999 фаъолият мекунад, зарур мешуморам, ки қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои шаҳрвандии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси он фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ ва ҳаракатҳои шомили ИНОТ қатъ карда шудаанд, лағв эълон карда шавад.

 

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи қонунгузории ҷорӣ ба ҳизби Демократии Тоҷикистон, ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, созмони мардумии Растохези Тоҷикистон, созмони «Лаъли Бадахшон» - и Тоҷикистон шаҳодатномаҳоро оиди сабти номи онҳо бозгардонад.

 

Дар асоси ин гуфтаҳо ва бо назардошти моддаи 35 Кодекси шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президиуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

ҚАРОР МЕКУНАД:

Қарори коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои шаҳрвандии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июни соли 1993 оиди аз байн бурдани ҳизби Демократии Тоҷикистон, ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, созмони мардумии Растохези Тоҷикистон, созмони «Лаъли Бадахшон» - и Тоҷикистон дар сар то сари қаламрави Тоҷикистон лағв карда шавад.

 

Фаъолияти ҳизби Демократи Тоҷикистон, ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, созмони мардумии Растохези Тоҷикистон, созмони «Лаъли Бадахшон» - и Тоҷикистон дар сар то сари қаламрави Тоҷикистон ичозат дода шавад.

 

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадор карда шавад, ки мувофиқи тартиби муқарраршудаи қонун шаҳодатномаи бақайдгирии аҳзобу созмонҳоро баргардонад.

 

Раиси Президиуми Суди Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон, У.Давлатов     

11 августи соли 1999 шаҳри Душанбе

 

(идома дорад)

Адресидоимиимаводимазкур: http://www.ruzgor.tj/sulh-oshti-vahdat/3413----lr-18.html



Шарҳҳо   

 
+2 #1 Guest 13.11.2010 02:02
Hizbi kommunist oe faoliyatash man nabud to in vaqt ??????????????
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi