23:35:37 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Июл 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31  

БОЗДОШТИ ДАҲҲО ТАН ДАР АМАЛИЁТИ ТАВИЛДАРА

Дар ҷараёни амалиёти вижаи нерӯҳои давлатӣ дар шарқи Тоҷикистон ёздаҳ тан аз афроди мусаллаҳ кушта ва ҳудуди 50 тани дигар боздошт шудаанд.

Тибқи иттилоъи манобеъи Вазорати кишвари Тоҷикистон, амалиёти ниҳодҳои интизомӣ, амниятӣ ва низомӣ алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар Тавилдара, ки тақрибан се моҳ идома дошт, ҳамакнун ба поён расидааст. Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯйи ин вазорат, гуфт, ки дар ҷараёни ин амалиёт дар маҷмӯъ 11 фарди мусаллаҳ, ки мақомот фаъолияти онҳоро ба гурӯҳҳои теруристӣ иртибот медиҳанд, кушта шудаанд.

Аз ҷумлаи афроди кушташуда Мирзо Зиёев, вазири собиқи умури изтирорӣ ва фармондеҳи мухолифон дар даврони ҷанги дохилии солҳои 1992-97 ва Неъмат Азизов, аз фармондеҳони дигари мухолифони пешини давлат ва ду бародари вай ҳастанд.

Ҳарчанд манобеъи пулис аз ироаи шумори дақиқи боздоштшудагон дар ҷараёни даргириҳо дар Тавилдара худдорӣ карданд, вале як манбаъ угфт, ки ин афрод ҳудуди 50 нафарро ташкил медиҳанд. Ба гуфтаи ин манобеъ, таҳқиқи фаъолиятҳои ин афрод идома дорад ва бозрасон даст доштани онҳо дар иртикоби ҷароими мухталиферо баррасӣ мекунанд.

Дар гузашта манобеъи пулис хабар дода буданд, ки дар миёни кушташудагон ва афроди боздоштшуда атбоъи Русия низ ҳастанд. Бар асоси иттилоъи вазорати кишвар, панҷ тан аз шаҳрвандони Русия қаблан дар Душанбе боздошт ва панҷ тани дигар ахиран дар Тавилдара кушта шуданд. Вале ҷониби Русия то ҳол дар ин замина вокунише накардааст.

Маҳмадулло Асадуллоев мегӯяд, ки дар ҷараёни амалиёти вижа як сарбози Вазорати дифоъи Тоҷикистон кушта шудааст. Ҳамчунин дар пайи ин даргириҳо се корманди вазорати кишвар, 2 корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва 2 корманди Горди миллии Тоҷикистон ҷароҳат бардоштаанд.

Зимнан, шоеъот дар бораи ҳузури гурӯҳҳои мусаллаҳ дар шарқи Тоҷикистон ба раҳбарии Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба “Мулло Абдулло”, ки аз фармондеҳони саршиноси мухолифон дар даврони ҷанги дохилӣ маҳсуб мешуд ва вуқӯъи даргириҳо миёни нерӯҳои давлатӣ ва гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Тавилдара аз се моҳ қабл пахш шуда буд.

Вале мақомоти Тоҷикистон он замон ин шоеъотро рад карданд ва гуфтанд, ки нерӯҳои давлатӣ ба манзури мубориза бо қочоқи маводди мухаддир дар минтақаи Рашт ва дар манотиқи дигари кишвар амалиёти вижаи “Кӯкнор-2009”-ро оғоз кардаанд.

Дар авоили моҳи июл, манобеъи пулиси Тоҷикистон аз бозпас овардани теъдоде аз нерӯҳои эъзомӣ ба шарқи Тоҷикистон хабар доданд. Он замон оқои Асадуллоев изҳор дошта буд, ки дигар ба ҳузури “низомиёни зиёд дар ин минтақа ниёзе вуҷуд надорад.”

Вале дуруст баъд аз чанд рӯзи пахши ин хабар, мақомот аз боздошт ва як рӯз пас аз кушта шудани Мирзо Зиёев, вазири собиқи умури изтирорӣ ва аз фармондеҳони пешини мухолифон иттилоъ доданд. Мақомот фаъолияти Мирзо Зиёев ва Неъмат Азизовро бо Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон иртибот доданд.

Аз сӯйи дигар, Абдураҳим Қаҳҳоров, вазири кишвари Тоҷикистон, дар авохири моҳи гузашта дар як нишасти мутбуъотӣ аз боздошти чанд тан аз афроде, ки эҳтимолан бо гурӯҳҳои теруристӣ дар Афғонистону Покистон иртибот доранд, хабар дод. Ба гуфтаи манобеъи пулис, бархе аз ин афрод қасд доштанд дар қаламрави Тоҷикистон аъмоли теруристӣ анҷом диҳанд.

Зимнан, дар моҳи гузашта дар Душанбе се инфиҷор рух дод, ки мақомот онҳоро “аъмоли теруристӣ” хонданд. Зимнан, дар ин ҳодисаҳо касе кушта нашуда, ҳарчанд дар инфиҷори севум як масъули пулиси ноҳияи Фирдавсии пойтахти Тоҷикистон ҷароҳат бардошта буд.

Ин инфиҷорҳо дар остона ва рӯзи баргузории мулоқоти руасои ҷамоҳири Афғонистон, Покистон, Русия ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе рух доданд, ки дар он масоили амниятӣ дар минтақа низ мавриди баррасӣ қарор дошт. Ва бо гузашти чаҳор рӯзи аз ин ҳамоиш мақомот аз анҷоми амалиёти вижа дар шарқи Тоҷикистон хабар медиҳанд.

Дар авоили ҳафтаи ҷорӣ, манобеъи пулиси Тоҷикистон аз кушта шудани Неъмат Азизов, раҳбари гурӯҳе мусаллаҳ дар Тавилдара ва боздошти ду бародари дигари вай хабар доданд.

Оқои Асадуллоев афзуд, ки ҳоло куллияи нерӯҳои эъзомӣ ба шарқи Тоҷикистон ба маҳалли икстиқрори доимии худ бозхонда шудаанд ва дар минтақаи Тавилдара танҳо як “гурӯҳи фаврӣ-ҷустуҷӯӣ фаъолият дорад.” Аз сӯйи дигар, ба гуфтаи вай, амалиёти “Кӯкнор-2009” дар куллияи манотиқи кишвар то 30 ноябри соли ҷорӣ идома хоҳад дошт.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi