САЙИДАМИР ЗУҲУРОВ: УМРЕ ДАР ХИЗМАТИ ХАЛҚУ МИЛЛАТ
Шукронаи онро мекунам, ки дар тӯли фаъолияти меҳнатиям, аз ҷумла даврони хидмат дар мақомоти амнияти кишвар, ғолибан, бо ашхосе покизаву ҳамида, меҳнатқарин, хоксору фурӯтан, хирадманду дурбин, инсондӯсту башарпарвар, ба Ватану миллати хеш содиқу ғамхор ва баору номус шарафи ҳамкорӣ муяссарам гардидааст. Ба хусус, ифтихор аз он дорам, ки муддате чанд таҳти сарварии шахси наҷиб,фарзанди барӯманди миллат генерал-полковник Сайидамир Зуҳуров адои вазифа намудаам ва аз кору фаъолияти пурбаракату ибратомӯзи ин фарди накӯном дар як фосилаи таърих аз наздик шинос будаам.
Сайидамир Зуҳуров замоне сарварии мақомоти амнияти кишварро бар ӯҳда гирифтанд, ки аз як тараф, фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва вобаста ба он, Тоҷикистонро тарк намудани иддае аз кормандони собиқадори КБД ва аз ҷониби дигар, ҳодисоти ба ҳама маълуми солҳои 90-уми асри гузаштаи меҳан ин дастгоҳи як замон муқтадири ҳокимияти давлатиро ба куллӣ фалаҷ гардонида буд. Он рӯзҳо поӣтахти ҷумҳурӣ ба минтақаҳои зери нуфузи қумандонҳои гурӯҳҳои ғаӣриқонунии мухталиф тақсим шуда, куштору дуздиву ғоратгарии шаҳрвандон ҳамарӯза идома дошт.
Саӣидамир Зуҳуров аз аъзои ҳукумати дар Сессияи 16-уми Шӯрои Олии ҷумҳурӣ дар шаҳри Хуҷанд интихобгардида аввалин шуда, ба Душанбе омада, дар чунин вазъият ба кор шурӯъ намуданд. Иддае аз ашхоси бо мавсуф ношинос гумон доштанд, ки роҳбари нав фаъолияти худро аз душманковиву душмансозӣ, азкоррониву ҷойивазкунии кормандон ва ғайра оғоз мекунад. Иддаи дигар, ки ӯро мешинохтанд, ба чунин вазифаи масъул таъйин гардидани эшонро фоли нек меҳисобиданд.
Собиқадори мақомоти амният, полковники мустаъфӣ, донишманди соҳаи ҳуқуқи байналмилалӣ, аввалин доктори ҳуқуқи байналмилалӣ дар Тоҷикистон, Саӣидумар Раҷабов, ки он замон дар як бахш кору фаъолият доштем ва бо Сайидамир Зуҳуров дар мактаби олии чекистии шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус таҳсил карда, дар Маскав дар як сохтор – КБД-и Иттиҳоди Шӯравӣ кор кардаанд, мухтасар иброз доштанд, ки дар чунин шароити вазнин Кумитаи амниятро сарварӣ намудани ин шахси мутахассиси варзида ва ҳалиму ботавозӯъ ба манфиати давлату миллат хоҳад буд. Дар яке аз сӯҳбатҳои баъдиашон, пас аз гузашти солҳо, ба кадом муносибате аз он гуфтаҳои хеш ёдовар шуда, ба лаҳни ба худ хос айнан илова намуданд, ки «если тогда этот орган возглавлял не Сайидамир Зухуров, а другой, то много дров было бы наломлено».
Ба Сайидамир Зуҳуров муяссар гардид, ки бо заҳмати зиёде дар фурсати кӯтоҳ Кумитаро аз нав эҳё намоянд. Мутахассисини собиқадори аз кор дилсардшудаву рафтаро дубора ба Кумита баргардонида, ба ҳар яке, мувофиқи малакаву қобиляташон вазифа пешниҳод, намуда, шароите фароҳам оварданд, ки ҳиссаи худро дар таъмини амнияти кишвари тозаистиқлол гузошта тавонанд. Муовинони раис, сарварони раёсатҳову хадамоту шӯъбаҳо аз ҷумлаи шахсоне таъйин гардиданд, ки ҳама мутахассисони варзидаи соҳаи худ буда, таҷрибаи ғании кори чекистӣ дар сохторҳои КБД-и замони шӯравиро доштанд. Аз ин рӯ, дар камтарин мӯҳлат Кумита ба натиҷаҳои назарраси корӣ нойил шуда , мавқеъу мақоми худро дар ҷомиъа мӯайян намуда, сазовори боварии мардум гардид.
Албатта, ҳар роҳбар усули хоси роҳбарӣ дорад. Яке кӯшиш ба харҷ, медиҳад, ки назоратро аз болои кормандонаш пурзӯр карда, ҳар қадами онҳоро дар мадди назар нигоҳ дошта бошад. Дигарӣ дӯғу даранг, фишору таҳдид ва амсоли инҳоро услуби хуби роҳбарӣ меҳисобад. Вале усули хоси роҳбарии Сайидамир Зуҳуровро боварӣ ба кормандони худ, ғамхорӣ нисбат ба онҳо, ташкили шароити мусоиди корӣ барояшон ва ҳамзамон, серталабӣ ва амсоли инҳо ташкил медиҳанд. Дар интихоби кадр, махсусан кадрҳои роҳбарикунанда, Сайидамир Зуҳурович ниҳоят ҷиддӣ, бомулоҳиза ва сахтгиру серталаб ҳастанд. Маҳаки интихоби кадр барояшон на миллат, маҳал, баромади иҷтимоӣ, дину ойин ва ҳоказо, балки кордонӣ, донишу малакаи касбӣ ва садоқат ба халқу Ватан мебошад.
Сайидамир Зуҳуров қобилияти нодири одамшиносӣ доранд. Ба кормандон на аз рӯйи сухан, балки кору амал ва рафторашон баҳо медиҳанд. Кормандони хубро ҳамеша дасгирӣ карда, шахсони бесалоҳият, бесаводу бадахлоқ ва чоплусу хушомадгӯйро, ки ғолибан гирди сурфаи роҳбарон ҷамъомадаву ба мадҳу саноҳашон мепардозанд , рӯйи дидан надоштанд, оҳиста –оҳиста аз худ дурашон меронанд.
Зеро хуб тасаввур менамоянд, ки барои чунин ашхос муқаддасоте ба ҷуз ғами шиками хеш вуҷуд надорад. Ҳатто, дар ҷаласае сухани роҳбареро, ки ҳангоми муроҷиат ба вазир калимаи «мӯҳтарам»-ро такрор ба такрор истифода менамуд, бо назокат бурида, тақозои ҷиддии такрор нашудани ин амалро дар оянда карданд ва минбаъд ба чунин тарзи муошират дар Кумита хотима дода шуд. Сайидамир Зуҳуров мунтазам такрор менамуданд, ки бо сухан садоқати худро ба ман нишон надиҳед , дар кору амал ва ҳимояи ҳуқуқу оздиҳои мардуму Ватан содиқ бошед.
Сайидамир Зуҳуров дар зиндагӣ ниҳоят хоксор, фурӯтан ва шикастанафасанд , ки рафтору кирдор, тариқи муошират ва ҳатто, тарзи либоспӯшиашон аз он гувоҳӣ медиҳанд. Аҳли оилаашон низ дар чунин рӯҳия тарбия ёфтаанд. Карру фарр, кибру ғурур, худнамоӣ ва амсоли инҳо ба аҳли ин хонадон бегонаанд. Баръакс, кибру ғурур, худнамоӣ , аз худ алломатарошии баъзеҳоро Сайидамир Зуҳуров камоли бесаводиву бефарҳангӣ ҳисобида, ба ҳамкорону шогирдон дурӣ ҷустан аз чунин хислатҳои разилаи инсонӣ ва канораҷӯӣ аз чунин ашхосро маслиҳат медиҳанд.
Дар бораи одаму одамгарии ин шахс метавон фаровон мисолҳо овард. Замоне яке аз курсантҳои мақомоти амният, ки дар Россия таҳсил менамуд, ба беморие мубтало гардида, зарурати ҷарроҳӣ ва барои анҷоми он амал маблағи дар он замон назаррасе пеш омад. Сайидамир Зуҳуров ба имкониятҳои маҳдуди вазорат ва аксуламали баъзе аз муовинонашон нигоҳ накарда, маблағе дарёфт намуда, ба Маскав интиқол доданд. Ҳарчанд умр бақо накардаву он ҷавон аз ҳаёт даргузашт, то кунун падару модар ва хешу ақрабояш аз эшон сипосгузорӣ мекунанд ва ҳар лаҳзаи муносиб дуъои ҷонашонро арза медоранд. Ин қабил афрод кам нестанд.
Сайидамир Зуҳуров ҳамеша аз ҳолу аҳволи оилаҳои кормандони мақомоти амният, ки нигоҳбинашон дар ҳимояи сохти конститутсионӣ ё ҳангоми иҷрои вазоифи хидматӣ шаҳид шудаанд, бохабар буданду мебошанд. Ба масъулин супориш медоданд , ки ҳаддалимкон ба онҳо кӯмак расонанд, барои қабули фарзандонашон (албатта агар хоҳиш дошта бошанд) дар мактаби олии Кумита ва ё кор дар сохторҳои ин ташкилот, дар навбати аввал, мусоядат намоянд. Ҳамзамон, бо бознишастагони Кумита равобити ҳамешагӣ дошта, дар лаҳзаҳои зарурӣ ба хидматашон мерасанд.
Одаму одамгарӣ ва хоксориву фурӯтании Сайидамир Зуҳуров дар ҳама ҳолат, чи ҳангоми кор , чи дар сафар ,чи дар вазъияти ғайрирасмӣ, мушоҳида мешавад. Боре ҳамроҳашон ҷиҳати таъмини амнияти чорабиние бахшида ба Иди Наврӯз дар шаҳри Кӯлоб ба минтақаи мазкур сафар намудем. Пас аз расидан ба шаҳри Кӯлоб ба мақомоти минтақавии амният рафта, билофосила ба кор шурӯъ намудем. Пас аз нақшабандии корҳои дарпешистода ва тановули ғизои шом Сайидамир Зуҳуров ба раиси ҳамонвақтаи минтақавии амният генерал-майор Мирзоватан Ҳасаналиев (шодравон инсони хуб буданд. Илоҳо рӯҳашон шоду манзили охираташон обод бод!) рӯй оварда, изҳор доштанд, ки « барои мо ташвиш накашида, аз пайи корҳоятон шавед; мо бо Зафар ба хонаи ман меравем» Ва шӯхиомез илова намуданд , ки «ӯ меҳмон асту бори нахуст ба Кӯлоб омадааст. Худо накунад, ки аз ин ҷо ба Душанбе бо таассуроте манфӣ баргардад».
Аммо ман аз Сайидамир Зуҳурович миннатдорона узр хоста, ҳамроҳи М. Ҳасаналиев аз макони баргузории чорабиниҳо дидан намуда, баъд аз анҷоми корҳо меҳмони акаи Мирзоватан шудам. Банда аз руйи зарурат ва тақозои вазифа қариб ба тамоми манотиқи кишвар сафар кардаам ва аз меҳмоннавозии мардумонамон, махсусан мардуми сарбаланди қисмати кӯҳистони он, ки барои меҳмон ҳеҷ чизро дареғ намедоранд , ба хубӣ огоҳам. Вале он чанд лаҳзаи фароғат дар хонаи акаи Мирзоватан ва самимияти беандозаи эшон ва дӯстонашон ҳеҷ гоҳ аз хаёлам фаромӯш нахоҳад шуд.
Бемуҳобо, Сайидамир Зуҳуров ҷавонмарде ҳастанд, ки ҷони худро барои ҳимояи халқу Ватан ва манфиатҳои он, чи дар замони шӯравӣ ва чи соҳибистиқлолии кишвар, борҳо зери хатар гузоштаанд. Боре ҳангоми дар минтақаи Обигарм ба гаравгон гирифтани чанд нафар аз намояндагони Созмони Милали Мутаҳид ва восоити ахбори умум аз ҷониби авбошони калабури Баҳром (бо мақсади аз Афғонистон баргардонидани гурӯҳи терористии бародараш-террористи машҳури байналмилалӣ Ризвон Садиров), Сайидамир Зуҳуров билофосила ба ҷойи воқиъа ҳозир гашта, барои ҳалли ин қазия ҳамаи чораҳои заруриро андешидаагд. Ба иллати тангии вақт, вазъи ҳар лаҳза тағйирёбанда ва аз даст нарафтани фурсат, ба қарори ягона дуруст омада, ба қароргоҳи ҳайвонҳои одамсурат рафта, ҳаёти худро дар хатар гузошта, бо онҳо ба гуфтушунид пардохтанд.
Сайидамир Зуҳуров ҳамчун мутахассиси варзидаи соҳа хуб тасаввур мекарданд, ки дар ҳолати бо роҳи зурӣ (ташкил ва гузаронидани амалиёти низомӣ) ҳал кардани масъала талафоти ҷонӣ ногузир буда, ба шаҳодат расидани гаравгонон бошад, боиси овозаву дарвозаҳои зиёде дар миқёси ҷаҳон мегардад. Аз ин рӯ, дар он лаҳзаи ҳассос Сайидамир Зуҳуров барои ҳимояти нангу номус ва шарафи миллат худро ҳамчун гаравгон ба дасти гургон супурда, садоқати худро ба сиёсати пешгирифтаи Президент ва қасами чекистӣ собит сохт. Ҳарчанд Сайдамир Зуҳуров табиатан башардӯстанду миёни миллатҳои мухталиф дӯстони зиёде доранд ва ҳар яки онҳо барояшон азизанд, миллату ватани худро бо тамоми ҳастӣ дӯст медоранд, аз муваффақиятҳои эшон болида, аз душвориҳои ногузири роҳи истиқлол гоҳо ғамгин мегарданд. Махсусан, муноқишаҳои бемаънии дохилии дар асари кӯтосиёсии кишвар рухдодаи солҳои 1992-97 эшонро сахт азият медоданд.
Ҳангоми роҳбарияшон ба мақомоти амният тамоми имконоти Кумитаро дар радифи сойири сохторҳои ҳокимияти давлатӣ барои дар амал тадбиқ намудани сиёсати Сарвари давлат, хотима бахшидан ба ҷанги шарҳвандӣ ва дарёфти сулҳу муросои миллӣ равона карда буданд. бояд махсус таъкид намуд, ки нақши мақомоти амнияти кишвар ва раиси ҳамонвақтаи он Сайидамир Зуҳуров дар расудан ба сулҳу салоҳи куллӣ дар ҷумҳурӣ аёну назаррас буда, бо гузашти айём ва фарорасии имконоти инъкоси ҳамаҷонибаи ҳаводиси ба ҳамагон маълуми солҳои 90-уми асри сипаригашта таърихнигорону сиёсатшиносон ба ҳар яки он баҳои сазовори худро хоҳанд дод.
Дар робита ба гуфтаҳои боло бояд таъкид намуд, ки аҳди дӯстиву бародарӣ дар миёни Сайидамир Зуҳуров ва қаҳрамони роҳи адолату озодии Афғонистон шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд ҳам маҳз дар заминаи ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба сулҳу салоҳ ва истиқрору пойдор намудани он дар ду кишвари ҳамҷавори бародар ба вуқӯъ пайвастааст. Ин дӯстии самимӣ миёни ду шахсияти бузург то вопасин лаҳзаҳои ҳаёти абармарди таърих Аҳмадшоҳи Масъуд идома ёфта, заминаи мустаҳкаме дар таҳкими дӯстӣ ва ривоҷи муносибатҳои бародаронаи миёни халқҳову давлатҳоямон гардидааст.
Сайидамир Зуҳуров дар таҳким ва рушди ҳамкорӣ ва муносибати дӯстона миёни хадомоти махсуси кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва хориҷии дуру наздик ҳам хидмати босазое кардаанд. Борҳо, зимни баргузории ҷаласоту вохӯриҳо миёни роҳбарони мақомоти амнияти кишварҳои мухталиф шоҳиди он будаам, ки ба Сайидамир Зуҳуров бо эҳтирому самимияти хоса муносибат намуда, дар ҳолатҳои зарурӣ бо ӯ маслиҳату машварат мекарданд. Ин амал дар танаффусҳои миёни ҷаласот, ҳангоми фароғат ва мусоҳибаҳои ғайрирасмӣ низ эҳсос мегардид. Ин эҳтирому самимияти онҳоро водор месохт, ки дар вазнинтарин ҳолат ҳам роҳҳои ҳалли масъалаҳои заруриро пайдо намоянд.
Он лаҳзаҳо мо кормандони мақомоти амният аз сарвари худ ҳақдорона ифтихор мекардем. Ҳоло ҳам банда аз устоди нотакрори худ ифтихор дорам ва чунин меҳисобам, ки на танҳо ҳамкасбону шогирдон, балки тамоми миллат метавонад бо чунин фарзанди фарзонааш ифтихор кунад. Кош чунин фарзандони номбардори миллат бештар мешуданд. Сайидамир Зуҳуров муддате ба сифати Вазири корҳои дохилӣ, Раиси Кумитаи сарҳадот ва Муовини сарвазири ҷумҳурӣ кору фаъолият бурдаанд. Эшон дар куҷое кор накарда бошанд, бо меҳнати ҳалоли худ ба халқу Ватан сазовори обрӯву эҳтироми хоссаи мардум гаштаанд.
Чанд сол қабл, аз ёдам намеравад, рӯзи якшанбе, бо шиносам шодравон Нурулло дучор омадам, ки дар ҳолати ноҳинҷоре қарор дошт. Ба дидани банда инони сабуриро аз даст дода, чун кудаки маъсуме ба гиря пардохт. Азбас ӯро ҳеҷ гоҳ дар чунин ҳолат надида будам, ба изтироб афтода, сабаби нороҳатиашро пурсидам. Ӯ асли воқеъро мухтасар чунин нақл кард. Шахсе беасос даъвои аз худ намудани хонаи ӯро карда, чун далели шаиъие барои анҷоми ин кори худ надоштааст, шиносони соҳибмансабашро ба кор меандозанд. Хонуми ӯро дар роҳ нигоҳ дошта, ба ҷойи муваққатан нигаҳдории шахсони гумонбар ба ҷиноят (ИВС) бурда, дар он ҷо бо роҳи таҳдид (шантаж) аз ӯ мехоҳанд ба ҳуҷҷатҳои қалбакии хона имзо гузорад.
Ӯро ҳадди имкон ором намуда, ҳамроҳ ба Қасри Ҳукумат омадем ва банда ба қабули Сайидамир Зуҳуров ҳозир шудам. Мисли ҳамеша дар рӯзи истироҳат ҳам, дар кор буданд. Матлабамро ба эшон нақл намудам. Сайидамир Зуҳуров фавран бо дастгоҳи телфонии махсус бо Прокурори генералии ҷумҳурӣ тамос гирифта, дахолати бевосита ва саривақтии ӯро дар ин масъала хоҳиши тақозо намудаанд. Қазияи мазкур худи ҳамон рӯз аз шарофати Сайидамир Зуҳуров ва дар ҳолати ӯ ҳалли худро ёфта, даъвогарони хонаи муфт дигар он оиларо ноором насохтаанд. Нурулло то охирин рӯзҳои ҳаёташ (соли гузашта ҷаҳонро падруд гуфт) ва аҳли оилааш дуъои ҷону сиҳатии Сайдамир Зуҳуровро мекарданд.
Дар бораи некӯиву накӯкорӣ, мардуву мардонагӣ, шуҷоату далерӣ ва дигар хислатҳои ҳамидаи Сайдамир Зуҳуров метавон чандин асари мукаммал иншо намуд, ки дар ҷашнҳои дарпешистодаи камолоташон ба нашр хоҳанд расид. Ба Сайдамир Зуҳуров шоирони тоҷик шеърҳои зиёде бахшидаанд, ки ҳар як аз муҳаббату самимияти эшон ба ин марди ҳалим гувоҳӣ медиҳанд. Аз ҷумла, шоири дақиқназар Асрори Сомонӣ дар меҳрномае дурусту самимӣ менависад, ки таърихи эҷодашонро дар мавриде ҳикоя хоҳад кард.
Ҳам сайидӣ ҳам Амирӣ, зинда бош,
Балъаминусхат вазирӣ, зинда бош!
Ҳам сағиру ҳам кабири хастаро,
Муттакову дастгирӣ, зинда бош!
Рустамӣ дар арсаи пайкору кор,
Шери майдонӣ, далерӣ, зинда бош!
Сарбаландӣ мисли кӯҳҳои диёр,
Зӯрманду муқтадирӣ, зинда бош!
Сиратат зебову сурат дилнишин,
Фаррамандиву кабирӣ, зинда бош!
Бидуни муҳобо, Сайдамир Зуҳурович таърифу тавсифро намеписанданду ба он эҳтиёҷе надоранд ва хидматҳояшонро баҳри барқарории сохти конститутсионӣ ва сулҳу субот дар ҷумҳурӣ, расидан ба муросои миллӣ ва, дар умум, таъмини амнияти кишвар, мардумони диёр, аз хурд то калон, хуб медонанду арҷ мегузоранд ва банда ҳам ба ҳеҷ ваҷҳ мақсади ширин намудани хешро дар назди Сайдамир Зуҳурович пеши худ нагузошта, танҳо қарзи инсониву шогирдӣ ҳисобидам дар арафаи зодрӯзашон баъзе аз лаҳзаҳои ибратомӯзи ҳаёту фаъолияташонро ҳамчун дарси садоқат ба Ватану миллат, одаму одамгарӣ, некиву накӯкорӣ, шуҷоату мардонагӣ ва вафодорӣ ба касбу кори хеш ба хотир овардам, то барои роҳбарони ҷавон ва умуман ҷавонони баору номуси кишвар намунаи ибрат, мактаби тарбият ва сабақи рӯзгор бошанд.
Дар охир Сайдамир Зуҳуровичро ба муносибати зодрӯз самимона табрику таҳният гуфта, барояшон сиҳату саломатӣ, барори кор ва саодати рӯзгор орзӯ мекунам. «Тоҷикистон» низ ба ин табрикот шарик аст.
Зафар ЗАРИФӢ
Ҳафтаномаи «Тоҷикистон», 18-и феврали соли 2010.
P.S.: Мо низ дар навбати худ ин инсони шарифу марди баору номуси Ватани азизамонро, ки барои давлати тоҷикон ва миллати тоҷик, Тоҷикистони азиз, хизматҳои сазовору арзанда намуда, дар истиқрори сулҳу субот ва ободии ин диёр саҳми намоёне гузоштаанд, самимона табрику муборак бод гуфта, барояшон қабл аз ҳама саломатӣ ва умри хуши бардавом, хушбахтиҳо дар ҳаёти оилавӣ ва комёбиҳо дар фаъолияти меҳнативу ҷамъиятияшон орзумандем.
Бо эҳтиром ҳайати эҷодии сомонаи «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/siyosat/1795-2010-02-20-20-30-39.html