03:34:42 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИНТИХОБОТ БОЗ СУКУТИ ЗОЙИРОВРО ШИКАСТ

Аз таҷрибаи ҳаёти хеш андӯхта, халқ мақоле паҳн намудааст, ки «одат чу зиёда шуд табиат гардад». Одати фаъолшавӣ дар давраи маъракаҳои сиёсӣ барои ҳизбу алоҳида сиёсатбозони ҷомеаи мо барвақт табиат гаштаасту худ бехабаранд.

/images/stories/2011/11/03_rahmatullo-zoirov_2011_10.jpgЗеро ин одат барояшон манбаи даромади безаҳмат гаштааст. Бехабаранд, ки гадо низ баъди як-ду лаҳзаи аввали дарёфти пул шарми рӯяш мепараду оқибат ин пеша табиаташ мегардад. Ин гурӯҳ фақат дар давраи муайяни вақт имконият доранд, ки аз мавҷудияти хеш ба созмонҳои байналмилалӣ дарак диҳанду луқмаи барояшон партофтаи онҳоро дар шакли гранту кӯмакҳои ба ном барои рушди «озодию демократия» ҷудошуда нӯши ҷон кунанд.

Ҳамаакнун чунин лаҳзае фаро расид. Гарчӣ интихоботи миёндаврӣ дар ҳавзаи якмандатии интихоботӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе таҳти №3 маъракачаи ҳаҷман хурде ҳам бошад, имконияти ҳузури худро ошкор кардан омадааст.

Ва раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров, ки моҳи июни соли 2011 ҳамроҳи ҳизбаш, бо нишонаи эътироз ба ҳукумат, ба сукут рафта буд («Фараж» №25 (235) аз 22-июни соли 2011), хомӯшиашро шикаст. Зеро то ин давра чорабинии сиёсие (интихобот дар назар аст) гузаронида нашуда буд.

Вале Раҳматилло Зойиров аз сукут худаш танҳо, бе ҳизбаш, баромад. Ба ҳар ҳол изҳорот ва муроҷиатномаи ба расонаҳои хабарии хориҷиву дохилии кишвар фиристодааш аз ҳамин далолат мекунад. Муроҷиатномаи ӯ «Барои интихоботи шаффоф ва одилона дар Тоҷикистон» (сомонаи «Рӯзгор» аз 30.10.11) унвонгузорӣ шуда, хислати инфиродӣ дорад. Номбурда аз номи худаш изҳорот дода, аз раисони ҳизбҳои сиёсӣ ва мардуми Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки дар ҳама гуна интихоботҳо, аз ҷумла интихоботи миёндаврии дар боло зикршуда, иштирок накунанд.

Мавқеи бисёр ҳам аҷиб. Шахсе, ки раисии ҳизбро ба ӯҳда дорад, на аз номи ҳизб, балки аз номи худаш муроҷиат кардааст. Пас аъзоёни ҳизбаш вобаста ба мавзӯъ андешаи дигар доранд? Ё чаро раисе, ки аз номи ҳизби худаш муроҷиат карда наметавонад, тамоми мардумро даъват мекунад, ки ақидаи ӯро дастгирӣ кунанд.

Ба андешаи банда, изҳороти Раҳматилло Зойиров танҳо як ҳадаф дорад: ҳамоно тарғиботи худаш ва огаҳкунии сарпарастоне ба монанди Хазинаи Аврупо-Осиё дар Осиёи Марказӣ ва Консулгарии Шоҳигарии Нидерландия дар Ҷумҳурии Қазоқистону ғайра, ки ман то ҳол ҳастам ва сукутам муваққатӣ буд.

Иқдоми навбатӣ низ кӯшише баҳри касби имтиёзи сиёсист, вале гумон аст, ки муваффақ гардад. Р. Зойиров тӯли чанд соли ахир чандин дафъа кӯшиш намуд, ки барои ҳизбаш дар майдони сиёсии ҷумҳурӣ ҳадди ақал ҷойгоҳи кӯчаке дарёфт намояд, вале ҳамааш барҳадар рафт. Дар пайи таъсиси ҷунбиши мардумие бо номи «Иттиҳоди нерӯҳои демократии Тоҷикистон» (ИНДТ) афтод, ҳамроҳе пайдо накард.

Оқибати шикасти изҳороти навбатиаш низ баръало маълум аст, лекин як омили таскинбахш барояш вуҷуд дорад. То имрӯз ягон ҳизби сиёсии кишвар, ба истиснои ҲХДТ, номзади худро барои ширкат дар интихоботи миёндаврӣ пешниҳод накардааст. Ӯ метавонад ба сарпарастонаш ҳисобот диҳад, ки дар асари муроҷиатномааш ҳизбҳои сиёсӣ дар интихобот иштирок накарданд... ва гранти навбатиро гирифта боз ба сукут равад.

Шоҳрухи Сафарзод, рӯзноманигор



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 05.11.2011 07:19
ДАР ГАМИ МИЛЛАТ ДИЛЕ КУ,ДИДАЕ ПУРОБ КУ,
ТО БА РУЗИ ИНТИХОБОТ АХГАРЕ З-АХЗОБ КУ? аз хафтаномаи "Нигох" ,27 октябр
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi