18:19:28 28-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

РАҲНАМО: ҲНИТ ДАР АНҶУМАН ВА ПАС АЗ АНҶУМАН - 1

Се, вокуниши эҳтимолӣ ва афкори умумӣ дар дохили ҳизб ва дар сатҳи ҷомеа дар ин маврид санҷида шуд.

2.Бидуни рақобат ва алтернатива ва бо «як овоз» интихоб шудани М.Кабирӣ боиси эроду интиқоди зиёд дар ҷомеа ва матбуот гашт. Ҳанӯз дар худи анҷуман рӯҳонии барҷастаи кишвар Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ин масъаларо ба таври сареҳ мавриди нақд қарор дода, таъкид кард, ки агар ҲНИТ дар ин солҳо се-чор нафар шахси лоиқи номзадӣ ва роҳбарӣ омода накарда бошад ва натавонад як интихоботи воқеии борақобатро баргузор намояд, он нуктаи заъфи ин ҳизб аст.

Худи М.Кабирӣ низ нисбати интихоби худ истилоҳи «таъйин шудан»-ро истифода намуд, ки ин сухан манзараро боз ҳам печидатар намуд. Гарчӣ дар фарҳанги исломӣ «ходими қавм будани ҳокими қавм», «дар хидмати интихобкунандагон будани интихобшаванда» ва ба ин маъно, аз тарафи интихобкунандагон «тасвиб» ё «таъйин» будани як интихоб амри дуруст аст, вале дар забони сиёсии имрӯзаи мо ва дар муҳите, ки ҳангоми ин интихоб ба вуҷуд омад, ибораи «таъйин шудан» бештар ба маънои маъмӯли имрӯзаи он фаҳмида шуд. Ва журналистону меҳмононе, ки атрофи мо нишаста буданд бо таассуф мегуфтанд: дар ҳақиқат интихоб нашуд, таъйин шуд.

/images/stories/2011/11/03_muhiddin_kabiri_anjuman.jpg3.Интихоби дубораи М.Кабирӣ масъалаи тақрибан ҳалшуда буд, вале ин интихобот метавонист ба сурати дигаре анҷом шавад. Изҳороти қаблии М.Кабирӣ дар бораи он, ки 5-10 нафаре ҳаст, ки тавонад ҲНИТ-ро роҳбарӣ кунад, то ҷое дуруст аст ва баъзе аз ин шахсиятҳо метавонистанд вориди саҳнаи интихобот шаванд. Вале дар вазъияти имрӯза, агар ин «5-10 нафар» худро номзад мегузоштанд ва интихоботи умумӣ баргузор мешуд, боз ҳам М.Кабирӣ пирӯз мешуд. Зеро агарчӣ дар сафҳои болоии ҲНИТ нисбати ӯ баъзе норизоятиҳо вуҷуд доранд, дар сафҳои миёна ва поёнии ҲНИТ эътирофи имрӯзаи ӯ болотар аз номзадҳои эҳтимолии дигар аст. Номзадҳои эҳтимолӣ низ аз сатҳи шинохту маҳбубияти имрӯзаи М.Кабирӣ дар беруни ҳизб ҳатман огоҳӣ доштанд.  

4.Ба таври мушаххастар, имрӯз М.Кабирӣ дар дохили ҲНИТ алтернативаи воқеӣ надорад. Номзадҳои эҳтимолии хориҷиҳизбӣ мисли Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ва Давлат Усмон бо сабабҳои муайяне ба ин маърака ворид нашуданд ва эҳтимолан, дар оянда низ намешаванд. Номзадҳои эҳтимолии нисбатан ҷиддии дохилӣ бошад дар ин марҳила омодагии воқеиро барои иҷрои нақше чун М.Кабирӣ надоштанд ва зоҳиран, дар ин мақом будани Кабириро афзалтар донистанд. Аз ин рӯ, дар ин марҳила М.Кабирӣ на танҳо интихоб шуд, балки ҳамчун як зарурат ва эҳтиёҷи ҷиддии ҲНИТ ҳифз шуд. Ва шояд маънои дигари «таъйин шудан» ин бошад.

5.Пас, барои чунин нимапӯшида ва якномзадиву берақиб гузаштани интихоботи роҳбари ҲНИТ ва дар ҷомеаи хабарӣ ба вуҷуд овардани чунин боди интиқод зарурати амалие вуҷуд надошт. Агар мақсад интихоби дубораи М.Кабирӣ мебуд, он дар ҳар сурат таъмин буд, зеро дар ҳамин вазъият ҳар номзади дигаре аз дохил ё беруни ҳизб дар баробари М.Кабирӣ довталаб мешуд, боз ҳам пирӯзӣ аз Кабирӣ буд.

Танҳо далеле, ки дар тавҷеҳи ин тарзи интихобот ироа мешавад, талаботи Оинномаи ҲНИТ аст. Тибқи оинномаи ин ҳизб номзад ба раисии ҳизб аввал дар Раёсати олии ҲНИТ интихоб шуда, танҳо раёсат ҳақ дорад, ки номзадро ба анҷумани ҳизб пешниҳод намояд. Вакилони анҷуман ҳақ доранд, ки номзади пешниҳоднамудаи раёсатро қабул ва ё радд намоянд. Дар сурати рад шудан, боз ҳам раёсат номзади дигареро пешниҳод мекунад. Раёсат метавонад аз байни чандин номзаду довталаб як номзадро интихоб ва пешниҳод намояд.

Пеш омадани чунин масъала ва зери танқиди шадиди маҳфилҳои сиёсию матбуотии кишвар қарор гирифтани ин шева, дар назди ҲНИТ саволеро матраҳ мекунад, ки бо ин банди оинномаи худ чӣ муносибат намояд? Ба назар мерасад, ки ду тарафи ин масъала чунинанд:

Тарафи А (Аз нигоҳи технологияи муосири сиёсӣ): Агар ҲНИТ меъёрҳои маъмӯли ҷомеаи имрӯз ва хусусан, меъёрҳои демократии муосирро асос қарор диҳад ва ҳамчунин, масъалаи имеҷи сиёсии ҳизб ва роҳбари ҳизбро дар ҷомеаи коршиносиву матбуотӣ ва дар сатҳи байналмилалӣ (хусусан, дар диди доираҳои ғарбӣ) дар мадди назар дошта бошад, бояд ин банди Оинномаи худро ислоҳ намуда, дар оянда имкони дар худи анҷуман матраҳ шудани номзадҳо барои раисии ҳизбро фароҳам оварад. Дар чунин сурат вакилони анҷумани ҳизб метавонанд аз байни чанд номазад ба таври шаффоф номзади қобили қабули аксариятро интихоб намоянд.

Чунин интихобот барои мусбат шудан ва оромиш ёфтани афкори умумии ҷомеа низ муҳим аст ва ин ҳизбро аз «забонкӯтоҳӣ» раҳо мекунад. Илова бар ин, дар шароите, ки имрӯз интихоботи шаффоф ба як ормон ва як масъалаи усулии раванди сиёсии кишвар табдил шудааст, баргузорӣ ва ба намоиш гузоштани як интихоботи воқеӣ бо усули демократӣ барои ҲНИТ ва ҷонибдорони он як имтиёз ва як ифтихор мебуд. Шояд эроди Ҳ.А.Тураҷонзода низ асосан ба ин ҷанбаи масъала марбут бошад.   

Тарафи Б (аз нигоҳи усулӣ): Агар ҲНИТ ба ин масъала ба таври усулӣ нигарад, механизми мавҷудаи интихоби роҳбари ин ҳизб на бо таълимоти исломӣ дар ин мавзӯъ ва на бо таҷрибаи демократии ғарбӣ дар ин масъала мухолифат надорад. Ин интихобот моҳиятан аз чор қадам иборат аст: 1.Аъзои ҳизб вакилони анҷуманро интихоб мекунанд. 2.Вакилони анҷуман Раёсати олии ҳизбро интихоб мекунанд. 3.Раёсати олии ҳизб (ҳамчун намояндаи интихобшудаи аъзо ва вакилон) номзадии роҳбари ҳизбро (аз байни довталабон) интихоб ва барои раъйдиҳӣ ба анҷуман пешниҳод менамояд. 4.Анҷуман номзади пешниҳодшударо интихоб мекунад (ва ё метавонад радд кунад ва номзади дигарро талаб намояд). Чунин механизмҳо ҳам дар таърихи ҷомеаҳои исломӣ ва ҳам дар демократияи ғарбӣ бисёр фаровон истифода шудаанд:

Намуна дар садри ислом: пешвоёни бонуфӯзу босалоҳияти мардум (вакилон) дар шӯрои худ номзадеро барои мақоми халифа пешниҳод (интихоб) мекунанд, дар марҳилаи дуюм ӯ бояд аз мардум байъат гирад, яъне овоз ва розигии мардумро ба даст орад, то ба мақоми роҳбарии мардум бинишинад. Рафти овозгирии (байъатгирии) баъзе аз хулафои рошидин (пас аз интихоби онҳо дар шӯро) боз моҳҳо давом ёфта буд ва фақат пас аз гирифтани байъати (овози) мардум ба мақоми роҳбарӣ нишастанд.

Намуна дар демократияи ғарбӣ: мардум вакилони порлумонро интихоб мекунанд, вакилони мардумӣ сардори давлат ё раиси ҳукуматро интихоб менамоянд. Масалан, дар Олмон, Испания, Италия, Австрия, Туркия ва ғ., ки намунаҳои демократияи муосир ба ҳисоб меоянд. 

Аз ин рӯ, ҲНИТ метавонад бо тақозои технологияи сиёсӣ ва ё барои дарёфти имеҷи «демократӣ» механизми интихоби роҳбарашро иваз кунад, вале аз назари усулӣ (на усули исломӣ ва на усули демократӣ) он як зарурати ҳатмӣ нест. Зеро ин механизме, ки ҳаст, на ғайриисломист ва на ғайридемократӣ.

Идома дорад

Абдуллоҳи Раҳнамо, сиёсатшинос



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 05.11.2011 07:08
Дар бораи анчуман фикри сони дар сайти Оинаи Каюмарс бо номи Шахри касрободу дилобод не.. чоп шудааст, бехтарин хулоса аст.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi