07-уми Сентябри 2010
16:02
Дшб
.tj
Тақвими моҳи шарифи Рамазон

Хазина

ДшСшЧшПшҶмШЯш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930     

Бозори арз

Рузгор дар YouTube

Обӯ ҳаво

Home Сиёсат МУЛОҚОТИ ДАБИРИ КУЛЛИ НАТО БО МАҚОМОТИ ТОҶИКИСТОН
МУЛОҚОТИ ДАБИРИ КУЛЛИ НАТО БО МАҚОМОТИ ТОҶИКИСТОН | Чоп |
19.07.2010 12:09

Масоили амният ва суботи Афғонистон мавзӯи аслии мулоқоти дабири кулли НАТО Андерс Фог Расмуссен бо вазири дифоъ ва дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон буд, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд. Дабири кулли НАТО дар роҳ ба Афғонистон аз Душанбе дидан кард. Бино ба иттилои дафтари матбуотии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дабири кулли НАТО пас аз дидору гуфтугӯ бо мақомоти баландпояи Тоҷикистон барои ширкат дар конфронси байнулмилалии бахшида ба умури Афғонистон озими Кобул шудааст.

 

Ҳамзамон бо дидори дабири кулли НАТО аз Душанбе вазири корҳои хориҷии Испания Мигел Анхел Моратинос, ки низ роҳии Кобул буд, дар шаҳри Душанбе бо ҳамтои тоҷикаш Ҳамроҳхон Зарифӣ мулоқот анҷом додааст. Дафтари матбуотии вазорати хориҷа мегӯяд, дар ин мулоқот ёддошти тафоҳум миёни ду кишвар имзо шудааст.

 

Дар конфронси Кобул, ки бузургтарин ҳамоиши байнулмилалӣ дар таърихи навини Афғонистон унвон шудааст, интизор меравад вазирони хориҷаи беш аз 40 кишвари кумакрасон ва раҳбарони бонуфузтарин созмонҳои байнулмилалӣ ширкат кунанд. Сухангӯи вазорати умури хориҷӣ мегӯяд, Тоҷикистонро дар ин конфронс вазири умури хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ намояндагӣ хоҳад кард.

 

Дар ҳамоиши Кобул масоили бозсозии Афғонистон ва кумакҳои нави ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин кишвар баҳсу баррасӣ хоҳад шуд. Дар ҳоли ҳозир мавзуи ироаи 12 миллиард доллар барои бозсозии Афғонистон матраҳ аст, ки бахши аъзами онро Ҷопон ва Амрико пардохт хоҳанд кард. Ҳамчунин кишварҳо ва созмонҳои кумакрасон натоиҷи барномаҳои ҳукумати Ҳомиди Карзай барои мубориза бо фасоди молиро баррасӣ хоҳанд кард.

 

Раисиҷумҳури Афғонистон борҳо аз сӯи таҳлилгарон ва кишварҳои шарики Афғонистон дар робита ба фасоди идорӣ ва молӣ дар ҳукуматаш мавриди интиқоди шадид қарор гирифтааст. Таҳлилгарон мегӯянд, маҳз бар асари фасодкории ҳукумати Карзай, ироаи 40 миллиард доллар кумаки ҷомеаи ҷаҳонӣ давоми нуҳ соли соли ахир тағйироти ҷиддие дар зиндагии мардуми Афғонистон ворид накардааст.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/siyosat/2712-2010-07-19-07-10-30.html

 

 

Миқдори нигариши мақола: 88
 

Илова


Рамзи махфӣ
Refresh

 © ruzgor.tj 2009-2010 // Тамос бо мо // info@ruzgor.tj
— Designed by: UmedSharipov

Нишонии сомонаи мо:
Ruzgor.tj    millat.tj