11:35:09 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2016 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

АКБАРШОҲ ИСКАНДАРОВ: «МО БО ТУРКМАНИСТОН МУШКИЛЕ НАДОРЕМ»

Гуфтугӯи хабарнигори мо бо Акбаршоҳ Искандаров, собиқ раиси Шӯрои олӣ ва нахустин сафири Тоҷикистон дар Туркманистон.

/images/stories/2013/01/28_akbarsho-iskandarov-280113.jpg20 сол пеш ду ҷумҳурии собиқ Шӯравӣ ва ҳоло Осиёи Марказӣ - Тоҷикистону Туркманистон муносибатҳои дипломатии худро ба роҳ монданд. Дар ҳарду кишвар сафоратҳо ба кор даромаданд ва расман равобити ду кишвар ба роҳ монда шуд. Дар ин рӯз мо бо Акбаршоҳ Искандаров, аввалин сафири Тоҷикистон дар Туркманистон сӯҳбате оростем ва нахуст аз ӯ пурсидем, ки марҳилаи кунунии равобити ду кишварро чӣ гуна арзёбӣ мекунад.

Ӯ гуфт, "тайи 20 сол муносибатҳои мо бо Туркманистон хуб буданд, мушкили хосе набуд. Аммо имрӯз иқтисоди бозорӣ аст ва маҳз иқтисоди бозорӣ имрӯз имкон намедиҳад, ки мо бо Туркманистон тарҳҳои муштарак дошта бошем. Чанд мисоли оддӣ. Туркманистон омода аст ба мо нерӯи барқ ё газ диҳад, аммо мо харида наметавонем, зеро Узбакистон намегузорад. Маводи сӯхт дорад, аммо мо дар як ҳаҷми хеле хурд онро ворид мекунем.

Муштарии маводи сӯхти Туркманистон хеле зиёд аст. Муносибатҳои сиёсии мо ҳам он қадар дуруст ба роҳ монда нашудааст, зеро мо асосан ин гуна муносибатҳоро бо ҳамсояҳоямон ё кишварҳои узви ИДМ (СНГ) дар доираи Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё, Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) ё Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ба роҳ мемонем, ки Туркманистон узви онҳо нест, кишвари бетараф аст."

-Чанде қабл Ислом Каримов, раисиҷумҳури Узбакистон, ба Туркманистон сафар карда буд ва ахирӣ аз мавқеи аввалӣ дар масъалаи нерӯгоҳи Роғун ҳимоят кард. Оё ин ба равобити ду кишвар халал расондааст?

-Ҳеҷ гоҳ халал расонда наметавонад, зеро он изҳорот як изҳорот ва ба хотири наранҷондани меҳмон буд. Албатта, об агар кам шавад, Туркманистон ҳам зарар мебинад, аммо на ба он дараҷа, ки Узбакистон тасвир мекунад. Ба ҳар ҳол, онҳо ҳам намехоҳанд, ки Роғун сохта шавад ва манфиатдоранд, ки об зиёд ё басанда бошад. Сиёсат ҳамин аст. Ҳар кас бояд манфиати худро ҳимоя кунад.

-Бо ин вуҷуд, чаро ҳамеша раҳбарон дар сатҳи расмӣ аз бародариҳо сӯҳбат мекунанд ва умуман муносибатҳои ду кишвару ду миллат хуб аст, ҳарчанд манофеъ ҳастанду иқтисоди бозорӣ ва Роғун?

-Мову туркманҳо, қабл аз ҳама ба он хотир мухолифати ҷиддие надорем. Ба назари ман, ин қабл аз ҳама ба он хотир аст, ки мо аз ҳамдигар дуртарем. Ҳам ба он хотир ки дар гузашта, ҳатто пеш аз давлати Шӯравӣ дар як давлати муштарак бо ҳам зиндагӣ доштем. Ҳамзистиҳо мо таърихи хеле дурудароз дорад.

-Шумо замоне сафир будед, ки дар Тоҷикистон ҷанги дохилӣ буд ва Сафармурод Ниёзов, ё Туркманбошӣ Туркманистонро раҳбарӣ мекард. Вақте бо ӯ вомехӯрдед, чӣ мегуфт? Масалан, бархе раҳбарони минтақа як ҷонибро бар ҷониби дигар тарҷеҳ медоданд. Ӯ чӣ мегуфт?

-Ниёзов тоҷиконро зиёд дӯст медошт. Эҳтироми вижа дошт. Ҳарду ҷонибро эҳтиром мекард. Дар ёд дорам, соли 1993-94 дигар кишварҳои минтақа – Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон мехостанд барои ҳалли қазияи Тоҷикистон як баталён ташкил кунанд, аммо Ниёзов розӣ нашуд. Вай гуфт, ин кори хато аст ва ин корро накунед. Гуфт, ман кӯмак мекунам, аммо на бо қувваи низомӣ. Вай гуфт, тоҷикон худ халқи хирадмандтарини минтақа ҳастанд ва худ медонанд, ки чӣ кор кунанд. Аз ин хотир, ягон нерӯе ба Тоҷикистон нафиристод.

-Бархе ҳам бар ин назаранд, ки дӯстии Душанбеву Ишқобод аз мухолифати онҳо бо Тошканд шурӯъ мешавад. Ин дуруст аст?

-Вақте марзи муштарак ҳаст, мухолифат ҳам ҳаст. Узбакистон бо кадом кишвари ҳамсояаш муносибатҳои хуб дорад? Бо ҳар яке як мушкил дорад ва ҳам мехоҳад лидери минтақа бошад, ки ба дигарҳо маъқул нест. Дигар ин ки дар Тошҳавзу Чорҷӯ як қисмати аҳолӣ узбакҳоянд ва аз ин эҳсоси хатар ҳаст. Аммо равобит дар сатҳи ҳамсоядорӣ аст. Ҳар чӣ набошад, бояд хуб бошад, лоақал бад набошад. Дӯстии онҳо ба хотири мухолифатҳои мо бо Узбакистон нест. Аммо он сатҳе, ки бо мо муносибат доранд, бо Узбакистон надоранд.

-Яъне, ҳоло метавон гуфт, ки равобити Тоҷикистон бо Туркманистон беҳтар аст, дар қиёс бо муносибатҳояш бо дигар кишварҳои ҳамсоя?

-Бале, ин ҳам ба он хотир ки ҳарду кишвар ягон мухолифат надоранд. Мо бо дигарон сари ину он масъала ягон мушкил дорем, аммо бо туркманҳо на.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi