16:44:53 02-уми Июни 2025 сол

КУШТА ШУДАНИ БИН ЛОДИН: ПОЁНИ ҶАНГ БО ТЕРРОРИЗМ?

Бархе аз коршиносон ва шахсиятҳои сиёсӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, ки марги Усома бин Лодин бар авзоъи сиёсӣ ва амниятии кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна таъсири назаррасе нахоҳад гузошт.

binladen_30425214101.jpg

Аз сӯйи дигар, бархеҳо мӯътақиданд, ки кушта шудани раҳбари Алқоъида нишонае аз афзоиши ҳамкориҳо байни нерӯҳои амниятии кишварҳои мухталифи ҷаҳон аст. Ҳамчунин, ба гуфтаи иддае аз коршиносон, Усома бин Лодин дар миёни мусалмонони Тоҷикистон ва аксари мардумин ин кишвар фарди маҳбубе набуда ва дар Тоҷикистон пайравоне надоштааст. Амрико Усома бин Лодин, раҳбари гурӯҳи Алқоъидаро дар ҳамалоти теруристии ёздаҳуми сентябри соли 2001 дар Ню-Йурк мазнун медонад, ки мунҷар ба кушта шудани се ҳазор нафар шуда буд.

Нуралии Давлат, таҳлилгари масоили сиёсӣ:

"Ман фикр мекунам, ки кушта шудани Усома бин Лодин бар вазъияти Тоҷикистон ва минтақа ҳеч таъсире намерасонад. Зеро вай як самбуле (символе) барои Амрико бо ҳадафи фароҳам кардани замина барои омадани Амрико ба минтақа буд. Ман дасти дароз доштани гурӯҳи Алқоъида ва аз ҷумла, раҳбари он Усома бин Лодинро, дар бисёре аз амалиёти теруристӣ баъид медонам. Бин Лодин дар даҳ соли ахир аслан як устура дар дасти Амрико барои дастёбӣ ба минтақа буд.

1_nuralidavlat30432323.jpgДар ин даҳ соле, ки Амрико ба минтақа омад, чи кор кард? Амрико пойгоҳҳояшро дар минтақа мустаҳкам кард, нерӯҳои низомиро дар минтақа ҷойгир кард. Дар минтақае, ки аз даврони Искандари Мақдунӣ пойи Урупо ва ё ки Ғарб ба он нарасида буд, Амрико ҷойгир шуд.

Ин тараф бозорҳои бузург ва захоири нафту гози Осиёи Марказӣ, тарафи дигар Чин, ки мехоҳад абарқудрати ҷаҳон шавад, ва ин сӯй, Эрон, ки мехоҳад барномаи ҳастаияшро пиёда кунад. Амрико аз Алқоъида ва Усома бин Лодин фақат барои ворид шудан ба минтақаи бисёр муҳимми ҷаҳон истифода кард ва ман фикр мекунам, ки дар Тоҷикистон дар ин даҳ сол кам касоне ба мавҷудияти Бин Лодин бовар доштанд.

Усома бин Лодин бузургтарин агенти (омили) СРУ (Созмони Иттилоъотии Оирико -СИО) дар тамоми давраи мавҷудияти ин ниҳод аз соли 1945 то имрӯз буд. Фикр мекунам, ки ин аз ибтидо як бозӣ буд ва Усома бин Лодин аз ибтидо бо Амрикоиён иртибот дошт ва ман бовар намекунам, ки онҳо намедонистанд, ки Бин Лодин дар куҷо ҳаст.

Фақат замоне ки ихтилофоти миёни созмонҳои ҷосусии Покистону Амрико ба вуҷуд омад ва Афғонистон низ ба он эътироз кард, ин ҷо марҳилаи дигари бозӣ шурӯъ шуд. Шояд бо кушта шудани фарзандони Қаззофӣ Амрико мехоҳад зеҳни мардуми ҷаҳонро ба сӯйи дигаре, яъне ба марги Бин Лодин, ҷалб кунад."

Сайфулло Сафаров, муъовини раиси Маркази мутолеъоти истротежики Тоҷикистон:

1_sayifullohsafar2632323.jpg"Ин як муваффақияти бузурги Амрикост ва ман Амрико ва мардуми онро шодбош мегӯям. Вале ман фикр намекунам, ки аз набудани Усома бин Лодин сатҳи терроризм ва ё хатароти он коҳиш ёбад. Терроризми байналмилалӣ танҳо ба Бин Лодин бастагӣ надорад ва ин ҷо меконисмҳои сиёсӣ ва жиюпулитикие вуҷуд дорад, ки намегузорад терроризм аз миён равад.

Аз ин рӯ, барои комилан нобуд кардани он тадобири бештаре анҷом додан лозим аст, то ҷомеъаи ҷаҳонӣ бе "бинлодинҳо" бошад ва онҳо аслан вуҷуд надошта бошанд ва фарзандони инсон ба ин роҳи бад нараванд. Ин аз он ки мо “як касе мекушем ё нобуд мекунем” беҳтар аст.

Ва ман гумон мекунам, ки нобуд кардани чанде аз теруристҳо дар Қафқоз, Тоҷикистон ва акнун дар Покистон баёнгари он аст, ки кишварҳои бештари ҷаҳон барои нобуд кардани ин падидаи номатлуб ҳамкориҳояшонро тақвият додаанд."

Акбари Тӯраҷонзода, рӯҳонии саршинос:

"Ман бо итминони комил мегӯям, ки Усома бин Лодин дар Тоҷикистон ҳеҷ пайраве надорад, вале дар дунёи ислом чаро, дорад, зеро барои як тоифа агар вай терурист буд, барои тоифаи дигар вай озодихоҳ буд, мубориз бар зидди ба истилоҳ империёлисм буд.

1_akbarturajanzod2152152.jpgБале, дар Тоҷикистон гурӯҳи Алқоъида пайрав надорад, тарафдор надорад ва будану набуданаш барои мардуми Тоҷикистон ҳеҷ таъсире, на таъсири мусбат ва на таъсири манфӣ, надорад. Ҳар касе ки баъд аз вай раҳбари ин гурӯҳ шавад, ҷойи вайро гирифта наметавонад. Зеро ҳар шахс, хоҳ вай манфӣ бошаду хоҳ мусбат, яъне ба он, бастагӣ дорад, ки аз кадом сӯй ба вай нигоҳ мекунӣ, такрорнашаванда аст. Ва табиъист, ки гурӯҳи Алқоъида аз кушта шудани Усома бин Лодин зарар мебинад ва заъиф мешавад, шояд ба гурӯҳҳо тақсим шавад ва шояд бархеҳо ин гурӯҳро тарк кунанд.

Вале ман ба он бовар надорам, ки мардуми Афғонистон барои Тоҷикистон душман бошанд ва ҳеҷ гумоне намекунам, ки афғонҳо барои мо хатарнок бошанд ва онҳо ҳеҷ тавсеъаталабие бар зидди кишвари мо надоранд. Пас бо чи сабаб онҳо барои мо хатар эҷод мекунанд. Ва аз Афғонистон хатаре ба кишвари мо таҳдид намекунад. Афғонҳо бештар ба бозсозии кишварашон эҳтиёҷ доранд ва ба ин кор машғул ҳастанд. Бале, ин ҳамааш сиёсат ва тарсонданиҳо ҳаст, "политиканство" мегӯянд, ҳамон аст."

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшинос:

"Худи Амрикоиён дар вақтҳои ахир дар бораи он мегӯянд, ки дар оянда гурӯҳҳои ифротӣ, аз ҷумла гурӯҳи Алқоъида ва ҳамаи созмонҳои занҷираии теруристӣ, як маркази асосӣ нахоҳанд дошт, ба гурӯҳҳои мустақил табдил хоҳанд ёфт, ки барои иртибот бо ҳам аз мухобирот ва таҷҳизоти фаннии замонавӣ истифода хоҳанд кард.

1_parvizmullojano55255.jpgБарои ин, Бин Лодин аз муддатҳо қабл аз раҳбари кулли ин гурӯҳ ба як шахсияти рамзӣ дар ин гурӯҳ табдил ёфта буд, вале кушта шудани вай метавонад як пирӯзии рамзӣ бошад, на он ки пирӯзии воқеъӣ бар гурӯҳҳои ифротгаро. Кушта шудани Усома бин Лодин муваффақияте бузург барои Борок Убомо барои ширкаташ дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии Амрико ва имкони пирӯзӣ дар он аст.

Аз кушта шудани вай, намешавад гуфт, ки хатароти мухталиф дар минтақа аз миён хоҳад рафт. Дар сурате ки гурӯҳҳои ифротгарои исломӣ, аз ҷумла Алқоъида, барномаҳои ба истилоҳ тарҳрезикардаи худро дар Осиёи Миёна бихоҳанд амалӣ кунанд, барои онҳо Тоҷикистон аз назари жиюпулитикӣ дарвозае барои ворид шудан ба Осиёи Миёна аст. Вале ин хатарот ҳоло хатароти нисбӣ аст.

Аммо гурӯҳҳои ифротгаро барои ба ҳам задани авзоъ аз дигар душвориҳо, ки мардумони минтақа бо онҳо рӯбарӯ ҳастанд, метавонанд истифода кунанд. Ин мушкилоти иҷтимоъӣ, аз ҷумла болоравии қимати маводди ғизоӣ ва сӯхтӣ аст, ки сол то сол бештар мешавад. Ва аз ин мушкилот гурӯҳҳои ифротгаро, аз ҷумла Ҳизби Таҳрир ё Ҷунбиши Ислмоии Ӯзбакистон метавонанд барои афзоиши ифротгароӣ дар дохил истифода кунанд."

Ҳикматулло Сайфуллозода, аз фаъолони ҳизби наҳзати исломӣ:

"Агар Усома бин Лодин фарде воқеъӣ буда бошад ва кушта шуданаш ҳам воқеъият дошта бошад, ин хабари хеле хубест. Қаблан, бисёре аз душманони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон борҳо мехостанд ин ҳизбро ба ин шахсият ва гурӯҳи вай рабт бидиҳанд, вале ҳеҷ далеле пайдо намекарданд.

1_sayifullohzoda362626.jpgҲамчунин, дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон низ бисёре аз душманони ислом Алқоъидаро сирф як созмони исломӣ ва аъмоли онро ба мусалмонон рабт медоданд. Бо аз байн бурдани Бин Лодин, ман метавонам бигӯям, ки чеҳрасиёҳкунҳое, ки бо ишора ба фаъолиятҳои ин гуна афрод исломро сиёҳ мекарданд ё сиёҳ нишон медоданд, аз ин ба баъд дар мавриди ислом ва ҳаракатҳои мӯътадили исломӣ назарҳо дар ҷаҳон тағйир хоҳад ёфт.

Вале мехоҳам дар зимн кушта шудани Тоҳири Юлдош дар як соли қабл ва худи аъзои Ҷунбиши Исломии Ӯзбакистон ва ё кушта шудани Мулло Абдулло дар шарқи Тоҷикистонро ба Алқоъида ва Бин Лодин дар Покистон рабт надиҳам. Яъне, ин ҷо метавон гуфт, ки бозии доираҳои бозигари қудратҳои ҷаҳонӣ то ҷойе тағйир хӯрдааст, ё ба ҷойе расидааст, ки дигар бархӯрди хешро дар сиёсати жиюпулитикӣ бо ҷаҳони ислом бояд тағйир дод.

Вале суоли матраҳ ин хоҳад буд, ки бо аз байн бурдани Бин Лодин, агар воқеъият дошта бошад, оё метавонанд бигӯянд, ки ташкилоти Алқоъидаро метавонанд аз миён бибаранд ё хайр? Ман фикр мекунам, ки агар кушта шудани Бин Лодин воқеъият дошта бошад, эҳтимол дорад аъзои гурӯҳи Алқоъида дар вокуниш ба кушта шудани раҳбарашон даст ба аъмоли бештари теруристӣ бизананд."

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854