19:15:22 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ИДОМАИ МУЗОКИРОТИ ДУШАНБЕЮ МАСКАВ БАР САРИ ПОЙГОҲИ 201

Музокироти навбатии ҳайатҳои Тоҷикистону Русия рӯи пойгоҳи низомии 201-ум дар Душанбе оғоз мешавад. Як масъули вазорати дифои Тоҷикистон гуфт, қисме аз ин музокирот шаби гузашта (11-уми сентябр) оғоз шуда, пас аз танаффус қарор аст нимаи аввали рӯз идома ёбад. Ин манбаъ гуфт, сафари ҳайати Русияро Анатолий Антонов, муовини вазири дифои ин кишвар сарварӣ мекунад, аммо ошкор кардани сарвари ҳайати Тоҷикистон ба салоҳияти ӯ нест.

/images/stories/2012/09/12_bahsi-sarhad-120912.jpgӮ гуфт, аз вазорати дифоъ сарварони Ситоди марказӣ ва раёсати равобити байнулмилалӣ узви ҳайати кории Тоҷикистон ҳастанд ва раҳбари ҳайат аз ҳукумат таъйин шудааст. Аммо бино ба иттилои ғайрирасмӣ, сарварии ҳайати Тоҷикистонро Рустам Менглиев, вазири адлияи Тоҷикистон, ба зимма дорад ва дар ин ҳайат намояндагони вазорати хориҷии Тоҷикистон низ ҳастанд.

Ин дувумин музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Русия тайи як моҳи ахир маҳсуб мешавад. Пас аз музокироти гузашта, ки 9-уми август дар Душанбе баргузор шуд, Анатолий Антонов зимни як нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки ҷонибҳо ба имзои созишнома наздик шудаанд ва он ҳам ба сӯд (манфиат)-и Русия ва ҳам ба сӯди Тоҷикистон хоҳад буд. Вай гуфта буд, дар музокироти ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон - раисиҷумҳури Тоҷикистон маблағи иҷораи пойгоҳи низомӣ матраҳ ва баррасӣ нашудааст.

Ҳамзамон расонаҳо хабар дода буданд, ки раисҷумҳури Тоҷикистон тариқи Анатолий Антонов ба раҳбарони Русия паём фиристодааст, ки музокирот сари пойгоҳи низомии 201-умро то соли 2016-ум ба таъхир гузоранд. Манбаи мо дар вазорати дифои Тоҷикистон аз ҳамчунин паём изҳори бехабарӣ кард.

Бо ин ҳол, бархе манобеъ мегӯянд, матни созишнома дар ҷараёни сафари Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, дар моҳи октябри соли ҷорӣ ба Тоҷикистон имзо хоҳад шуд. Давлати Тоҷикистон ва Русия дар соли 2004-ум дар мавриди ҳузури пойгоҳи Русия барои то даҳ сол созишнома имзо карда буданд. Аммо ҳамакнун сарнавишти ин пойгоҳ баъд аз соли 2014-ум ба далели он ки Русия мехоҳад барои 49 сол созишнома имзо кунад ва Тоҷикистон на бештар аз даҳ сол, норӯшан боқӣ мондааст.

Гуфта мешавад, пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон, ки дар заминаи фирқаи 201-и ин кишвар ташкил шудааст, бузургтарин пойгоҳи ҳарбии Русия дар хориҷи ин кишвар ба ҳисоб меравад, ки беш аз 7 ҳазор сарбозу афсар дорад.

«Озодӣ»



Шарҳҳо   

 
0 #2 sadf 14.09.2012 22:48
e mardak 350 milion dollara saxt bkapen
 
 
0 #1 dehkon 14.09.2012 21:58
dar kishvari xudmon masuloni hukumati az tarsi rassia nametonand tasmim bigirand.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi