ҲНИТ АЗ ҲУҚУҚИ ХУД ДИФОЪ МЕКУНАД
Дирӯз дар қароргоҳи ҲНИТ ҷаласаи васеъи фаъолони интихоботии ҳизб бо ҳузури аъзои Ситоди интихоботӣ, аъзо ва нозирони комиссияҳои ҳавзавиву участкавии интихоботи парлумонии 28 феврал баргузор шуд.
Дар ин ҷаласа дар мавриди иқдомоти анҷомшуда аз сӯи ҲНИТ дар робита ба ҳузури ҳизб ва номзадҳои он дар интихоботи парлумонӣ масъулини Ситод гузориш доданд. Гуфта шуд, ки ҲНИТ бо интихобкунандагон беш аз 15 ҳазор дидору мулоқот анҷом дод ва даҳҳо ҳазор адад маводи мухталифи таблиғотиро дар миёни мардуми кишвар тавзеъ кард. Аз тарафи гурӯҳҳои таблиғотӣ ва дастёрони ҳизб беш аз як миллион дидори рӯ ба рӯ бо интихобкунандагон анҷом дода шуд.
Дар муҳимтарин нуқоти пойтахт ва манотиқи кишвар аксҳои бузурги таблиғотии ҳизб ва номзадҳои он насб шуданд. Ба бовари на танҳо масъулин ва аъзои ҲНИТ, балки бештари мардуми кишвар дар интихоботи парлумонии 28 феврал аз роҳи тақаллуб ҳаққи ҳалоли ҳизб ва номзадҳои он зоеъ карда шуд. Дар ин маврид дар ин ҷаласа нозирини ҲНИТ далоили фаровонеро ироа карданд ва аз раҳбарияти ҳизб хостори бархурди қотеъона бо ин падидаи ғайриинсонӣ ва ғайриисломӣ шуданд.
Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ зимни ташаккуру қадрдонии муҷаддад аз ҳимояти густардаи мардум, ҷонибдорон ва хайрхоҳони ҳизб дар ин интихоботи 28 феврал, элон кард, ки пуштибонии саросарӣ аз барномаи интихоботии ҳизб ва номзадҳои он ба маънои дар масири дуруст қарор доштани ҲНИТ мебошад.
Вай бо ишора ба таърихи пуршебу фарози миллати тоҷик гуфт, ки ин миллат ҳамеша аз ҳар гуна сахтӣ ва маҳрумиятҳо сарбаланд ва пирӯз ба дар омадааст ва ҲНИТ ба унвони бонӣ ва бозгӯкунандаи манофеи ин мардум таҳти таъсири ҳеч фишоре шикаст нахоҳад хурд, балки обутоби бештар хоҳад ёфт.
Муҳиддин Кабирӣ худшиносӣ ва Худошиносиро хислати фитрии миллати тоҷик ва ҲНИТ-ро самари он донист ва таъкид кард: Муҳимтарин дастоварди ҲНИТ дар ин интихобот ба даст овардани эътмод ва бовари мардум буд, ки аз роҳи муаррифии афкор ва андешаи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҳизб муяссар шуд.
Ва воқеият аз он шаҳодат медиҳад, ки пирӯзии воқеӣ дар 28 феврал бо ҳизби мо буд. Дар ин интихобот ҳазорон нафари комилан нав ба мо пайвастанд. Ҷонибдор узв шуд, бетараф тарафдор ва мухолиф хайрхоҳ. Яъне Наҳзат аз роҳи инқилоби фикрӣ саросарӣ шуд ва танҳо роҳ барои бекор кардани раъйи ҷонибдорони мо, ки мардуми шарифи кишварамон мебошанд, тақаллуб буд, ки аз он то ҳадди аксар истифода карданд.
Раиси ҲНИТ гуфт: Мо онҳоеро, ки ба дасташон дар ин интихобот тақаллуб анҷом шуд, бахшидем, зеро тақдири интихобот дар ҷои дигар ҳаллу фасл шуд. Танҳо аз он мутаассифем, ки аъзои сершумори ин комиссияҳо, ки умдатан таҳсилкарда мебошанд, сирфан ба абзор ва олоти дасти дигарон табдил шудаанд, то тақаллуб сурат бигирад. Бале, мо аз онҳо гузаштем, то Худо низ аз онҳо бигзарад. Вале ин бахшиш ба он маъно нест, ки мо аз ҳаққамон бигзарем ва дар баробари беадолатӣ сукут варзем.
Муҳиддин Кабири баён дошт, ки бо таваҷҷӯҳ ба шеваи бархурди раҳбарияти кишвар бо ин қазия ҲНИТ тарзи муносибати худ бо ҳукуматро таъйин хоҳад кард. Вай таъкид намуд: Вазъият содаву одӣ нест, вале масъулин аз воқеият дур шудаанд. Чунин ғафлатзадагӣ дар давлатдорӣ падидаи мусбат нест. Ғурур аз қудрат паёмади хубе нахоҳад дошт ва мардумро аз давлат дур хоҳад кард.
Бахусус дар шароите, ки авзои мантақа ва ҷаҳон паёмадҳои дигареро ба ҳамроҳ дорад ва танҳо бо фазои ҳамфикрӣ ва ваҳдат метавон ҳарими амни кишварро таъмин кард. Вале чи тавр метавонад ин фазо вуҷуд дошта бошад, вақте раъйи мардум ба унвони амонат (ва он ҳам дар 5 сол як бор!) мавриди хиёнат қарор мегирад? Пас чӣ тавр мардум бо вогузории маблағҳои зиёде барои хариди саҳмияҳои неругоҳи «Роғун» эътимод кунанд, ки ба амонаташон хиёнат намешавад?
Раиси ҲНИТ гуфт, ки ваъдаи баргузории интихоботи шаффофу демократӣ амалӣ нашуд ва ин ба айби кист, бояд мушаххас шавад. Қонуншиканҳо бояд дар баробари қонун ҷавоб бидиҳанд. Мо ба ҳукумат дар ин кор ёрӣ мерасонем, зеро далелҳои зиёде дар ихтиёр дорем, ки пешниҳод хоҳем кард. Ва агар ин амр нодида гирифта шавад ва вокуниши расмие ба мавридҳои тақаллуб сурат нагирад, дигар дар паҳлуи ҳукумат будани мо мушкил хоҳад гардид, ҳарчанд мо дар ҳар шароит бар манофеъи миллӣ ва давлатии кишварамон аҳамияти хос қоилем.
Муҳиддин Кабирӣ зимни табрики пирӯзӣ бар вакилони ҷадиди парлумон, гуфт: Бояд хеле аз онҳо бидонанд, ки дар курсии дигарон нишастаанд ва бо тақаллуб ҳаққи ҳалоли дигаронро гирифтаанд, яъне дар асл интихобкунанда надоранд. Ва мо барои дифоъ аз манофеи интихобкунандагони худ анҷоми ин иқдомотро эълон мекунем:
1. Хориҷ шудани ҲНИТ аз Шӯрои ҷамъиятӣ;
2. Расондани воқеиятҳои тақаллуби интихоботӣ ба сурати мустанад ба мардуми Тоҷикистон ва ҳама созмонҳо ва намояндагиҳои кишварҳои хориҷӣ;
3. Пайгирии ҳуқуқии мавзӯъ бо ҳамкории беҳтарин ҳуқуқшиносон ва расонаҳои гурӯҳӣ.
Ҳамзамон бо ин ҷаласа дар маркази вилоятҳои Суғд, Хатлон, Бадахшон ва минтақаи Кӯлоб низ ҳамоишҳои мушобеҳе бо ҳузури васеи фаъолони интихоботии ҲНИТ баргузор гардид. Гузоришҳои телефонӣ аз рафти ин ҳамоишҳо ва пешниҳодҳои онҳо мустақиман дар толори ин ҷаласа пахш гардид.
Ситоди марказии интихоботии ҲНИТ
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1861-2010-03-04-04-02-03.html