16:29:36 02-уми Июни 2025 сол

АБДУЛЛО НАЗАРОВ: "САРИ МОРОН КӮФТА БЕҲ..."

Генерали тоҷик ҳанӯз якуним сол пеш аз ҳузури "террористи рақами як" дар Покистон хабар дода буд. Нашрияҳои ғарбӣ ба нақл аз торнамои ифшогари WikiLeaks навиштаанд, ҳанӯз охири соли 2009 мақомоти Тоҷикистон ошкоро ба Иёлоти Муттаҳида гуфтанд, ки Усома бин Лодин дар Покистон аст ва Исломобод аз “террористи рақами як” ҳимоят мекунад.

general-nazarov454645656.jpgОнҳо ба як сӯҳбати генерал Абдулло Назаров, он вақт муовини вазири амнияти миллии Тоҷикистон, ишора мекунанд, ки дар дидор бо як дипломати амрикоӣ гуфтааст, бисёриҳо дар дохили Покистон дар куҷо будани Усома бин Лодинро медонанд, вале вақте ки амалиёти боздошти ӯ тарҳрезӣ мешавад, ӯ аз ин тарҳ огаҳ шуда, ҷои худро иваз мекунад.

Дар як сӯҳбат бо "Озодӣ" генерал Абдулло Назаров, сарвари Раёсати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон, гуфт, ки дар он дидор дар баробари дигар мавзӯъҳо аз макони будубоши Усома бин Лодин дар Покистон ҳам сухан рафта буд:

Абдулло Назаров: "Бале, ман он вақт гуфта будам, ки Усома Бин Лодин “невидимка” нест, дар ҳамон ҷо ҳаст, куҷоро мекобед, чаро зидди ӯ амалиёт намегузаронед? Ин гапҳо аввалҳои соли 2010 ё охирҳои соли 2009 буд..."

-Яъне ҳамон вақт маълум буд, ки Усома бин Лодин на дар Афғонистон, балки дар Покистон, дар Вазиристони шимолӣ панаҳ мебарад?

ҳамеша дар ҳамон ҷо буд. Ҳамаашон дар ин бора маълумот доштанд, ҳама афроди ворид медонистанд, ки бин Лодин дар ҳамон ҷост...

-Аммо ба фикри Шумо, агар дар бораи буду боши бин Лодин иттилоъ доштанд, чаро то ин вақт алайҳи ӯ амалиёт доир накарданд?

-Гап сари он ки пеш аз амалиёт ҷою маконро дақиқ муайян мекунанд, нақша мекашанд, омодагӣ мебинанд. Фақат баъд аз ин амалиётро доир мекунанд, ки он муваффақ гузарад ва бо талафоти ҳаддалимкон кам. Яку якбора бидуни омодагӣ намешавад ин корҳо. Ҳар кор агар аз рӯи ақл, аз рӯи нақша ва бо омодагии ҳаматарафа гузарад, муваффақ мешавад.

-Шумо ба амалиёти баргузоркардаи амрикоиҳо алайҳи Усома бин Лодин чӣ гуна баҳо медиҳед?

-Амалиётро бисёр олиҷаноб гузарониданд. Тавре аз наворҳои телевизионӣ дидем, гурӯҳи махсус дар Афғонистон машқ гузаронид, дар ҷое, ки тарҳи ҳамон бино дар шаҳри Абботободро сохта буданд. Ҳаматарафа омодагӣ дида, амалиётро бе ягон мушкил анҷом доданд.

-Аз нигоҳи шумо, оё баъд аз сари Усома бин Лодин хатари терроризм дар ҷаҳон камтар хоҳад шуд?

-Албатта, хело кам мешавад. Тоҷикҳо мақоле доранд-ку – “Сари морон куфта беҳ” Сари морро, ки нобуд сохтӣ, ҷисмаш дигар беҷону беҳаракат мемонад. Агар думашро буридиву сараш амон монд, боз ҳатман заҳрашро мечаконад. Дар ин амалиёт сари бин Лодинро маҷақ карданд.

Ёдовар мешавем, аз ин пеш генерал Абдулло Назаров дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ хабари сомонаи WikiLeaks дар бораи мулоқоташ бо як тан аз масъулини сафорати Амрико дар Тоҷикистонро таъйид карда буд.

Ба гуфтаи генерали тоҷик, дар он дидор атрофи ҳаводиси Тавилдара, ширкати пайравони "Ҷамоати таблиғ" ва дигар гурӯҳҳои мазҳабӣ дар ин ҳаводис, қонуни нави дини Тоҷикистон ва манъи таҳсили ҷавонони тоҷик дар мадрасаву донишкадаҳои мазҳабии кишварҳои исломӣ сӯҳбат шуда буд.

Абдулло Назаров ҳамчунин он нуктаро тайид карда буд, ки раҳбари Ҳаракати исломии Узбакистон Тоҳир Юлдош ба кӯмаки ҷангиёни Тавилдара 5 ҷангии дигарро фиристода буд, ки онҳо дар марзи Дарвоз боздошт шуданд.

Аъзои ин гурӯҳ, ба гуфтаи генерали тоҷик, аз Афғонистон бо худ маводи тарканда оварда буданд ва “ҳадафашон ҳамин буд, ки дар назди сафорати Амрико дар Душанбе таркиш ба амал оваранд ва бигӯянд, ки Тоҷикистон ноором аст ва ҳукуматаш мухолифи сиёсати Амрикову амрикоиҳост. Ҳамин корро карданӣ буданд, вале мо аз ин ҳодиса ҷилавгирӣ ва онҳоро боздошт намудем”.

Абдулло Назаров афзуда буд, ки ин гурӯҳ мехост баъд аз инфиҷор дар канори сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе ҳамчунин пули сохтаи амрикоиҳо миёни Тоҷикистону Афғонистонро низ тарконад.

Сайидқосими Қиёмпур, «Озодӣ»

Шарҳҳо   

 
+1 #2 Guest 03.05.2011 23:09
Кушта шудани Бен Лодан поёни филми бисёрсериягии Ғарб буд. Саҳнаҳои гуногуни ин филм ҳокӣ аз он буданд, ки дар ҳама ҳол мардуми мустазъафи мусалмон зери шинкаҷаи ғарбиён қарор доштанду ғарбиҳо нафт ва дигар сарватҳои онҳоро ғорат мекарданду боқимандаро ба оташ мекашиданд...
Аммо суол ин аст, ки баъд аз ғорати нафти Ироқ, барҳаму дарҳам кашидани сарвати Афғонистон ва нооромиҳо дар дигар кишварҳои исломӣ, бо кушта шудани «душмани рақами як»-и Амрико, Усома бен Лодан, Амрико боз киро «душмани рақами яки худ-демократия» қарор медиҳад ва боз ба ғорати кадом кишвар даст дароз мекунад?
 
 
+1 #1 Guest 03.05.2011 20:14
генерал Абдулло Назаров, ту Амният Точикистони худамон-да инкадар бо гурур кор мекардеду ва ба ин бетартибихои Рашт даст намезаданд ва ба амнияти дигар кишвархо чи кор доред боз фахр кунед ки хизмат кардаед барои мардум ! айб аст айб ! ё ин ки Зиндони Амнята гуед ин чи буд ! кучоро нигох кардед ки аз даруни Шахр марказ Пойтахт !
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854