ВИКИЛИКС: ҲУШДОРИ НАЗАРОВ АЗ ҲИМОЯТИ ПОКИСТОН АЗ БИН ЛОДИН
Сомонаи Викиликс як номаи маҳрамонаи сафорати Амрико дар Душанберо интишор дода, ки аз ҳушдори Тоҷикистон дар мавриди ҳимояти аносире аз нерӯҳои амниятии Покистон аз Усома бин Лодин ҳикоят мекунад. Номаи маҳрамонаи сафорати Амрико ба мақомоти он кишвар дар Вошингтун рӯзи 2 май, дуруст як рӯз пас аз кушта шудани раҳбари шабакаи Алқоъида дар сомонаи Викиликс мунташир шудааст.
Бар асоси ин нома, мавзӯъи хатароти терурисм дар минтақа дар дидори 11 декабри соли 2009 миёни Абдулло Назаров, муъовини вақти раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва масъули бахши сиёсӣ ва иқтисодии сафорати Амрико дар Душанбе матраҳ шудааст.
Дар ин нома омадааст, ки ин мулоқот қабл аз таҳияи гузориши солонаи Вазорати хориҷаи Амрико дар бораи вазъияти мубориза алайҳи терурисм дар ҷаҳон баргузор шуда ва масъули сафорат вазъи анмиятии кишварро бо ин мақоми амниятии Тоҷикистон баррасӣ кардааст.
Дар ин сӯҳбат женерол Абдулло Назаров аз ҷумла гуфтааст, ки аъзои созмонҳои террористӣ, назири Алқоъида, Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон ва Иттиҳоди Ҷиҳоди Исломӣ дар кишварҳои зиёде, аз ҷумла дар Тоҷикистон фаъолият доранд. Вай ҳамчунин афзудааст, ки агар "кишварҳои дигар аз гурӯҳҳои террористӣ бо ҳадафҳои политикии худ истифода намекарданд” ин созмонҳо хеле пеш нобуд мешуданд.
Оқои Назаров ба дипломати Амрикоӣ гуфтааст: "Масалан, Усомо бин Лодин дар Покистон як одами аз назарҳо пинҳон нест ва бисёриҳо дар бораи макони буду боши вай дар Вазиристони Шимолӣ хабар доранд, аммо ҳар гоҳе, ки нерӯҳои амниятӣ мехоҳанд амалиёте алайҳи ӯ анҷом бидиҳанд, душман дар бораи наздик шудани онҳо аз нерӯҳои амниятӣ иттилоъ дарёфт мекунад."
Ин мақоми амниятии Тоҷикистон ин суханонро дар лобалои назароташ дар бораи авзоъи амниятии минтақа ва кишвараш иброз дошта, вале акнун, бо кушта шудани Усома бин Лодин, бархе аз расонаҳои ғарбӣ ба мӯҳтавои суханони ӯ дар номаи маҳрамонаи сафорати Амрико таваҷҷӯҳ кардаанд.
Тибқи ин санади маҳрамона, Абдулло Назаров ҳамчунин ба ҳамкории Русия бо гурӯҳҳои террористӣ ишора карда ва аз ҷумла гуфтааст, ки дар солҳои 2001 ва 2002 гурӯҳҳои террористӣ бо кумаки русҳо аз қаламрави Тоҷикистон ба Ӯзбакистон убур кардаанд.
Оқои Назаров сипас ба таври кинояомез ин суолро кардааст: "Ин гурӯҳҳо муҳиммоти ҷангиро аз куҷо мегиранд?" Вай афзудааст, ки дар яке аз ҳамоишҳои Гурӯҳи Шонгҳой мақомоти тоҷик аз ҳамтоёни руси худ пурсидаанд, ки чи гуна террористони шинохташуда тавассути фурӯдгоҳҳои Домодедово ва Шереметево ба Тоҷикистон сафар кардаанд.
Нома меафзояд, ки ин мақоми амниятии Тоҷикистон дар бораи посухи русҳо ба ин савол чизе нагуфтааст. Аммо ӯ ба дипломати Амрикоӣ гуфтааст, ки ҳудуди даҳ нафар, алорағми шомил буданашон ба феҳристи “афроди мавриди таъқиб”-и Русия тавонистаанд аз шаҳрҳои Сан-Питербург ва Тюмени Русия дар замони даргириҳои Тавилдара дар ду сол пеш ба Душанбе парвоз кунанд.
Оқои Назаров дар бораи амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Тавилдара дар тобистони соли 2009 низ иттилоъоте дода ва гуфтааст, ки дар ин даргириҳо аъзои гурӯҳҳои теруристии байналмилалӣ, ки дар миёни онҳо куреиҳо, тоторҳо, чеченҳо ва доғистониҳо низ шиносоӣ шудаанд, ширкат доштанд.
Вай ҳамчунин ба дипломати Амрикоӣ хабар додааст, ки дар замони даргириҳои Тавилдара Тоҳир Юлдошев, раҳбари Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон, панҷ нафарро барои кумак ба пайкорҷӯёни мухолифи давлати Тоҷикистон ба Тавилдара фиристода, вале нерӯҳои давлатӣ онҳоро дар ноҳияи Дарвоз дастгир кардаанд.
Ба гуфтаи оқои Назаров, ин афрод қасд доштанд дар наздикии сафорати Амрико дар Душанбе ва дар пули иртиботии воқеъ дар Панҷи Поён, ки тавассути Амрико бунёд шуда ва бузургтарин пули иртиботии миёни Тоҷикистон ва Афғонистон аст, инфиҷорҳое анҷом бидиҳанд.
Би-Би-Си
Шарҳҳо
Аммо суол ин аст, ки баъд аз ғорати нафти Ироқ, барҳаму дарҳам кашидани сарвати Афғонистон ва нооромиҳо дар дигар кишварҳои исломӣ, бо кушта шудани «душмани рақами як»-и Амрико, Усома бен Лодан, Амрико боз киро «душмани рақами яки худ-демократия» қарор медиҳад ва боз ба ғорати кадом кишвар даст дароз мекунад?
RSS Обуна