15:28:48 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ТӮРАҶОНЗОДА: "САФАРИ МО БА РУСИЯ ЯГОН ҲАДАФИ СИЁСӢ НАДОШТ"

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ва бародараш, рӯҳонии саршинос Эшони Нуриддин аз сафари якмоҳаи худ ба вилоятҳои Русия ба Тоҷикистон бозгаштанд.

/images/stories/2012/09/26_akbari-turajonzoda-260912.jpgСафари бародарон Тӯраҷонзодаҳо ба Русия ва он ҳам баъд аз чанд моҷарои додгоҳии марбут ба онҳо, гуфтугӯҳоеро ба миён овард, ки мақсад аз дидор бо муҳоҷирони тоҷик омодагие ба интихоботи президентии соли 2013 аст. Биноан, суоли аввали мо аз Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода ин буд, ки чӣ чиз водор кард, бархезанд ва роҳи Русияро дар пеш бигиранд?

Тӯраҷонзода: "Сар аз 27-уми август, ҳудуди як моҳ, бо Эшони Нуриддинҷон дар вилоятҳои гуногуни Русия будем. Ба ҳисоби миёна рӯзона бо ҳашт-даҳ ҳазор нафар мулоқот доштем. Дар сӯҳбатҳои мо бо мардум, фақат амри маъруф ва наҳйи мункар ва даъвати Худоро ба мардум расондан буд. Мо аз мардум даъват мекардем, ки Худоро фаромӯш накунанд, кӣ будани худ ва масъулияти диниашонро аз ёд набаранд. Аз ин хотир, сафари мо ҳеҷ ҳадафи сиёсӣ надошт ва аз он чи дар бархе аз нашрияҳои Тоҷикистон навиштанду ман хондам, хеле афсӯс мехӯрам."

-Чун интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон наздик мешавад, мегӯянд, ин сафари Шумо ба он иртибот дошт. Мисле, ки Шумо ба таблиғи худ ва идеяҳои худ ба хориҷ аз кишвар, ки мардуми соҳиби раъй ҳастанду ҳам таъминкунандаҳои хонаводаҳо дар ватан ба он хотир онҷо сафар кардед...

-Не, ин ҳақиқат надорад. Мо ҳеҷ гуна ҳадафи сиёсӣ ҳам надоштем ва мақсади дар интихобот истифода кардани ин сафарро ҳам надорем. Зеро аслан дар интихобот ворид шуданӣ нестам. Масъалаи дигар ин аст, ки дар Тоҷикистон худи интихобот дар асл баргузор намешавад. Интихобот ба маънои он ки раъйи мардум дар натиҷаи он таъсир дошта бошад, дар Тоҷикистон вуҷуд надорад.

Қитъаи интихоботӣ ҳар он чизеро, ки ҳукумат хоҳад, онро дар хулоса ва натиҷа менависад. Бинобар ин модоме, ки қонуни интихобот тағйир наёбад ва кумисюнҳои интихоботӣ аз намояндагони аҳзоби сиёсӣ ташкил наёбанд, ин интихоботҳо интихоботи замони Советӣ аст. Бинобар ин, одами боақл, ман чунин ақида дорам, бе тағйир додани Қонуни интихобот, бояд дар интихобот ширкат накунад.

-Манзуратон номзадҳо ва довталабҳост?

-Бале, номзадҳо чи ба интихоботи президентӣ ва чи ба интихоботи парлумонӣ. То ин қонун иваз нашавад, ширкат варзидан маъно надорад. Бинобар ин, касоне, ки мегӯянд, рафтаасту худашро таблиғ кардан мехоҳад, ҳарфи беҳуда мезананд. Агар касе мехоҳад Тоҷикистонро наҷот диҳад, бояд қонуни интихоботро тағйир диҳад.

-Агар Қонуни интихобот тағйир дода шавад ва ба он шакле, ки аҳзоби сиёсӣ мехоҳанд таҳия ва қабул шавад, Шумо ҳам метавонед ҳамчун номзад ширкат варзед?

-Бале, он вақт мумкин. Лекин ба ҳар ҳол ман шояд дигар тасмимамро тағйир намедиҳам, зеро пир шудам. Синнам аз 60 гузашт. Аммо он вақт мешавад вориди саҳна шуд ва аз яке аз номзадҳо дастгирӣ кард. Он вақт ҳам мумкин шояд худи ман нашавам, шояд. Аммо яке аз номзадҳои арзандаро мешавад дастгирӣ кард. То он вақт ман дар маъракаҳои интихоботӣ ширкат карданӣ нестам. Касеро ҳам таблиғ ва аз касе ҳам ҷонибдорӣ нахоҳам кард.

-Вале дар интихоботи ахири парлумонӣ Шумо аз Ҳизби наҳзати исломӣ пуштибонӣ кардед...

-Дуруст, дар интихоботи ду соли пеш ман ин корро кардам. Он вақт ҳам ин фикрамро гуфта будам. Аммо бародарони наҳзатӣ қасам хӯрданд, ки ҷаноби президент дар бораи баргузор кардани интихоботи шаффоф ваъда додааст. Гуфта будам, ин кор амалишванда нест. То намояндаҳои Шумо дар участкаҳо ва ҳавзаҳои интихоботӣ шомил нашаванд, амалишаванда нест. Лекин онҳо маро қаноат доданд, ки ончи ваъда гирифтаанд, дуруст аст.

-Дар яке аз мақолаҳое, ки баъд аз сафари Шумо дар "Ҷумҳурият" чоп шуд, омадааст, ки агар ҳадафи Тӯрҷонзодаҳо фақат аёдату дидани муҳоҷирони кории тоҷик буд, чаро онҳоро бо мошинҳое истиқбол гирифтанд, ки ҳатто дар парки мошинҳои Владимир Путин дида намешавад...

-Сад дарсад итминон медиҳам, ки ин мошинҳо давлатӣ набуданд. Ин мошинҳо аз они бародарони худи мо - тоҷику ғайритоҷик буданд. Аммо боз мегӯям, онҳо давлатӣ набуданд."

-Ҳамчунин аз Шумо, бародарон Тӯраҷонзодаҳо, интиқод шуд, ки ба ҷамъ овардани "назр" ба Русия рафтаед ва ин ҳарфҳо дар расонаҳо низ чоп гардид...

-"Воқеан, боиси афсӯси зиёд аст, ки чунин бардошту чунин тафсир кардаанд. Бародароне, ки ин чизҳоро навиштанд, худашон як умр талбанда ҳастанд. Аз ин тарафу он тараф бо номи "грант" металбанд. Аз ҳукумат металабанд, аз заводи алюминий металбанд, аз бонкҳо металабанд. Мо ҳеҷ вақт талбандагӣ нарафтаем. Он мардуме, ки мо ба диданашон рафтем, муриди мо ва падари мо набуданд. Дар пиру муридӣ ин кор ҳаст, бале, назру ниёз медиҳанд. Лекин 95 дарсади он мардум муридони авлодии мо нестанд. Бинобар ин, чунин гапҳо маънӣ надоранд.

-Дуруст аст, ки аз муҳоҷирон даъват кардед, ки аз Путин итоат кунанд?

-Ман хондам ин навиштаҳоро. Мо аз Путин итоат кунед нагуфтем, ин гап нест. Гуфтем, аз қонунҳо риоят ва фарҳангу забону урфу одати миллати русро эҳтиром кунед. Бале, дар ду маврид Эшони Нуриддинҷон аз Путин сифат карданд, ки одами хуб аст, Худо ҳидояташ кунад. Мо ҳеҷ вақт ба ҷуз итоати Худо даъват накардаем. Бале, қонунро риоят кардан даркор, қонунро бояд риоят кард.

Ин як ҳарфи тӯҳмат аст. Афсӯс, ин ҷост, ки ҳарфи рақибони ғоявии мо аз забони баъзе аз ҳамин гуна хабарнигорҳо, бидуни он ки санҷида шаванд, нашр мешавад. Ҳол онки аз рӯзи рафтанамон тамоми раисони диаспораҳои мавҷуда дар Русияро мақомоти Тоҷикистон - намояндаҳои амниятӣ, супориш додаанд, ки бо ҳар роҳе истиқболи Тӯраҷонзодаҳоро аз тарафи муҳоҷирон пешгирӣ кунед.

Абдуқаюми Қаюмзод, «Озодӣ»



Шарҳҳо   

 
0 #1 dehkon 26.09.2012 12:37
barodar kaumzod. charo shumo jurat namekuned vagte ki janobi oli ba safarhoi behuda va tuloni tojikistonro tark mekunand in savolhoro az u bikuned? fagat zurton ba kase merasad ki dar haggi shumo zulm namekunad? shumo boyad ba in natija birased ki demokratia dar kujost? bo xotiri amn va bo jurati tamom az poyabalandoni hnit ham hamin xel savolhoro mekuned va mebined ki chi kadar bo adab javobi shumoro medihand. pas demakratia vokei nazdi ki ast? peshnihod meshvad az janobi oli ham chunin savolhoe kuned. magar on kist ki shumo jurati savol kardanro nadored? charo nameraved az mushkiloti mardumi bechora az janobi oli savol kuned? raved savol kuned.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi