01:36:19 19-уми Июли 2019 сол
ХАБАР:
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014


Qissahoi hijrat - 2015
 
1-Ruzgor_Plast_2016.jpg
 

Тақвим

<< < Июл 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

АБДУЛМАҶИД ДОСТИЕВ: “ДОНИШМАНДОНИ ТОҶИК РУСИЯРО ОБОД МЕКУНАНД”

Сафири Тоҷикистон дар Русия тавофуқоти ахир миёни Тоҷикистон ва Русия дар мавриди муҳоҷиратро ба суди муҳоҷирони тоҷик дар он кишвар хонд.

/images/stories/2012/10/08_abdumalikdostiev-081012.jpgАбдулмаҷид Достиев, ки дар рӯзҳои сафари Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар Тоҷикистон ба Душанбе омада буд, мегӯяд, ки ин тавофуқот Фаъолиятҳои  шаҳрвандони тоҷикистониро дар Русия осон мекунанд ва ба муҳоҷирон имкон медиҳад, ки Фаъолиятҳои беҳтареро дар он кишвар пайдо кунанд.

Ҳамчунин ба гуфтаи оқои Достиев шуморе аз донишмандони арсаи мухталифи тоҷик бо Фаъолиятҳои  судманди хеш кишвари Русияро обод мекунанд.

Ҳамкорамон Заринаи Хушвақт бо оқои Достиев мусоҳиба кард ва нахуст аз вай пурсид, ки Фаъолиятҳои  аслии масъулони сафорат дар қиболи муҳоҷирон чи будааст?

Фаъолиятҳои  мо танҳо марбут ба муҳоҷирон дар Русия нест ва мо бо тамоми масоиле, ки ба шаҳрвандони тоҷикистонӣ дар Русия пеш меояд, вай фарқ надорад, ки муҳоҷир аст ва ё саёҳ (ҷаҳонгард), бо ҳамаи онҳо сару кор дорем.

Ба ҷуз аз ин сиёсатҳои ду ҷониба, яъне миёни Тоҷикистон ва Русия пеш мебарем, вале масъалаи асосӣ ҳаёти мардум аст. Ин мулоқот яке аз мушкилоти буду бошӣ мардуми моро, на танҳо марбути муҳоҷирон, балки тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русияро беҳбуд мебахшад.

-Аз суҳбатҳое, ки мо хабарнигорон бо иддае аз муҳоҷирони тоҷик дар Русия кардем, шуморе аз онҳо аз он шикоят карданд, ки ба ҳангоми дарёфти бархе аз мадорик аз масъулони сафорати Тоҷикистон дар Русия бо мушкилоти зиёде, аз ҷумла ситонидани сармояи изофӣ аз ҷониби кормандони сафорат рӯбарӯ мешаванд. Лутфан бигӯед, ки ин шикояти муҳоҷирон, яъне ситонидаи пул аз онҳо аз сӯйи кормандон дар сафорат ҷо дорад ё хайр?

-Ҳамаи он чизе, ки мардуми мо мегӯянд, дуруст аст. Зеро мо барои кори шаҳрвандон дар он ҷо ҳастем, на ин ки онҳо барои мо, дуруст мегӯянд, гилашон ба ҷо аст. Лекин он чи ки ба гирифтани чизе аз касе рабт дорад, барои ин мақомотҳо ҳаст. Ба ғайр аз ин баъзе аз корҳое, ки кормандони сафорат мебаранд таҳти назорати шахсан ман анҷом мешавад.

-Яке аз мушкилоти умдаи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ин масоили амнияти онҳо дар он кишвар аст. Лутфан бигӯед, ки дар ин замина сафорат дар як соли ахир чи корҳоеро анҷом додааст?

-Пеш аз ҳама ташаккур ба ҳукумати Тоҷикистон ва қабл аз ҳама ба Президенти кишвар, ки чанд ниҳодҳои нав, ойиди кор бо муҳоҷирони корӣ, ҳамояти ҳуқуқи онҳо, назорати ҳаёти онҳоро дар канори сафорат дар Русия фаъъол кард ва ҳамчунин идораи давлатии муҳоҷират дар Тоҷикистонро таҳти раёсати Сафеъуллоҳ Девонаев ташкил карданд, ки кори хубе дар Русия дар навоҳии мухталифи он кишвар роҳ андохтанд.

-Бо созмонҳои ғайридавлатии марбут ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия, сафорат чи ҳамкориҳое дорад?

-Ҳамкориҳои хуб дорем, бахусус бо он созмонҳое, ки тибқи қонуни кишвари сукунат, яъне дар ҷаҳорчӯби қонуни Русия амал мекунанд. Яъне аз қайди давлатӣ гузаштаанд ва ойинномаҳояшон тасдиқ шудааст, дар асоси қонунҳои кишвари сукунат амал мекардагӣ бисёр муносибати зиҷ дорем, сафорат ҳамкорӣ мекунад ва ба ҳар кадоми аз онҳо кормандони сафорат, аз ҷумлаи мушовирони ман вобаста ҳастанд.

-Вале бархе аз созмонҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия худро мухолиф ба шумо медонанд, бо онҳо чи муносибате доред?

-Бархе аз созмонҳое ҳастанд, ки тавре, ки дар мулоқоташон ҷаноби президент гуфтанд, баъзе аз ташкилотҳое, ки бо қонуну меъёрҳои буду бош дар Русия муносибати хуб надоранд. Ва аз рӯйи қонунҳои он кишвар амал намекунанд ва ин иттилоъотро мо дорем. Барои ҳамин намешавад, ки фаъъолияти созмона Суди олии Русия (додгоҳи олии Русия) манъ кунад ва сафорат бо онҳо ҳамкорӣ кунад.

Бо ҳамаи созмонҳои расмӣ дар Русия ҳамкории хуб дорем. Ва дар миёни онҳо олимону намояндаҳои тиб ва илму фарҳанге, ки дар он кишвар ҳастанд, мутаъассифона ё хушбахтона гӯям, ки бисёре аз ин донишмандони фозили мо он кишварро имрӯз обод мекунанд. Аз ҳисоби ин афрод, ки намояндагони минтақаҳои мухталифи Русия ҳастанд, мо Шӯрои ҷамъиятии назди сафорат таъсис додем, ки ҳар сари вақт бо ҳам мулоқот мекунем ва бар асоси ин ҷаласаҳо бо ширкати онҳо, дар мавриди масоили мухталифи иҷтимоъӣ ва сиёсӣ қарорҳои вижа қабул мекунам.

-Лутфан бигӯед, ки шумораи кормандони сафорати Тоҷикистон дар Русия чи қадар аст?

-Дар ҳоли ҳозир, дар бахшҳои мухталифи сафорати мо 22 корманд фаъъолият доранд.

-Ва бар асоси оморе, ки дар даст доред, шумори муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар манотиқи мухталифи Русия чи қадар аст?

-Мо омори дақиқро аз кишваре, ки муҳоҷиронро мепазирад, дарёфт мекунем ва бар асоси омори расмии Русия дар ҳоли ҳозир дар он кишвар зиёда аз 800 ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон дар он кишвар кор мекунанд.

-Сипос аз суҳбат!

Би-Би-Си



Шарҳҳо   

 
0 #1 muhojir 09.10.2012 15:26
salom xonandagon. akai dostiev dar omor dodan ishtiboh kardi neki. haddi agal yaku nim million guvvai korii tojik dar rassia vujud dorad. baroi inki vohima somonahoi xabariro nagirad shumo nisfi onro zikr kardaed. vale ba har hol azinki fasod va bojgiri dar saforat hast va shumo onro kabul karded tashakkuri ziod akai dostiev.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi