КАБИРӢ: ТОЛИБОН БА ОСИЁИ МИЁНА ДЕМОКРАТИЯ "МЕОРАНД"
Пас аз ҳамалоти террористии 11 сентябри соли 2001 дар Амрико, Осиёи Миёна ҳам дастхуши таҳаввулоте муҳим шуд. Ба дунболи ин ҳодиса Амрико ва бархе аз кишварҳои Аврупоӣ дар Осиёи Миёна, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, пойгоҳҳои низомӣ таъсис карданд. Аммо бисёре аз коршиносон мегӯянд, ки бархе аз давлатҳои худкомаи минтақа бо истифода аз ин фурсат ва бо баҳонаи мубориза бо терурисм ва ифротгароии мазҳабӣ даст ба нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон задаанд.
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз гирдобе, ки дар пайи ҳамалоти террористии 11 сентябри соли 2001 дар Амрико ба вуҷуд омад ва бисёре аз аҳзобу созмонҳои динӣ дар минтақаро ба коми худ фурӯ бурд, тавонист худро наҷот диҳад. Дар ин муддат теъдоди тарафдорон ва мизони маҳбубияти ин ҳизб дар Тоҷикистон афзоиш ёфт.
Ҳарчанд дар пайи интихоботи порлумонии моҳи феврали соли 2010 боз ҳам танҳо ду курсии порлумон насиби аъзои ин ҳизб шуд, аммо раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз “тақаллуби бесобиқа ва гушношунид” дар шумориши орои интихобкунандагон сӯҳбат мекунад. Ҳамкорамон Сӯҳроби Зиё дар остонаи даҳумин солгарди ҳамалоти террористии 11 сентябр дар Амрико бо Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, гуфтугӯе ихтисосӣ анҷом додааст:
-Оқои Кабирӣ, ҳамалоти терруристии 11 сентябр бар фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон чи таъсире дошт?
-Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон. Табиъист, ки ҳодисаи 11 сентябри соли 2001 дар Амрико бар ҷаҳони ислом таъсир гузошт ва ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи олами ислом наметавонист аз ин равандҳо дар канор бимонад. Чун баъд аз ин ҳодисаҳо ва ҳам бо кумаки баъзе расонаҳои хабарӣ ва доираҳои муъайян, аз сентябри соли 2001 ба баъд мутаассифона терурисм чеҳраи исломӣ касб кард. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳам дар зери таъсири ин ҳолати нав қарор гирифт.
Албатта, мо талошҳои зиёде доштем, ки бо фаъолиятҳои худ, бо гуфторҳои худ чеҳраи дигаре аз ислом ва мусалмононро нишон диҳем, вале табиъист, ки дар он мавҷи бузурги зиддиисломӣ, ки баъд аз ин ҳодисаҳо ҷаҳонро фаро гирифта буд, ин талошҳои ҷудогонаи мо дигар наметавонист таъсири зиёде бирасонад. Мо ҳам таҳти ин таъсир будем ва дар Тоҷикистон, мутаассифона, аз ин вазъияти нави баъд аз 11 сентябр бавуҷуд омада каме суиистифода шуд ва ин амр бар ҳизби мо ҳам таъсири худро расонд.
-Таъсири ин ҳаводис рӯйи фаъолияти ҳизби шумо ба чи шакл зоҳир гардид?
-Таъсири ин ҳаводис болои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мустақим набуд. Ин таъсир ғайримустақим ва гоҳо ғайри қобили эҳсос буд. Албатта, Тоҷикистон як вижагии худро дошт, ки тоза аз ҷанги шаҳрвандӣ берун омада буд ва ҳама тарафҳо дар муносибат бо якдигар хеле бо эҳтиёт рафтор мекарданд. Ҳукумат ҳам бо нерӯҳои сиёсӣ, аз ҷумла бо Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ва мо ҳам бо дарназардошти таърихи ҷанги шаҳрвандии кишварамон хеле боэҳтиёт будем. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон заҳматҳои зиёде ба харҷ дод, то худро аз ин гирдобҳо ҳифз кунад.
Шумо медонед, ки пас аз 11 сентябр бисёре аз ҳизбу ҳаракатҳои исломии ҷаҳон ба далелҳои гуногун натавонистанд худро аз листи (феҳристи) аҳзоб ва ҳаракатҳои тундгаро ва ё теруристӣ берун бикашанд. Вале яке аз муваффақиятҳои ҳизби наҳзат ин буд, ки тавонист худро аз ин рӯйхат берун бикашад. Агарчи мо дар минтақа ва ҷаҳон касонеро доштем, ки хеле мехостанд Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳам дар листи аҳзоб ва гурӯҳҳои теруристӣ шомил бошад. Вале инсофан бояд гуфт, ки то интихоботи порлумонии соли 2010 мо тақрибан мушкили ҷиддие дар дохили кишвар надоштем.
Ҳолатҳои алоҳидае буданд, ки бар аъзо ва тарафдорони ҳизби мо фишорҳо меомад, вале ин ба шакли оммавӣ ва типик набуд. Вале баъд аз интихоботи порлумонии соли 2010 вазъият каме тағйир кард, ки дигар ба ҳодисаҳои 11 сентябри Амрико тақрибан рабте надошт. Ин бештар ба масоили дохилии кишвар, ба ҷобаҷошавии мӯҳраҳо ва тавозуни қудрат, тавозуни муҳаббати мардум иртибот дошт, ки ин масъалаи дигар аст.
-Албатта пас аз чанд соли вуқӯъи ҳаводиси 11 сентябр сарнавишт масъулияти раҳбарии ҳизбро ба дӯши Шумо гузошт. Дар андеша, тафаккури шумо ин ҳаводис оё таҳаввуле ба вуҷуд овард? Агар, ба гуфтаи Шумо, баъзеҳо дар садади манъи фаъолияти ин ҳизб буданд, оё барои наҷоти ин ҳизб шумо андеша ва афкори худро ислоҳ кардед ва ё масири фаъолияти худро тағйир додед?
-Замоне ки ин ҳодисаҳо рух доданд, ман масъули равобити байналмилалии ҳизб будам. Дар ҳамоҳангӣ ва мувофиқа бо устоди марҳум Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, ки раҳбари ҳизб буданд, мо сиёсатҳоеро пеш гирифта будем, ки ҳар чи имкон дорад, ҳассосиятро атрофи ҳизб камтар кунем. Бояд гуфт, ки маҳз робитаҳои хуби хориҷии ҳизби наҳзат бо тамоми кишварҳо, сафоратҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва расонаҳои хабарӣ буд, ки воқеъан мо тавонистем дар зеҳни коршиносон таъсир бирасонем, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон комилан як ҳизби бумӣ, ватанӣ, як ҳизби миллӣ аст, аммо дорои арзишҳои исломӣ ва мубтанӣ бар арзишҳои исломӣ, ки ин комилан бо барнома ва истротежии ҳизбу ҳаракатҳое, ки шомили листи ҳизбу ҳаракатҳои теруристӣ ва ифротгаро шудаанд, фарқ мекунад.
Баъд аз он ки масъулият бевосита ба дӯши мо афтод, дар сиёсатҳои мо тағйироти куллие ба вуҷуд наомад, мо айни ҳамин корро қаблан ҳам анҷом медодем ва он роҳе, ки дар замони раҳбарии устод буд, мо онро идома додем ва метавон гуфт, ки фарқи зиёде байни сиёсатҳои ҳизби наҳзат дар замони устод ва баъд аз замони устод нест. Аз ҳодисаҳои 11 сентябр то ба имрӯз мо ин масирро, ин равандро яксон медонем.
-Як тазодд ё парадокс ҳаст. Аз як тараф кишварҳои ғарбӣ Шуморо ба унвони раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба бисёре аз нишастҳо ва ҳамоишҳои байналмилалӣ даъват мекунанд. Шумо меравед ва ба унвони як чеҳраи Ҳизби наҳзати исломӣ суханронӣ мекунед. Аз тарафи дигар, ҳамин кишварҳои ғарбӣ, аз баъзе мавориди нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон дар Тоҷикистон чашм мепӯшанд. Шумо ин тазоддро чи гуна шарҳ медиҳед? Оё ин ҷо як сиёсати дугона эҳсос намешавад?
-Аслан сиёсати дугонаи Ғарб танҳо барои наҳзат ва Тоҷикистон нест. Кулли ҷаҳони ислом дучори сиёсатҳои дугонаи Ғарб гаштааст. Аслан чунин ба назар мерасад, ки Ғарб арзишҳои демукросиро танҳо барои Ғарб ва кишварҳои ғайримусалмонӣ мехоҳад. Назари бисёре аз сиёсатмадорон ва коршиносони ғарбӣ ин аст, ки мусалмонҳо наметавонанд дар як ҷомеъаи демукротик зиндагӣ кунанд ва шояд сазовори як чунин ҷомеъа ҳам нестанд.
Бо ин бархурд ва пешзеҳнияте, ки дар Ғарб дар маҷмӯъ вуҷуд дошт, боз ин ҳодисаҳои 11 сентябр ва бахусус он чизе ки дар Афғонистон баъд аз Толибон иттифоқ уфтод, мавқеъияти онҳоро бештар тақвият дод. Онҳое ҳам ки ба минтақаи Осиёи Миёна омаданд, дар Афғонистон ва қисман дар Тоҷикистон, мустақар шуданд, ҳадафашон эъмори як ҷомеъаи демукротик ва кумак расондан ба ҷомеъаи демукротик набуд. Онҳо комилан як масъулияти дигар доштанд ва он ҳам мубориза алайҳи терурисм ва алайҳи Толибон ва аз байн бурдани Алқоъида буд.
Агар ҳар коре, ҳар нафаре, ҳар гурӯҳе ба ин ҳадафи онҳо кумак мерасонд, онҳо табиъист, ки бо онҳо бештар ҳамкорӣ мекарданд ва такия ба онҳо мекарданд. Табиъист, ки дар ин барнома онҳо бештар ба низомҳо ва ҳукуматҳои дунявӣ ва то ҳадде диктотурӣ ва худкома такия карданд ва онҳоро шарики муносибтар ва беҳтари худ дар минтақа ёфтанд. Ва бояд гуфт, ҷанге ки дар Афғонистон сурат гирифт ва вуҷуди нерӯҳои низомии НОТУ ё ғарбӣ дар Афғонистон ва минтақаи Осиёи Марказӣ на танҳо ба раванди демократия кумак накард, балки ин равандро солҳо ба ақиб партофт.
Ва парадокс ҳам ҳамин аст, ки аксаран нерӯҳои ғарбӣ ҳар куҷое ҳузур пайдо мекунанд, шиъорашон ҳамин аст, ки онҳо омаданд, то ба мардуми ин минтақа озодӣ ва демукросиро армуғон биёваранд. Вале мо мебинем, ки ҳузури онҳо, вуҷуди онҳо дар минтақаҳое, ки ҳастанд, бахусус дар Афғонистон ва атрофи Афғонистон, равандҳои демукросиро солҳо ба ақаб партофтааст.
Барои ҳукуматҳои Осиёи Марказӣ ҳам вуҷуди Толибон, мубориза алайҳи Толибон ва Алқоъида хеле ҳам далели қавие буд барои боз ҳам тақвият додани ҳокимияти худ ва истифода аз услубҳо ва равишҳои ғайридемукротик дар идораи давлат. Воқеъан ин вазъияте, ки ба вуҷуд омад, хеле ҳам барои миллатҳо ва мардуми ин минтақа, аз ҷумла барои ҳизбу ҳаракатҳо, ки ҳизби наҳзат ҳам ҷузъе аз ин маҷмӯъа аст, душвориҳо пеш овард. Вале боз ҳам бояд гуфт, ки ин миллатҳо тавонистанд бо вуҷуди ин ҳама вазъияти ноҷур ва мушкилиҳое, ки болояшон буд, метавон гуфт, ки тамоми омилҳо алайҳи мардум ва миллат кор мекард, боз ҳам аз худ дифоъ кунанд ва он ҷавҳари озодихоҳӣ ва демократия ва андешаи бозро боз ҳам ҳифз кунанд.
-Ҳоло раҳбари Алқоъида кушта шуда, НОТУ ва кишварҳои ғарбӣ раванди берун кашидани нерӯҳои худро аз Афғонистон шурӯъ кардаанд. Гузоришҳое мерасанд, ки Толибон ба марзҳои Осиёи Миёна наздик мешаванд. Ояндаи ин минтақа чи хоҳад шуд?
-Нерӯҳои ғарбӣ ҳатман дер ё зуд Афғонистонро тарк хоҳанд кард. Мо бояд омодаи вазъияти баъд аз хурӯҷи НОТУ дар Осиёи Миёна ва Афғонистон бошем. Нуктаи дуюм ин аст, ки ба касе писанд ҳаст ё нест, мо мехоҳем ё не, Толибон дар ҳукумати ояндаи Афғонистон ширкат хоҳанд кард. Албатта, Толибони оянда он Толибони 5 сол пеш ё 10 сол пеш нахоҳанд буд. Онҳо бамаротиб прогматик ва нисбатан мӯътадил хоҳанд буд. Зеро онҳо бояд қисме аз масъулияти кишварашонро ба дӯш бигиранд ва ин масъулият гирифтан ҳам онҳоро бештар масъулиятшинос хоҳад кард. Онҳо муносибати худро бо ҷомеъа ва бо кишварҳои атроф, аз он ҷумла бо Тоҷикистон, ҳатман дигар хоҳанд кард.
Вале ин ҷо як парадокси (тазодди) дигар ҳам ҳаст, ки бояд гуфта шавад. Агар нерӯҳои ғарбӣ, нерӯҳои Амрикоӣ ва НОТУ бо иҷрои ин ҳама барномаҳо ва пружеҳо барои демукротизаи кишварҳои Осиёи Миёна, ба натиҷае нарасиданд, эҳтимоли зиёд дорад, ки демократия дар Осиёи Миёна ва Афғонистон тавассути Толибон биёяд. Чаро чунин мегӯям? Зеро вақте Толибон дар Афғонистон ҳузур пайдо мекунанд, бисёре аз сиёсатмадорон дар Осиёи Марказӣ эҳсоси хатар хоҳанд кард ва нороҳат хоҳанд буд. Онҳо маҷбур мешаванд дарҳои худашонро ба рӯйи мардумонашон бештар боз кунанд. Ва вуҷуди қавитари Толибон дар Афғонистон боъиси бозтар шудани ҳукуматҳо дар Осиёи Миёна хоҳад гашт ва онҳо бештар дар ҷустуҷӯйи роҳҳои муколама, гуфтугу ва ҳамзистӣ бо мардуми худ хоҳанд буд. Инро мо дар ояндаи наздик мушоҳида хоҳем кард.
-Нуктаи ҷолиб аст. Як бахши сӯҳбати Шумо ин буд, ки дар фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ дар пайи интихоботи порлумонии соли 2010 таҳаввулоти азиме ба вуқуъ пайваст. Дар натоиҷи эъломшудаи интихобот, оё ҳаводиси 11 сентябри соли 2001 метавонист таъсире дошта бошад? Ё мақомот аз роҳи додани танҳо беш аз 8 дасади оро ба ҳизби Шумо хостанд маҳбубияти Шумо ва ҳизби Шуморо дар миёни мардум камранг нишон бидиҳанд?
-Хеле душвор аст бигӯем, ки он тақаллубе, ки дар интихоботи соли 2010 сурат гирифт, рабти мустақиме ба ҳаводиси 11 сентябр дошт ё ба он вазъияте, ки баъд аз он ҳодиса ба вуҷуд омад. Назари мо ин аст, ки агарчи аз лиҳози рақам ва омор ҳизби наҳзати исломӣ боз ҳам ҳамон ду курсии порлумонро ҳифз кард ва атрофи 8 дарсад раъйро барояш ҷудо карданд, вале амалан барои ҳукумат хеле душвор буд, ки бо тақаллуби гӯшношунид ва бесобиқа ин рақамро барои мо мушаххас кунад. Фикр мекунам, ки интихоботи 2010 барои ҳукумат, аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеъаи Тоҷикистон воқеъиятҳои навро кашф кард. Мо албатта медонистем, ки дар муқоиса бо интихоботҳои қаблӣ раъйи бештар бояд бигирем, зеро ҳизб кори бештар кард, омодагии бештар дошт ва тамоси бештар бо мардум гирифта буд.
Мо тавонистем ба мардум худро аз нав бишиносонем, муъаррифӣ кунем, вале дигарон омодаи ин рақамҳои нав набуданд ва хеле ҳам дар як ҳолати шок (шигифтзадагӣ) қарор доштанд ва маҷбур буданд даст ба чунин як тақаллуби гӯшношунид ва бесобиқа бизананд, ки албатта боз ҳам ба нафъи эшон анҷом нашуд. Чун натавонистанд ин ҳамаро аз чашми дурбин, аз чашми мардум ва аз таҳлилҳои коршиносон пинҳон кунанд. Агарчи интихобот рабти мустақиме бо ин ҳодисаҳо надошт, вале фикр мекунам таҳаввулоти тозае дар Осиёи Марказӣ ва дар Тоҷикистон ба вуҷуд овард.
-Нуктаи дигар: ҳар сол раиси ҷумҳур дар остонаи идҳои Фитр ва Қурбон мардуми мусалмони кишварро табрик мекунад. Ҳизби наҳзати исломӣ дар кишвар расман фаъолият мекунад, вале аз тарафи дигар рафтани ҷавонони зери 18-сола ба масоҷид барои намозгузорӣ мамнӯъ шуда, садҳо ҷавони тоҷик аз мадрасаҳои кишварҳои хориҷӣ баргардонда шуданд.
Ҳадаф аз ин иқдоми давлат чист? Аслан давлат аз чи нигарон аст? Аз ин ки бо рӯ овардани мардум ба арзишҳои динӣ, муносибати онҳо бо давлатҳои секулор тағйир меёбад, ё чунин гароиш метавонад пояҳои чунин давлатҳоро заъиф созад?
Мо дар мусалмон будани элитаи (нухбагони) имрӯзаи Тоҷикистон шакке надорем. Даъвои мусалмониашон дуруст аст. Вале дар ин ҷо як нукта бояд зикр шавад. Мусибати олами ислом ва мусалмонҳо пеш аз ҳама аз дасти худи мусалмонҳост. Аз ду гурӯҳи мусалмонҳо: яке мусалмонҳои ифротие, ки бо номи ислом зарба ба ислом мезананд, дигар мусалмонҳое, ки дунявии ифротӣ ҳастанд. Мусулмонзодаанд, аммо дар дунявият ва секулорисм то ба ҳадди ифрот расидаанд, ки ҳатто падарони дунявият дар Ғарб аз рафтори шогирдонашон ба даҳшат меафтанд. Мусибати олами ислом ҳам мутаассифона аз ҳамин ду гурӯҳ аст.
Вале он таҳаввулоте, ки дар муносибати мақомоти давлатӣ ба дин ба вуҷуд омад, ки нишонаҳояшро мо дар қонунҳои қабулшуда мебинем, дар бархӯрдҳо мебинем, дар маҳдудиятҳои масоҷиду либосу ҳатто ришу рафтани наврасон ба масоҷиду мадорис мебинем. Фикр мекунам як миқдор аз ин бархӯрдҳо боз ҳам ба интихоботи соли 2010 бармегардад. Ҳамон тавре ки гуфтам, дар як ҳолати шок (шигифтзадагӣ) қарор доштанд ва шумо агар бубинед, то интихоботи порлумонии соли 2010 дар мо симпозиюми (ҳамоиши) Абӯҳанифа буд ва сиёсатҳо ба самте мерафт, ки ҳатто як идда аз гурӯҳҳои ифротии дунявии мо изҳори нигаронӣ карданд, ки Тоҷикистон ба самти исломишавӣ ҳаракат мекунад.
Якбора пас аз феврали соли 2010 сиёсатҳо тағйир хӯрд ва мо ҳаракати аксро мебинем. Ин тағйирёбии хеле ҳам башиддати ҳаракатҳо воқеъан хатаре ҳам дорад. Чун ҷомеъа дар ниҳоят худашро дар як ҳолати сардаргумӣ пайдо мекунад, ки ба куҷо бояд ҳаракат кард. Назари мо ин аст, ки дар сиёсатҳои ахир хеле шитобзадагӣ эҳсос мешуд ва дар он тарсе ҳоким буд. Ин ба нафъи ҳокимият нест ва хуб мебуд ҳокимият дар чунин ҳолатҳо як каме аз худ устуворӣ, оромиш ва субот нишон медод. Бо чунин шитобзадагӣ набояд сиёсатҳоро тағйир дод.
Албатта, назари мо ин аст, ки дар маҷмӯъ пеши роҳи ин раванд гирифта нахоҳад шуд, чун билохира мардум дар роҳ ба сӯйи бозгашт ба асли хеш ҳастанд. Масалан, манъи ҷавонон аз рафтан ба масҷид, ё мубориза алайҳи завоҳири исломӣ, мисли ришу либосу дигар зоҳирҳо, натиҷаи зиёд нахоҳад дод, баръакс, ба назари мо, ифротгароиро бештар хоҳад кард. Билохира, мо дар асри интернету текнулужӣ зиндагӣ дорем. Агар шумо ба як ҷавон иҷоза намедиҳед ба масҷид биравад, ӯ аз тариқи интернет масҷидро ба хонааш мекӯчонад. Кадоме аз ин беҳтар аст?
Мо ба ҷавон иҷоза бидиҳем, ки ба масҷид биравад, ки дар он ҷо зери кунтрул ва назари ҷомеъа ва ҳукумат ҳарфҳо гуфта мешаванд ва аз он ҷо маълумотро бигирад, ё ӯ тавассути интернет масҷидро бо андешаҳои гуногун, ки дар ҷаҳон вуҷуд доранд, бикашонад биёрад болои мизи кориаш ва аз он ҷо маълумот бигирад? Воқеъан, эҳсос мешавад, ки мақомоти давлатии Тоҷикистон мехоҳанд кореро анҷом бидиҳанд, вале намедонанд, ки чи гуна. Ин шитобзадагӣ ва иштибоҳҳо ҳам натиҷаи ҳамон надонистанҳост.
-Дар пайи ҳаводиси соли 2001 ҳузури низомии кишварҳои ғарбӣ дар Осиёи Миёна афзоиш ёфт. Аз нуқтаи назари таҳаввулоти жиюпулитик чи таҳаввулоте дар минтақа ба вуқуъ пайваст ва оянда чи тур хоҳад шуд?
-Аввалан, вуҷуди нерӯҳои низомии кишварҳои Ғарб дар Осиёи Марказӣ на ба ин минтақа демократия овард, на озодиҳоро бештар гардонд. Баръакс масоилро печидатар кард ва ҳарчи зудтар агар эшон пас аз тарки Афғонистон аз минтақа ҳам мерафтанд, ҳамон қадар бештар ҳам ба нафъи эшон буд, ҳам ба нафъи мардуми ин минтақа. Сониян, вуҷуди низомии кишварҳои ғарбӣ дар Осиёи Марказӣ муносибатҳои ин кишварҳоро, бавижа Тоҷикистонро, бо дӯстони истротежики маъмулиаш каме печидатар кард. Албатта, русҳо ҳам дар оғози муборизаи ба ном зидди терурисм каме дар ҳолати сардаргумӣ қарор доштанд ва ҳеҷ мухолифате бо ҳузури низомии кишварҳои ғарбӣ дар Осиёи Марказӣ накарданд.
Онҳо бароҳатӣ мувофиқа карданд, ки ҳузур дошта бошанд ва ин ҳам ба хотири мубориза алайҳи терурисм дар Афғонистон. Вале баъдан дидем, ки дигар ҳатто Русия ҳам таҳаммули ҳузури тӯлонӣ ва васеъи нерӯҳои низомии ғарбӣ дар Осиёи Марказӣ, бавежа дар Тоҷикистонро, дигар надорад ва ин як каме ба муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистону Русия ҳам таъсир расонд. Бино бар ҳамин, назари мо ин аст, ки барои бозгардондани вазъият ба асли хеш ва оромтар кардани вазъият бояд ин нерӯҳо ҳангоми хурӯҷ аз Афғонистон дар ҳеҷ ҷойи дигари минтақа дигар мустақар нашаванд ва ба кишварҳои худ баргарданд. Фикр мекунам, ин бештар ба нафъи ҳама хоҳад буд.
-Кишварҳое мисли Чин, Эрон ва Туркияро дар Осиёи Миёна чи дар интизор аст?
-Чин, Эрон ва Туркия то ба ҳол ҳадди ақал ба таври ошкор дар бораи мустақар кардани нерӯҳои худ дар минтақаи Осиёи Марказӣ алоқа нишон надодаанд. Албатта, кишварҳои Осиёи Марказӣ робитаҳои хеле хубе бо ин кишварҳо доранд ва бояд дошта бошанд. Ҳар кадоме аз ин кишварҳо манфиъатҳои жиюпулитики худро дар минтақаи Осиёи Марказӣ доранд ва ҳамон тавре ки Аврупо, Амрико ва Русия барои худ ҳақ медиҳанд, ки дар Осиёи Марказӣ аз манофеъи худ дифоъ кунанд, чаро мо ин ҳақро аз Эрону Туркияю Чин ё ҳар каси дигар бигирем?
Чунин ба назар мерасад, ки дар минтақа ҳама ҳақ доранд аз манфиъатҳои худ дифоъ кунанд, ғайр аз худи мардуми ин минтақа, ки эшон ҳақ надоранд аз манфиъатҳои худ дифоъ кунанд. Бино бар ин, боз ҳам ба хотири печида накардани муносиботи кишварҳои Осиёи Маказӣ бо ҳамсоягони наздикашон, мисли Чин, Эрон, Туркия ва Русия, боз ҳам хурӯҷи сареътари нерӯҳои Амрикоӣ ва ғарбӣ аз ин минтақа ба нафъи кор хоҳад буд.
-Ташаккур аз Шумо.
Би-Би-Си
Шарҳҳо
RSS Обуна