05:27:58 07-уми Декабри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Ноябр 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

БОҚИЕВ ДАР ДУШАНБЕ МАСОИЛИ ОБРО БАҲС ХОҲАД КАРД

Қарор аст, Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури Қирғизистон рӯзи 6 август аз Душанбе боздид кунад. Ин нахустин сафари расмии Боқиев ба хориҷ баъд аз интихоби дуборааш ба симати раёсати ин ҷумҳурист.

Гуфта мешавад, масъалаи тақсим ва истифодаи захираҳои об ва амнияти минтақа аз мавзӯъҳои меҳварии раиси ҷмҳури Қирғизистон ва мақомоти Тоҷикистон хоҳад буд. Баҳси оби минтақа дар воқеъ муҳимтарин мушкили миёни кишварҳои Осиёи марказист, ки бо гузашти ҳар рӯз доғтар мешавад. Бархе мақомот ва коршиносон дар воқеъ ба ёфтани роҳҳои ҳал таъкид мекунад, дар ҳоле ки бархе дигар мегӯянд, санадҳои мавҷуд ба сурати рӯшан наҳваи истифода аз захираҳои обро муайян кардааст ва кишварҳо танҳо бояд онро иҷро кунанд. 

Бино ба иттилоъи манобеъ дар вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Қурмонбек Боқиев, раисиҷумҳури Қирғизистон, зимни дидори рӯзи панҷшанбеи худ аз Душанбе бо мақомоти Тоҷикистон масоили мавриди алоқаи ду ҷониб, аз ҷумла вазъи амниятӣ ва масъалаи танзими истифода аз захираҳои обии минтақаро баҳс хоҳад кард. Оқои Боқиев ҳамроҳ бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин дар нахустин иҷлоси вазирони хориҷии Қирғизистон ва Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард. Тафсилоти бештари расмие то замони таҳияи ин гузориш роҷеъ ба сафари Боқиев ба Душанбе мунташир нашудааст. 

Аммо аксари таҳлилгарон ва огоҳони умур ба ин боваранд, ки мавзӯъи меҳварии мулоқотҳои раисиҷумҳури Қирғизистон бо мақомоти Тоҷикистон ва ҳамтои тоҷики ӯ ҳамчунон баҳси оби минтақа хоҳад буд. Тоҷикистон ва Қирғизистон ду кишвари дорои захираҳои аслии оби минтақа мебошанд. Ин ду кишвар ҳудуди 80 дарсади захираи оби минтақаро дар ихтиёр доранд. Аммо бино ба мухолифати кишварҳои поёноб, назири Узбакистон ва Қазоқистон аз як сӯ ва аз сӯи дигар, ба далели дар ихтиёр надоштани сармояи кофӣ, наметавонанд барномаи сохтмони нирӯгоҳҳои худро анҷом диҳанд ва ҳамчунон гирифтори бӯҳрони энержӣ боқӣ мондаанд.

Таҳлилгарон мегӯянд, ду кишвари дорои захираҳои обӣ ба баъди муддатҳо талоши ҷудогона ба ин натиҷа расидаанд, ки танҳо дар сурати касби мавқеъи ягона метавонанд ба ҳадафи худ дар мавриди танзими захираҳои обӣ даст ёбанд. Коршиносон мегӯянд, Тоҷикистон ва Қирғизистон бояд ба сурати муштарак дар ин замина ва ба сурати мушаххастар вориди амал шаванд. Иқдоми аввал, ба гуфтаи ин коршиносон, бояд ин бошад, ки ба сурати расмӣ ва муштарак ду кишвар худро қудратҳои обии минтақа муаррифӣ кунанд. Ва дар қадами дуввум иқдом ба таъсиси консортсиуми об намоянд. Ин гурӯҳ аз коршиносон мӯътақиданд, ки дар сурати мавзеъи муштаракро касб кардани Тоҷикистон ва Қирғизистон кишварҳои дигар чӣ бихоҳанд ва чӣ не ба пазируфтани шароити кишварҳои болоб моил хоҳанд шуд. 

Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳарду дар ҳоли ҳозир гирифтори бӯҳрони энержӣ мебошанд ва дар талошанд, барои эҳдоси нирӯгоҳҳои барқи обии худ сармояи кофӣ ба даст биоранд. Қирғизистон нирӯгоҳи азиме дар ҳоли сохтмон бо номи Қамбар-Ота дар рӯдхонаи Сир ва Тоҷикистон низ бузургтарин нирӯгоҳи барқи обии шояд минтақаро бо номи Роғун дар ҳоли иҷро доранд. Аммо Узбакистон ва Қазоқистон ба баҳонаи ворид шудани зарар ба муҳити зист ва биёбоншавии заминҳои кишварҳои поёноб ба ин тарҳҳо мухолифтат доранд.

Бархе кишварҳо ва созмонҳои сармоягузор низ ба унвони пешшарт барои сармоягузорӣ дар ин тарҳҳо рафъи мушкил бо кишварҳои поёнобро пеш мегузоранд. Ба ҳамин минвол, Тоҷикистон ва Қирғизистон бо вуҷуди ваъдаи бархе кишварҳо, назири Русия, барои сармоягузории тарҳҳои энержии худ то ҳол сармоягузорони мушаххасе пайдо накардаанд.

Аммо Булат Авулбоев, коршиноси маркази таҳдиқоти стротегии Қазоқистон мегӯяд, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба ҳадде ниёз ба нирӯи барқ доранд, ки ҳеҷ нирӯе наметавонад садди роҳи нирӯгоҳсозии онҳо шавад. Оқои Авулбоев гуфт: “Сохтмони нирӯгоҳҳои Роғун ва Қамбар-Ота аз сар гирифта шуда ва идома дорад. Ин як воқеъият аст. Ва ҳеҷ нирӯе, бо ҳеҷ василае, ҳатто бо истифода аз роҳҳои низомӣ наметавонад садди роҳи ин сохтмонҳо шавад. Аммо аз он ҷо ки ин иншоот аҳамияти бузурги минтақаӣ доранд, дар мавриди онҳо бояд навъе музокира ва созиш сурат бигирад.”

Ба ҳамин тартиб, бархе таҳлилгарон масъалаи сохтмони Роғун ва баҳси обиро дар минтақа тақрибан ҳалшуда медонанд ва танҳо масъалаи мавҷуд сармоягузорӣ барои сохтмони нирӯгоҳҳоро медонанд. Аммо бархе дигар ба зарурати идомаи гуфтугӯ ва созиш дар масъалаи об бо кишварҳои ҳамсоя таъкид мекунанд. Парвиз Мулоҷонов, таҳлилгари мустақили тоҷик, ба ин бовар аст, ки дар воқеъ мушкили об феълан назар ба солҳои қаблӣ мутафовит аст. Ӯ мегӯяд, бо афзоиши аҳолӣ ва азхудкунии заминҳои нав, мушкили об ҳарчӣ доғтар мешавад ва агар кишварҳо ба дарки ҳалли он феълан нарасанд, дар оянда ба як мушкили сиёсӣ-ҷуғрофӣ ва иқтисодии бузург табдил хоҳад шуд. 

Коршиносони қирғиз низ мегӯянд, агар нирӯгоҳи Қамбар-Ота сохта шавад, нирӯи барқи он 55 маротиба аз нирӯи барқе, ки дар нирӯгоҳи ҳароратӣ тавлид мешавад, арзонтар хоҳад буд. Пас суол ин аст, мо бояд аз обҳои худодод ва бепул истифода кунем ва ё бо ворид кардани мазуту гази Узбакистону Қазоқистон бар ивази даҳҳо миллион доллар барқ тавлид намоем?

Ба ҳамин тартиб, баҳсҳо идома дорад ва мушкили аслӣ боз ҳам пайдо кардани сармоягузорон мондааст. Аммо дар ҳоли ҳозир, оё Тоҷикистону Қирғизистон ба иттифоқи назар масъалаи таъсиси иттиҳоди обӣ даст хоҳанд ёфт? Суоле ки посухи мусбат ба он азми росих ва эътиқоди ростини раисони ҷумҳурӣ дар амри таъмини истиқлоли энержии кишварҳояшонро бозгӯ хоҳад кард.

Раҳматкарими Давлат, «Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi