23:57:34 18-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

НУКТАҲО АЗ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ

Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
15 апрели соли 2009 


Нишондиҳандаҳои иқтисодии кишвар дар соли 2008

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 2007-ум 8 фоиз зиёд шуд ва ҳаҷми афзоиши он дар давоми панҷ соли охир 46 фоизро ташкил намуд. Дар соли 2008 маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ нисбат ба соли 2007-ум 35 фоиз афзоиш ёфта, маблағгузории асосӣ 77 фоиз ва сармоягузории хориҷӣ 15 фоиз зиёд гардид. Сатҳи солонаи таваррум 1,7 маротиба коҳиш ёфта, ба 11,8 фоиз баробар шуд.

 


Ҳамчунин даромади солонаи аҳолӣ 34 фоиз, музди миёнаи меҳнати ҳар як корманд 28 фоиз, ҳаҷми миёнаи нафақа қариб 2 маротиба афзуд; музди меҳнати кормандони соҳаҳои тандурустӣ 60 фоиз, илм, фарҳанг ва муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ 50 фоиз, маориф ва дигар соҳаҳои буҷетӣ 40 фоиз, маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ қариб 2 маротиба зиёд карда шуд; дар давоми сол дар маҷмӯъ беш аз 104 ҳазор ва дар панҷ соли охир зиёда аз 510 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шуданд. 


Бо мақсади таъмини рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат аз ҳисоби маблағҳои буҷет дар соли сипаришуда зиёда аз 5 миллиард сомонӣ сарф карда шуд, ки ин нисбат ба соли 2007-ум 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ ё 47 фоиз зиёд аст.


Таъсири бӯҳрони молиявӣ


Нишонаҳои таъсири бӯҳрони молиявӣ ба иқтисоди мо ҳанӯз дар семоҳаи охири соли гузашта ҳис карда мешуданд. Паст шудани суръати рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва кам шудани талабот ба молҳои содиротии мо (аз ҷумла пахта ва алюминий) боиси аз 30 то 50 фоиз поён рафтани нархи онҳо ва кам шудани воридоти асъори хориҷӣ ба кишвар гардид.  


Нишонаҳои таъсири бӯҳрони молиявӣ ба иқтисодиёти мо дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ бештар зоҳир гардиданд. Яке аз онҳо иҷро нагардидани нақшаи семоҳаи қисми даромади буҷети давлатӣ мебошад, ки дар ҳашт соли охир бори аввал ба миён омад.


 Тадбирҳои зиддибӯҳронии ҳукумат


- таъмини устувории макроиқтисодӣ, ки тадбирҳои заруриро дар самти сиёсати пуливу қарзӣ ва андозу буҷет дарбар мегирад;


- рушди бахшҳои воқеии иқтисод, аз ҷумла соҳибкории хурду миёна;


- фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби ҳарчи бештари сармоягузориҳо;


- ташкили ҷойҳои нави корӣ, дастгирии бозори меҳнат ва ба он ҷалб намудани шумораи ҳарчи зиёдтари бекорон;


- таъмини ҳатмии чорабиниҳои дастгирии иҷтимоии аҳолӣ дар шароити бӯҳрони иқтисодӣ.


- бояд ислоҳоти идоракунии молияи давлат, шаффофият, самаранокӣ ва назорати қатъии қисмҳои даромаду хароҷоти буҷети давлатӣ, беҳтар намудани раванди ташаккули буҷет ва ислоҳоти андоз таъмин гардад.


 - зарур аст, ки татбиқи Стратегияи ягонаи идоракунии молияи давлатӣ тақвият бахшида шавад. 
Солҳои охир Ҳукумати мамлакат барои баланд бардоштани ҳавасмандии бахши воқеии иқтисод як қатор чорабиниҳоро амалӣ гардонид. 


Дар бораи андоз ва литсезия


Меъёрҳои андоз аз фоида ва андози иҷтимоиро аз 35 фоиз то 25 фоиз, андоз аз фурӯши нахи пахтаро аз 25 то 10 фоиз паст намуда, бунёди иншооти энергетикӣ, корхонаҳои коркарди ниҳоии нахи пахта, воридоти таҷҳизоту технологияҳои муосири истеҳсолӣ ва техникаи кишоварзӣ, аз ҷумла бахши пахтакориро аз пардохтҳои гумрукиву андозӣ озод карда, меъёри андоз аз даромади шахсони воқеӣ аз 25 фоиз то 13 фоиз кам карда шуд.


Барои ҷалби сармоягузориҳо ва рушди соҳибкории хурду миёна имтиёзҳои зиёд пешбинӣ шуда, дар соҳаи кишоварзӣ андозбандии ягонаи хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерӣ ҷорӣ гардид. Ҳамчунин бахши пахтакорӣ аз гирифтани ҳама гуна иҷозатномаҳо озод карда шуд.


Ба Ҳукумат супориш дода мешавад, ки оид ба кам кардани меъёри андоз аз арзиши иловашуда аз 20 ба 18 фоиз, андоз аз фоида аз 25 ба 15 фоиз ва бартараф намудани дигар монеаҳо доир ба андозбандӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро таҳия ва пешниҳод намояд. Инчунин, барои андозсупорандагоне, ки тибқи низоми соддакардашуда фаъолият менамоянд, ҳадди ниҳоии даромади умумӣ аз 600 ҳазор сомонӣ ба 800 ҳазор сомонӣ расонида шавад.


Қарзҳои бонкӣ


Дар ду соли охир маблағи умумии қарзҳои пешниҳодшуда аз 2 миллиарду 300 миллион ба 4 миллиарду 800 миллион сомонӣ ва теъдоди қарзгирандагон аз 180 ҳазор ба 400 ҳазор нафар расид, ки ин ҳоло ҳам кам аст. 


Қарзҳои аз ҷониби бонкҳо барои рушди соҳибкории хурду миёна додашуда соли гузашта 62 фоиз афзуда, дар се моҳи соли ҷорӣ низ тамоюли зиёдшавӣ доранд. 


Чанд рӯз пештар ҳангоми мулоқот бо роҳбарони Бонки миллӣ ва бонкҳои тиҷоратии мамлакат, онҳо изҳор доштанд, ки сарфи назар аз таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ҳаҷми пешниҳоди қарзҳоро нисбат ба соли гузашта то 25 фоиз зиёд менамоянд, ки ин, албатта, қобили дастгирист. 
Ба бонкҳои тиҷоратӣ ва ташкилотҳои қарздиҳии ғайрибонкӣ тавсия дода мешавад, ки вобаста ба поён рафтани сатҳи таваррум фоизи қарзҳои пешниҳодшавандаро таҷдиди назар карда, маблағҳои мавҷударо бештар барои дастгирии бахши воқеии иқтисод, бахусус соҳибкории истеҳсолӣ равона созанд. Илова бар ин, содда кардани раванди қарздиҳӣ ва ҳуҷҷатгузории он ба мақсад мувофиқ мебошад.


Ҷиҳати дастгирии минбаъдаи низоми бонкӣ ба Бонки миллӣ супориш дода мешавад, ки фоизи қарзҳои ба бонкҳо додашавандаро аз 12 ба 10 фоиз ва меъёри захираҳои ҳатмиро аз 10 ба 8 фоиз кам намуда, барои таъмини пардохтпазирии бонкҳо чораҳои зарурӣ андешад.  


Инчунин назорати ҳаррӯзаи вазъи молиявии бонкҳои тиҷоратиро таъмин карда, дар мавриди зарурӣ тадбирҳои дахлдорро амалӣ намояд. 


Бонкҳои тиҷоратӣ ба масъалаҳои ҷалби сармоя, зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ, бахусус барои рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва таъмини бозгашти қарзҳои додашуда бояд диққати ҷиддӣ диҳанд.


 Сиёсати инвеститсионӣ


Дар самти таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар такмили сиёсати инвеститсионӣ ва ҳарчи бештар ҷалб намудани сармоягузориҳо аҳамияти рӯзафзун пайдо мекунад. Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ ҳоло дар мамлакат зиёда аз 60 лоиҳа амалӣ шуда истодааст, ки маблағи умумии онҳо 6 миллиарду 400 миллион сомониро ташкил медиҳад.


Бо пешниҳоди Шӯрои машваратии назди Президент оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ лоиҳаи қонунҳо «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муфлисшавӣ» ва «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» аз ҷониби Ҳукумат маъқул дониста шуданд ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол гардиданд. 


Таъсири бӯҳрони ҷаҳонии молиявю иқтисодӣ ба кишвар 


Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар кишварамон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба ҳамин давраи соли 2008-ум 8,2 фоиз коҳиш ёфт. 


Яке аз сабабҳои пастравии истеҳсолоти саноатӣ - нарасидани қувваи барқ аст, зеро саноат ҳамчун соҳаи энергияталаб маҷбур буд, ки дар низоми қатъии сарфаи нерӯи барқ фаъолият намояд.
Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук, кимиё ва металургияи ранга, саноати сохтмон ва озуқаворӣ кам гардид. Ҳамзамон истифодаи иқтидорҳои истеҳсолии корхонаҳои мавҷуда ҳанӯз ҳам дар сатҳи паст қарор дорад. Аз ҷумла, соли гузашта 12 фоизи корхонаҳои саноатӣ фаъолият накарданд. 


Роҳҳои хориҷ шудан аз бӯҳрон


Якум, бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёна ва бузург, хатҳои интиқоли қувваи барқ ва таъсиси системаи ягонаи энергетикии мамлакат. 


Дуюм, бо роҳи таъмиру таҷдиди иншооти гидроэнергетикӣ ва барқарорсозии иқтидори онҳо, инчунин шабакаҳои интиқоли барқу газ, гузаштан ба истифодаи технологияҳои каммасрафи энергия ва таъмин кардани рушди бонизоми соҳаи энергетика.  


Сеюм, бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо ва ҷалби сармоягузории дохиливу хориҷӣ дар давоми се соли оянда пурра бо гази табиии истеҳсоли худӣ ва дар чор соли оянда бо нерӯи барқ таъмин кардани эҳтиёҷоти мамлакат ва дар ҳамин асос таъмин намудани истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон. 


Дар айни ҳол сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обии Роғун, Сангтӯда -1 ва Сангтӯда-2 босуръат идома дорад; моҳҳои наздик нерӯгоҳи Сангтӯда-1 пурра ба истифода дода мешавад; бунёди нерӯгоҳи Сангтӯда-2 соли 2011-ум ба анҷом расонида хоҳад шуд.


Дар давоми солҳои охир дар мамлакат 150 нерӯгоҳи хурди барқи обӣ сохта, мавриди истифода қарор гирифт, ки дар натиҷа таъминоти аҳолии ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон бо барқ хеле беҳтар гардид. 
Дар доираи Барномаи давлатии сохтмони нерӯгоҳҳои хурд дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 15 нерӯгоҳ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд ва бунёди 26 нерӯгоҳи хурди дигар босуръат идома дорад. То охири сол дар маҷмӯъ 50 нерӯгоҳи хурд сохта, ба истифода дода мешавад.


Ҳоло таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии Норак, ки 36 сол инҷониб бе таъмир фаъолият карда истодааст, бо сарфи 450 миллион сомонӣ идома дорад ва ин кор дар зарфи панҷ соли оянда пурра анҷом дода хоҳад шуд. 


Бояд таъкид кард, ки барқарорсозӣ ва таҷдиди пурраи нерӯгоҳҳои Норак, Қайроққум ва маркази барқу гармидиҳии Ёвон имконият медиҳад, ки дар мамлакат зиёда аз 400 мегаватт иқтидори иловагии қувваи барқ ба даст оварда шавад, ки ин нисбат ба иқтидори истеҳсолии нерӯгоҳи “Сангтӯда-2 ду баробар зиёд аст.


Сарфаи нерӯи барқ


Норасоии қувваи барқ дар кишварамон соле 4,5 миллиард киловатт соатро ташкил медиҳад ва яке аз роҳҳои паст кардани шиддати он ба таври васеъ ҷорӣ намудани истифодаи таҷҳизоти каммасраф мебошад.  


Дар масъалаи истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ мехоҳам таваҷҷӯҳи шумо ва мардуми шарифи Тоҷикистонро ба натиҷаҳое, ки танҳо бо амалӣ сохтани як чорабинӣ, яъне иваз намудани лампаҳои имрӯза ба лампаҳои каммасраф ба даст меоянд, ҷалб намоям. 


Имрӯз дар кишвар муштариёни маишии қувваи барқ зиёда аз як миллион, яъне оиларо ташкил медиҳад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки агар ҳар як хоҷагӣ ба ҳисоби миёна 8 адад лампаҳои имрӯзаи иқтидори умумиашон 800 ваттро дар давоми як шабонарӯз ба ҳисоби миёна 12 соатӣ истифода намояд, он гоҳ дар давоми сол масрафи умумии аҳолӣ дар маҷмӯъ 3 миллиарду 620 миллион киловатт-соатро ташкил медиҳад.


Дар сурати истифода намудани 8 лампаи каммасраф дар як сол хароҷоти умумии аҳолӣ ба 506 миллион киловатт-соат баробар мешавад. 


Яъне бо лампаҳои каммасраф иваз намудани лампаҳои ҳозира сарфаи нерӯи барқ танҳо аз ҳисоби аҳолии кишвар ба 3 миллиарду 120 миллион киловатт-соат баробар мешавад, ки он ба ҳаҷми истеҳсолии нерӯгоҳи барқи обии иқтидораш 810 мегаватт баробар аст. 


Инфраструктураи коммуникатсионӣ


Солҳои охир аз ҷониби Ҳукумат бо истифода аз маблағҳои зиёди буҷетӣ ва сармояи хориҷӣ дар ин самт хеле корҳо анҷом дода шуданд. Ҳоло дар маҷмӯъ 1 ҳазору 200 километр роҳҳои мошингард, 14 километр нақбҳо, 93 пул ва 5 километр иншооти зиддитармавӣ бунёд ва таъмиру тармим шуда истодаанд. 


Ҷиҳати сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингард ва нақбу пулҳо ба маблағи 2 миллиарду 200 миллион сомонӣ лоиҳаҳои сармоягузорӣ мавриди татбиқ қарор доранд. Дар доираи онҳо азнавсозии роҳи автомобилгарди 354 - километраи Душанбе – Бӯстон - Чанак соли ҷорӣ пеш аз мӯҳлат ба анҷом расонида шуда, бунёду азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе – сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон ба масофаи 400 километр босуръат идома дорад. 


Ҳамзамон бо ин, барои амалӣ намудани 5 лоиҳаи марбут ба азнавсозии 380 километр роҳҳо корҳои омодагӣ давом доранд. 


Умуман, дар се соли оянда соҳаи роҳсозӣ дар ҳаҷми 2 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ гардида, то ҷашни бистсолагии истиқлолияти давлатӣ мамлакатамон пурра аз бунбасти коммуникатсионӣ бароварда мешавад.


Амнияти озуқавории мамлакат


Соҳаи дигари муҳимтарини иқтисоди миллӣ бахши кишоварзӣ мебошад, ки амнияти озуқавории мамлакат асосан аз сатҳи рушди он вобаста аст. Соли гузашта ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар мамлакат 8 фоиз зиёд гардид. 

Ба хотири татбиқи самарабахши барномаҳои рушди соҳаи кишоварзӣ, барқарорсозии инфраструктураи он, шабакаҳои ирригатсионӣ ва идоракунии захираҳои об, хариди техника ва тухмиву нуриҳои маъданӣ дар панҷ соли охир аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории давлатӣ 2 миллиард сомонӣ масраф гардид. 


Бо ин мақсад соли ҷорӣ низ аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва тибқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ зиёда аз 700 миллион сомонӣ равона карда хоҳад шуд. Дар натиҷаи татбиқи амалии барномаҳои рушди бахшҳои гуногуни кишоварзӣ ва андешидани дигар тадбирҳои муассир истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он хеле афзоиш ёфт. 


Дар панҷ соли охир аз кишварамон як миллион тонна меваи тару тоза, хушк ва сабзавот ба маблағи умумии беш аз 800 миллион сомонӣ содирот карда шудааст, ки ин нисбат ба имкониятҳои мавҷуда ҳанӯз ҳам хеле кам аст. Зеро иқтидори содиротии соҳаи кишоварзии мамлакатамон ҳоло пурра мавриди истифода қарор надорад. 


Бахши пахтакорӣ

Сабаби асосии паст будани нишондиҳандаҳои бахши пахтакорӣ ба талабот ҷавобгӯ набудани тарзи маблағгузории он, коҳиш ёфтани ҳавасмандии пахтакорон ба натиҷаҳои ниҳоӣ, паст будани сифати тухмӣ, ҳосилхезии замин, бад шудани ҳолати мелиоративии он ва корношоямии шабакаҳои обёрӣ мебошад.


Дар соли 2008-ум ҷиҳати дастгирии соҳаи кишоварзӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ 140 миллион сомонӣ ҷудо гардида, тавассути бонкҳои ватанӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ, бахусус пахтакорӣ қарз дода шуд. Соли ҷорӣ низ бо мақсади ба кишоварзон ба мӯҳлати якуним сол додани қарзи имтиёзнок аз ҳисоби буҷети давлатӣ 180 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст.

Ба Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ зарур аст, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии пахта ва роҳҳои фоидаовар гардонидани соҳаи мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.
Роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд аз дахолати беасос ба фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ худдорӣ карда, доир ба таъминоти кишоварзон бо техника, тухмиву нуриҳои маъданӣ тадбирҳои дахлдор андешанд. 


Ҳамчунин ба вазоратҳои кишоварзӣ ва маориф, инчунин мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру норҳияҳо супориш дода мешавад, ки минбаъд аз ҷалб намудани мактаббачагон ва донишҷӯён ба корҳои саҳро, бахусус ҷамъоварии пахта қатъиян худдорӣ намоянд.
Яке аз роҳҳои барои аҳолии деҳот фароҳам овардани ҷойҳои корӣ ва ба ин васила паст намудани сатҳи бекорӣ ва камбизоатӣ азхуд намудани заминҳои бекорхобида ва обёрии заминҳои нав мебошад. Дар айни ҳол дар мамлакат 57 ҳазор гектар замин аз истифода берун мондааст. 


Дар сурати ба киштукори ҳар як гектари он ҷалб гардидани чор нафар 230 ҳазор аҳолии деҳот бо ҷои кор таъмин мешавад. Илова бар ин, агар аз ҳар гектар 20 сентнерӣ ҳосил рӯёнида шавад, дар маҷмӯъ дар мамлакат ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ 100 ҳазор тонна меафзояд.


Истифодаи сарфакоронаи обу замин


Дар шароити имрӯзаи норасоии об дар минтақа, оқибатҳои хушксоливу камобӣ ва таъсири тағйирёбии иқлим ба манбаи асосии захираҳои обии Осиёи Марказӣ - пиряхҳои Бадахшон зарур аст, ки принсипҳои нави идоракунии захираҳои об дар асоси механизмҳои идоракунии ҳавзавӣ ва ҳамгироишуда омӯхта, имконияти ҷорӣ намудани онҳо баррасӣ карда шавад.


Вобаста ба ин, вазоратҳои мелиоратсия ва захираҳои об, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ доир ба азхудкунии заминҳои нав, беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳо ва истифодаи сарфакоронаи об лоиҳаҳои сармоягузориро барои минтақаҳои алоҳидаи кишвар таҳия намуда, ҷиҳати ҷалби сармояҳои хориҷиву ватанӣ чораҳои муассир андешанд. 


Аз фурсат истифода бурда, бори дигар ба тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, бахусус деҳқонон, соҳибкорони соҳаи кишоварзӣ, сокинони деҳот ва онҳое, ки дар ихтиёри худ як порча замини корам доранд, муроҷиат менамоям, ки дар шароити бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ ва камобиву хушксолие, ки бисёр кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст, истифодаи оқилонаву самарабахши замин ва обро ба роҳ монда, дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар саҳми арзанда ва ватандӯстонаи худро гузоранд.


Ҳалли проблемаҳои иҷтимоӣ


Дар буҷети соли ҷорӣ маблағи умумии хароҷот барои соҳаҳои иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа ба андозаи 2 миллиарду 600 миллион сомонӣ ё 44 фоизи ҳаҷми умумии буҷет пешбинӣ шудааст, ки ин нисбат ба соли 2008-ум 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ ё 56 фоиз зиёд мебошад.

 
Дар доираи маблағҳои пешбинишуда аз 1 июли соли ҷорӣ маоши кормандони соҳаҳои тандурустӣ, муассисаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва фарҳанг 30 фоиз ва аз 1 сентябр маоши кормандони соҳаи илм ва маориф 15 фоиз зиёд карда мешавад. Навсозӣ ва пешрафти иқтисодиётро бе рушди илму маориф ва дастгирии онҳо таъмин кардан ғайриимкон аст. 


Ҷавҳари сиёсати давлатиро дар соҳаи маориф бояд масъалаҳои дар низоми таҳсил ҷорӣ кардани меъёрҳои ҷаҳонӣ, тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнат ташкил диҳанд. Зеро сатҳи тараққиёти ин ё он давлат, пеш аз ҳама, аз фаъолияти босамари кадрҳои баландихтисоси соҳаҳои гуногун вобаста мебошад. 


Маориф ҳамчун соҳаи сарнавиштсози ҷомеа дар низоми сиёсати иҷтимоии давлат яке аз самтҳои афзалиятнок эълон гардида, барои ислоҳоту рушди он аз рӯзҳои аввали истиқлолият пайваста таваҷҷӯҳ ва ғамхории хоса зоҳир мегардад.  


Дар ин давра дар соҳаи маориф ҷиҳати бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таҷдиду барқарорсозии онҳо дигаргуниҳои зиёде ба амал омаданд, аз ҷумла 854 мактаб бунёд ва азнавсозӣ гардид, ки дар натиҷа 253 ҳазор ҷойи нишаст фароҳам оварда шуд. 


Дар бораи маориф

Имрӯз дар кишвар 145 литсею гимназия ва мактабҳо барои кӯдакони болаёқат фаъолият мекунанд ва дар онҳо беш аз 67 ҳазор хонандагон таълиму тарбия мегиранд, ки аз ҷумла 25 адади онҳо мактабҳои хусусӣ мебошанд. Теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 13 ба 28 адад ва шумораи донишҷӯён аз 70 ҳазор ба 160 ҳазор нафар расонида шуд, ки ин нисбат ба давраи то истиқлолият мутаносибан ду ва дуюним маротиба зиёд мебошад.

Тибқи Барномаи компютерикунонии муассисаҳои таҳсилоти умумии мамлакат зиёда аз 3100 мактаб бо 25 ҳазор компютер таъмин гардид ва ба 675 ҳазор хонанда имконияти омӯзиши техникаи компютерӣ фароҳам оварда шуд. 

Дар доираи барномаи зикршуда компютерикунонии муассисаҳои таълимии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои водии Рашт баъзе шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ба анҷом расид. 

Сатҳи таъминоти мактабҳои олии кишвар низ бо техникаи компютерӣ, ки шумораи умумии он имрӯз қариб ба ҳашт ҳазор адад расидааст, тадриҷан беҳтар мегардад. Дар айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба ҳисоби миёна ба ҳар 17 донишҷӯ ва дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба ҳар 9 нафар як компютер рост меояд.

Дар навбати худ, ба Вазорати маориф зарур аст, ки ба таълими технологияҳои муосир дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, касбӣ, миёнаи махсус ва олӣ, инчунин ба раванди воридшавӣ ба таҳсилоти ҷаҳонӣ суръат бахшад. 

Ҳукумати мамлакат барои таълиму тарбияи насли бомаърифату соҳибҳунар ва ба анъанаҳои неки гузаштагон сазовору содиқ, инчунин ба меъёрҳои ҷаҳонӣ наздик гардонидани низоми таълим дар мамлакат ислоҳоти соҳаи маорифро вусъат дода, онро давра ба давра амалӣ гардонида истодааст.  

Бо ин мақсад соли гузашта Барномаи давлатии сохтмон ва таъмиру азнавсозии мактабҳо барои солҳои 2008-2015 қабул карда шуд, ки маблағи умумии он 590 миллион сомониро ташкил медиҳад. Дар доираи он дар мамлакат беш аз 800 мактаб бунёд ва таъмиру азнавсозӣ карда мешавад. 

Барои тайёр кардани кадрҳои баландихтисос дар хориҷи кишвар Фонди махсуси Президенти Тоҷикистон, инчунин стипендияи байналмилалии Президенти кишвар таъсис дода шуд.

Умуман, дар соли 2009 ба соҳаи маориф 1 миллиарду 140 миллион сомонӣ ҷудо карда шуд, ки ин нисбат ба панҷ соли охир 4 баробар ва дар муқоиса бо соли 1995-ум 33 маротиба зиёд мебошад. 

Илова бар ин, ҳоло дар соҳаи маориф 6 лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағи 300 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст. 

Вобаста ба ин, пешниҳод менамоям, ки аз сентябри соли 2010 ба таҳсилоти ҳатмии 10-сола ва аз сентябри соли 2014 ба низоми нави таҳсилоти умумӣ гузашта, бо ин роҳ барои ҳамроҳ шудан ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ замина фароҳам оварда шавад.  

Сиёсат дар бахши ҷавонон

Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо ва мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад. 

Вобаста ба ин, рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, инчунин бо ҳамин роҳ густариш бахшидани тарзи ҳаёти солим ва ҳифзи генофонди миллат аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин мебошад. Зеро Тоҷикистони мо аз лиҳози синни миёнаи аҳолӣ яке аз кишварҳои ҷавонтарин ба шумор рафта, синни миёнаи мардуми он 24 солро ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз, яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлат дар бахши ҷавонон мувофиқи талаботи замон таълиму тарбияи дурусти насли ҷавон аст.

Масъалаи тандурустӣ

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар саросари мамлакат зиёда аз 700 муассисаҳои соҳаи тандурустӣ бунёд ва таъмиру таҷдид гардида, ба маблағи умумии зиёда аз 400 миллион сомонӣ таҷҳизоти тиббӣ харидорӣ шудааст. Дар се соли оянда қариб 400 муассисаи тиббӣ бунёд ва азнавсозӣ карда мешавад.

Вобаста ба вазифаҳои дарпешистода дар буҷети соли ҷорӣ барои соҳаи тандурустӣ 400 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли гузашта 140 миллион сомонӣ ё қариб 55 фоиз зиёд мебошад. 

Барои рушди соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла беҳтар кардани шароити беморхонаву дармонгоҳҳо, таҳкими заминаи моддиву техникии онҳо, ҷорӣ кардани усулҳои муосири хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ дар баробари маблағҳои давлатӣ маблағҳои зиёди инвеститсионӣ ва грантҳо низ истифода мешаванд. 

Ҳоло бо мақсади ба эътидол овардани шароити муассисаҳои тандурустии мамлакат 30 лоиҳаи инвеститсионӣ ба маблағи умумии 450 миллион сомонӣ амалӣ гардида истодааст ва ин маблағҳо бояд мақсаднок ва босамар истифода бурда шаванд.

Иҷрои Қонун дар бори танзим

Риояи қатъии муқаррароти Қонун доир ба танзими расму оинҳои мардумӣ махсусан дар шароити имрӯза аҳамияти ҳаётӣ пайдо кардааст. 

Дар давоми як солу нӯҳ моҳи амали Қонун дар бораи танзим шаҳрвандони мо 2 миллиарду 800 миллион сомонӣ сарфа кардаанд.

Тибқи маълумоти оморӣ дар се моҳи пеш аз қабули Қонун барои 25 ҳазор маърака зиёда аз 15 ҳазор сар чорвои калон ва 5,5 ҳазор сар чорвои хурд забҳ шудааст, вале дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 12 ҳазору 200 сар чорвои калон ва 11 ҳазору 500 сар чорвои хурд кам забҳ гардидааст. 

Илова бар ин, татбиқи Қонун ба афзоиши шумораи ақди никоҳ хеле мусоидат кард. Масалан, танҳо дар се моҳи аввали соли равон аз қайди никоҳи давлатӣ гузаштан 5200 ҳолат зиёд шудааст. 

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ

Таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди касбомӯзӣ барои бекорон самти дигари сиёсати иҷтимоӣ мебошад. Вазъияти кунунии бозори меҳнат дахолати мунтазами давлатро ҷиҳати танзими масъалаҳои таъсиси ҷойҳои корӣ ва таъмини шуғли аҳолӣ тақозо менамояд. 

Дар давоми панҷ соли охир дар натиҷаи таъсиси ҷойҳои корӣ беш аз 360 ҳазор нафар бекорон ба шуғл фаро гирифта шуданд. Танҳо дар се моҳи соли равон қариб 40 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил карда шуда, 31 ҳазор нафар корҷӯён бо ҷойи кор таъмин гардиданд.  

Дар натиҷа раванди болоравии сатҳи бекорӣ, ки солҳои охир ба назар мерасид, боздошта шуда, соли 2008 ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2007-ум 15 фоиз кам карда шуд. 
Бояд гуфт, ки бӯҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ таъсири худро аллакай ба бозори меҳнат расонидааст. Бинобар ин, роҳбарони тамоми вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, муассисаву ташкилотҳои давлатӣ ва хусусиро зарур аст, ки дар шароити кунунӣ барои паст гардонидани таъсири манфии бӯҳрон ҳарчи зиёдтар ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳанд. 

Вобаста ба ин, Ҳукумати Тоҷикистон ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки соли равон дар кишвар на камтар аз 180 ҳазор ва минбаъд ҳар сол то 100 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис диҳанд. 


Сиёсат дар соҳаи фарҳанг ва дин 


Сиёсати фарҳангии мо ба омӯзишу қадрдонии мероси фарзандони барӯманди халқи тоҷик, эҳё ва истифодаи арзишҳои умумибашарии онҳо ба манфиати ҷомеа нигаронида шудааст.
Соли ҷориро мо соли бузургдошти фақеҳи бузург, поягузори мазҳаби бонуфузи дини мубини ислом Имоми Аъзам эълон кардем, ки он аз ҷумлаи тадбирҳои фарогири фарҳангӣ дар ин самт мебошад. Вобаста ба ин, мехоҳам таваҷҷӯҳи шуморо ба баъзе ҷанбаҳои дину диндорӣ дар кишвар ҷалб намоям. 

Вақтҳои охир сару садоҳое баланд мешаванд, ки гӯё мо дар сиёсати давлатии худ арзишҳои дунявиро сарфи назар карда, ба арзишҳои динӣ афзалият дода истодаем. Воқеан, дар ҳолате ки 99 фоизи аҳолии кишвари мо пайрави дини мубини исломанд, арҷгузорӣ ба он ҳамчун сарчашмаи бузурги ахлоқиву маънавӣ як амри муқаррарист. Дар баробари ин, мутобиқи муқаррароти Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гуногуншаклии мафкуравӣ, озодии виҷдон, баробарҳуқуқии ҳамаи дину мазҳабҳо кафолат дода шудааст. 


Ин меъёрҳои бунёдии муносибати давлат ба дин дар Қонуни нави Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», ки чанде пеш ба тасвиб расид, возеҳу равшан дарҷ гардидаанд. Бо арзи эҳтиром ба иродаи мардуми кишварамон бори дигар дахлнопазирии асосҳои конститутсионии давлати мо – соҳибистиқлолӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявиятро таъкид намуда, бо қатъият изҳор менамоям, ки мо аз ин роҳи интихобкардаи худ барнамегардем.


 Дар масъалаи забони давлатӣ


Имсол ба қабули Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон бист сол пур мешавад. Дар ин муддат мо дар бобати таҳкими мавқеъ ва густариши забони давлатӣ кӯшиши зиёд ба харҷ дода, як силсила тадбирҳоро амалӣ сохтем. Вале масъалаҳои ҳалталаб дар ин ҷода ҳанӯз зиёданд. 


Бо дарназардошти он, ки Қонуни забон пеш аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон қабул шуда, имрӯз ба талабот пурра ҷавобгӯ нест, мо бо иштироки олимони забоншинос ва ҳуқуқшиносон лоиҳаи наву мукаммали онро таҳия карда истодаем, ки он дар арафаи анҷомёбист.

 
Итминони комил дорам, ки санади зикршуда барои таҳкими мақоми забони давлатӣ такони ҷиддӣ бахшида, барои густариши минбаъдаи он заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ ба вуҷуд меорад. Фаромӯш набояд кард, ки бе рушди забони давлатӣ ҳамчун рукни муҳими таҳкими худшиносии миллӣ ва давлатдорӣ мо ба маънои томаш соҳибистиқлол буда наметавонем.


Аз ин рӯ, риояи меъёрҳои забони адабӣ, пеш аз ҳама, масъулияти бевоситаи ҳар як роҳбару корманди тамоми шохаҳои ҳокимияти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ҳар як зиёӣ мебошад. Инро ҳар як фарди бонангу номуси миллат, ки ба ояндаи неки Ватан хушбин аст ва мехоҳад давлаташ комилан соҳибистиқлолу мутараққӣ бошад, бояд дарк намояд. 


Дар бораи таҳоҷуми иттилоотӣ


Асри кунуниро асри иттилоот меноманд. Зеро иттилоот бо иқтисодиёт, тараққиёти илму техника, ҳифзи муҳити зист, истеҳсолот ва сиёсат робитаи ногусастанӣ дошта, ба пешрафти онҳо таъсири амиқ мегузорад. 


Дар баробари ин, фаромӯш набояд кард, ки сухан метавонад ҳам созанда бошад, ҳам сӯзанда. Вобаста ба ин, мехоҳам таваҷҷӯҳи шуморо ба масъалае ҷалб намоям, ки имрӯзҳо боиси нигаронии ҷиддӣ гардидааст. Агар шумо эътибор дода бошед, солҳои охир дар сомонаҳои гуногуни интернет як маъракаи огоҳонаву муғризонаи зидди Тоҷикистон идома дорад. 


Комилан яқин аст, ки соҳибистиқлолии давлати тоҷикон ва сиёсати бисёрсамтаи мо ба доираҳои муайян хуш намеояд. Ҳатто агар ба унвони маводи ғаразнок ва сирф фармоишӣ назар андозем, чунин тасаввур ҳосил мешавад, ки гӯё давлати мо ба суботи сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ муяссар нагаштааст ва дурнамои инкишофи он норавшан аст.


Як далел меорам: мутобиқи таҳлили коршиносон солҳои 2004-2007 аз тариқи сомонаҳои интернет, ки дар Тоҷикистон маъмуланд, қариб 30 ҳазор хабару гузориш интишор ёфтааст. Зиёда аз 80 фоизи онҳо фақат аз тӯҳмату бадгӯӣ, матлабҳои ғаразнок ва пешгӯиҳои бебунёд иборат мебошад. Ин раванди номатлуб имрӯз боз ҳам қувват гирифтааст. Муборизаи иттилоотие, ки бар зидди мо аз аввали солҳои 90-уми асри гузашта шурӯъ кардаанд, фақат як ҳадаф дорад: паст задани мақому мартабаи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, бадном кардани миллати тоҷик ва дар ниҳояти кор рӯҳафтодаву ноумед сохтани мардуми мо ба ояндаи худ.  


Ба соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба наздикӣ бист сол пур мешавад. Дар ин муддат давлати тоҷикон дар миёни кишварҳои дунё мавқеи худро пайдо кард ва ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. 


Албатта, дар ҳаёти ҷомеаи мо масъалаҳои ҳалталаб кам нестанд. Мо инро хуб медонем ва барои рафъи камбудиву норасоиҳои мавҷуда пайваста тадбирҳо меандешем. Вале комёбиҳое, ки мардуми шарифи Тоҷикистон, бо вуҷуди ҳама мушкилоти дар ин муддат ҷойдошта ба онҳо муваффақ гардидааст, ба ҳама маълуманд ва ҳамаи инро нодида гирифтан камоли беинсофист. 


Аз ҳама муҳимаш, дар кишвари мо сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдату ягонагии миллӣ, рӯҳияи сарҷамъии миллат ва созандагиву бунёдкорӣ ҳукмфармост, ки ин ба манфиати доираҳои бадхоҳи миллати тоҷик ва давлати тоҷикон нест.  


Халқи Тоҷикистон бояд аз қасду ниятҳои бадхоҳони миллат огоҳ бошад, зиракии сиёсиро аз даст надиҳад ва ба ҳеҷ ваҷҳ рӯҳафтода нагардад. Баръакс, бо шукргузорӣ аз соҳибдавлат будани хеш ва бо андеша дар миқёси даҳсолаҳо фаъолияти созандагиву бунёдкориро ба нафъи Ватани маҳбуб, ба нафъи наслҳои оянда дилпурона идома диҳад. 


Манфиатҳои миллӣ тақозо менамоянд, ки воситаҳои ахбори омма на танҳо дастгоҳи тавонои хабарӣ бояд бошанд, балки дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари давлат хизмат кунанд, ба хабару мақолаҳои таҳрифӣ ҷавобҳои сазовор дода, ба суботи ҷомеа мусоидат намоянд ва эътимоди мардумро ба фардои нек мустаҳкам созанд.  


Ҳамчунин, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва нашрияҳои даврӣ дар шароити бӯҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣ бояд истиқлолият, ваҳдат ва манфиатҳои давлату миллатро аз тамоми манфиатҳои гурӯҳиву ҳизбӣ боло гузошта, дар татбиқи ҳадафҳои стратегӣ саҳми арзандаи худро гузоранд. 


Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон


Ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ яке аз вазифаҳои асосии давлат мебошад. Дар ин самт то имрӯз корҳои зиёди назаррас ба анҷом расонида шудаанд. Ва зарур аст, ки раванди такмили заминаҳои ҳуқуқӣ бо дарназардошти рушди ҷомеа идома дода шавад. Аз ин рӯ, қабули Кодекси нави манзил, такмили Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба таъини ҷазои ҷарима барои ҷиноятҳои иқтисодӣ, ҳангоми ихтиёран барқарор намудани зарари расонидашуда ба мақсад мувофиқ аст. 


Механизми муҳими ҳифзи ҳуқуқи инсон ва таъмини волоияти қонун мақомоти ҳокимияти судӣ мебошад. Дар самти таҳкиму такмили ҳокимияти судӣ моҳи июни соли 2007 Барномаи ислоҳоти судию ҳуқуқӣ тасдиқ гардид, ки тибқи он ислоҳоти судӣ марҳала ба марҳала амалӣ карда шуд.
Бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, баланд бардоштани нақши суд дар ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиатҳои қонунии давлат ва ташкилоту муассисаҳо мувофиқи мақсад аст, ки ислоҳоти судӣ идома дода шуда, барномаи нави мукаммали соҳа барои солҳои минбаъда таҳия карда шавад. 


Дар навбати худ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ ва Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки оид ба бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ҷойдошта, интихобу ҷобаҷогузорӣ, баланд бардоштани сатҳи тахассусӣ ва омодагии касбии судяҳо ва кормандони судҳо тадбирҳои муассир андешанд. 


Дар бораи фасоди молӣ (коррупсия)


Яке аз амалҳои номатлубе, ки асосҳои давлат ва ҷомеаро суст карда, ба зарари зиёди иқтисодӣ ва маънавӣ боис мегардад, коррупсия мебошад. Бояд қайд кард, ки дар муддати фаъолияти начандон тӯлонӣ Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия доир ба пешгирӣ ва ошкор кардани ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, инчунин ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳкор як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст. Вале дар ин ҷода проблемаҳои ҳалталаб ҳанӯз ҳам зиёданд.
Аз ин рӯ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза дар ин самт тадбирҳои иловагӣ андешад.


Сиёсати хориҷии давлат


Дар таъмини ниёзҳои дохилии кишварамон сиёсати хориҷии давлат бо сиёсати дохилӣ ҳамоҳанг буда, дар маҷмӯъ ба рушди иқтисодиву иҷтимоӣ фаъолона мусоидат менамояд. Зеро мо дар сиёсати хориҷии худ усули «дарҳои кушода»-ро, ки баёнгари ҳифзи собитқадамона ва прагматикии манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад, пеш гирифта, татбиқи самарабахши онро идома медиҳем. 


Дар заминаи он, пеш аз ҳама, манфиатҳои миллии кишварамон дар чаҳорчӯбаи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва бо тамоми воситаҳои қонунии дастрас ҳимоя карда мешаванд. Таъкидан изҳор медорам, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бар пояи усули пазируфташудаи муносибот дар арсаи байналмилалӣ бо тамоми кишварҳои дунё, ки ба ин манфиатдоранд, ҳамкории васеъ, муассир ва созанда хоҳад дошт. 


Барои кишвари мо чун аксарияти давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид таъмини рушди устувор яке аз масъалаҳои муҳимтарин маҳсуб мешавад. Бо дарназардошти ин, Тоҷикистон дар муносибат бо шарикони худ гуфтугӯи созанда ва ҷустуҷӯи роҳи ҳалли мусоиди масъалаҳоро усули бунёдии сиёсати хориҷии худ қарор додааст.


Дар ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид, ки ташкилоти асосии фарогир буда, низоми ҷаҳонӣ рӯи он қарор дорад, ҳамкории зич дорад ва ислоҳоти ин созмонро, ки ба тавсеаи фаъолияти самараноки он нигаронида шудааст, дастгирӣ менамояд. 


Ҳамчунин, кишвари мо ҷонибдори ҳамкории мутақобилан судманд ва баробар дар фазои собиқ Шӯравӣ мебошад. Дар мавриди Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё мехоҳам зикр намоям, ки он метавонад ниҳоди асосии раванди ҳамгироӣ гардад. 


Дар сиёсати минтақавӣ мо барои фароҳам овардани фазои созандаи ҳамкорӣ, пеш аз ҳама, бо давлатҳои ҳамсоя аҳамияти аввалиндараҷа медиҳем. Ин афзалиятро умумияти таърихӣ, ҳамбастагиҳои иқтисодӣ ва қаробати фарҳангиву инсонии халқҳои мо муайян мекунанд.
Мардумони минтақа ва Тоҷикистонро ҳазорон ришта – аз пайвандҳои хешутаборӣ сар карда, то равобити фарҳангӣ ба ҳам наздик мекунанд. Аммо, бо вуҷуди ин сатҳи робитаҳо ҳанӯз ба талабот ва алоқамандии амалии халқҳои минтақа мувофиқат намекунад ва самараи воқеии созишномаҳои зиёд ва хуби дуҷонибаву бисёрҷонибаи қабулгардида то ба ҳол кам ба назар мерасад.


Боз дар масъалаи обу энергетика

Вақтҳои охир байни давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар масъалаи обу энергетика баҳсу муколамаҳои зиёд сурат мегиранд. Чунин ба назар мерасад, ки ин раванд аз ҷониби баъзе қувваҳои манфиатдор бо мақсади муайян дастгирӣ низ ёфта истодааст. 


Аз ҷумла, талқин мекунанд, ки гӯё татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя зиён мерасонад. Дар робита ба ин, мехоҳам бори дигар изҳор намоям, ки чунин ақидаҳо комилан беасосанд. 


Зеро тамоми иншоотҳои гидроэнергетикии мо дар дарёҳои дохилии Тоҷикистон сохта шуда истодаанд ва онҳо ҳеҷ гоҳ ба кам шудани об дар дарёҳои фаромарзии минтақа ва бад шудани ҳолати экологӣ боис намегарданд.


Чунки ҳатто дар давраи Шӯравӣ, ҳангоми ба нақша гирифтани сохтмони нерӯгоҳҳои бузург дар кишварҳои болооб ду ҳадаф ба эътибор гирифта мешуд: якум истеҳсоли барқи арзон барои кулли минтақа ва дуюм бо об таъмин кардани заминҳои нави корам дар кишварҳои поёноб, чунки кишварҳои болооб, ки аксар кӯҳистонанд, барои азхудкунӣ замин надоранд. 


Яъне бе обанборҳои наве, ки дар кишварҳои болооб бунёд хоҳанд шуд, бо об таъмин намудани киштзорҳои мавҷуда ва шодоб кардани заминҳои бекорхобида ғайриимкон мегардад. 
Ин нуктаро коршиносони мустақил ва олимони маъруфи Аврупо бешубҳа тасдиқ кардаанд. Аз ҷониби дигар аён аст, ки нерӯгоҳҳои барқи обӣ чун заминҳои кишт, ки 80-90 фоизи обро фурӯ мебаранд, дарёро ба коми худ намекашанд.


Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалӣ кардани лоиҳаҳои гидроэнергетикии худ сиёсати шаффоф ва усули риояи манфиатҳои умумӣ, аз ҷумла манфиати ҳамсоягони худро пеш гирифтааст. 
Бунёди иншооти гидроэнергетикӣ дар дарёҳои ҳудуди дохилии Тоҷикистон дар маҷмӯъ ба ҳалли мутавозини масъалаи муҳими минтақа, яъне обу энергетика равона карда шудааст. 


Дар айни замон, як масъалаи ҳаётиро низ таъкид бояд кард: мо наметавонем азобу машаққати зиёди мардуми худро, ки беш аз 15 сол инҷониб ҳангоми зимистон аз нарасидани барқ идома дорад, нодида гирем.


Ба таври возеҳ ва сареҳ мехостам бо муроҷиат ба халқҳои бародари Осиёи Марказӣ як нуктаро таъкид намоям: мардуми Тоҷикистон, ки яке аз қадимтарин халқҳои ин марзу бум аст, дар давоми асрҳо бо ҳамсоягони худ дар оромиву осоиш ва муросову мадоро зиндагӣ кардааст. 


Бо идомаи ин анъанаи неки ниёгонамон мо ҳеҷ гоҳ ва ба ҳеҷ ваҷҳ ҳамсоягони худро бе об нахоҳем гузошт ва ҳамеша пайрави ҳикмати бузурги аҷдодиамон хоҳем буд, ки аз ҳадиси Пайғамбари гиромии ислом бармеояд ва мегӯяд: «Ҳаққи ҳамсоя ва ҳаққи Худо баробар аст»!


Мубориза бо терроризм ва кочоқи маводи мухадир

Имрӯз инсоният бо таҳдидҳои нав, аз ҷумла терроризми байналмилалӣ, аслиҳаи қатли ом, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, гармои умумисайёравӣ ва бемориҳои сирояткунанда рӯбарӯ гардидааст.


Тоҷикистон комилан ҷонибдори собитқадами ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ буда, дар он саҳми хешро мегузорад.


Дар баробари ин, мо зарурати бартараф намудани сабабҳо ва омилҳои бавуҷудорандаи терроризмро, ки аз камбизоатӣ, аз адолати воқеӣ дур будани воқеияти низоми ҷаҳонӣ, сатҳи пасти маърифат, ҷудоиандозии миллӣ, ихтилофи фарҳангӣ ва амалҳои худгароёнаи баъзе давлатҳо дар арсаи байналмилалӣ иборатанд, ногузир мешуморем.


Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ фаъолияти худро бар зидди терроризм дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ва эътилофи зиддитеррористӣ идома медиҳад. Дар ин ҷода мо ҳамгироии кишвари худро бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Конфронси Исломӣ тақвият хоҳем дод. 


Тоҷикистон дар мубориза бар зидди қочоқ ва муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамкориҳои байналмилалиро боз ҳам фаъолтар идома хоҳад дод. Мо чунин мешуморем, ки барои таъмини муборизаи самаранок бо ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир ташкили маркази ягонаи иттилоотӣ таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид ба манфиати кор мегардад.


Дар бораи интихоботи дарпешистода


Дар пеш, яъне моҳи феврали соли 2010, интихоботи парламенти мамлакат ва мақомоти намояндагии маҳаллӣ истодааст.


Барои дар сатҳи баланд, шаффоф ва дар фазои озод баргузор гардидани интихобот ва интихоби намояндагони арзандаи халқ бояд ҳамаи шароити зарурӣ муҳайё карда шавад. 


Пеш аз ҳама, тамоми қувваҳои сиёсӣ, ҳизбҳову шаҳрвандони алоҳида, ки барои соҳиб шудан ба ваколати вакилӣ мубориза мебаранд, бояд фаъолияти худро танҳо дар чорчӯбаи Конститутсия ва қонунҳои ҷорӣ амалӣ намоянд. 


Бовар дорам, ки ин маъракаи сиёсӣ бо риояи меъёрҳои таҳаммулу муошират ва дар сатҳи баланд баргузор шуда, намунаи ваҳдати миллӣ, ягонагии ҷомеа ва омили муҳими пешрафти минбаъдаи давлати соҳибистиқлоламон мегардад. 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi