01:15:20 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

ИНҚИЛОБҲОИ АРАБӢ СУЛҲИ ХОВАРИ МИЁНАРО МЕТАВОНАД БА ХАТАР МУВОҶЕҲ СОЗАД

Ба гузориши хабаргузории «Форс» дар пайи шаҳид ва захмӣ шудани даҳҳо фаластинӣ дар юриши низомиёни саҳюунист рӯзи якшанбе 15-майи соли 2011-и болои тазоҳуркунандагони солрӯзи ишғоли Фаластин  дар саросари Фаластин се рӯзи азои умумӣ эълом шуд.

 protest_in_venezuela0123.jpg

Ба иттилоъи манбаъ, Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгарони Фаластин эълом кард, ки дар тамоми идораҳои расмӣ дар дохил ва хориҷ аз Фаластин ба муддати се рӯз ба нишони азои умумӣ барои шаҳидони фаластинӣ ва  арабии солрӯзи фоҷиаи ишғоли Фаластин, парчами Фаластин нима афрошта шавад.

Сухангӯи ҷунбиши «Ҳаммос» хостори   ба роҳ андохтани бузургтарин тарҳи байналмилалӣ барои маҳкумияти таҷовузҳои режими саҳюнистӣ алайҳи ғайри низомиёни фаластинӣ дар ҷараёни роҳпаймоиҳои мусолиматомез шуд. Ҳамзамон вазири хориҷии Миср, Лигаи кишварҳои арабӣ, Сурия Урдун ва дигар кишварҳо, созмонҳои мудофеъ аз ҳуқуқи башар ва чеҳраҳои шинохтаи ҷаҳон ин ҳамалоти нерӯҳои исроилиро маҳкум карданд.

15-уми май рӯзе буд, ки 63 сол қабл аз ин як кишвари мусалмоннишин, кишваре, ки дар он аввалин қиблаи мусалмонон вуҷуд дорад,  ҳафтсаду ҳафтоду чор шаҳру рӯстояшро кашида гирифтанд ва саҳюнистҳои ғосиб давлати «Исроил»-ро дар ин сарзаминҳои ишғолӣ таъсис доданд.

Ин мардуми азияткашида ҳамаро тарк карда ба кишварҳои  ғайр муҳоҷир шуданд. Ҳиҷрату ғурбат ва оворагардии ин мардум дар тӯли 63-соли гузашта ба Исроил ин фурсатро дод, ки ҳар чизе, ки хоҳад ва ҳар киро, ки бихоҳад бо майли тому иштиҳои тамом азобу шиканҷа ва қатл намоянд.

Ин «давлати бепояву беасоси ишғолгарон»-ро нахустин шуда кишварҳои абарқудрати он замон назири Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ, Амрикову Аврупо ва ғайр ба расмият шинохтанду Фаластин ва миллати онро инкор карданд. Аз ин ҷиҳат ҳар сол дар ин сана Исроил рӯзи таъсисёбиашро таҷлил мекунаду Фаластиниён ба сӯги рӯзи аз даст додани хонаву кошона ва хоку ватан менишинанд.

protest_liby-4521441.jpgИсроил, ки мушти зӯр дорад ҳамасола ин санаи «шум»-ро бо хуни ватанхоҳони фаластинӣ пешвоз мегираду фаластиниҳо чандин азизу абармарди худро ба пешгоҳи ҳазрати Ҳаққ(ҷ) ҳамчун гувоҳ ва шоҳиду шаҳид «мефиристанд», то мабодо касе дар ҳаққашон нагӯяд, ки ин миллат аз баҳри хонаву хоку меҳан гузаштааст. Он ҳамаро ба Исроил «тӯҳфа» ва «армуғон» ба мерос гузоштааст. Не, фаластиниҳо чунин накардаанду нахоҳанд кард. Чунки ватанашонро Худо муқаддас донистаасту барои ҳар яки онҳо низ ин ҷои муқаддас азиз аст.

Бар асоси оморҳои мавҷуд Исроил дар манотиқи ишғолии соли чиҳилу ҳашт (1948) ҳудуди ҳафтсаду ҳафтоду чор шаҳру рӯсторо таҳти сайтараи худ гирифтанд, ки панҷсаду сиву як шаҳру рӯсто аз ин теъдод вайрон шуд.

Исроил ҳамчунин ҳафтод куштор алайҳи фаластиниён муртакиб шудааст, ки бар асари он беш аз як саду панҷоҳ ҳазор фаластинӣ дар ҷараёни ишғол шаҳид шуданд. Манбаъ: «http:gerdab.ir».

Аз сӯи дигар, режими саҳюнистӣ дирӯз пайкари 10 нафарро, ки ба зарби тири низомиёни саҳюнист дар рӯстои «Маҷдали Шамс» воқеъ дар минтақаи ҳаммарзи Фаластин ба шаҳодат расида буданд, таҳвили тарафи Сӯрия дод.

Хабаргузории «Руйтерз» низ ба нақл аз бархе манобеъи тандурустии Лубнон аз шаҳодати 10 нафари дигар аз тазоҳуроткунандгон дар рӯстои «Морун ар-рос» воқеъ дар марзи Лубнон бо Фаластини ишғолӣ хабар дод.

Бинобар ин гузориш, беш аз 100 нафари дигар низ дар ҳамлаи рӯзи якшанбе, ки саҳюунистҳо ба тазоҳӯроткунандагон дар рӯстои марзии «Морун ар-рос» тирандозӣ карда буданд, маҷрӯҳ шуданд. Манбуъ: «http: farsnews.com».

Ас-сафир ба нақл аз  манобеи фаронсавӣ афзӯд: Сааркӯзӣ, барои Нетанёҳу, ки дирӯз вориди Фаронса шуда буд, шарҳ дод, ки баҳори (инқилобҳои) арабӣ бояд ба аз саргирии раванди сулҳ (созиш) дар минтақа мунҷар шавад.

Ин манбаъҳо ба нақл аз Сааркӯзӣ эълом карданд: «Мо мушоҳида кардем, ки дар тазоҳуротоҳо (мардум) хостори демократия, озодӣ ва мубориза бо фасод шудаанд, вале агар авзоъ ором шавад ва миллатҳо фурсат пайдо кунанд дар бораи сарнавишти Фаластин суол хоҳанд кард ва фаластиниҳо (агар ба худ оянд) аз худ хоҳанд пурсид, ки чаро то ҳоло кишвари мустақил надоранд, бинобарин бояд раванди (созиш)-ро бо суръат ба ҷараён андохт».

Рӯзномаи «Ад-дастур»-и Урдун низ рӯзи гузашта дар таҳлиле аз рӯзи накбати (рӯзи аз даст рафтани сарзаминҳои ишғолӣ)-и Фаластин ва мавзӯъи ҳаққи бозгашти фаластиниён менависад: «Масъалаи оворагони фаластинӣ ва бозгашти онон ба ватанашон дар тӯли даҳаҳои гузашта бо дасисаҳо ва тавтиаҳои байналмилалии зиёд хатарнок талақӣ шуда аст, ки ҳамаи он бар зарари миллати Фаластин буд, аммо ҳамаи ин дасисаҳо бо исрори фаластиниён ба бозгашт ва ҳамчунин ҳамроҳии миллатҳои арабӣ бо шикаст мувоҷеҳ шуд».

Ин рӯзнома дар идомаи таҳлили худ таъкид дорад: «Ҳақоиқ исбот кард, ки танҳо роҳ барои посух додан ба таҷовузоти домандори саҳюнистӣ таъаҳуд ва тамассук ба ҳаққи бозгашти оворагон ба ватанашон аст».

Амруллоҳи Низом, «Рӯзгор»



Шарҳҳо   

 
0 #1 Guest 24.05.2011 04:22
dar fkri kambaghalo boshen dar kishvaroi arabi ay kambaghalira inkilob shid
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi