14:32:07 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июн 2009 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

СИЁСАТИ МИНТАҚАГАРОӢ ДАР ОСИЁИ МАРКАЗӢ

Дар Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ дар Бишкек, расми муаррифии рисолае бо номи “Сиёсати минтақагароӣ дар Осиёи Марказӣ” баргузор шуд. Муаллифи oн аввалин бор бархӯрди ҳар яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба фарояндҳои минтақавӣ ва нақши онҳоро дар ҳамоиш ё парокандагии минтақа таҳлил кардааст. 


МУШТ Ё АНГУШТ?

Пажӯҳишгари қирғиз, муаллифи китоби “Сиёсати минтақагароӣ дар Осиёи Марказӣ”, Эсенгул Чинора, мегӯяд, Осиёи Марказӣ бо назардошти захираҳои бузурги энержӣ ва мавқеъияти стратегияш метавонист, ба яке аз субъектҳои муҳими сиёсати байнулмилалӣ табдил ёбад, аммо бо сабабҳои гуногун натавонистааст, аз чунин имконият истифода барад. Панҷ кишвар натавонистанд, дар саҳнаи байнулмилал аз мавзеъи ҳамоҳангшуда садо баланд кунанд ва дар лаҳзаҳои зарурӣ на аз манфиатҳои хоси худ, балки манфиатҳои минтақавӣ ҳимоят намоянд. 

Ҳамзамон онҳо метавонистанд, бо таъсиси бозори муштарак ва густариши равобити байниҳамӣ дар рушди иқтисодии ҳамдигар саҳм бигиранд.


СЕ ОМИЛИ ҶУДОИАНДОЗ

Хонуми Чинора мегӯяд, чунин вазъи минтақаро се омили асосӣ ба вуҷуд овардаанд: “Пеш аз ҳама табиати худкомагии низом дар ҳамаи ин кишварҳо ба сиёсати берунаи онҳо таъсир кардааст. Дувум, афкору ғояи миллатгароӣ, ба маънии манфии ин истилоҳ, дар ин кишварҳо ниҳодина шудааст. Ва савум, ин албатта, геополитикаи минтақа аст. Бозингарони бузург ва ҷиддии беруна дар минтақа ҳузур доранд ва табиату манфиатҳову хостҳои онҳо низ намегузорад, ки минтақа муттаҳид бошад.”


ФАРҲАНГИ СИЁСӢ?

Аз коршиноси тоҷик дар Душанбе, Абдулғаффори Камол пурсидам, назари ӯ чист, оё метавон ба ин се омиле, ки хонуми Чинора зикр кард, розӣ шуд ва оё омилҳои дигаре низ вуҷуд доранд? Вай чунин посух дод: “Дар маҷмӯъ метавон бо ин се омиле, ки зикрашон рафт, мувофиқат кард, ҳарчанд ман омили савум, мудохилаи абарқурдатҳоро асосӣ мешуморам. Як омили дигарро низ метавон афзуд, ки ин набуди таҷрибаи сиёсӣ дар миёни нухбагони ин кишварҳост. Дар ҳоле ки дар Аврупо марзҳоро аз байн мебардоранд, дар Осиёи Марказӣ марзҳоро мина мегузоранд. Ва ин дар ҳоле ки ҳафтод сол мо даъво мекардем, ки мо тақрибан як миллатем. Аммо ин ҷо мушкил мушкили мардум нест, балки аз элитаи сиёсист.”


НАҚШИ НИЗОМҲО

Абдулғаффори Камол ба ин назар аст, ки авторитарӣ будани низомҳо нақши умда надорад ва агар саромадони сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ бихоҳанд, метавонанд, ҳамкории наздиктаре дошта бошанд ва ба ҳамгироии бештар даст ёбанд. Ба ақидаи вай, низомҳои демократии ҳамсоя низ метавонанд, дар муносибатҳои байниҳамӣ мушкил дошта бошанд. 

Вале, таври маълум, Иттиҳоди Аврупо, ки худи Абдулғаффор низ зикри онро кард, пеш аз пазириши аъзои нав аз онҳо талаб мекунад, сатҳи мардумсолории низом ва рушди иқтисодиро дастикам ба сатҳи миёни мавҷуд дар иттиҳод баробар кунанд.


ШАБОҲАТ ВА ТАФОВУТҲО

Пажӯҳишгари қирғиз, Эсенгул Чинора эҳтимоли ҳамгироии бештар дар миёни кишварҳои минтақаро ба таносуби шабоҳату тафовутҳо бастагӣ медиҳад: “Бархе мегӯянд, дар воқеъ кишварҳои Осиёи Марказӣ бо ҳам шабоҳати бештар доранд, монанди одату суннат, фарҳанг, забон, таърихи муштарак ва монанди инҳо. Биноан, гуфта мешавад, иттиҳоди онҳо осонтар аст. Дигарон мегӯянд, дар асл шабоҳатҳо зоҳирӣ буда, тафовутҳо бештаранд, зеро самтгирии пасошӯравии ҳар яке аз онҳо сабаб гашт, ки тафовутҳо аз умумиятҳо дида бештар шаванд.”

Табъан, бештар будани шабоҳатҳо ба наздикии бештар ва тафовутҳо ба дурии зиёдтар сабаб мегардад. Таҳлилгари тоҷик, Абдулғаффори Камол мутмаин аст, ки дар байни ин кишварҳо аз худи ҳамсоягии ҷуғрофиёӣ гирифта, то таҳдидҳои ҳамсон ба амнияташон, шабоҳатҳо бештаранд ва мушкил ҳамоно дар набуди таҷрибаҳои сиёсӣ ва умқи дахолатҳои беруна мебошад.


МУБОРИЗАИ ҚУДРАТ

Бо нигоҳе ба ҷанбаи дигари масъала, хонуми Чинора мегӯяд, то ҳол рақобати байни Қазоқистону Узбакистон барои пешгомӣ дар минтақа созанда набуда, нагузоштааст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар атрофи яке аз давлатҳои қавии минтақа муттаҳид шаванд. Дар байни коршинсон ин ақида маъмул аст, ки кишварҳои дигар бояд дар атрофи яке аз ин пешгомон муттаҳид шаванд. 

Аммо ҷаноби Камол мегӯяд, набояд ба мабдаи муттаҳидкунандаи яке аз кишварҳои минтақа умед баст: “Ман фикр мекунам, ки муттаҳид шудан дар атрофи як кишвар аслан хатост ва агар ин кишвар Узбакистон бошад, дигар ҷои баҳс ҳам нест ва ҳатто агар Қазоқистон аст, ки бо мо, тоҷикон ва қирғизҳо робитаи хеле хуб дорад, наметавонад, нақши пешгомро бозӣ кунад. Ман фикр мекунам, ин кишварҳо бояд бештар дар атрофи манофеъ муттаҳид шаванд, чун манофеъ чизест, ки инсонҳоро ба ваҳдат маҷбур мекунад. Вагарна ҳама гуна иттиҳоде бар асоси мансубияти диниву қавмиву ин чизҳо имконнопазир аст ва агар Тоҷикистонро ҳам ки як тараф бигирем, дар байни худи Қирғизистону Узбакистон ва Туркманистону Қазоқистон мо ихтилофи зиёдеро мебинем. Бино бар ин ҳамгироӣ ва ваҳдати инҳо бояд дар атрофи манфиатҳои иқтисодӣ бошад.” 


ТАСМИМ БО НУХБАГОН?

Муаллифи китоби “Сиёсати минтақагароӣ дар Осиёи Марказӣ”, Эсенгул Чинора роҳи ҳаллеро пешниҳод намекунад. Вай мегӯяд, ҳадафаш танҳо таҳқиқи вазъи мавҷуда ва омилҳои ташдид ё тазъифи он буда, қазоват ва тасмимгирӣ бо сиёсатмадорони минтақа аст.

Салими Аюбзод, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi