РАҲНАМО: ҲНИТ ДАР АНҶУМАН ВА ПАС АЗ АНҶУМАН – 3
Дар кулл, ин суханрониҳои шиорию идеологии баъзе аз меҳмонони хориҷӣ суханрониҳои орому ботааммули М.Кабириро ҳатто зери соя гузоштанд. Дар ин бора бояд таваҷҷӯҳ кард, ки агар фазои муборизаи сиёсии кишвар чунин идеологӣ шавад, дар оянда натиҷаҳои зерин хоҳад дошт:
-баҳси солими сиёсӣ, ки имрӯз дар кишвар то ҷое давом дорад, аз доираи масъалаҳои мушаххас баромада, моҳияти куллии рӯёрӯии идеологӣ мегирад ва он фазоро муташанниҷтар карда, ба ҳалли ҳеҷ масъалаи мушаххаси ҷомеаи мо кумак намекунад. Масалан, имрӯз барои ҷомеаи мо муҳимм аст, ки ҲНИТ низ дар канори нирӯҳои дигар дар ҳалли масъалаҳои мушаххаси ҷомеа ва кишвар ширкат кунад, на ин ки худро дар як муборизаи абстрактӣ «бо шайтон» ё «бо куфр» тасаввур карда, моҳияти оштинопазиру ғайрисозанда гирад. Чунин мисолҳо дар ҷаҳони муосири ислом бисёр зиёданд ва яке аз мушкилоти ҳаракатҳои исломии имрӯза дар ҳамин аст.
-ин вазъият барои худи ҳизб ҳам таъсири манфӣ дошта, аз як сӯ, бино бар фарҳанги сиёсии ҷомеа, масъалаи фаъолияти оромонаи ҳизбро бо мушкилот рӯбарӯ мекунад, аз сӯи дигар, боиси дар роҳбарияти он нуфӯзи бештар ёфтани нирӯҳои тунду сирф идеологӣ мегардад. Он вақт бо чунин ҳизб гуфтугӯ ва ҳамкорӣ кардани ҳукумат ва нирӯҳои дигари ҷомеа бисёр мушкил хоҳад шуд. Чунин ҳизб ҳатман ба манбаи низоъ табдил мешавад.
- чунин масъалагузорӣ дар як ҷомеаи мусулмонӣ аз назари ақида ва шариати исломӣ низ ҷои баҳси ҷиддӣ дорад, зеро ҳизбҳои сиёсии исломӣ дар ҷомеаҳои мусулмоннишин на «нирӯи исломӣ» дар баробари нирӯи «куфр» ё «шайтон» ҳастанд, балки бахше аз фазои умумии сиёсие ҳастанд, ки аксари иштирокчиёни дигари он низ аз ҷумлаи мусулмононанд ва метавон гуфт, ки баҳси сиёсии онҳо аксаран, баҳси дарунмилливу байнимусулмонист. Албатта, дар ҷомеаи ғайримусулмоние чун ватани меҳмон шояд ин шиор тавҷеҳпазир бошад, вале дар як ҷомеаи мусулмоннишин ин даъвату маслиҳатдиҳӣ бисёр мушкилофар мебошад.
Хулоса, барои пеш наомадани вазъияти бӯҳронӣ дарки ин масъала бисёр муҳимм аст, ки ихтилофи имрӯзи сиёсӣ дар Тоҷикистон моҳияти усулию оштинопазири идеологӣ надошта, он ихтилофи куфру имон, ихтилофи «ҳизби Худо»-ву «ҳизби Шайтон», ё рӯёрӯии мӯъминону ғайримӯъминон, мусалмонону ғайримусалмонон, ҳанафиёну ғайриҳанафиён, тоҷикону ғайритоҷикон нест. Таъкид бар ин нукта аз он назар зарур аст, ки агар, мабодо, фазои идеологӣ чунин самт гирад ва ихтилофу гуногунфикрии имрӯзаи ҷомеаи мо дар қолаби чунин мафҳумҳои ҳамдигарро инкоркунанда шарҳ дода шаванд, дар марҳилаи баъдӣ мафҳуми «номумкин будани ҳамзистӣ» ва дар марҳилаи дигар, «зарурати мубориза бо ҳамдигар» ба миён гузошта мешавад. Ин аст занҷирӣ мантиқии чунин идеология. Ҳамин ки мо, мусалмонони Тоҷикистон, ҳамдигарро бо чунин номҳо ва тасаввурҳои оштинопазир шиносем, он тарафаш барои идеологҳо ва барои технологияи сиёсӣ мушкил нест.
Ин ҷо дурустию нодурустии чунин таълимотро баҳс намекунем, балки имрӯз дарки ин муҳимтар аст, ки воқеияти Тоҷикистон чунин нест ва баҳси сиёси байни аҳзоби ҷомеаи мо як баҳси усулии «ҳизби Худо» ва «ҳизби шайтон» ва баҳси куфру имон нест. Балки, ин баҳс дар сатҳи гуногунфикрӣ ва ихтилофи назарҳо дар як ҷомеаи мусулмоннишин идома меёбад. Бале, нирӯҳои сиёсии Тоҷикистон, аз ҷумла ҳукумат ва ҲНИТ, дар масъалаҳои муҳимме чун роҳи ҳалли бӯҳрони иқтисодию иҷтимоии кишвар, вазъи таъмини баъзе ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, шеваҳои кору коргузории ҳукумат, ҷойгоҳи дин дар ҷомеа ва сиёсат, самтгирии сиёсати хориҷии кишвар ва ғайра назару мавқеъҳои мутафовит доранд. Вале ин баҳси куфру имон ва тафовути ҳизби Худову ҳизби Шайтон нест, балки дар фазои эътирофи ҳамдигар ва бо шарти қоил будани ҳаққи мавҷудият барои ҳамдигар, дидгоҳҳои гуногун ба баҳс кашида мешаванд. Ин вазъиятро метавон ихтилофҳо дар доираи умумиятҳо номид.
Бале, фосилагирӣ аз куфр ва мубориза бо шайтон вазифаи ҳар мусалмон аст ва ин як таълимоти қатъист. Вале, алорағми даъвати меҳмонони азиз, имрӯз вазифаи ҲНИТ дар фазои сиёсии Тоҷикистон сарнагун кардани куфру шайтон нест, зеро наҳзат дар Тоҷикистон бо чунин нирӯе рӯбарӯ намебошад. Ин низ як масъалаи усулист. Бале, тафовути куфру имон мушаххас аст ва марзи куфру имон рӯшан аст, вале ин низ рӯшан аст, ки имрӯз ин марз аз миёни нирӯҳои сиёсии феълии Тоҷикистон намегузарад.
Албатта, паз аз даврони ҷанг аз тарафи ҲНИТ дар ин масъала чунин мавқеъгирӣ дида нашудааст, вале манзури таъкидҳои банда дар он аст, ки дар ин масъала бояд ба шиорҳои баъзе аз меҳмонон бо камоли эҳтиёт муносибат кард, зеро бисёр шудааст, ки мусалмонон аз сари камфаҳмӣ ё бо макри душман бародарони имонии худро бо дасти худ, дар зеҳни худ, дар ҷабҳаи идеологии мухолиф гузошта, баъдан ӯро бо дасти худ заиф сохтаанд ва ё бо дасти ӯ заиф карда шудаанд. Ва агар мо ҳам ба ин самт биравем, он гоҳ ҳам нанги ҷоҳилӣ мекашему ҳам дар пирӯзии куфри воқеӣ саҳм мегузорем.
Ёддошти 9: «Ҳарактаи ҷаҳонии исломӣ»: гоҳе бародарон, гоҳе гургон
Иштироки меҳмонон ва мазмуни суханрониҳои онҳо тасаввуреро дар фазои анҷуман ба вуҷуд овард, ки тибқи он, имрӯз ҳамаи ҷаҳони ислом ба таври воҳид дар баробари «куфр» саф кашидааст ва ҲНИТ низ ҷузъе аз ин «ҳаракати бузурги ҷаҳонӣ» мебошад. Изҳор шуд, ки имрӯз аъзои наҳзати исломии Тоҷикистон ё наҳзати Фаластину Лубнону Кашмиру Афғонистону ғайра будан ҳеҷ тафовуте надорад.
Ҳар кас узви ин аст, узви он низ ҳаст. Ва гуфта шуд, ки дар ин толор садҳо фаластинию лубнонию кашмирию афғонистонӣ нишастаанд ва он кишварҳо низ дар як лаҳза метавонад пур аз «тоҷикон» шавад. Ва ниҳоят, изҳор шуд, ки марзи масъулиятҳои ҲНИТ фаротар аз Тоҷикистон аст, на ин марзҳои сунъии ҷуғрофӣ. Меҳмони русӣ Ҳайдар Ҷамол ҲНИТ-ро мӯҳраи муҳимми ин ҳаракат дар минтақа номид ва пешниҳод, кард, ки кадрҳои ҳаркати исломии давлатҳои ИДМ ин ҷо тарбият ёбанд ва ғайра.
Дар масъалаи «ҳамдилии ҷаҳонии исломӣ» низ зикри чанд нукта зарурӣ ба назар мерасад, ки ба баъзе аз онҳо банда ҳанӯз дар мизи гирди рӯзи анҷуман ишора намудам:
1.Ба истилоҳ, ба «ҳаракати ҷаҳонии исломӣ» пайвастани ҲНИТ ва аз марзҳои ҷуғрофии кишвар васеътар донистани марзи масъулияти ҳизб боис мешавад, ки дар дохили кишвар дар муносибат бо ҳизб баъзе баҳсҳои кӯҳна аз нав оғоз шавад. Зеро дар даҳсолаи охир, хусусан, баъди бозгашт аз ҳиҷрат, роҳбарони ҲНИТ, хосса марҳум С.А.Нурӣ тамоми талошро намуда буданд, ки бар моҳият, аҳдоф ва масъулиятҳои сирф дохилӣ ва миллӣ доштани ин ҳизб таъкид намоянд. Ин матлаб дар Оинномаи ҲНИТ низ ворид шуд ва марзи масъулияти он низ марзҳои Тоҷикистон дониста шуд.
Аз сӯи дигар, элитаи сиёсии кишвар низ дар ин мавзӯъ омодагии зеҳнӣ надоштаю ба масъала нигоҳи бисёр идеологӣ дорад ва чунин «ҳамдилӣ» ва хусусан, қадамҳои амалии ҲНИТ дар ин самтро шояд оромона таҳаммул нахоҳад кард. Масалан, дар анҷуман дар бораи нодуруст фаҳмида шудани кумаки молии ҲНИТ ба мардуми Фаластин зиёд гуфта шуд, ки худ як намунаи чунин фаҳмиш аст. Аз ин рӯ, дар ин марҳила чунин матраҳ намудани ин масъала ба вазъияти ҲНИТ дар дохили кишвар зиён дорад ва саволҳои бисёреро ба вуҷуд меорад.
Бо дарки ин мавзӯъ, шояд дар оянда роҳбарияти ҲНИТ он фазои бисёр шиорию идеологӣ ва рӯҳияи «интернатсионали исломӣ»-ро, ки дар рӯзҳои анҷуман ба вуҷуд омад, худ ба таври огоҳона то ҳадде поин оварад.
2.Дар фосилаи солҳои 1998-2008 ҳам дар давраи роҳбарии С.А.Нурӣ ва ҳам дар давраи М.Кабирӣ робитаҳои хориҷии ҲНИТ бо ҳукуматҳо ва доираҳои сиёсию ҷамъиятии ғарбӣ (аврупоӣ) хеле васеътар буда, муносибатҳои расмӣ бо кишварҳои исломӣ ва ҳизбу гурӯҳҳои исломӣ огоҳона ба ҳадди камтарин расонида шуда буд. Ин шояд як зарурати ҲНИТ дар ин марҳила буд.
Акнун ҳизб худро нисбатан устувор эҳсос намуда, робитаҳои худро бо доираҳои сиёсию динии ҷаҳони ислом ба сатҳи расмӣ ва ошкор ва бисёр васеъ баровардааст. Ин навъе гардиши нав дар нигоҳҳо ва робитаҳои хориҷии ҲНИТ аст. Шояд барои як ҳизби исломӣ зарур бошад, вале дар шароити мо яқинан бармаҳал аст.
3.Гарчӣ андешаи иттиҳоду ҳамдилии исломӣ як таълимоти бунёдӣ дар ислом аст ва ҳеҷ мусулмоне наметавонад бо он мухолиф бошад, вале мутаассифона, воқеияти ҷаҳони имрӯзи ислом чунин аст, ки ин ҳаракат ва ин ҷабҳаи ягона дар амал қариб вуҷуд надорад. Мутаассифона, аксари ҳукуматҳои имрӯзаи кишварҳои мусулмоннишин ва бахше аз ҳизбу созмону ҳаракатҳои исломии ҷаҳон ба хатту доираҳои гуногуни сиёсию идеологӣ вобаставу пайваста буда, баъзе аз онҳо ҳатто аз марказҳое берун аз ҷаҳони ислом идора мешаванд.
Баъзеи дигар зери номи ҳаркати исломӣ манфиату ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва идеологии худ ё соҳибони аслии худро пиёда мекунанд. Ин ихтилофи манфиатҳо на танҳо миёни ҳизбу ҳаркатҳои исломӣ, балки ҳатто дар доираи созмонҳои расмии исломӣ мисли Созмони ҳамкориҳои исломӣ (собиқ СКИ) дида мешавад ва кишварҳои узви он дар аксари масъалаҳо ба тавофуқ намерасанд. Аз ин рӯ, гумони ин, ки имрӯз як «ҳаракати ягонаи ҷаҳонии исломӣ» амалан фаъолият дорад ва ҲНИТ ба он мепайвандад, як амри ғайривоқеӣ аст.
Муҳимтар аз ин, гумони ин, ки дар «лаҳзаи лозимӣ» ҳамаи он ҳукуматҳо ё ҳизбу ҳаракатҳои ҷаҳонии исломӣ «тоҷик мешаванд» ва ба ҳимояти наҳзати тоҷикон бармехезад, низ ҳаргиз воқеият надорад. Зеро, мутаассифона, ҳар яке манфиату хостаҳои худро дорад ва он ҷо низ моро бисёр домҳо интизоранд. Бале, ваҳдати ҷаҳонии мусалмонон ва ҳаракати ҷаҳонии исломӣ як орзую ормони ҳар мусалмон аст ва бояд бошад, вале боз ҳам мутаассифона, имрӯз чунин ваҳдат амалан нест. Яъне, банда дар масъалаи ин ақида ва ин таълимот ҳарфе надорам, балки фақат ночор, воқеияти сиёсии мавҷудаи имрӯзаро зикр менамоям. Албатта, бовар дорам, ки роҳбарони ҲНИТ инро медонанд, вале аз фарёдҳои самимонаи толор дида мешуд, ки вакилони қатории ҳизб ба шиору ташвиқу тавсияҳои меҳмонони хориҷӣ бисёр самимона умед баста буданд.
Дар ин робита хулосаи банда чунин аст, ки имрӯз барои ҲНИТ бисёр муҳимм аст, то моҳияти миллӣ, ватанӣ ва тоҷикистонии худро ҳифз намояд ва дар ин марҳилаи ҳассос ба шиору ормони «ҳаракати ҷаҳонии исломӣ» гузаронида нашавад. Зеро, ин ҳолат ба зарари фазои динии кишвар, ба зарари худи ҳизб ва ба зарари субботу амнияти миллии худи кишвар хоҳад буд. Тавре ки таҷрибаи солҳои ҳиҷрат ва ҷанги шаҳрвандӣ низ нишон дод, албатта миёни муддаиёни «ҳаракти ҷаҳонии исломӣ» дӯстон ҳам ҳастанд, вале ғайридӯстон низ ҳастанд; дар он водӣ бародарон ҳам ҳастанд, гургон низ кам нестанд.
Ё ихтилофи манфиатҳои баъзе аз дӯстони исломии мо ба ҳаддест, ки бо яке будани мо, нохоста, маънои дар муқобили дигаре буданро мегирад. Ихтилофи мавқеъ, ақида ва манфиатҳое, ки мутаассифона, имрӯз миёни баъзе аз кишварҳои бонуфӯзи исломӣ ба назар мерасад, ҳатто миёни Шарқу Ғарб дар замони ҷанги сард дида намешуд. Аз ин рӯ, чунин ҳолатҳо метавонанд ҲНИТ-ро ба мушкилоти бузург ва ба вартаи бисёр амиқе савқ диҳанд...
Ва хулоса, ҲНИТ як дастоварди сиёсӣ ва як таҷрибаи муҳимми тоҷикӣ ва як ҳизби динии ватанӣ аст ва маҳз дар ҳамин моҳияташ барои кишвар ва барои мардуми кишвар муфид аст ва дар ин марҳила набояд аз ин хатти мӯътадилу озмудашудаи рушди худ хориҷ шавад. Аз ин рӯ, бисёр муҳимм аст, ки имрӯз ин ҳизб бояд ба хотири чунин муфид боқӣ мондан байни заруратҳое чун «ҷаҳонӣ шудан» ва «миллӣ мондан» миёнаи тиллоиеро дарёбад.
4.Дар айни замон, эҳтимоли ин низ вуҷуд дорад, ки мавҷудияти ҳизби сиёсии динии мӯътадил ва ба таври орому табиӣ пешраванда дар Тоҷикистон ҳам барои мухолифини ислом дар сатҳи ҷаҳонӣ, ҳам барои мухолифони суботу оромии Тоҷикистон ва ҳам барои мухолифини худи ҲНИТ хушоянд набошад. Зеро исломи мӯътадил ва созанда манфиатҳои онҳоро таъмин намекунад. Аз ин рӯ, талқини оҳанги набард ба фазои ин ҳизб, даъвати ин ҳизб ба самти рӯёрӯиҳо ва хулоса, ба вартаи ихтилофи оштинопазири идеологӣ бо низоми мавҷудаи сиёсӣ тела дода, аз хатти озмудашудааш баровардани ҲНИТ метавонад яке аз ҳадафҳои огоҳонаи ин доираҳо бошад. Ва тавре болотар зикр шуд, чанде пештар падарони назарияи таҳаммулпазирӣ ҲНИТ-ро ҳатто барои таҳаммулпазирӣ(!) расман мавриди интиқод қарор дода буданд.
Дар ин масъала назари дӯстонаи ман ин аст, ки имрӯз дастовардҳои ҲНИТ аз ҳар нирӯи дигари сиёсии исломӣ дар саросари кишварҳои ИДМ бештар аст. Расмияти конститутсионӣ, эътирофи байналмилалӣ, имкони комили фаъолияти расмии сиёсӣ, беш аз чил ҳазор узви расмӣ, беш аз сесад ҳазор овози расмии интихоботӣ, доштани шӯъбаҳо ва пайравон дар саросари кишвар, узвият дар порлумон, унвони дуввумин қувваи сиёсии кишвар, таҷрибаи ҷиддии ҳизбӣ ва сиёсӣ ва ғайра дар маҷмӯъ, дастовардҳои бузургеанд, ки барои нирӯҳои дигари исломии сиёсӣ дар фазои ИДМ ҳатто қобили тасаввур нестанд.
Ҳамон меҳмононе, ки ҲНИТ-ро бо тамоми шӯр ба қиём ва корнамоиҳои бузург дар баробари «куфр» ва «шайтон» даъват карданд, худ дар ватани худ ҳатто 1% аз дастовардҳои ҲНИТ-ро надоранд. Аз ин рӯ, онҳо метавонанд бе ҳеҷ масъулияте шиор партоянд, вале ҲНИТ бояд мутаносибан бо вазну дастовардҳои худ бисёр масъулона пеш равад. Пас, бо вуҷуди эҳтироми меҳмонон, бори дигар такрор менамоям, ки хатти ҳаракати ҲНИТ бояд ҳифзи ҳамин дастовардҳо бошад, ҳифзи ҳамин хатти дурусту мӯътадили солҳои охир, ки аз матни як таҷрибаи воқеии тӯлонӣ дар худи Тоҷикистон ҳосил шудааст.
РАҲНАМО: ҲНИТ ДАР АНҶУМАН ВА ПАС АЗ АНҶУМАН - 1
РАҲНАМО: ҲНИТ ДАР АНҶУМАН ВА ПАС АЗ АНҶУМАН - 2
Идома дорад
Абдуллоҳи Раҳнамо, сиёсатшинос