06:34:29 23-уми Сентябри 2019 сол
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 youtube-ruzgor-2014

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019
 

Тақвим

<< < Сентябр 2019 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30            

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

ИСТЕЪФОИ ҲИММАТЗОДА АЗ ПОРЛУМОН

Ман, Ҳимматзода Муҳаммадшариф вакили Маҷлиси Намояндагони МО ҶТ аз Ҳизби Наҳзати исломии Тоҷикистон бори панҷум аст, ки аризаи истеъфои худро ба МН ирсол медорам. Соли 2005 дар интихоботи МО, ки ман аз рӯйхати ҳизбӣ нафари аввал будам, ба вакилии ин ҳизб дар МН интихоб шудам. Аз баски бемор ва ғайри қобили амал будам, барои худ ҳақи маънавии нигоҳ доштани ваколати ҳизбро дар МН надидам, зеро истеъфо рафтани ман роҳро барои соҳиби ваколати вакил гардидани нафари баъдӣ аз рӯйхати ҳизбиро муҳайё мекард. 

 

Бинобар ин аризаи истеъфоамро унвонии Раиси МН ирсол намуда, тақозо кардам, то масъалаи истеъфоамро дар ҷаласаи МН баррасӣ намояд, вале аризаи маро Раис МН баргардонид ва тавассути баъзе аз ҳамкорон маслиҳат дод, ки аризаамро пас бигирам ва аз ин тасмими худ сарфи назар кунам. Зеро ту бемор ҳастӣ ва эҳтиёҷ ба мошини хидматӣ ва маоши вакилӣ дорӣ, то ба ин васила дар ин давраи беморӣ каме ҳам бошад барои давову табобат кӯмак мешавад,- гуфт Раиси МН.

Бо вуҷуди тарғиби Раиси МН барои нигоҳ доштани ваколати вакилӣ худам инро салоҳ намедидам. Аз ҳамин сабаб дар тӯли чаҳор соли сипарӣ шуда чаҳор бор аризаи истеъфо навиштам, вале ҳар бор мавқеи Раис нисбати истеъфои ман ҳамин буд, аз ин "хайрхоҳии" Раис хуш шудам ва дар ҳаққи эшон гумони хайр доштам, вале…

Билохира чанде муқаддам МН Қонуни ҶТ "Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ "- ро қабул кард ва ман ба ҳайси вакили МН мавқеи худро нисбати баъзе аз нуқсонҳои мавҷуда дар қонуни мазкур дар матбуот навиштам, зеро инро масулияти динӣ ва ҳизбии ман тақозо мекард. Чӣ тавр ман як шаҳрванди ин кишвар дар нисбати қонуне, ки озодии эътиқоди ман ва интихобкунандагонамро маҳдуд мекунад хомӯш бинишинам, дар ҳоле ки аз он тарафи уқёнус нисбати ну қсонҳои қонуни мазкур садои эътирози худро баланд карданд.

Оё ман ҳамчун вакил ин ҳақро надорам, ки фикри худро дар ин мавзӯъ баён созам? Нашри ин мақола боиси нороҳатии Раиси МН ва дигар мақомоти баландпояи ҳукумат гардид. Бинобар ин Раиси МН бар хилофи мавқеи собиқи худ дастур содир намуд, то мошини хидматиро боздоранд, инчунин борҳо барои бидуни фаъолият дар МН маош гирифтанам, мавриди миннат қарор гирифтам. Маош гирифтан ва бо мошини хидматӣ таъмин шудани вакил барои ваколати вакилиаш аст, на барои он ки ӯ бояд ҳатман ҳашт соат сари кор дар бинои МН ҳозир шавад. Дар шароити имрӯза дар бисёр кишварҳо вакил метавонад тариқи интернет ҷараёни ҷаласаҳои парлумонро пайгирӣ намуда ва ҳатто раъй худро - мусбат ё манфӣ нисбати қарорҳои он иброз намояд.

Суоле матраҳ мешавад, ки чаро тӯли ин муддат аризаи истеъфои маро қабул накарданд ва нагузоштанд нафари дигаре намояндаи ҲНИТ дар МН бошад? Ҷавоби ин суол он қадар мушкил нест. Мавҷуд будани ду ё панҷ нафар мухолиф дар МН чизеро тағйир намедиҳад, инро хуб медонанд, вале ибрози назари мухолиф ва шикастани қолабро хуш надоранд ва ҳатто мавҷуд будани як нафар "қолабшикан"- ро таҳаммул карда наметавонанд, зеро шикастани қолаб ва и оди фазои озодандешӣ дар дохили МН барояшон таҳаммулнопазир аст.

Ҳимматзода М. 



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi