03:47:30 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

КАРЗАЙ ВА РАҲМОН ВАЗЪИЯТ ДАР БАДАХШОНРО БАРРАСӢ КАРДАНД

Раиси ҷумҳури Афғонистон дастур додааст, ки ба минтақаи ҳаммарз бо Бадахшони Тоҷикистон нерӯҳои изофии марзбонӣ ва амниятӣ эъзом шаванд. Тибқи иттилоъи сойти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳомид Карзай ин мавзӯъро рӯзи чаҳоршанбеи 25 июл дар гуфтугӯйе телефунӣ бо Президент Раҳмон матраҳ кардааст.

/images/stories/2012/07/25_rahmon_karzay-250712.jpgСойти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон менависад, ки гуфтугӯйи телефунӣ байни ду раиси ҷумҳур "ба ибтикори ҷониби афғонӣ" сурат гирифта ва дар ҷараёни он вазъият дар манотиқи марзии ду кишвар дар минтақаи Бадахшон баррасӣ шудааст. Ин манбаъ меафзояд: "Ҷонибҳо дар бораи ҳаводиси дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон рухдода ибрози назар намуда, таъкид карданд, ки истиқрори вазъ ва таъмини оромиву амнияти мардуми минтақа ҳадафи умда ва асосии саъю талошҳоест, ки дар ин ҷода ба харҷ дода мешавад."

Раисони ҷумҳурии Тоҷикистону Афғонистон ҳамчунин тавофуқ кардаанд, ки барои таъмини амният дар марзи муштараки ду кишвар ва ҷилавгирӣ “аз ҳар гуна аъмоли теруристӣ ва зиддиқонунӣ” иқдомоти муассире анҷом бидиҳанд.

Яке аз ин иқдомот эъзоми нерӯи бештар ба манотиқи марзӣ дар Бадахшон аст: “Президенти Афғонистон Ҳомид Карзай эълом дошт, ки бо дастури ӯ ба ҷониби сарҳад, алалхусус минтақаи ҳаммарзи Хоруғ, нерӯҳои иловагии низомӣ ва марзбонӣ фиристода хоҳад шуд, то татбиқи (иҷрои) ҳадафҳои дар боло баёншуда таъмин гардад.”

Ҳамчунин, тасмим шудааст, ки миёни раҳбарони ду кишвар ва ниҳодҳои зирабт “то замони ҳаллу фасли ниҳоии ин қазия иртиботи доимӣ ва муассир барқарор хоҳад буд.”

Вазъият дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон баъд аз қатли женерол Абдулло Назаров, раиси бахши амнияти ин устон, муташанниҷ шудааст.

Давлати Тоҷикистон Толиб Айёмбеков, муъовини фармондеҳи гузаргоҳи марзии “Ишкошим”-ро, ки дар замони ҷанги дохилӣ аз фармондеҳони бонуфузи нерӯҳои пешини мухолифон маҳсуб мешуд, дар қатли женрол Назаров мазнун медонад.

Субҳи 24 июл нерӯҳои амниятӣ ва пулиси Тоҷикистон барои боздошти оқои Айёмбеков ва ҷонибдоронаш амалиёти вижае дар шаҳри Хоруғ оғоз карданд, ки бар асоси омори расмӣ, ба кушта шудани беш аз 40 нафар, аз ҷумла 12 нерӯи давлатӣ, мунҷар шуд.

Мақомот мегӯянд, ки ин амалиёт дар миёни ғайринизомиён ҳеч талафоте барҷо нагузошта, вале манобеъи мустақил мегӯянд даҳҳо нафар аз ғайринизомиён қурбонии даргирӣ шудаанд.

Мақомҳои амниятӣ ва пулис ҳамчунин аз боздошти 40 шӯришӣ, аз ҷумла 8 табаъаи афғон, хабар додаанд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, бархе манобеъ мегӯянд, ки фармондеҳони маҳаллӣ дар Бадахшони Афғонистон бо афроди мусаллаҳи мухолифи давлати Тоҷикистон ҳамдастанд.

Ба эътиқоди коршиносон, гуфтугӯйи телефунии оқоён Раҳмон ва Карзай дар бораи вазъияти Бадахшон эҳтимолан бо ин мавзӯъ иртибот дорад.

Бархе аз расонаҳо пештар гузориш карда буданд, ки Толиб Айёмбеков, саркардаи шӯришиён дар Бадахшон, дар пайи амалиёти нерӯҳои давлатӣ ба минтақае ҳаммарз дар вилояти Бадахшони Афғонистон фирор карда, ҳарчанд ин хабар расман таъйид нашудааст.

Аз сӯйи дигар, гуфта мешавад мақомоти тоҷик ва афғон аз густариши ҳузури пайкорҷӯёни вобаста ба Толибон дар манотиқи марзии Афғонистон бо Тоҷикистон нигарон ҳастанд.

Рӯзи 25 июл Қодири Қосим, устондори Бадахшон, дар суханронии худ дар назди муътаризон дар майдони марказии шаҳри Хоруғ хабар додааст, ки Президент Раҳмон дар бораи қатъи амалиёт дар Хоруғ дастур содир кардааст.

Вале манобеъи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ин хабарро ҳануз таъйид накардаанд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi