05:07:45 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

САЁҲАТЕ, КИ ДИДАНӢ БУДУ СЕРХАТАР

Ҳафтаи пеш дар рӯзномаи амрикоии «The Plain Dealer» мақолаеро дар бораи Тоҷикистон зери сарлавҳаи «Саёҳате, ки диданӣ буду серхатар» хондам. Муаллифи мақола худро Роберт Девидсон муаррифӣ кардааст ва менависад, ки дилдодаи алпинизм мебошад ва моҳе пештар аз вилояти Бадахшони кӯҳии Тоҷикистон дидан кардааст.

/images/stories/2012/10/05_turisti-051012.jpgЛозим донистааст, ки таассуроташро аз ин саёҳат рӯйи коғаз орад, то хоҳишмандони сафар ба ин кишвар қаблан огоҳ бошанд, ки он ҷо кадом вазъ интизори онҳост. Банда дар навбати худ тасмим гирифтам, ки ин навиштаро ба забони тоҷикӣ тарҷума кунам, то ҳамдиёрони ман бидонанд, ки дар бораи Ватани мо чиҳо менависанд.

Бо ҳамроҳии 10 тан ҳамсафаронам муддати 25 рӯз дар Тоҷикистон ном давлати Осиёи Миёна ба саёҳат рафтем. Пеш аз сафар тавассути интернет дар бораи Тоҷикистон маълумоти заруриро оиди ҷойгиршавии ҷуғрофӣ, урфу одати мардумӣ, таъриху адабиёт ва фарҳанги миллӣ, ҷойҳои таърихию дидании ин кишвар гирифта будам ва ҳамсафарони худро барои дидани қуллаҳои сарбафалаки Бадахшон, ки ҳатто Боми ҷаҳонаш номидаанд, талқин кардам.

Сараввал бо тайёра ва сипас гаҳе бо мошину гаҳ пиёда то саргаҳи ноҳияи Ванҷ расидему аз бузургтарин пиряхи минтақа ва ҷаҳон, ки бо номи Федченко маълум аст, дидан кардем. Ин пирях аз нигоҳи ҳаҷм дар минтақа дар ҷойи аввал қарор дошта, дарозиаш 77 километр, паҳнояш аз 1700 то 3100 метрро ташкил мекунад.

Сипас раҳи мо ҷониби фатҳи қуллаи баландтарини қитъаи Осиё, ки дар баландии 7495 аз сатҳи баҳр қарор дошта, Исмоили Сомонї (асосгузори давлати тоҷикон дар асри 10-11 мелодї) ном доштааст, сурат гирифт. Таассуроти аз ин кӯҳбароӣ бардоштаро наметавон бо сухан тасвир кард, зеро дар рӯйи ҷаҳон теъдоди он кӯхнавардоне, ки қуллаи мазкурро фатҳ кардаанд, ангуштшумор аст. Банда худро хушбахт меҳисобам, ки исми хешро дар баландтарин нуқтаи Боми ҷаҳон сабт намудам.

Мо ҳангоми сафар аз нодиртарин кӯли сайёра – Сарез дидан намудем. Ин кӯл таърихи пайдоиши худро дорад. Дар натиҷаи як заминларза дар соли 1911 дар саргаҳи води Бартанг кӯҳпорае роҳи дарёчаи кӯҳиро мебандад ва қишлоқи Сарез зери об мемонад. Ҷамъшавии оби ин дарёча дар миёни кӯҳҳои осмонбӯс боиси пайдошавии кӯл дар баландии 3263 метр аз сатҳи баҳр мегардад. Ҳоло ин кӯл зиёда аз 6 млрд тонна обро дар дохили худ нигаҳ медорад ва ба ин минтақа боз ҳам зебогиҳои навро зам кардааст.

Дар Бадахшон ноҳияе бо номи Ишкошим вуҷуд дорад, ки арзу тӯлаш саропо аз чашмаҳои шифобахши минералӣ иборат аст. Аз қаъри чашмаҳои «Гармчашма», «Авҷ», «Бибифотимаи Зӯҳро» оби гарм бо доруҳои табии шифобахш фавора зада мебарояд ва ҳазорон одамон аз гӯшаю канори олам дар он ҷо касалиҳои пӯст, пойдард, чашмдард ва дигар маризиҳои худро муолиҷа мекунанд. Дар ин ноҳия ёдгориҳои таърихие ҳамчун қалъаҳои «Қаҳ-қаҳа» ва «Ямгун» боқї мондаанд, ки таърихи 500 сола доранд.

Табиати Мурғоб, баландтарин ноҳияи Бадахшон, ки инсон гумон мекунад дасташро дароз кунад ба осмон мерасад, бо иқлими сахташ, архарҳои нодираш ва галлаи қутосҳои ба иқлими ин ноҳия мутобиқгашта, ҳамеша дар ёди сайёҳе, ки як дафъа ба ин ҷо сафар мекунад, нақш мебандад.

Ва беҳтар аз ҳама дар хотираи ман симои кушода ва меҳмоннавози сокинони ин навоҳии кӯҳӣ нақш бастааст. Ҳар куҷое, ки бо мардуми оддии бумӣ бархӯрд доштем, бо табассум ва меҳрубонӣ моро истиқбол мегирифтанд, ба шароити зиндагии сахти худ аҳамият надода, луқмаи нони худро бо мо тақсим мекарданд. Ин сахидастӣ ҳар бинандаро тасхир мекунад ва ҳаргиз чунин некиро фаромӯш нахоҳад кард.

Аммо мутаассифона, ҳангоми сафар ҳаводисаҳое низ ҷой доштанд, ки дар қалбҳои мо нақши сиёҳи хешро якумра гузоштанд. Ҳангоми ташриф ба маркази Вилояти Бадахшон - шаҳри Хоруғ, ҳар он чизеро, ки дар дигар ноҳияҳо дида будем, аксашро мушоҳида мекардем ва то ҷойе бароямон ваҳмангез, даҳшатафкан ва нафратовар буд. Дар кӯчаҳо ҷавонони бешумори бекор, бо риши расида ва сару либоси чиркин, масту ниммаст аз саргаҳи субҳ то бевақтии шаб гашту гузор доштанд.

Муошираташон бо атрофиён дағалона буд ва ҳар раҳгузари ношиносеро манъ намуда, пул мепурсиданд. Чун мо забонро намедонистем, ҳамин, ки мефаҳмиданд хориҷием, охирин пайсаи ҷайбамонро меситониданд. Ду дафъае, ки муқобилият нишон додем, аз бағали худ силоҳ бароварда, таҳдиди куштанро карданд. Аз хавфи ҷон, маҷбур шудем пулу телефонҳои мобилӣ, дастгоҳҳои аксбардорӣ ва ноутбукҳои худро, ки он ҷо тамоми таассуроти сафарамонро сабт намуда будем, ба онҳо диҳем.

Муддати чанд рӯзе, ки дар ин шаҳр будем (чун бепул мондем маҷбур шудем аз наздиконамон пул пурсида, то гирифтани маблағҳо мунтазир бошем) итминони комил пайдо кардем, ки ин шаҳр колонияро мемонад. Шаҳрест, ки ҷиноят рушд кардаву тамоми набзу ҳаёти ҷомеаро дар қабзаи худ нигаҳ медорад.

Қонун ин ҷо фаромӯш шудааст ва маҷрои ҳаёт дар асоси тартиботи ҷорикардаи олами ҷино пеш меравад. Муносибати дағалу пуррўёнаро нисбати худ ҳис карда, бархе аз ҳамроҳонам аз ташриф ба Хоруғ изҳори пушаймонӣ менамуданд. Гӯё дар ким-кадом як шаҳраки дурдасти Колумбия ва ё Никарагуа афтода бошем, ки наркобаронҳою командирони маҳаллӣ ҳукумравоӣ мекунанд.

Баъзан моро чунин андеша фаро мегирифт, ки дар ин шаҳр ҳукумат вуҷуд надорад ва худое нохоста бо мо ягон ҳодисаи нохуше рӯй диҳад, ному нишонамонро дигар касе намеёбад. Мехостем ба масъулони расмии минтақа муроҷиат намоему пешниҳод кунем, ки ҳар чӣ зудтар ин шаҳрро аз чор тараф бо чаҳор дарвоза баста, сокинонашро баъди тасфия (филтр) иҷозати судуру вуруд диҳанд. Бо худ мегуфтем, ин ҷо бояд режими пурзӯре ҷорӣ бошад, то даме ки ҷинояткорон пеши қонун зону назананд. Роҳи дигаре барои ислоҳи вазъи нобасомони маркази маъмирии яке аз зеботарин гӯшаҳои дунё дар он лаҳзаҳои душвор ба зеҳнамон барнамехӯрд.

Ин бардошти ман аз саёҳат ба Вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Бо ҳама он зебогиҳои назаррабову диданӣ, бо ҳама меҳрубониҳое, ки дар ин диёри кӯҳи бароям мушарраф гашт, ман дар орзуи сафари такрорӣ ба ин минтақа нестам. Чунки он ҷо АМН нест ва инсон метавонад ҷони худро осон аз даст диҳад. Наздикони худ, дигар хоҳишмандонеро, ки азми сафари ин кишварро доранд, тавсия медиҳам, ки аз сафар ба ин давлати осиёӣ муваққатан истиҳола кунанд. То он рӯзҳое, ки амнияти сайёҳон дар ин ҷо фароҳам нагардад.

Роберт Девидсон,сайёҳ

Мутарҷим: Шарифҷони Беназир, донишҷӯ



Шарҳҳо   

 
-1 #10 Рузгор - тинчиай?Guest 16.12.2013 22:04
Ман нафахмидам, чаро чунин рузнома ягон фактро насанчида харчи навиштан мегирад.
Чад рузноми The Plain Dealer чунин макола тамоман вучуд надорад.
 
 
+2 #9 MrGuest 11.12.2013 15:43
Шарифчон,рухат сиех катии туристохоят! Вай хам ранги худат ягон туристи ахмак будаст, ки хамин хел шатта хурдаст. Лекин ту боши, аз барои ду сум шуда вичдонта мефуруши-ми? Аккалан, агар худта буфурши хам, нархта паст назан! Худо нигахбон бошад!
 
 
+1 #8 alpinistGuest 08.12.2013 20:28
navel spravki po povodu voskhozhdeniya na p. Somoni ZA POSLEDNIE 5 LET. nekiy Robert Davidson NIKOGDA NE SOVERSHAL VOSKHOZHDENIE NA SOMONI i tembolee ne bival na Sareze. Na Sarez u nas poluchayut putevki lish edinici i vedetsya statistika. tak chto gospodin sharifjoni benazir vi snachalo 3 raza podumayte prezhde chem napisat o pamire vsyakuyu chepukhu!! suka pogannaya!
 
 
0 #7 alpinistGuest 08.12.2013 20:23
polniy bred ya sam tur operator i mogu privesti tisyachi primerov kak turisti napisali s vostorgom o mestnom gostepriimstvom /
Khotya s drugoy storoni ponyatno kto zakazivaet takikh statey/
 
 
0 #6 sher japanGuest 08.12.2013 12:03
Metavonem maqolai Robert Devidson (arginalash)-ro dastraskunem. be ehsosoti tarjumon, khonemash!!
 
 
0 #5 ПравосудиеGuest 07.12.2013 20:30
Автор статьи целенаправленно внушает читателю бред о всевозможных преступлениях в Хороге. Хотя ясно, кто заказал эту статью.
 
 
0 #4 provokatsiyaGuest 07.12.2013 10:01
Mutarjimi mutahram Sharifjoni Benazir,

metavoned Maqolayi Robert Davidsonro, ki ba zaboni anglisi hast, in jo hamchun mavodi ilovagi baroi khondan ba zaboni anglisi, moned! Tashakkur!
 
 
+2 #3 DushanbinecGuest 07.12.2013 08:55
Укажите пожалуйста источник? Был я в Хороге в 2011, ни чего подобного там не было. Туристы плавали себе в главном парке города, и по ночам их встречал мирно ходящими по городу, и в ресторане Дели. В любмо случай, укажите источник, с какой газеты, с какого сайта, дайте ссылку, мы тоже не прочь в оригинале почитать. Благо не только вы банда Шарифяони Беназир знайте английский.
 
 
-1 #2 Вот идиот...Guest 07.12.2013 02:28
Полная чушь
 
 
-2 #1 Maqolai asli darkor..Guest 07.12.2013 01:45
Maqolai asliro dastras ba mo mekardi khub meshud... Az kadom soit onro khondi?...
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi