ОҒОЗИ САФАРИ ДУРӮЗАИ АҲМАДИНАЖОД БА ТОҶИКИСТОН
Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод зӯҳри имрӯз бо як сафари расмӣ вориди Тоҷикистон шуд.
Интизор меравад, зимни ин сафар байни Эрону Тоҷикистон ду қарордод дар мавриди бунёди нерӯгоҳи Айнӣ бо иқтидори 150 мегаватт дар рӯди Зарафшон ва як корхонаи семент дар ноҳияи Данғара имзо шавад. Аҳмадинажод рӯзи 5 сентябр дар расми оғози баҳрабардорӣ аз чархаи аввали нерӯгоҳи Сангтӯда-2 низ ширкат хоҳад кард. Эрон дар ин сохтмон 180 ва Тоҷикистон 40 миллион доллар сармоя гузоштаанд.
Қаблан расонаҳои Тоҷикистон навишта буданд, ки ба далели таъхир дар ворид намудани таҷҳизот барои нерӯгоҳи Сангтӯда-2 ифтитоҳи он ба ду моҳи дигар ба таъхир уфтодааст. Вале Сайид Асгарӣ, масъули ширкати "Фароб", ки машғули сохтмони Сангтӯда-2 аст, ин хабарро таъйид накард ва гуфт, чархаи аввали ин нерӯгоҳ дар ҷараёни сафари Маҳмуди Аҳмадинажод фаъол хоҳад шуд.
Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-2 дар 120-километрии ҷанубу шарқи пойтахти Тоҷикистон қарор дошта бар фарози рӯдхонаи Вахш сохта шудааст. Нерӯгоҳ аз ду агрегати 110-мегаваттӣ иборат хоҳад буд ва оғоз ба кор кардани он тавлиди нерӯи барқро дар Тоҷикистон қариб 1 миллиард киловатт-соат афзоиш хоҳад дод.
Пас аз 12,5 соли истифода ба нафъи Эрон, ин нерӯгоҳ дар ихтиёри Тоҷикистон қарор хоҳад гирифт.
Бо оғози ҳамкориҳои Тоҷиистону Эрон тайи 15 соли ахир баъд аз сохтмони нақби "Истиқлол" дар гарданаи Анзоб, нерӯгоҳи Сангтӯда-2 дуввумин тарҳи муҳими Эрон дар кишвар ба шумор меояд. Ёдовар мешавем, аз истифодаи расмии нақби "Истиқлол" панҷ сол мегузарад, вале ҳамчунон таъмиру тармим дар он идома дорад ва равуо аз ин нақб мушкил аст.
Ахиран Вазорати нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ки дар моҳи сентябри соли ҷорӣ тармими нақби "Истиқлол" оғоз ва то баҳори соли 2012 идома хоҳад кард.
«Озодӣ»
Шарҳҳо
RSS Обуна