15:27:28 03-уми Июни 2025 сол

РАҲНАМО: ҲНИТ ДАР АНҶУМАН ВА ПАС АЗ АНҶУМАН - 1

Баъзе ёддоштҳо дар ҳошияи анҷумани навбатии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон

Анҷумани навбатии ҲНИТ, ки дар моҳи сентябри 2011 доир гашт, ҳамчун як ҳодисаҳои сиёсӣ таваҷҷӯҳи зиёди маҳфилҳои сиёсию хабарии дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб намуд. Ин сатҳи таваҷҷӯҳ пеш аз ҳама аз омилҳое чун аҳаммияти худи масъалаи ислом, ҳассосияти мавзӯи ҳизби сиёсии динӣ дар ҷомеа, хусусиятҳои муносибати дину давлат, мураккабии вазъи сиёсии минтақа ва ҷаҳон ва ғайра бармеомад.

/images/stories/2011/11/03_abdullo-rahnamo_2011.jpgБанда низ дар ин анҷуман ба ҳайси меҳмону коршинос иштирок дошта, баъзе мушоҳидаю мулоҳизаҳои худро дар тӯли анҷуман ва пас аз он барои худ ёддошт намуда будам. Вале чун дар матбуоти даврӣ баъзе баҳсҳо дар атрофи кору мӯҳтавои ин анҷуман ҳамоно идома доранд, зарур донистам, ки бахше аз ёддоштҳои шахсии банда низ дастраси алоқамандони ин мавзӯъ қарор гирад.  

Ва аз ҳамин оғоз бояд зикр шавад, ки матлаби зер на аз мавқеи ҷонибдорӣ ё мухолифат бо ин ё он иштирокчии раванди сиёсии кишвар, балки сирфан аз назари шахсию диди коршиносӣ таҳия шуда, дар он талош рафтааст, то ба ин саволи меҳварӣ посух диҳем, ки дар ин марҳила ва дар ин раванд манфиати кишвар, манфиати мардум, манфиати ҳукумат ва манфиати худи ин ҳизб пеш аз ҳама дар чист? Ва чӣ басе нуктаҳое, ки манфиати ҳамаи онҳо бисёр наздик ва ё комилан муштарак аст. Ва бисёр муҳимм аст, ки дар канори огоҳӣ аз тафовутҳо, ин умумияту муштаракиҳо низ дуруст шинохта шаванд.

Ёддошти 1: ҲНИТ дигар фақир нест: нигоҳе ба сатҳи баргузории анҷуман

Дар анҷумани навбатии ҲНИТ кори ташкилӣ ва таҳияи имконот дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда буд. Ороиши бошукӯҳи толор бо салиқаи муосир (бо сабки ҳунару рангомезии постмодерн), таъмини воситаҳои аёнӣ ва имконоти электрикию электронӣ, таъмини гӯшиҳои фардӣ бо тарҷумаи ҳамзамон (синхронӣ) ба забонҳои русӣ, арабӣ ва англисӣ, насби экранҳои калон дар беруни бино барои бинандагон, имкони пахши мустақими кори анҷуман аз тариқи интернет, ширкати теъдоди зиёди меҳмонони хориҷӣ, баргузории зиёфатҳои олӣ, навбатдории «қадам ба қадам» дар толор, ташрифоти танзимшудаи истиқболи меҳмонон, таъмини хидматрасониҳои автомобилӣ дар тӯли кори анҷуман, ҳадяҳои арзишманди ёдгорӣ ба меҳмонон ва ғ. ҳамагӣ нишонгари як сатҳи нави коргузорӣ буданд. Ин воқеият пеш аз ҳама ба нуктҳои зерин ишора мекунад:

1. ҲНИТ ҳамчун як ташкилоти сиёсӣ дар масъалаи мудирияти чорабиниҳо ва коргузорию ташрифот нисбат ба ҳолати пешинаи худ бисёр пештар рафта ва бисёр ботаҷрибатар шудааст.

2. Тавоноиҳои молии ин ҳизб ахиран ба таври чашмгир боло рафтаанд. То ҷое, ки дигар наметавон гуфт, ки ҲНИТ як ҳизби аз назари молӣ заиф ё фақир бошад.

Ёддошти 2: ҲНИТ-ро аз наздик диданд: масъалаи иштироки меҳмонон ва коршиносон

Иштироки меҳмонон аз беруни ҳизб дар анҷуманҳои ҳизбҳои дигар низ маъмул аст. Вале ҲНИТ ҳар бор дар чорабиниҳои худ на фақат намояндагони ҳизбҳои дигар, балки муассису сардабирони нашрияҳои давлатию хусусӣ, таҳлилгарону сиёсатшиносони расмию мустақил, фаъолони ТҒД ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, рӯҳониён ва дигар чеҳраҳои шинохтаи кишвар, доираи васеи хабарнигорони ватанию хориҷӣ ва ғайраро даъват менамояд. Яъне, касоне, ки афкори умумии ҷомеаро месозанд имкон пайдо мекунанд, ки бо вазъият ва фаъолияти ин ҳизб аз наздик ошно шаванд. Аз ин вазъият чанд нукта қобили мулоҳиза аст:

1.Ҳузур доштани «созандагони афкори умумӣ» ва робитаи мӯҳтарамонаи ҳизб бо онҳо дар бораи ҲНИТ дар фазои умумӣ афкори мусбат ташаккул медиҳад ва ҳамзамон, имкон намедиҳад, ки афкори манфӣ дар бораи ҲНИТ дар фазои умумӣ ҷойгоҳи таъсиргузор ёбад. Ҳаҷми маводи мусбате, ки онҳо дар атрофи ҲНИТ меофаранд, нисбат ба чанд мақолаи танқидие, ки гоҳ-гоҳ дар баъзе расонаҳои давлатӣ нашр мешавад, бисёр зиёдтар ва таъсиргузортар аст. Ин як механизми пуртаъсиру камхарҷест, ки ҲНИТ аз он дуруст истифода менамояд.

2.Таҷрибаи бо «созандагони афкори умумӣ» чунин наздик кор карданро ҳизбҳои дигари кишвар низ метавонанд ба таври муфид истифода намоянд. 

Ёддошти 3: Ҳамкории интиқодӣ: ё нигоҳе ба рӯҳияи анҷуман

Дар ду соли охир, хусусан, пас аз интихоботи парлумонии соли 2010 нигоҳи ҲНИТ ба ҳукумат то ҳадде муташанниҷ гашта ва дар дохили ҳизб навъе фазои норозӣ аз ҳукумат ҳоким буд. Вале, бо вуҷуди ин, дар як-ду моҳи пеш аз анҷуман навъе оддишавии муносибати ҳукумат ва ҲНИТ мушоҳида гашт. Аз ин рӯ, дар масъалаи муносибат бо ҳукумат, метавон гуфт, ки фазои анҷумани навбатии ҲНИТ дар кулл, зиддиҳукуматӣ набуд.

/images/stories/2011/11/03_anjumani-nahzat_2011.jpgАлбатта дар рафти анҷуман ҳам раиси ҳизб ва ҳам баъзе меҳмонҳо аз сиёстҳои алоҳидаи ҳукумат интиқод карданд, вале фазои умумии анҷуман ва рӯҳияи куллии он зиддиҳукуматӣ набуд. Иқдомҳое чун бо нишони «20 солагии истиқлолият» мукофотонида шудани М.Кабирӣ, дар кори анҷуман бо паёми табрикӣ иштирок доштани мушовири Президенти ҶТ М.Сайфиддинов ва хусусан, дар баргузории анҷуман ва омадани меҳмонони хориҷӣ мусоидат кардани мақомоти давлатӣ ба ин масъала таъсири хуб гузошта буд.

Ин буд, ки ҳам дар рафти анҷуман ва ҳам дар конфронси матбуотӣ М.Кабирӣ борҳо аз ҳукумат ва мақомоти давлатӣ барои ҳамкорию мусоидаташон расман ташаккур кард. Аз ин вазъият нуктаҳои зерин қобили мушоҳидаанд:

1.Дар ин марҳилаи ҳассоси сиёсии минтақа ва ҷаҳон оҳанги рӯёрӯӣ ва рӯҳияи зиддиҳукуматӣ нагирифтани анҷумани ҲНИТ барои солим боқӣ мондани фазои сиёсии кишвар падидаи мусбат аст.

2.Ин таҷрибаи андак нишон медиҳад, ки дар як ҳамкорӣ мешавад ташаннуҷи муносибатҳо коста шавад ва вазъият ором нигоҳ дошта шавад. Аз ин рӯ, беҳтар аст, ки нисбати ҲНИТ на нигоҳи сирф рақобатӣ, балки сиёсати давлатдоронаи «ҳамкории интиқодӣ» пеш гирифта шавад. Яъне, дар рафти як ҳамкорӣ бояд ҳукумат хостаҳои ин ҳизбро то ҳадди имкон ба назар гирифта, хостаҳои худро низ ба ин ҳизб расонад ва дар чунин сурат амалӣ шудани онҳо бисёр осонтар аст.

Ёддошти 4: Интихоб ё таъйин: назаре ба шеваи интихоби роҳбари ҲНИТ

Нуктае, ки чӣ дар рӯзи анҷуман ва чӣ дар рӯзҳои пас аз он мавриди зикру таъкидҳои зиёд қарор гирифт, интихоби роҳбари ҲНИТ ва хусусан, шеваи ин интихоб буд. Дар бораи дубора интихоб шудан ва ё нашудани М.Кабирӣ ҳанӯз дар остонаи анҷуман дар ҷомеа андешаҳои зиёде гуфта шуданд, ки оғози ин баҳсро худи ӯ ба миён гузошта буд. Аммо тавре дида шуд, М.Кабирӣ бо ҷонибдории мутлақи вакилон дубора раиси ҲНИТ интихоб шуд ва танҳо худи ӯ ба таври рамзӣ ё шояд воқеӣ, барои худ овози зидд дод. Дар арзёбии ин интихоб ва ин интихобот метавон ба нуктаҳои зерин таваҷҷӯҳ намуд:

1.Гарчӣ дар остонаи анҷуман на дар дохили ҳизб ва на дар ҷомеа масъала ва эҳтимоли иваз шудани М.Кабирӣ ба таври ҷиддӣ матраҳ набуд, вале ин тарҳи матбуотиву таблиғотӣ барои ҲНИТ чанд натиҷа дод:

Як, шӯҳрату обрӯи М.Кабириро боз ҳам афзуд;

Ду, таваҷҷӯҳро ба анҷумани навбатии ҲНИТ боз ҳам бештар намуд;

Се, вокуниши эҳтимолӣ ва афкори умумӣ дар дохили ҳизб ва дар сатҳи ҷомеа дар ин маврид санҷида шуд.

2.Бидуни рақобат ва алтернатива ва бо «як овоз» интихоб шудани М.Кабирӣ боиси эроду интиқоди зиёд дар ҷомеа ва матбуот гашт. Ҳанӯз дар худи анҷуман рӯҳонии барҷастаи кишвар Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ин масъаларо ба таври сареҳ мавриди нақд қарор дода, таъкид кард, ки агар ҲНИТ дар ин солҳо се-чор нафар шахси лоиқи номзадӣ ва роҳбарӣ омода накарда бошад ва натавонад як интихоботи воқеии борақобатро баргузор намояд, он нуктаи заъфи ин ҳизб аст.

Худи М.Кабирӣ низ нисбати интихоби худ истилоҳи «таъйин шудан»-ро истифода намуд, ки ин сухан манзараро боз ҳам печидатар намуд. Гарчӣ дар фарҳанги исломӣ «ходими қавм будани ҳокими қавм», «дар хидмати интихобкунандагон будани интихобшаванда» ва ба ин маъно, аз тарафи интихобкунандагон «тасвиб» ё «таъйин» будани як интихоб амри дуруст аст, вале дар забони сиёсии имрӯзаи мо ва дар муҳите, ки ҳангоми ин интихоб ба вуҷуд омад, ибораи «таъйин шудан» бештар ба маънои маъмӯли имрӯзаи он фаҳмида шуд. Ва журналистону меҳмононе, ки атрофи мо нишаста буданд бо таассуф мегуфтанд: дар ҳақиқат интихоб нашуд, таъйин шуд.

/images/stories/2011/11/03_muhiddin_kabiri_anjuman.jpg3.Интихоби дубораи М.Кабирӣ масъалаи тақрибан ҳалшуда буд, вале ин интихобот метавонист ба сурати дигаре анҷом шавад. Изҳороти қаблии М.Кабирӣ дар бораи он, ки 5-10 нафаре ҳаст, ки тавонад ҲНИТ-ро роҳбарӣ кунад, то ҷое дуруст аст ва баъзе аз ин шахсиятҳо метавонистанд вориди саҳнаи интихобот шаванд. Вале дар вазъияти имрӯза, агар ин «5-10 нафар» худро номзад мегузоштанд ва интихоботи умумӣ баргузор мешуд, боз ҳам М.Кабирӣ пирӯз мешуд. Зеро агарчӣ дар сафҳои болоии ҲНИТ нисбати ӯ баъзе норизоятиҳо вуҷуд доранд, дар сафҳои миёна ва поёнии ҲНИТ эътирофи имрӯзаи ӯ болотар аз номзадҳои эҳтимолии дигар аст. Номзадҳои эҳтимолӣ низ аз сатҳи шинохту маҳбубияти имрӯзаи М.Кабирӣ дар беруни ҳизб ҳатман огоҳӣ доштанд.  

4.Ба таври мушаххастар, имрӯз М.Кабирӣ дар дохили ҲНИТ алтернативаи воқеӣ надорад. Номзадҳои эҳтимолии хориҷиҳизбӣ мисли Ҳоҷӣ Акбар Тураҷонзода ва Давлат Усмон бо сабабҳои муайяне ба ин маърака ворид нашуданд ва эҳтимолан, дар оянда низ намешаванд. Номзадҳои эҳтимолии нисбатан ҷиддии дохилӣ бошад дар ин марҳила омодагии воқеиро барои иҷрои нақше чун М.Кабирӣ надоштанд ва зоҳиран, дар ин мақом будани Кабириро афзалтар донистанд. Аз ин рӯ, дар ин марҳила М.Кабирӣ на танҳо интихоб шуд, балки ҳамчун як зарурат ва эҳтиёҷи ҷиддии ҲНИТ ҳифз шуд. Ва шояд маънои дигари «таъйин шудан» ин бошад.

5.Пас, барои чунин нимапӯшида ва якномзадиву берақиб гузаштани интихоботи роҳбари ҲНИТ ва дар ҷомеаи хабарӣ ба вуҷуд овардани чунин боди интиқод зарурати амалие вуҷуд надошт. Агар мақсад интихоби дубораи М.Кабирӣ мебуд, он дар ҳар сурат таъмин буд, зеро дар ҳамин вазъият ҳар номзади дигаре аз дохил ё беруни ҳизб дар баробари М.Кабирӣ довталаб мешуд, боз ҳам пирӯзӣ аз Кабирӣ буд.

Танҳо далеле, ки дар тавҷеҳи ин тарзи интихобот ироа мешавад, талаботи Оинномаи ҲНИТ аст. Тибқи оинномаи ин ҳизб номзад ба раисии ҳизб аввал дар Раёсати олии ҲНИТ интихоб шуда, танҳо раёсат ҳақ дорад, ки номзадро ба анҷумани ҳизб пешниҳод намояд. Вакилони анҷуман ҳақ доранд, ки номзади пешниҳоднамудаи раёсатро қабул ва ё радд намоянд. Дар сурати рад шудан, боз ҳам раёсат номзади дигареро пешниҳод мекунад. Раёсат метавонад аз байни чандин номзаду довталаб як номзадро интихоб ва пешниҳод намояд.

Пеш омадани чунин масъала ва зери танқиди шадиди маҳфилҳои сиёсию матбуотии кишвар қарор гирифтани ин шева, дар назди ҲНИТ саволеро матраҳ мекунад, ки бо ин банди оинномаи худ чӣ муносибат намояд? Ба назар мерасад, ки ду тарафи ин масъала чунинанд:

Тарафи А (Аз нигоҳи технологияи муосири сиёсӣ): Агар ҲНИТ меъёрҳои маъмӯли ҷомеаи имрӯз ва хусусан, меъёрҳои демократии муосирро асос қарор диҳад ва ҳамчунин, масъалаи имеҷи сиёсии ҳизб ва роҳбари ҳизбро дар ҷомеаи коршиносиву матбуотӣ ва дар сатҳи байналмилалӣ (хусусан, дар диди доираҳои ғарбӣ) дар мадди назар дошта бошад, бояд ин банди Оинномаи худро ислоҳ намуда, дар оянда имкони дар худи анҷуман матраҳ шудани номзадҳо барои раисии ҳизбро фароҳам оварад. Дар чунин сурат вакилони анҷумани ҳизб метавонанд аз байни чанд номазад ба таври шаффоф номзади қобили қабули аксариятро интихоб намоянд.

Чунин интихобот барои мусбат шудан ва оромиш ёфтани афкори умумии ҷомеа низ муҳим аст ва ин ҳизбро аз «забонкӯтоҳӣ» раҳо мекунад. Илова бар ин, дар шароите, ки имрӯз интихоботи шаффоф ба як ормон ва як масъалаи усулии раванди сиёсии кишвар табдил шудааст, баргузорӣ ва ба намоиш гузоштани як интихоботи воқеӣ бо усули демократӣ барои ҲНИТ ва ҷонибдорони он як имтиёз ва як ифтихор мебуд. Шояд эроди Ҳ.А.Тураҷонзода низ асосан ба ин ҷанбаи масъала марбут бошад.   

Тарафи Б (аз нигоҳи усулӣ): Агар ҲНИТ ба ин масъала ба таври усулӣ нигарад, механизми мавҷудаи интихоби роҳбари ин ҳизб на бо таълимоти исломӣ дар ин мавзӯъ ва на бо таҷрибаи демократии ғарбӣ дар ин масъала мухолифат надорад. Ин интихобот моҳиятан аз чор қадам иборат аст: 1.Аъзои ҳизб вакилони анҷуманро интихоб мекунанд. 2.Вакилони анҷуман Раёсати олии ҳизбро интихоб мекунанд. 3.Раёсати олии ҳизб (ҳамчун намояндаи интихобшудаи аъзо ва вакилон) номзадии роҳбари ҳизбро (аз байни довталабон) интихоб ва барои раъйдиҳӣ ба анҷуман пешниҳод менамояд. 4.Анҷуман номзади пешниҳодшударо интихоб мекунад (ва ё метавонад радд кунад ва номзади дигарро талаб намояд). Чунин механизмҳо ҳам дар таърихи ҷомеаҳои исломӣ ва ҳам дар демократияи ғарбӣ бисёр фаровон истифода шудаанд:

Намуна дар садри ислом: пешвоёни бонуфӯзу босалоҳияти мардум (вакилон) дар шӯрои худ номзадеро барои мақоми халифа пешниҳод (интихоб) мекунанд, дар марҳилаи дуюм ӯ бояд аз мардум байъат гирад, яъне овоз ва розигии мардумро ба даст орад, то ба мақоми роҳбарии мардум бинишинад. Рафти овозгирии (байъатгирии) баъзе аз хулафои рошидин (пас аз интихоби онҳо дар шӯро) боз моҳҳо давом ёфта буд ва фақат пас аз гирифтани байъати (овози) мардум ба мақоми роҳбарӣ нишастанд.

Намуна дар демократияи ғарбӣ: мардум вакилони порлумонро интихоб мекунанд, вакилони мардумӣ сардори давлат ё раиси ҳукуматро интихоб менамоянд. Масалан, дар Олмон, Испания, Италия, Австрия, Туркия ва ғ., ки намунаҳои демократияи муосир ба ҳисоб меоянд. 

Аз ин рӯ, ҲНИТ метавонад бо тақозои технологияи сиёсӣ ва ё барои дарёфти имеҷи «демократӣ» механизми интихоби роҳбарашро иваз кунад, вале аз назари усулӣ (на усули исломӣ ва на усули демократӣ) он як зарурати ҳатмӣ нест. Зеро ин механизме, ки ҳаст, на ғайриисломист ва на ғайридемократӣ.

Идома дорад

Абдуллоҳи Раҳнамо, сиёсатшинос

Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 05.11.2011 07:08
Дар бораи анчуман фикри сони дар сайти Оинаи Каюмарс бо номи Шахри касрободу дилобод не.. чоп шудааст, бехтарин хулоса аст.
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854