17:44:24 14-уми Ноябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30  

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

"ИТТИҲОДИ КИШВАРҲОИ ИДМ, БА ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКИСТОН ТАҲДИД НАМЕКУНАД"

Эҳёи Иттиҳоди Шӯравӣ, ки ахиран Ҳиллари Клинтон аз талошҳои Маскав дар таъсиси он ҳушдор дод, "ғайривоқеӣ" аст, гуфтанд дар Тоҷикистон.

/images/stories/2012/12/08_qasri-millat-081212.jpgДар ҳоле, ки мақомоти расмии Тоҷикистон аз изҳори назар дар ин бора худдорӣ карданд, маҳофили коршиносӣ, нигарониҳои Амрикоро дар ин бора беасос арзёбӣ хонданд. Суҳроб Шарипов, вакили парлумони Тоҷикистон аз ҳизби ҳокими ҲХДТ, изҳороти Ҳиллари Клинтонро як зарбаи назариявӣ ё лафзии Амрико ба Русия арзёбӣ кард ва гуфт, ки ин аз мавқеъгириҳои хоси Русия дар баробари Сурия ва кишварҳои Араб сарчашма мегирад.

Шарипов мегӯяд, ин изҳорот бахше аз бозиҳои геополитикии Русия ва Амрико аст, ки муносиботашон тайи чанд моҳи охир сард шуд ва талош доранд дар пасманзари он, кишварҳои дигарро низ ба фазои бозиҳои худ ҳамроҳ кунанд: «Талоши ба бозиҳои худ кашидани кишварҳои минтақа аз ҷониби Амрико ва Русия, ҳам аз нигоҳи сиёсӣ ва ҳам аз нигоҳи геополитикӣ, нодуруст аст.»

Шарипов мегӯяд дар шароити мавҷудаи буҳронҳои молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ, кишварҳо кӯшиш мекунанд, канори ҳам бошанд. Ӯ ташкили Иттиҳоди гумрукӣ ва Иттиҳоди АвруОсиё дар ҳудуди собиқ Шӯравиро  қобили дастгирӣ хонд ва, таъкид кард, ки ин раванд ба мустақилияти кишварҳое, амсоли Тоҷикистон таҳдид надоранд.

Шарипов ба фарқияти сиёсатҳоии Амрико дар минтақаи Осиёи Миёна ва ИДМ аз сиёсатҳояш дар дигар нукоти ҷаҳон ишора кард ва гуфт дар ҳоле, ки ин давлат аз ҳамоиши кишварҳои Аврпуо ва давлатҳои Араб пуштибонӣ кардааст, аммо аз иттиҳоди давлатҳои Осмиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ мекунад.

Шаби гузашта Котиби Давлатии Амрико Ҳиллари Клинтон дар ҳошияи нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узви САҲА бо ишора ба нақшаҳои Маскав дар таҳким ва амиқрафти робитаҳои иқтисодӣ бо ҳамсояҳояш гуфт, ки Русия талош дорад зери номҳои дигар, ба мисли Иттиҳоди гумрукӣ ё Иттиҳоди Авруосиё, Шӯравии пешинро таъсис диҳад. Клинтон таъкид, ки Амрико ба амалӣ шудани чунин тарҳҳо роҳ нахоҳанд дод.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ низ иттиҳоди чанд кишварро манфӣ намедонад, дар сурате ки агар дар он манфиатҳои миллӣ ба назар гирифта шаванд. Оқои Кабирӣ дар сӯҳбат бо мо Иттиҳодияи Аврупоро мисол овард, ки як абарқудрат аст, вале ҳеҷ гоҳ Амрико онро ҳамчун рақиб ва ё хатар барои худу мардуми ин  минтақа  таллақӣ намекунад:

«Пас чаро робитаҳои наздиктари кишварҳои пасошӯравӣ ҳамчун хатар ё падидаи манфӣ қабул шавад. Масъала дигар  мешавад агар иттиҳод ба хотири дифоъ аз манфитаҳои геополитикии  як кишвари нисбатан қавитари минтақа ташкил мегардад. Дар ин сурат воқеан ҷойи нигаронӣ ҳаст. Вале агар инҳо дар атрофи арзишҳо ва манфиатҳои умумӣ муттаҳид шаванд, ҷойи нигаронӣ надорад, балки баръакс шояд мардуми минтақа ҳам дунболи интеграсияи бештар бошанд. Бахусус, дар масъалаи аз байн бардоштани виза, монеаи гумрукӣ, рафту омад ва ғайраҳо.»

Ба андешаи Қосими Бекмуҳаммад, таҳлилгари тоҷик, тасаввури он, ки Русия метавонад, Шӯравиро дубора эҳё бикунад, ғайриимкон аст. Зеро дар Русия барои расидан ба ин ҳадаф тамоюли ҷиддӣ вуҷуд надорад ва ҳам ин давлат омода нест, ки мисли Шӯравии собиқ барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ҳазина ва харҷҳои миллиондолларӣ бикунад.

Ҷаноби Бекмуҳаммад нигаронии Амрикоро дар ин замина қабл аз ҳама ба рақобатҳои геополитикии миёни Вашингтон ва Маскав дар фазои кишварҳои ​​Шӯравии собиқ марбут медонад. Ӯ мегӯяд, «ин кишварҳо дар тӯли 20 сол мазаи истиқлолро чашидаанд ва бахусус нухбагони ҳоким дигарбора алоқаманд ба он нестанд, ки зери чатри истиқлоли Русия аз баҳри мустқилияти худ бигузаранд. Бахусус кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ниёзманди кӯмакҳо ва сармоягузории хориҷиянд.Талошҳои Русия  ҳам дар заминаи эҷоди Иттиҳоди гумрукӣ-фазои воҳиди иқтисодиву тиҷорӣ ва Иттиҳоди Авруосиё ба хотири он аст, ки дар муқобили афзоиши нуфузи иқтисодӣ ва молии Чин ва ҳамчунин нуфузи амниятӣ ва ба ҳадди қобили таваҷҷуҳи низомии Амрико ва НАТО дар Осиёи Марказӣ битавонад аз манфоеи калони худ бештару беҳтар ҳимоят бикунад.»

Таъсиси Иттиҳоди Авруосиё соли гузашта аз ҷониби  Владимир Путин, сарвазири вақти Русия ва акнун президенти ин кишвар пешниҳод гардид. Он замон Путин  ҳадафро на эҳёи Иттиҳоди Шӯравӣ, балки ҳамгироии зичтари иқтисодии кишварҳои пасошӯравӣ унвон карда буд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi