10:03:27 04-уми Июни 2025 сол

“МЕДВЕДЕВ БОЯД АЗ МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН ПӮЗИШ БИХОҲАД"

Теъдоде аз равшанфикрони тоҷик бо пахши баёнияе дар интернет бо тавофуқи ахири раҳбарони Русияву Тоҷикистон дар мавриди боқӣ мондани пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон башиддат ибрози мухолифат кардаанд.

 /images/stories/2011/09/07_russia_tajikist_7.9.2011.jpg

Дар баёнияе, ки аз сӯйи беш аз 50 нафар аз зиёиён имзо шуда, омадааст, ки Дмитрий Медведев, раиси ҷумҳурии Русия, дар ҳамоиши шаҳри Душанбе "бо эътимод ба нафс ва бо мавҷе аз ғурур дар садояш" изҳор доштааст, ки кишвараш барои 49 соли дигар "қавламрави Тоҷикистонро зери назар" хоҳад дошт. Аммо афроде, ки ин баёнияро имзо кардаанд, мегӯянд, ки ин изҳороти оқои Медведев, ки "зарбаи муҳлике бар пайкари истиқлоли Тоҷикистон" будааст.

Дар ин баёния омадааст: "Медведев мафҳуми истиқлоли Тоҷикистонро дар ҳузури раҳбари ин кишвар ба истеҳзо гирифт ва бо итминон қасди худро барои дунболаравии Тоҷикистон аз сиёсатҳои Русия барои ним қарни дигар эълом кард. Мо мӯътақидем, ки ҷаноби Медведев бояд барои эроди он суханони таҳқиромез аз мардуми Тоҷикистон расман пӯзиш бихоҳад."

Нуриддин Қаршибоев, Саймиддин Дӯстов, Аҳмадшоҳи Комилзода, Рустами Аҷамӣ, Дориюши Раҷабиён, Муҳаммад Кабиров, Саидюнуси Истравшанӣ ва ҳамин тавр ҳудуди панҷоҳ нафари дигар аз ҷумлаи афроде ҳастанд, ки ба ин баёния имзо кардаанд. Муаллифони ин баёния мӯътақиданд, ки ҳеч зарурате барои ҳузури бузургтарин пойгоҳи низомии Русия дар берун аз марзҳояш, ки дар қаламрави Тоҷикистон мустақар аст, вуҷуд надорад.

Онҳо аз расонаҳои Русия ва таҳлилгарони "ғолибан муғриз ва тоҷикситези" рус, ки "хатарҳои ношӣ аз Афғонистон (маводди мухаддир, Толибон, ифротгароии мазҳабӣ), таҳдид аз сӯи Ӯзбакистон, эҳтимоли даргириҳои дохилӣ ва суботи ҳукумати кунунӣ"-ро далоиле барои мондагории ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон донистаанд, башиддат интиқод кардаанд.

Дар радди ин далоил, рӯшанфикрони тоҷик навиштаанд:, ки Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид аст, ва ба ин далел "на Афғонистони толибоние, ки ба торих пайвастааст ва на Узбакистони каримовӣ" наметавонанд алайҳи Тоҷикистон таъарруз кунанд.

Дар баёния мехонем: "Ҳатто агар бадтарин ҳолатро мутасаввир шавем ва пиндорем, ки Афғонистон пас аз хуруҷи омрикоиҳо бозпас ба чанги Толибон меуфтад, ёдамон наравад, ки дар Афғонистон ҳам теъдоди қобили мулоҳизае аз ҷамъият тоҷик ҳастанд. Ҳамон тоҷиконе, ки бо талошҳои русҳову бритониёҳо дар садаҳои 19 ва 20 аз мо бурида шуданд. Ишқу алоқаи шумори зиёде аз онҳо ба Тоҷикистон қобили муқоиса бо меҳри бисёре аз тоҷикистониҳо ба меҳанашон нест, чи бирасад ба “муҳаббат”-и муғризонаи Русия."

Муаллифони ин баёния аз фишорҳои Русия бар давлати Тоҷикистон башиддат интиқод карда ва хостори навиштаанд, ки танҳо аҳруми фишори Русия метавонад муҳочирати кории тоҷикон ба он кишвар бошад. Вале ба навиштаи онҳо, давлати Тоҷикистон бояд бо Русия низоми раводид ба роҳ андозад ва дар пайи эҷоди фурсатҳои шуғлии бештаре барои атбоъи худ ва кашфи масирҳои тозае барои муҳоҷират бошад, то онҳо ниёз ба муҳоҷират ба Русия надошта бошанд.

Онҳо менависанд: "Барои намуна, ба ҷои ҷалби коргарони чинӣ дар тарҳҳои сохтмонсозӣ ва роҳсозӣ бояд шаҳрвандони Тоҷикистон дар авлавият қарор бигиранд. Давлат бояд то ҳадди зиёде вазифаи таъмини шаҳрвандон бо ҷои кори муносибро анҷом диҳад."

Мухолифони ҳузури низомии Русия дар Тоҷикистон ҳамчунин бар зарурати иҷрои қавоъиди мардумсолорӣ таъкид карда ва давлати Тоҷикистонро ҳушдор додаанд, ки бидуни баргузории ҳамапурсӣ ва дарёфти раъйи умумӣ ҳеч гуна қарордоде бо Русия дар ин замина имзо накунад.

Зимнан, мақомоти Тоҷикистон ҳануз ҳеч вокунише ба ин баёния накардаанд. Аммо Сайфулло Сафаров, муъовини раиси Маркази мутолеъоти истротежики ин кишвар, як ниҳоди вобаста ба дафтари раёсати ҷумҳурӣ, мегӯяд, ки дарвоқеъ тавофуқ дар мавриди ҳузури нимқарнаи пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон ба истиқлоли ин кишвар латма ворид мекунад.

Вале вай афзуд: “Миёни Тоҷикистон ва Русия тавофуқ дар мавриди ҳузури ин пойгоҳ то соли 2014 вуҷуд дорад ва то он муддат ҳеҷ созишномаи ҷадиде ба имзо нахоҳад расид. Ва тавофуқи ҷадид миёни ин кишварҳо дар ин маврид, танҳо дар сатҳи гуфтугӯ ва баррасӣ миёни ҷонибҳо ба даст омадааст.”

Оқои Сафаров ҳамчунин эъмоли муқаррароти раводид барои ин ду кишварро барои таҳкими истиқлоли Тоҷикистон муфид хонд, аммо гуфт: “Раводид миёни ин кишварҳо метавонад барои иддае аз муҳоҷирон мушкил эҷод кунад.”

Бар асоси манобеъи мухталиф, беш аз як милюн муҳоҷири кории тоҷик дар шаҳрҳо ва навоҳии мухталифи Русия ба сар мебаранд. Ҳудуди 8 ҳазор низомӣ ва кормандони пойгоҳи Русия низ дар Тоҷикистон фаъолият доранд.

Би-Би-Си

Шарҳҳо   

 
0 #2 Guest 08.09.2011 18:45
Тугри гуф Рост Гуфта анд ки -ай бародарон Шумо ҳодисаҳои нооромии кишварро дар ибтидои солҳои 1990 ба ёд оред, ҳамаи ҳодисаҳо дар атрофи дивизияи 201-и Русия мегузашт. Ҳам Маҳкамов ва ҳам Раҳмон Набиев ва ҳам Искандаров, Кенҷеев ва то имрӯз ҳар каси дигар дар ҳамин дивизияи 201-и Русия паноҳ бурда буд ва паноҳ мебарад. Вазъиятсозиро ҳам ҳамин дивизия мекард. Чӣ гуна мо боз мехоҳем, ки як нерӯи низомии кишвари бегона дар дохили кишвари мо бошад.»
 
 
-1 #1 Guest 08.09.2011 18:31
118. Эй касоне, ки имон овардаед, дӯсти ҳамрозе ғайр аз ҳамдинони худ магиред, ки дигарон аз ҳеҷ зараре дар ҳаққи шумо кӯтоҳӣ намекунанд ва хостори ранҷу машаққати шумоянд. Ва душманӣ аз гуфторашон ошкор аст ва он кина, ки дар дил доранд, бештар аст аз он чӣ ба забон меоваранд. Оётро бароятон ошкор сохтем, агар ба ақл дарёбед!119. Огоҳ бошед, ки шумо ононро дӯст медоред ва ҳол он ки онҳо шуморо дӯст надоранд.
------------------------------
Дмитрий Медведев,Русия, ғурур дар садояш" изҳор доштааст, ки кишвараш барои 49 соли дигар "қавламрави Тоҷикистонро зери назар" хоҳад дошт !!!
------------------------------------
Оли бигардед гирди руссия баумед - ха ха ха ! намешавад ки бо бародарони мусалмони худ ЭРОН Афгонисто ПОКистон Арабистон ! кор кунед ва рафту омад ва тичорат ва шарики стратеги бошед хуб нест ??? !
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854