ИНТИҚОДИ РАҲМОН АЗ ПӮШИШИ ГУСТАРДАИ АРӮСИИ САЛТАНАТИИ БРИТОНИЁ
Оқои Раҳмон гуфт, дар ҳоле, ки кишварҳои ҷаҳон ба тӯфонҳо, хушксолӣ ва садамаи нерӯгоҳи атумӣ мувоҷеҳанд, расонаҳои ғарбӣ арӯсии салтанатиро пӯшиш медиҳанд.
Дар ҳоле, ки рӯзи ҷумъаи 29-уми апрел чандин милюн тамошобини телевизиюн дар саросари ҷаҳон арӯсии салтанатии принс Вилём ва Кейт Миделтун дар Бритониёро тамошо мекарданд, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии ин кишвар аз пӯшиши густардаи арӯсиҳои салтанатӣ дар "бархе аз расонаҳои хориҷӣ" интиқод кард.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт: "Бештари расонаҳои ғарбӣ ва Омрико, назири Euronews, BBC ва CNN имрӯзҳо танҳо як мавзӯъ, арӯсии шоҳзодаи Бритониёро пӯшиш медиҳанд. Гӯё дар ҷаҳон мавзӯъи муҳими дигаре вуҷуд надошта бошад."
Ӯ гуфт, кишварҳои ҷаҳон ба обхезию тӯфонҳо, хушксолӣ ва садамаи нерӯгоҳи атумӣ мувоҷеҳ шудаанд. Вай аз ҷумла аз ин изҳори норизоят кард, ки бархе аз рӯзноманигорон ва расонаҳо "ҳаводисро якҷониба мунъакис мекунанд."
Ҳамзамон, Эмомалӣ Раҳмон намоиши шукӯҳу шаҳомати арӯсии шоҳзодаи Бритониёро нишонаи боло будани ифтихори миллии мардуми Бритониё хонд ва гуфт, ки "Чаро мо дар остонаи ҷашни Истиқлоли Тоҷикистон мардумро дар атрофи идеи ваҳдати миллӣ муттаҳид насозем?"
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи бархе аз коршиносон равобити миёни Тоҷикистон бо Бритониё дар чанд соли ахир ба далоили мухталиф ноҳамвор будааст. Онҳо мегӯянд, Тоҷикистон пайваста аз намояндагии ин икшвар дар Душанбе хостааст, то ин имконро барои шаҳрвандони Тоҷикистон фароҳам кунад, ки онҳо тавонанд ҳама гуна визои Бритониёро дар консулгарии ин кишвар дар Душанбе дарёфт кунанд.
Аммо то ҳоло ин кунсулгарӣ дар Душанбе танҳо визои корӣ ва донишҷӯӣ содир мекунад. Коршиносон, ҳамчунин инро ки шаҳрвандони Бритониё наметавонанд ба монанди шаҳрвандони аксари кишварҳои урупоӣ дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе визои Тоҷикистонро дарёфт кунанд, яке аз нишонаҳои равобити сарди миёни ин ду кишвар медонанд.
Парастории давлати Тоҷикистон аз фарзандони "Мулло Абдуллоҳ"
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии ин кишвар ҳамчунин ба мавзӯъи фарзандони хурдсоли Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба "Мулло Абдулло", фармондеҳи мухолифони пешин пардохт ва гуфт, ки онҳо ба парваришгоҳи давлатӣ мунтақил шудаанд. "Мулло Абдулло" ду ҳафта қабл дар ҷараёни даргириҳо бо нерӯҳои давлати Тоҷикистон дар водии Рашт, дар шарқи ин кишвар кушта шуда буд.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ду зан ва фарзандони хурдсоли "Мулло Абдулло" дар дараи Камароби ноҳияи Рашт дар вазъияти душворе қарор дошта ва гуруснагӣ мекашиданд. Вай гуфт, ки "кӯдакон гуноҳе надоранд" ва бояд аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ парасторӣ шаванд. Вай таъкид кард: “Агар ин корро накунем, бачаҳои ӯ дар оянда чанд Мулло Абдулло мешаванд.”
"Аҳзоб ба хотири пули хоҷаҳои хориҷӣ Шӯроро тарк карданд"
Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 1996 ба манзури “ҳамдигарфаҳмӣ, эҳёи Тоҷикистон ва бунёди ҷомеъаи демукротик, ҳуқуқӣ ва дунявӣ” таъсис шуда ва ҳоло намояндагони беш аз 80 ҳизбу созмонҳои ҷамъиятии ин кишвар ба он шомил шудаанд. Дар ҳамин ҳол, Аскаралӣ Раҷабов, рӯшанфикри тоҷик ва узи ин шӯро гуфт, ки бархе аз ҳизбу созмонҳо ин ниҳодро тарк гуфта ва дар расонаҳою нашрияҳо аз фаъолияти он интиқод кардаанд.
Оқои Раҷабов аз ҳеч ҳизбу созмон ном набурд, аммо аҳзоби наҳзати исломӣ ва демукроти Тоҷикистон дар моҳи феврали соли гузашта ба нишони эътироз ба ончи онҳо "мавориди фаровони тақаллуб дар интихоботи порлумонӣ дар моҳи феврали соли гузашта" хонданд, Шӯрои ҷамъиятиро тарк карда буданд.
Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон аз ибтидо ба ин ниҳод шомил нашуда буд. Акбари Тӯраҷонзода, рӯҳонии саршиноси Тоҷикистон қаблан ба нашрияи “ASIA-Plus” гуфта буд, ки зарурати вуҷуди Шӯрои ҷамъиятии Тоҷикистон аз байн рафтааст, зеро "он дар даврони ҷанги дохилӣ ва бо тақозои он замон таъсис шуда буд" ва гуфта буд, ин Шӯро масоили мубрами кишварро ҳалл карда наметавонад.
Аммо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи рӯзи ҷумъа гуфт, ки Шӯрои ҷамъиятӣ як ниҳоди машваратӣ буда ва на танҳо дар ҳалли мушкилоти кишвар саҳим будааст, балки чанд қонунро таҳия карда ва ба порлумон ироъа кардааст.
Оқои Раҳмон дар мавриди аҳзобе, ки суфуфи ин ниҳодро тарк кардаанд, гуфт: “Доираи фаъолияти ин аҳзоб танг шуд, аҳдофи идиулужики онҳо ба Шӯрои ҷамъиятӣ мухолиф буд. Агар онҳо идиулужии худро пеш набаранд, аз хоҷагони хориҷии худ пул намегиранд.”
Вай аз намояндагони аҳзобу созмонҳои Тоҷикистон даъват кард, ки манофеъи миллиро аз ҳизбӣ боло гузошта ва ба хотири ваҳдати миллӣ ва рушди иқтисоди кишвар талош кунанд.
Хатари террурисми исломӣ бофта аст
Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдиди террурисми исломиро, ки ба гуфта вай дар чанд соли ахир дар кишварҳои ҷаҳон вирди забонҳост, сохта ва маснӯъӣ хонд. Ба гуфтаи оқои Раҳмон, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва аз миён рафтани хатари коммунизм "ҳоло шиъори хатари террурисми исломӣ пайдо шудааст."
Ӯ гуфт, кишварҳои абарқудрат "бо шиъори мубориза бо террурисм, меъёрҳои байналмилалӣ ва соҳибистиқлолии кишварҳоро зери по гузошта ва ба умури дохилаи кишварҳои мустақил мудохила мекунанд."
Ба гуфтаи Президент Раҳмон барои ин кишварҳо ҳоло ду террурист вуҷуд дорад, "терруристи бад, ки бояд маҳв шавад, терруристи хуб, ки мавриди пуштибонӣ қарор мегирад."
Ӯ ба унвони мисол аз мухолифони давлати Либӣ ном бурд, ки алайҳи давлати худ муборизаи мусаллаҳона мекунанд ва давлатҳои абарқудрат ба онҳо силоҳ ва маблағ ироа мекунанд. Президент Раҳмон вазъи феълиро ба ҷанги сеюми ҷаҳонӣ шабеҳ хонд, ки аз ҷангҳои Югословӣ, Афғонистон ва Ироқ шурӯъ шуда ва ҳоло дар мамолики Араб идома доштааст.
Эмомалӣ Раҳмон ба манзури боло бурдани нақши Созмони Милали Муттаҳид дар ҳалли низоъҳои байналмилалӣ ва ҷилавгирӣ аз мудохила ба умури кишварҳои мустақил хостори ислоҳоти сохторӣ дар СММ ва Шӯрои амнияти он шуд.
Би-Би-Си
Шарҳҳо
Саъдиё гарчи сухандону масолехгуйи
Ба амал кор бароя,ба сухандони нест.
RSS Обуна